SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

pressaМудири кафедра – Усмонова Наргис Кучаровна, номзади илмҳои филологӣ

Ташкили кафедраи матбуот ба таърихи ташкил ёфтани шуъба ва факултаи журналистика ва тарҷумонӣ сахт алоқаманд аст.

Соли 1969 бо ибтикори устоди равоншод, профессор Воҳид Мирашурович Асрорӣ дар факултети филологияи тоҷик кафедраи «Фолклор ва адабиёти халқҳои СССР» ташкил ёфт, ки масъалаи таълиму тадриси журналистика низ ба уҳдаи он гузошта шуд.

Пас аз барҳам хўрдан ва соли 1987 дубора ташкил шудани шуъба кафедра Журналистика ва адабиёти халқҳои СССР ном гирифт.

Соли 1992 бо ташкил шудани факултаи журналистика ва тарҷумонӣ номи кафедра тағйир ёфта Журналистика ва адабиёти хориҷӣ гардид.  Соли 1996 Матбуот  номгузорӣ шуд.

Аз соли 1969 то соли 1996 вазифаи мудири кафедраро шодравон профессор В. Асрорӣ ва аз соли 1996 то соли 1999 олими шинохта Абдусаттор Нуралиев ба уҳда доштанд. Аз соли 1999 то соли 2011 вазифаи мудири кафедра ба дўши дотсент М. Муродов (ҳоло доктори илмҳои филалогия, профессор)  буд, аз соли 2011 то соли 2015 мудирии кафедраро номзади илмҳои филалогия, дотсент Мухторӣ Қ. ба ӯҳда доштанд. Аз феврали соли 2016 то имрўз  мудири кафедра  Усмонова Наргис, номзади илмҳои филологӣ, мебошанд.

Дар солҳои гуногун олимону мутахассисони варзида Расул Ҳодизода, Иброҳим Усмонов, Муртазо Зайниддинов шодравонон Набиҷон Каримов, Хоҷабек Зулфиқор, Пайванди Гулмуродзода ва рўзноманигор Муҳаммадато Султонов ва чанде дигар чун аъзо ва ҳамкори кафедра ба шогирдон сабақ омўзонидаанд. ҳамчунин устодони ботаҷриба А. Саъдуллоев, А. Азимов, С. Гулов, А. Қутбиддинов замоне аъзои кафедраи мазкур буданд.

Ҳоло ҳайати кафедраро профессор М. Муродов, номзадони илми филология Қ. Мухторӣ, Н. Бозоров, Б. Шукруллоев, Н. Кўчарова, муаллими калон Қ. Шарифзода, ассистентон Н. Расулова, У. Бобоев  ташкил медиҳанд. Профессорон А. Нуралиев, М. Абдуллоев, Ҷ. Саъдуллоев ба сифати ҳамкор дар кафедра фаъолият мекунанд. Эшон аз фанҳои ихтисосии кафедра: Асосҳои журналистика, Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист, Таърихи журналистикаи ватанӣ, Иқтисодиёт ва менеҷменти ВАО, Сотсиологияи журналистика, Асосҳои ҳуқуқии журналист, курсу семинарҳои махсус ва ғайра ба толибилмон таълим медиҳанд.

Устодони кафедра баробари таълиму тарбия ба таҳқиқи таърих, назария ва амалияи публитсистикаи тоҷик машғуланд. Самти илмии кафедра: таърихи таҳаввули ВАО, проблемаи таърих, назария ва амалияи журналистика, мавзўи масъалаи назария ва амалияи публисистикаи тоҷик ва монанди ин аст.

Натиҷаҳои таҳқиқи илмии онҳо дар шакли даҳҳо асару гузоришот, дастуру васоити таълимӣ ва садҳо мақолаҳои илмӣ ба табъ расидааст. Аз ҷумла:

    1.Нуралиев А. Жанрҳои ахбории матбуот. – Душанбе, 2002.
    2.Нуралиев А. Асосҳои ҳуқуқии журналист. – Душанбе, 2005.
    3.Гулмуродзода П. Публицистика и времия. – Душанбе, 2002.
    4.Гулмуродзода П. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон. - Душанбе, 2006.
    6.Муродов М. ҳаҷви публисистӣ. – Душанбе, 2003.
    7.Муродов М. Баъзе масъалаҳои журналистика ва ҳаҷви публисистӣ. – Душанбе, 2005.
    8.Муродов, М. Сотсиологияи журналистика.- Душанбе: Истеъдод, 2012.
    9.Шарифзода қ. Аввалин рўзномаи тоҷикӣ. – Душанбе, 2006.
    Кафедра дар ташкили корҳои илмӣ ва роҳбарӣ ба кори унвонҷўйҳо низ саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбарии

устодони ботаҷрибаи кафедра танҳо дар солҳои 2003 – 2004 се нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд, аз соли 2004 то имрўз (2015) дар назди кафедра беш аз 10 нафар унвонҷўёну аспирантони ватаниву хориҷӣ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.

Кафедра ба мақсади мусоидат намудан ба таҷрибаомўзӣ ва сайқал  додани маҳорати донишҷўён бо нашрияҳои даврӣ, чун «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «ҷавонони Тоҷикистон», «Тоҷикистон», «Минбари халқ»,. «Зиндагӣ», «Чархи гардун» ва ғайра шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Дар кафедра маҳфили илмӣ – эҷодии «Ҳамзамон» низ амал мекунад, ки он фаъолияти худро дар шакли вохўриҳо, ҷаласаҳои илмӣ ва баҳсҳои эҷодӣ ба роҳ мемонад.

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм