SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

Мудири каферда

GulovГулов Сангин Нурович (12. 07. 1965), зодаи д. Виткони ноҳияи Мастчоҳ. Хатмкардаи факултети филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (1991). журналист-омўзгор, номзади илми филология (1997), дотсент (1998). Фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси рўзноманигор дар идораи нашрияҳои ҷумҳурӣ оғоз шудааст.

Аз ибтидои соли 1992 дар ДМТ ба омўзгорӣ машғул аст: 1992-1998 - ассистент, 1998-2011 -дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, аз соли 2011 то марти соли 2016 мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ.

Дар ин миён солҳои 1992-1996 - раиси иттифоқи касаба, 1996-2005 - муовини декани факултаи журналистика ва тарљумонӣ доир ба таълим, илм ва тарбия, 2007–2008 - декани факултети журналистика, 2009–2010 - сармуҳаррири нашрияи «Ба қуллаҳои дониш», ҳамзамон солҳои 1999-2002 дар Радиои Тољикистон муҳаррири варзида ва дар нашрияи «Љавонони Тоҷикистон» мухбир буд.

Мураттиби чандин барномаҳои таълимиву дастурҳои методӣ ва китобҳои дастаљамъӣ барои донишљўён. Маводи публисистии худро дар саҳифаҳои маљаллаву рўзнома ба табъ расонидааст. Дар конфронсу семинарҳои донишгоҳӣ, љумҳуриявӣ ва байналхалқии барпошуда дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Москва, Қазон иштирок ва суханронӣ кардаву курсҳои бозомўзиро дар Русия, Украина, Қирғизистон, ИМА гузаштааст. Барои журналистон дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ чандин курсу семинарҳои омўзишӣ гузаронидааст. Узви Иттиҳоди журналистони Тољикистон (1994), Аълочии матбуоти Тољикистон ва Аълочии фарҳанги Тољикистон.


Муаллифи асарҳои:
-Жанрҳои журналистикаи радио (васоити таълимӣ, қисми 1, ҳаммуаллиф). – Душанбе, 1997. – 48с.
-Жанрҳои журналистикаи радио (васоити таълимӣ, қисми 2, ҳаммуаллиф). – Душанбе, 2005. – 72с.
-Амвољи сухан (маљмуи мақолаҳои илмӣ). – Душанбе, 2005. – 96 с.
-Таҳсилоти журналистӣ. -Душанбе, 2008, -182 с.
-Риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар телевизион (васоити таълимӣ, ҳаммуаллиф). – Душанбе, 2012. – 136с. Номи мақолаҳои илмӣ:
-Муаллифӣ 15 мақолаи энсиклопедӣ
-«Бухорои шариф» дар таҳқиқи олимони муосири тоҷик // Журналистикаи байналхалқӣ қ-IV- Душанбе, Мега принт, 2012.-С9-10.
-Айнӣ ва давлатдории тоҷик// Маводи конфронси устодону донишљўёни ДМТ


pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм