SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

tvКафедраи телевизион ва радиошунавонӣ яке аз кафедраҳои асосии тахассусии факултет мебошад. Кафедра баъд аз ду ҳафтаи соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон 26-уми сентябри соли 1991 бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар заминаи кафедраи журналистика ва адабиёти халқҳои СССР-и факултаи филологияи тоҷик бо номи кафедраи  «Назария ва таърихи журналистикаи тоҷик» ташкил ёфт. Аз кафедраи журналистика ва адабиёти халқҳои СССР профессор Иброҳим Усмонов, дотсент Асадулло Саъдуллоев (баъдан доктори илм, профессор), ассистент Аъзамҷон Азимов (ҳоло доктори илм) ба кафедра ба ҳайси устод гузаштанд. Аз воситаҳои ахбори омма Сангин Гулов (ҳоло номзади илм, дотсент) ва Холида Қодирова чун ассистент ба кор даъват шуданд.

Корҳои ташкиливу ҳуҷҷатгузорӣ низоми муайян гирифта, самти илмии кафедра муайян карда шуд. Моҳи феврали соли 1992 Шўрои олимони ДДТ дотсент Асадулло Саъдуллоевро ба вазифаи мудири кафедраи назария ва таърихи журналистикаи тоҷик интихоб кард. Мавсуф то моҳи феврали соли  2002 ва аз соли 2007 то соли 2009 ба ҳайси сарвари кафедра заҳмати зиёд ба харҷ доданд. Дар ин муддат таҳти роҳбарии ў мактаби илмии таҳқиқи публитсистика ва насри мустанади тоҷик ба вуҷуд омад. Самти таҳқиқии кафедра мушаххас карда шуда, омўзиши назария ва таърихи журналистикаи тоҷик мавриди пажўҳиши устодони кафедра қарор  гирифт. Устодони кафедра А.Саъдуллоев соли 1996 дар мавзўи «Ташаккул ва инкишофи насри мустанади тоҷик» рисолаи докторӣ, А.Азимов дар мавзўи «Таърихи ташаккули матбуоти солҳои 20-и тоҷик (дар мисоли рўзномаи «Овози тоҷик» ва замимаҳои он)» (соли 1994), С.Гулов дар мавзўи «Поэтикаи очерки муосири тоҷик (солҳои 1980-1990)» (соли 1997), С.Ҳайдаров дар мавзўи «Бобоҷон ғафуров - публитсист» (соли 1999) рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд, ки бо ин васила пояи илмии кафедра хеле устувор гардид.

Чун самти таҳқиқии кафедра ба омўзишу таҳқиқи ВЭА бештар майл кард, аз соли 1996 кафедра табдили ном карда, кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ унвон гирифт. Аз феврали соли 2002 роҳбарии кафедра ба уҳдаи номзади илми таърих, дотсент Аъзамҷон Азимов гузошта шуд. Худи ҳамон сол барои ифодаи мўъҷазу мукаммал, ки фаъолияти таълимию таҳқиқиро бозгў намояд, кафедра бо унвони телевизион ва радиошунавонӣ табдили ном кард.

Соли 2003 таҳти роҳбарии профессор А.Саъдуллоев устодони кафедра М.Шоев дар мавзўи «Хусусиятҳои жанрию мавзўии очеркҳои Ф.Муҳаммадиев», М.Муқимов дар мавзўи «Таърихи ташаккули радиои «Озодӣ» рисолаҳои номзадии хешро дифоъ карданд.

Аз моҳи апрели соли 2006 то моҳи октябри соли 2007 ва аз соли 2009 то соли 2011 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои филология, дотсент С.Ҳайдаров, аз сентябри 2011 то  апрели соли 2012 номзади илмҳои филология, дотсент Ҷамила Раҳмонова, аз моҳи апрели соли 2012 то марти соли 2016 ба дотсент С.М.Исматов уҳда доштанд.

Ҳимояи рисолаи доктории докторанти кафедра Раъно Бобоҷонова дар мавзўи «Стереотипҳои гендерӣ ва инъикоси он дар ВАО» (декабри соли 2006) ва Аъзамҷон Азимов дар мавзўи «Журналистикаи тоҷик дар давраи инқилоби маданӣ дар солҳои 1929-1941» (июни соли 2009), рисолаҳои номзадии Ҷамила Раҳмонова дар мавзўи «Публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов» (ноябри соли 2010), Илҳомҷон ҳамидов дар мавзўи «Мавқеи матбуоти иттиҳодиявӣ дар журналистикаи муосири тоҷик» (июни соли 2010) ва Муҳайё Орипова ”Махсусияти жанрии телевизионҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон» (апрели 2009) ба кафедра нерўи тоза бахшид.

Дар айни замон самти пешгирифтаи тадқиқии кафедра «Таърихи таҳаввули ВЭА ва интернет» муайян шуда, устодони кафедра зери роҳбарии профессор Асадулло Саъдуллоев проблемаҳои таърих, назария ва амалияи журналистикаро мавриди таҳқиқи хеш қарор медиҳанд.

Устодони кафедра дар озмунҳо иштирок карда, бо ин васила дар курсу семинарҳое, ки дар берун аз мамлакат доир мегарданд, ширкат меварзанд ва бо раванди таълиму таҳқиқи ҳамтоҳои хориҷии худ ошно гашта, дараҷаи омўзиши касбии худро баланд мебардоранд.

Моҳи октябр-ноябри соли 2001 дотсент С.Гулов дар Донишгоҳи рушди матбуоти Маскав курси такмили ихтисосро барои тренерони соҳаи журналистика гузашт. Устоди кафедра, дотсент С.Ҳайдаров дар яке аз ҳамин гуна семинарҳои байналхалқӣ, ки барои устодони факултаҳои журналистикаи минтақаи Осиёи Миёна дар донишгоҳи ФОҷО-и Шветсия созмон дода буд (2-15-уми октябри соли 2005) ширкат варзид. ҳамчунин, устодони кафедра дотсент С.Н.Гулов ва М.Э.Шоев дар доираи барномаи «Муаллимони журналистика»-и Шўрои амрикоии маорифи байналмилалӣ аз 19 январ то 11 феврали соли 2007 дар Донишгоҳҳо ва воситаҳои ахбори оммаи ИМА бозомўзӣ карданд. Дотсенти кафедра И.Ҳамидов аз рўйи барномаи Китобхонаи Конгресси ИМА «Ҷаҳони боз» дар мавзўи «Таҳқиқоти журналистӣ» (моҳи майи соли 2012) дар ИМА такмили ихтисос кардааст.  Дар назди кафедра студияҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, ки дар он шогирдон ба амалияи журналистикаи РТВ шинос мешаванд. Кафедра пайваста бо ВАО ҳамкорӣ дошта, дар рўзнома, маҷалла, радиову телевизион навиштаҳои шогирдон ва устодон чоп ва шунавонидаву намоиш дода мешавад, ки ин боиси ифтихори факултет  мебошад.

Соли 2002 бо ташаббуси кафедра миёни ДДМТ ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои корҳои илмию таҳқиқӣ ва такмили системаи омодасозии мутахассисон шартнома ба имзо расид. Ин шартнома дар асоси нуктаҳои суханронии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат ва дастуру нишондодҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани самаранокии таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ дар мактабҳои олӣ, нуктаю дастурҳои ҳукумат оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳибмаълумот ва варзида барои воситаҳои ахбори омма омода гашт. Дар асоси ин шартнома ДДМТ ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури Кумита (студияи телевизион ва хонаи радио) филиали кафедраро таъсис доданд. Ба филиал дотсенти кафедра Саъдулло Ҳайдаров, ки  ҳамзамон муҳаррири варзида ва собиқадори радиои Тоҷикистон (1998-2007) буд, роҳбарӣ кард. Ба студияи таълимии телевизион ва радиои кафедра ассистент М.Манонова роҳбар  аст.

Заҳматҳои устодони кафедра ба ҳисоб гирифта, хидматҳои онҳо мунтазам қадр карда мешавад. Устоди кафедра, профессор  А.Саъдуллоев ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессорон А.Саъдуллоев ва А.Азимов барои фаъолияти босамар ва хизматҳои мудовим ба дарёфти ҷоизаи А.Лоҳутӣ, дотсентон С.Гулов, С.ҳайдаров, Д. Бобоев «Аълочии фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти ҷумҳурии Тоҷикистон», дотсент ҷ.Раҳмонова «Аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон», дотсент И.Ҳамидов «Аълочии матбуоти ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон», барандаи ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи журналистика шарафёб гаштаанд.

Ҳамзамон, 8 нафар устоди кафедра аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Дар кафедра ба шогирдон аз «Асосҳои журналистика», «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист», «Журналистикаи РТВ», «Техника ва технологияи ВАО», «Этикаи касбии журналист», «Асосҳои реклама ва PR», курсу семинарҳои махсус таълим дода мешаванд. Аксар устодони кафедра собиқаи корӣ дар ВАО доранд. Ба таълиму тарбияи журналистшавандаҳо аз ВАО дар солҳои гуногун журналистони собиқадору бомаҳорат Т. Аминҷонов, З. Мўъминҷонов, А.Хўҷамқулов, Ш. Акобирова, З. Исмоилов, У. Наҷмиддинова ва дигарон ҷалб шудаанд.

Дар кафедра ҳоло 1 нафар профессор – Аъзамҷон Азимов ва 5 нафар дотсент - Саъдулло Ҳайдаров, Дўстмурод Бобоев, Ҷамила Раҳмонова, Абдурашид Ализода, Илҳомҷон Ҳамидов, ассистентон Зафар Эшматов, Моҳира Сафарова, Муслима Манонова, лаборанти калон Сабоҳат Гулбоева ва аспирантон Азизбек Мавлонов, Бахтовар Каримов, Фирдавс Абдуҷалилов, Мансур Шоҳиён, Зафар Каюмов, Сарвиноз Авезова, Нигина Сироҷова, Шодона Саидзода ва Сумангул Орзумамадова фаъолият мекунанд.

4-уми феврали соли 2016 яке аз бунёдгузорони кафедра ва факултет, ходими намоёни илму адабиёт, Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедра Асадулло Саъдуллоев дар синни 76-солагӣ аз олам чашм пўшид, ки ин ҳодиса барои илми журналистикаи ватанӣ талафоти бузург ба ҳисоб меравад. Устодону кормандони кафедра ифтихор мекунанд, ки бузургтарин донандагони назария ва амалияи журналистика, профессорон Иброҳим Усмонов ва Асадулло Саъдуллоев дар  кафедра кор ва ба он роҳбарӣ кардаанд. Мо ҳамкорон ифтихор мекунем, ки яке аз публитсистони машҳури тоҷик Давлатбек Давронов бо мо ҳамкорӣ доштанд ва ба донишҷўён дарс  додаанд.

Устодони кафедра аз рўйи 1 самт «Проблемаи таърих, назария ва амалияи омўзиши ВЭА ва Интернет» ва мавзўи «Қонуниятҳои инкишоф ва таҷрибаи таърихии журналистика» таҳқиқоти илмӣ мебаранд.

Дар назди кафедра маҳфили илмию эҷодии «Нилуфари нур» фаъолияти пурсамар дорад. Тамоми сол дар доираи нақша-чорабиниҳои муайяншуда ҳар моҳ маҳфил баргузор шуд, ки дар

баробари баррасии мавзўъҳо меҳмонон низ даъват мешуданд. қисме аз маҳфилҳо дар маҷлисгоҳи факултет ва қисми дигар дар Толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуданд. То имрўз бо ҳузури собиқадрон ва роҳбарони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Акбар Ҷўраев, Абдуқодир Талбаков, Абдумаҷид Усмонов (Ҳакимзода),  Лутфулло Давлатзода, Садриддин Шамсиддинов, Умед Бобохонов, Зевар Давлатзода, Беҳрўз Зеваров ва дигарон чорабиниҳои илмию эҷодӣ гузаронида шуданд.  Баргузории маҳфилҳои мазкур ҷиҳати пайвандии назария ба амалия нақши бориз дорад.

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм