SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

mejdunarodnoe

 Кафедраи журналистикаи байналхалқӣ 20-уми  июни соли 2004 ташкил ёфтааст. Ба кафедра профессор А.Саъдуллоев (солҳои 2004-2006), дотсент А.Сабуров (иҷрокунандаи вазифа, солҳои 2006-2007), профессор И.К.Усмонов (солҳои 2007-2011) ва дотсент Сангин Гулов (солҳои 2011-2016) роҳбарӣ кардаанд. Аз соли 2016 мудири кафедра Бахтиёр Қутбиддинов  мебошад.

Самти фаъолияти кафедра проблемаю масъалаҳои инъикоси сиёсат ва иқтисоди хориҷии Тоҷикистон дар ВАО, таърих, назария ва амалияи журналистикаи хориҷӣ мебошад. Дар кафедра ҳоло 20 нафар муаллимону аспирантҳо ва унвонҷӯйҳои дохилию хориҷӣ таҳқиқоти илмӣ мебаранд. 

 Самт: Журналистика ва иртиботи омма дар ҷомеаи иттилоотӣ

 Проблема: Қонуниятҳои инкишоф ва таҷрибаи таърихии журналистика

 Мавзӯъ: Омӯзиш ва таҳқиқи назария, амалия ва таърихи воситаҳои ахбори байналмилалӣ

 Вобаста ба самти мавзӯӣ масъалаҳои мухталифи рушд ва махсусияти ВАО-и ҷаҳонӣ, таҳаввулоти жанрӣ дар онҳо, истифодаи техникаву технологияи нави табъу нашр, пахши барномаҳо, нақши тарғибот дар барномасозӣ, сабки нигориш, мактабу равияҳои нави журналистикаи хориҷӣ, авзои ҷаҳон дар публитсистикаи ватанӣ, робитаи журналистикаи ватаниву байналмилалӣ ва журналистика дар раванди ҷаҳонишавӣ таҳқиқ мегарданд. Дар асоси маводи таҳқиқӣ рисолаҳо, монографияю мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ омодаву чоп карда мешаванд.

Кафедра маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодонро таҳти унвони «Меваи истиқлол», «Журналистикаи байналхалқӣ» (9 шумора то соли 2018) ва «Замони муосир ва журналистика»-ро нашр кардааст. Олимон ва муҳаққиқони кафедра бештар аз 45 дастуру китобҳои илмию таълимӣ интишор намудаанд.

 Ҳайати имрӯзаи кафедра:

     1.Дотсент Қудбиддинов Абдулмуъмин Ҳошимович. - мудири кафедра;

    2.Профессор Муқимов Маҳмадӣ Аминович;
    3.Дотсент Яқ
убов Ҷамолиддин Нуриддинович;
    4.Дотсент Суҳроби
Мирзоалӣ;
    5.Ассистент Усмонов Маҳмудҷон;
    6.Ассистент Нуралиев Алиҷон Абдусатторович ;
    7.Ассистент Самадова Мавзуна;
    8.Лаборант Собирова Зарина.

Маҳфилҳои кафедра

 Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Паҳно» амал мекунад, ки ба он дотсент Ёқубов Ҷамолиддин роҳнамоӣ менамояд.

 Профессор Ҷовид Муқим маҳфили инфиродии «Анис»-ро таъсис додаву роҳбарӣ мекунад. Ин маҳфил соли 2007 ташкил шуда, ҳар моҳ як маротиба баргузор мегардад.

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.