SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

redaktorКафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ самараи даврони истиқлолияти мамлакат мебошад. Он соли 1994 бо номи асосҳои назарияи тарҷума ва услубшиносӣ таъсис ёфтааст. Зарурати таъсиси кафедра дар он буд, ки таълими фанҳои тахассусии ихтисоси навтаъсиси журналист-тарҷумон ба таври дуруст ба роҳ монда шаванд. Дар баробари фанҳои таълимии забони адабии муосири тоҷикӣ, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, хат ва имлои матни классикӣ, назария ва амалияи тарҷума, маҳорати суханварӣ тадриси забонҳои арабӣ, англисӣ, олмонӣ ва франсавӣ ҳам ба зиммаи кафедраи асосҳои назарияи тарҷума ва услубшиносӣ вогузор гардида буд, зеро он замон барои бунёди кафедраи забонҳои хориҷӣ заминаи зеҳнӣ вуҷуд надошт. Аз рўзи таъсиси кафедра сарварии онро олими варзида, забоншиноси нуктасанҷ, доктори илмҳои филалогия, профессор Б. Камолиддинов ба ўҳда доштанд ва то соли 2011 дар ин вазифа пурсамар фаълият намуданд. Аз соли 2011 то соли 2013 номзади илмҳои филология, дотсент Ш. Раҳимова сарвари кафедра буд. Айни замон ин вазифаро, дотсент М. М. Мирзоева ба зимма дорад.

Дар ибтидо аз 13 нафар устоди кафедра танҳо ду нафар дараҷа ва унвони илмӣ доштанд: профессор Б. Камолиддинов ва дотсент У. Обидов. Пас аз як сол У. Обидов рисолаи  докторӣ дифоъ намуданд, вале самараи заҳматҳои илмиашонро дидан насиб накард. Бо мақсади дар сатҳу сифати хуб ба роҳ мондани таълим устодони варзида ба кор даъват шуданд. Мутахассисони хуби забонҳои англисию олмонӣ ва фаронсавию арабӣ Ҳ. Назирова, Н. Шозедов, Г. Яхшимуродова, М. Тоҳиров дар солҳои аввали таъсиси кафедра барои ба таври дуруст ба роҳ мондани забонҳои хориҷӣ дар кафедра ба кор ҷалб шуданд. Дар солҳои минбаъда сафи устодони кафедра бо як қатор ҷавонон, аз қабили М.М. Мирзоева, У. Сулаймонова, Б. Наврўзшоев, О. Маликов, Д. Раҳматов, Д. Маҳмудов, М.ҷ. Мирзоева, қ. Насимов, Ф. Турсунов, Қ. Мухторӣ, М. Ҷумъаев, Т. Талабов пурра гардид. Олимону мутахассисони варзида аз дигар кафедраҳои донишгоҳ, муассисаҳои дигари таҳсилоти олӣ ва илмии ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ даъват карда мешуданд. Аз ҷумла дар солҳои 1994 –  2000 профессорон Шокир Мухтор, Ҳ. Маҷидов, М. Файзов, дотсентон З.О. Муллоҷонова, Ф. А. Исаева, М. Ҷалилова, А. Неъматов, С. Собирҷонов, С. Ҳошимов, Ш. Бобомуродов бо кафедра ҳамкории самарабахш доштанд ва ба донишҷуён курсу семинарҳои махсус ва фанҳои интихобиро таълим медоданд. Соли 1996 дар факултети журналистика ва тарҷумонии ДДМТ (феълан факултети журналистикаи ДМТ) кафедраи филологияи романию олмонӣ таъсис дода шуд, ки таълими забонҳои хориҷӣ (ба ғайр аз забони арабӣ) ба зиммаи он вогузор гардид. Соли 1999 бо сабаби мавҷуд набудани заминаи зарурӣ ин кафедра барҳам дода шуд ва таълими забонҳои хориҷӣ ба зиммаи кафедраи асосҳои назарияи тарҷума ва услубшиносӣ гузошта шуд. Соли 2002 баъд аз таъсиси кафедраи забонҳои хориҷӣ кафедраи асосҳои назарияи тарҷума ва услубшиносӣ ба кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ табдили ном кард. Баъди табдили ном кардани кафедра барои тадқиқи масъалаҳои илмии мушаххас имконияти бештар фароҳам омад ва устодону унвонҷўёни кафедра ба масъалаи забони матбуот ва дигар васоити ахбори омма ҳамчун як ҷузъи муҳими забони адабии муосири тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар намуданд.

Ҳоло дар он нўҳ нафар устодон фаъолият доранд. Б. Камолиддинов, М. Ҷ. Мирзоева, М. М. Мирзоева, М. Р. Ҷўраева, С. Ф. Низомова, М. О. Ҷумъаев, Г. М. Эшниёзова,  Б. Ғ.  Шодиев, С. О. Сафаров ҳайати имрўзаи омўзгорони кафедраро ташкил медиҳанд.

Профессор Б. Камолиддинов барои хизматҳои шоистаашон дар тарбияи мутахассисони ҷавон бо унвонҳои «Корманди шоистаи Тоҷикистон», «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шудаанд.

Устодони дигари кафедра М.Ҷ. Мирзоева, М. М. Мирзоева, М. О. ҷумъаев, М. Р. Ҷўраева бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», ҳамчунин бо ифтихорномаҳои вазоратҳои маориф ва фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шудаанд.  

Таҳти роҳбарии профессор Б. Камолиддинов 20 нафар аспирантону унвонҷўёни кафедра рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, ҳоло 6 нафари онҳо дар  кафедра фаъолият мекунанд.

Кафедра дар ташкили корҳои илмӣ ва роҳбарӣ ба рисолаҳои илмии унвонҷўёну аспирантон низ саҳми арзанда дорад. Дар давоми бисту ду соли мавҷудияти кафедра се нафар рисолаи докторӣ (Усмонҷон Обидов,  Матлуба Мирзоева, Моҳира Мирзоева) ва 12 нафар олимони ҷавон рисолаи номзади дифоъ намуданд, як нафар (М. Р. Ҷўраева) дар арафаи  ҳимояи рисолаҳои докторӣ қарор дошта, се нафари дигар (С. Низомова, Қ. Мухторӣ ва М. Ҷумъаев) аз пайи навиштани рисолаҳои  докторӣ мебошанд. Аз ҷумла, докторони илми

филология М. Ҷ. Мирзоева, М. М. Мирзоева, номзадони илм М. Р. Ҷўраева, С.Ф. Низомова, М. О. Ҷумъаев, Б. Ғ. Шодиев, Ҳ. О. Сафаров дар кафедра ба таълиму тадрис ва тадқиқоти илмӣ шуғл меварзанд.

 Хушбахтона, кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ имрўз пурра бо устодони дараҷаи илмидошта таъмин мебошад ва барои таъмин намудани кафедраҳои дигари ДМТ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат саҳм мегузорад. Аз ҷумла Ф. Турсунов, Ф. Неъматзода, С. қаландаров, З. Назарова, М. Ғозиев, Н. Саидов рисолаҳои номзадии худро дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ зери роҳбарии профессор Б. Камолиддинов омода ва дифоъ намудаанд, ки имрўз дар кафедраҳои дигари ДМТ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бомуваффақият фаъолият карда истодаанд. Дигар аспирантҳо ва унвонҷўёни кафедра ба навиштани рисолаи номзадӣ дар риштаҳои мухталифи забони тоҷикӣ ва услубиёти он машғуланд. Ба фаъолияти илмии аспирантону унвонҷўёни кафедра профессорон Б. Камолиддинов, М. Ҷ. Мирзоева, дотсентон М. М. Мирзоева ва М. Ҷўраева роҳбарӣ мекунанд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Б. Камолиддинов аз мактаби илмию таълимии забоншиноси маъруф, профессор Д.Т. Тоҷиев гузашта, имрўз худ омўзгор ва забоншиноси барҷаста мебошанд. ҳамчун узви Шўрои дифои рисолаҳои номзадию доктории ДМТ доир ба илмҳои филологӣ (аз рўйи ихтисоси журналистика), узви комиссияи татбиқи қонуни забони назди ҳукумати Тоҷикистон дар тарбияи мутахассисони соҳаи забоншиносӣ ва тарғиби ҳусни сухани ноби тоҷикӣ саҳми арзанда мегузоранд.Нахустин монографияи илмии профессор Б. Камолиддинов «Забон ва услуби ҳаким Карим» соли 1967 чоп шудааст. Асарҳои илмии эшон «ҳаким Карим» (1966), «Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён» (1986), «Синтаксическая синонимия в современном таджикском литературном языке» (2012), «Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул» (2015) ба масъалаҳои муҳими грамматикаи забони тоҷикӣ, услубшиносӣ ва ҳусни баён бахшида шудаанд. Профессор Б. Камолиддинов яке аз муаллифон ва муҳаррирони грамматикаи илмии забони адабии ҳозираи тоҷик (1985) буда, мавзўъҳои «Хелҳои сохтории ҷумлаҳои сода» ва «Нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда» ба қалами эшон тааллуқ доранд. Эшон муаллифи даҳҳо мақолаи илмӣ мебошанд, ки ба масъалаҳои муҳими илми забон ва услубиёти он бахшида шудаанд.

Солҳои охир профессор Б. Камолиддинов ба таҳқиқи забони матбуот рў оварда, дар ин самт асарҳои “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” (2001 ва бо таҳриру иловаҳои соли 2015) ва “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007 ва бо таҳриру иловаҳо соли 2015)-ро эҷод карданд. Дар ин ду асар роҷеъ ба нуқсонҳои забони матбуот ва роҳҳои бартараф кардани онҳо сухан меравад. Ин асарҳои профессор Б. Камолиддинов китобҳои рўйимизии журналистон ба ҳисоб мераванд.

Дигар устодони кафедра бошанд, дар мактаби илмии профессор Б. Камолиддинов тарбияву камол ёфтаанд, ки идомадиҳандаи анъанаҳои неки ҳамон мактаби забоншиноси маъруф Д. Тоҷиев ба ҳисоб меравад. Имрўз устодони кафедра фаъолияти пурҷўшу хурўши илмӣ доранд. Дар зарфи чанд соли охир монографияҳои илмии М. Р. ҷўраева «Воситаҳои ифодаи эҳтиром ва фурўтанӣ дар забони тоҷикии асри XVI» (2004), қ. Мухторӣ «Хусусиятҳои луғавию услубии ашъори Рўдакӣ» (2006), М. М. Мирзоева «Воҳидҳои фразеологии асарҳои С.  Айнӣ ва усулҳои тарҷумаи онҳо ба забони русӣ» (2008), М. О. ҷумъаев «Хусусиятҳои лексикию семантикии «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони ҷомӣ» (2009), С.Ф. Низомова «Калимасозии сарфӣ дар «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ» (2010), М. Ҷ. Мирзоева «Муродифоти грамматикии муносибатҳои ҳолии замон, шарт ва хилоф дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» (2012), «Муродифоти грамматикии муносибатҳои сабабу мақсад дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» (2013) нашр гардиданд.

Бо ташаббуси кафедра ҳар сол конференсияи илмию назариявии умумиҷумҳуриявии «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ»доир мегардад. Дар он олимони ҷумҳурӣ, устодон, аспирантону унвонҷўён ва донишҷўёни факултет ширкат намуда, роҷеъ ба муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти илмию, адабӣ ва публитсистии асосгузори адабиёти муосири тоҷик маърўза менамоянд. Дар асоси маводе, ки дар конференсияи мазкур пешниҳод гардидааст, кафедра бо унвони «Садриддин Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ» ҳашт маҷмўаи мақолаҳои илмиро ба табъ расонидааст.

Устодони кафедра бо васоити ахбори омма ҳамкории зич доранд. Вобаста ба проблемаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа дар матбуот мақолаҳо менависанд, дар барномаҳои маърифатӣ ва тарбиявию ахлоқии шабакаҳои гуногуни радиою телевизиони ҷумҳурӣ муттасил ширкат намуда, дар мавзўъҳои ҳусни баён, татбиқи қонуни забон ва ғайра суханронӣ мекунанд. Аз ҷумла, профессор Б. Камолиддинов дар Муассисаи давлатии телевизиони кўдакону наврасон «Баҳористон»  бо номи «ҳусни баён»  барномаи махсус доранд, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои ҳусни сухани забони тоҷикӣ мавриди ҳаллу фасл қарор мегиранд. Муаллимону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷўёни мактабҳои олӣ ин барномаро бо шавқу ҳаваси зиёд тамошо мекунанд.

Ҳамкории устодони кафедра бо Комитети забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Онҳо дар ҳамкорӣ бо ин ниҳоди ҳукуматӣ  дар татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва риоя намудани меъёрҳои забони адабӣ саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, профессор Б. Камолиддинов узви чандин гурўҳи Комитети забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дотсент М. О. Ҷумъаев дар гурўҳи кории назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамояд. Устодони кафедра ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ва Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навиштани китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат саҳм мегузоранд, дар таҳрири китобҳои дарсии мактабӣ иштирок намуда, барои беҳтар гардидани забони китобҳоидарсӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Ҳамзамон дар тарҷума ва таҳрири ҳуҷҷатҳои расмӣ, китобҳои дарсӣ барои факултетҳои тиббию фарматсевтӣ, асарҳои илмию публитсистӣ, дар семинарҳои назарию амалии асотсиятсия доир ба тарҷума ва таҳрири адабӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамчунин устодони кафедра дар ҳамоишҳои илмию фарҳангии байналхалқӣ, дар конфронс ва чорабиниҳои фарҳангии Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ, Академияи таҳсилот ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат фаъолона ширкат меварзанд.

Дар назди кафедра маҳфили илмию адабии донишҷўён бо номи «Меҳри сухан» амал мекунад. Дар ҷамъомадҳои маҳфил бо устодони ботаҷриба, собиқадорони матбуоту нашриёт, радиову телевизион, тарҷумонҳо, адибону олимон вохўриҳо ташкил карда шуда, дар бобати паҳлўҳои мухталифи касбии журналистӣ, эҷод ва тарҷумаи асарҳои бадеиву  публисистӣ, забон ва услуби нигориши муаллифони ҷудогона, ҷараёни таҳрири асарҳои бадеӣ, публитсистӣва тарҷумавӣ суҳбат ва баҳсҳои илмӣ доир мегардад.

Профессор Б. Камолиддинов муаллифи чандин китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошанд. Дастурҳои таълимии «Услубшиносӣ» (1973), «Услубшиносӣ» (1978, бо хати арабиасоси форсию тоҷикӣ дар Кобул ба табъ расидааст), «Маҷмўаи машқҳо аз синтаксиси забони тоҷикӣ» (қисми 1, 1976, қисми 2, 1978, бо ҳаммуаллифии профессор М.Н.Қосимова), «Ҳусни баён» (1986), «Хусусиятҳои услубии сарф ва наҳви забони тоҷикӣ» (1993), «Тарҷума ва балоғати сухан» (қ. 1. – 2004, қ. 2 –2005, воситаи ёрирасони таълимӣ барои  донишҷўён, бо ҳамкории профессор М.Б. Нағзибекова), «Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот» (2007, дастури таълимӣ барои журналистони ҷавон), «Сухан гуфтию дурр суфти ё рў ба рў бо микрофон» (2007, дастури таълимӣ барои журналистони радио ва телевизион) аз ин қабил мебошанд. ҳамчунин профессор Б. Камолиддинов яке аз муаллифони  китоби дарсии «Услубшиносӣ» (1995, барои хонандагони синфҳои 10-11) мебошанд. Эшон соли 2006 бо супориши Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон дар тартиб додани барномаи нави таълими забони тоҷикӣ ва услубшиносӣ барои хонандагони таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ширкат намуда,  барои хонандагони синфи 11 китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ»-ро таълиф намуданд, ки он то имрўз чанд маротиба чоп шудааст. Ҳамчунин аз тарафи эшон китоби дарсии «Наҳви забони тоҷикӣ» барои устодону донишҷўёни факултетҳои филология ва журналистикаи мактабҳои олӣ навишта шудааст, ки он соли 2010 ба табъ расидааст. Дотсент Мирзоева М. М. бо ҳамкории профессор Нағзибекова М. Б. «Луғати мухтасари истилоҳоти тарҷумонӣ» (2003) ва «Луғати тафсирии истилоҳоти тарҷумонӣ»-ро (2006) барои журналистон ва тарҷумонҳои ҷавон чун воситаи ёрирасони таълим таҳия намуда ба табъ расонидааст.

Устодони кафедра дар баробари таълиму тарбия ба таҳқиқи паҳлуҳои мухталифи забон ва услуби асарҳои адибони ҷудогона, ҳамчунин ба таҳқиқи забон ва услуби матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машғуланд. Натиҷаҳои тадқиқоти илмии эшон дар шакли даҳҳо мақолаву гузориш, дастуру воситаҳои таълимӣ ба табъ расидааст.

Аз тарафи муаллимони кафедра барномаҳои таълимии забони ҳозираи тоҷик, услубшиносии амалӣ ва таҳрири адабӣ, маҳорати суханварӣ, назария ва амалияи тарҷума, муқаддимаи ихтисос таҳия ва чоп шудааст. Устодони кафедра дар таҳияву омода намудани нақшаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилоти олии ихтисосҳои журналистӣ иштирок менамоянд.

Айни замон кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ тибқи тахассуси нашриёт ва таҳрири адабӣ мутахассисонро ба воя мерасонад. Фанҳои асосии таълимии кафедра забони ҳозираи тоҷик, услубшиносии амалӣ, таҳрири адабӣ, назария ва амалияи тарҷума, маҳорати суханварӣ, дарсҳои назарию амалии ихтисос мебошанд. Коромўзии донишҷўён дар нашриётҳо ва расонаҳои хабарии давлатӣ сурат мегирад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик дар назди кафедра аз рўйи тахассуси нашриёт ва таҳрири адабӣ магистратура ташкил карда шавад. Бо ин мақсад нақшаи таълимии магистратура омода карда шудааст. Устодони кафедра ба талаботи нави таҳсилоти муосири касбӣ омода буда, мувофиқи он барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ омода менамоянд. Тамоми нерўи кафедра ба он равона карда шудааст, ки дар ҷумҳурӣ мувофиқи талаботи замон мутахассисони соҳаи журналистика омода карда шаванд.

Номгўйи асарҳои чопшудаи устодони кафедра:
1. Камолиддинов Б. Услубшиносӣ / Б. Камолиддинов (дар ҳаммуаллифӣ). – Душанбе, 1995.
1.    2.Камолиддинов, Б. Хусусиятҳои услубии сарф ва наҳви забони тоҷикӣ / Б. Камолиддинов. – Душанбе, 1993.
2.    3.Камолиддинов, Б. Тарҷума ва балоғати сухан (воситаи ёрирасони таълимӣ барои донишҷўён, бо ҳамкории профессор М.Б. Нағзибекова). – Қ. 1. – Душанбе, 2004.
3.    4.Камолиддинов, Б. Тарҷума ва балоғати сухан (воситаи ёрирасони таълимӣ барои донишҷўён, бо ҳамкории профессор М.Б. Нағзибекова). – Қ. 2. – Душанбе, 2005.
4.    5.Камолиддинов, Б. Сухан гуфтию дурр суфти ё рў ба рў бо микрофон (дастури таълимӣ барои журналистони радио ва телевизион). – Душанбе, 2007.
6. Камолиддинов, Б. Тарҷумон ва тарҷумаи бадеӣ. Дастури ёрирасони таълим / Б. Камолиддинов (ҳаммураттиб бо Ф.Турсунов). – Душанбе: Матбуот, 2011. – 328 с.
7. Камолиддинов, Б. Синтаксическая синонимия в современном таджикском языке (Синонимия субстантивных словосочетаний и простых предложений) / Б. Камолиддинов. – Душанбе: Ирфон, 2012. – 285 с.
8.  Камолиддинов, Б. Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул / Б. Камолиддинов. – Душанбе: Маориф, 2015. – 55 c.
9.  Камолиддинов, Б. Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот. Дастури таълим барои журналистони ҷавон / Б. Камолиддинов.  – Душанбе, 2015. – 102 с.
10.         Камолиддинов, Б. Сухан аз баҳри дигарон гўянд. Дастури ёрирасони таълим доир ба нуқсонҳои забони аҳли матбуоти тоҷик / Б. Камолиддинов. Нашри дуюми такмил ва мукаммалкардашуда. – Душанбе, 2015. – 396 с.
11.         Камолиддинов, Б. Забони тоҷикӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 11 мактабҳои таҳсилоти умумӣ. Нашри дуюми такмилёфта / Б. Камолиддинов. – Душанбе: Собириён, 2015. – 256 с.
         12. Мирзоева, М.М. Воҳидҳои фразеологии асарҳои С. Айнӣ ва усулҳои тарҷумаи онҳо ба забони русӣ / М.М.Мирзоева. – Душанбе: Матбуот, 2008. – 160 с.
         13. Мирзоева, М.М. Китоби ёрирасон дар такмили забондонӣ / М.М.Мирзоева, М. Мирзоева (ҳаммуаллиф). – Душанбе: Эр-граф, 2012. – 216 с.
         14. Мирзоева, М.М. (бо ҳаммуаллифии профессор Нағзибекова М. Б). Луғати мухтасари истилоҳоти тарҷумонӣ / М. М. Мирзоева, М.Б. Нағзибекова. – Душанбе, 2003.
         15. Мирзоева, М.М. (бо ҳаммуаллифии профессор Нағзибекова М. Б).  Луғати тафсирии истилоҳоти тарҷумонӣ/ М. М. Мирзоева, М.Б. Нағзибекова. – Душанбе: Деваштич, 2007. – 102 с.
16. Мирзоева, М. Ҷ. Муродифоти грамматикии муносибатҳои замон, шарт ва хилофдар забони адабии ҳозираи тоҷик / М.Ҷ. Мирзоева. – Душанбе, 2012. – 119 с.
17. Мирзоева, М. Ҷ. Муродифоти грамматикии муносибатҳои сабабу мақсад дар забони адабии ҳозираи тоҷик / М.Ҷ. Мирзоева. – Душанбе, 2013. – 107 с.
18. Мухторӣ, Қ. Хусусиятҳои луғавию услубии ашъори Рўдакӣ / Қ. Мухторӣ. – Душанбе, 2006.
19. Мухтори, К. Нейтрализация и поляризация информации в новостных текстах / Қ. Мухторӣ // Язык. Право. Общество. Сборник ст. III Междунар. научно-практической конференции. – Пенза, 2015. – С. 293-297.
20. Мухторӣ, Қ. Хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа / Қ. Мухторӣ. – Душанбе: Пойтахт, 2015. – 128 с.
21. Низомова, С. Калимасозии сарфӣ дар «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ / С.Ф.Низомова. – Душанбе, 2010.
22. Низомова, С. Фарҳанги калимасозии феъл дар «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ / С.Ф.Низомова. – Душанбе, 2004.
23.  Шодиев, Б. Хусусиятҳои лексикию фразеологии очерку қиссаҳои М. Наҷмиддинов / Б. Шодиев. – Душанбе, 2016. – 160 с.
24. Ҷумъаев М. О. Хусусиятҳои лексикию семантикии «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ». – Душанбе, 2009.
25. Ҷумъаев, М. О., Исмоилов И. Луғати русӣ-тоҷикӣ-арабии истилоҳоти ҳарбию техникӣ, вожаномаи ВАО ва иқтисод / М.О. Ҷумъаев. – Душанбе, 2011. – 128 с.
26. Ҷумъаев, М. О. Навъҳои маъмул ва ғайримаъмули феъли солими забони арабӣ (дастури таълимӣ) / М.О. Ҷумъаев. – Душанбе, 2012. – 96 с.
27. Ҷўраева М. Р. Воситаҳои ифодаи эҳтиром ва фурўтанӣ дар забони тоҷикии асри XVI. – Душанбе, 2004.

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм