SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Иттилоъ 1

С. Қаландаров

 

Асре, ки дар он зиндагӣ ба сар мебарем, давраи пешрафти бесобиқаи илму технология дар тамоми ҷаҳон аст. Дар замони рушди босуръати мубодилаи иттилоотӣ ҷиҳати сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар баробари матбуоти чопӣ, ВАО – и электронӣ, шабака ва сомонаҳои интернетӣ низ нақши муассир доранд. Имрӯз тавассути рушди техникаву технологияи рақамӣ, шабакаи байналмилалии интернет иттилоъро ҳамон лаҳза ба таври фаврӣ метавон ба тамоми олам  паҳн кард.  Профессор И. Усмонов интернетро «Сареътарин ва хавфноктарин василаи ахбор дар таблиғоти сиёсӣ ва байналмилалӣ» номидааст (8, 22). Ҳамин аст, ки дар кишварҳои тараққикарда  таваҷҷӯҳ ба воситаҳои электронии ахбор афзуда истодааст.

 

Мувофиқи пажӯҳиши сотсиологӣ солҳои охир бо афзоиши интернет теъдоди рӯзномаҳо дар баъзе  мамлакатҳо  кам шудан дорад, вале шумораи онҳое, ки “рӯзномаро аз интернет мехонанд, афзуда истодааст” (4). Аз ин рӯ, ин нуктаро ба эътибор гирифта, имрӯз ҳамаи ширкатҳои бузурги иттилоотии ҷаҳон, аз ҷумла ВВС, Рейтер, Al-Jazeera, CNN, NBC ва ғайраҳо дар шароити бо суръати кайҳонӣ рушд кардани технологияи мухобиротӣ – интернет сомонаҳои худро дар интернет боз кардаанд.  Айни ҳол интернет  марҳилаи муассиртарини ҷаҳонишавии ВАО мебошад, ки тавассути он нашрияҳо, телевизионҳо, радиоҳо ва агентиҳои иттилоотӣ маводи худро ба муштариёнашон ирсол менамоянд. Муҳаққиқ С. Хоҷазод қайд мекунад, ки дар назарсанҷии сомонаи интернетии АМИТ «Ховар» ба суоли «Шумо хабарҳои ҳаррӯзаро аз куҷо мегиред?» (байни 1541 нафар) назарҳо ба ВАО ба таври зайл аст:

Телевизион – 416 - 27 %;

Интернет - 764- 49,58%;

Радио- 245- 15, 9%;

Ҳафтанома - 116- 7,53%.

Худи ҳамин назарсанҷӣ далолат бар он дорад, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон интернет ва телевизион дар ташаккули афкори омма нақши пешгом доранд” (9, 254).

Дар замони ҷаҳонишавии ҷомеа барои амалӣ намудани манфиатҳои худ ва нодида гирифтани манфиатҳои дигар давлатҳо,  ҳизбу созмонҳо ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро вусъат дода, сомонаҳои интернетии худро ҳамеша дар ҳолати “омодабош” нигоҳ медоранд. Зеро исбот шудааст, ки “бо таъсири иттилоъ дар баъзе ҳолатҳо худи инсон куллан тағйир меёбад ва иттилои дурӯғ метавонад, ҷомеаро аз раванди табиии пешрафташ берун бикунад” (5, 7).

Ҳодиса ва инкилобҳои солҳои охири кишварҳои мусулмоннишин – Ироқ, Сурия, Либия, Яман, Афғонистон мустақим ва ботадриҷ  таъсири манфии худро ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ мерасонанд. Феълан дар шароити имрӯзаи ҷанги иттилоотӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари дурӯғ аз ҷониби ВАО паҳн мешавад, амнияти ҷомеа зери хатар аст.  Ҳамин аст, ки “иттилоъ дар ҳамаи давраҳои рушди ҷомеа мавқеи муҳим дошт ва он объекти мубориза буд” (5, 5).

Мавзӯе, ки мавриди пажуҳиш қарор медиҳем, инъикоси воқеаҳои Тоҷикистон аз дидгоҳи сомонаи “Ал-Ҷазира” – и Қатар дар муқоиса бо сомонаи арабии “Би-Би-Си” мебошад. Сабаби мавриди омӯзиш қарор додани хабару гузоришоти сомонаҳои мазкур дар он аст, ки ҳарду оҷонсӣ дар муборизаҳои иттилоотии ҷаҳон мавқеи муҳим доранд ва бештари расонаҳои дигар ҳангоми пахши хабарҳо ба онҳо такя мекунанд. Аз пажӯҳиш бармеояд, ки баъзан як иттилоъро ҳар ду расонаи хабарӣ дар як вақт ва бо нигоҳи худ нашр мекунанд.  

Дуруст аст, ки агентиҳои иттилоотии хориҷӣ на ҳамеша воқеиятро объективона таҳлил ва пахш мекунанд. Дар хабару гузоришоти онҳо баъзан ҳусни таваҷҷуҳи хоси шаҳрвандиашон ба мушоҳида мерасад ва ё фактро аз рӯйи хоҳиши хуҷаинони худ тафсир медиҳанд. Дар хабари худ “нуқтаи назари расмиро таҳриф намуда, ба шунавандаҳо фаҳмиши худро оид ба раванди рӯйдодҳо бор мекунанд” (5, 24). Ба хусус дар замони имрӯза, ки саросари ҷаҳон, махсусан олами ислом пур аз воқеоти хунин аст ва сарнавишти ҷаҳон (инсон) дар чорраҳаи номаълуме меистад, ҳар як хабари сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию илмӣ ҳассосона пазируфтаю аз ҷониби ҳар фард ба таври инфиродӣ таҳлил ва арзёбӣ мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар интернет бо номи “Ал-Ҷазира” ду сомона фаъолият дорад, ки яке бо нишонаи http://www.al-jazirah.com ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дигаре бо нишонаи http://aljazeera.net ба Қатар мутааллиқанд.

Оҷ онсии иттилоотии “Ал-Ҷазира” – и Қатар, ки “яке аз машҳуртарин ширкатҳои иттилоотии олами араб ба шумор меравад (муассисаш амири Қатар – Ҳамад ибн Халифа ас – Сонӣ), аз соли 1996 инҷ ониб фаъолият дошта, дар рақобати ҷангҳои иттилоотии ҷаҳон нақши муассир дорад” (10, 203). Сабаби асосии муваффақият ва шуҳрати Алҷ азира дар байни ВАО – и олами араб (баъдтар ҷаҳонӣ) маблағгузории ҳангуфт ва истифодаи усули замонавии онлайнии пахши иттилоот аст. Маҳз ҳамин усул онро аз шабакаҳои дигари арабӣ ҷудо мекунад. Махсусан, баъд аз пахши мустақими ҳуҷ умҳои ҳавоии қувваҳои мусаллаҳи НАТО ба Афғонистон (2001) ва изҳороти Усам бен Ладен тариқи ин шабака ҷ аҳониён (махсусан олами араб)  ба ахбори ин ширкат таваҷ ҷ ӯҳ зоҳир карданд. Кормандони “Ал-Ҷазира” дар минтақаҳои таҳти назорати Толибон қарордошта фаъолият карда, ҳамзамон шабакаҳои иттилоотии Ғарбро бо мавод таъмин мекарданд.

Шабакаи “Ал-Ҷазира” дорои мутахассисони варзида аст, ки дар бахши арабӣ ва англисии он 2,5 ҳазор кормандон ва журналистон аз 40 давлати дунё кор мекунанд. Ба ғайр аз қароргоҳҳои доимӣ дар Дуҳа, Лондон, Париж, Москва, Вашингтон ва Куала – Лумпур дар бисёр давлатҳои ҷаҳон бюроҳои худро дорад, аз ҷ умла дар кишварҳои арабӣ 35 бюро фаъолият дошта, аудиторияи бештар аз 35 млн. одамро дорост (6, 36).

Ҳодисаҳои “Баҳори араб” нишон дод, ки васоити ахбори омма дар дигар кардани сохти сиёсӣ, ноором кардани вазъият, ба мувофиқа овардани ду ҷониб, роҳгум занонидани мардуми оддӣ  ва рӯйпӯш кардани ҳақиқат нақши бағоят бузург доранд. Имрӯз кишварҳои абарқудрат як роҳи хеле осони амалӣ кардани нақшаҳои худро ёфтаанд, ки ин ҳам бошад, ба воситаи расонаҳои худи ҳамон кишварҳо ноором кардани вазъияти сиёсии давлатҳост, ки далели равшани ин гуфтаҳо нооромиҳои кишварҳои араб аст.

Муҳаққиқон ва коршиносони хориҷӣ ва дохилии ВАО нақши “Ал-Ҷазира”- ро дар инқилобхои “баҳори араб” ва низоъҳои кишварҳои мусулмонӣ (Ироқ, Сурия, Миср, Либия, Тунис, Яман) калидӣ меҳисобанд (3).

Махсусан дар сарнагун сохтани низомҳои давлатдории Ҳуснӣ Муборак ва Муаммар Қаззофӣ нақши бениҳоят муҳим бозид. “Ал-Ҷазира” амалан сарҳади журналистикаи телевизионӣ ва тарғиботро убур карда, рӯйирост сиёсати ҳизби “Ихвонулмуслимин” - ро тарғибу ташвиқ ва мавқеи исломгароён (аз Алқоида то “Ихвонулмуслимин”) – ро ҷонибдорӣ мекард, ки аз ин Қатар хеле манфиатдор буд (2).

Мутахассисони ВАО чунин меҳисобанд, ки шабакаи “Ал-Ҷазира” “айни ҳол барои амалӣ сохтани сиёсати хориҷ ии Қатар оид ба заиф гардонидани мавқеи кишварҳои калидии минтақа, ба монанди Миср, Либия, Сурия ва Арабистони Саудӣ  олоти  муассири тарғиботӣ ба шумор меравад” (7).

Таҳқиқи маводи сомона ба он далолат мекунад, ки воқеан ҳам сомонаи “Ал-Ҷазира” оид ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти мардуми кишварамон хабар, гузоришот ва мақолаҳо нашр кардааст, ки дар беғаразона инъикос кардани воқеаҳо ва муаррифии Тоҷикистон ба олами араб мавқеи хосе дорад. Аз ин рӯ, аз чи гуна шарҳ ва тавзеҳ додани воқеаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷ тимоии Тоҷ икистон барои олами араб аз сиёсати пешгирифтаи сомонаи “Ал-Ҷазира” вобаста аст. Чунончӣ, ба қавли муҳаққиқи тоҷ ик И. К. Усмонов «пайдоиши афкори умум дар бораи Тоҷикистон дар байни онҳое, ки Тоҷикистонро надидаанд, аз бисёр ҷ иҳат ба фаъолияти онҳо вобаста аст» (5, 44).

Ҳангоми омӯзиши маводҳои сомонаи “Ал-Ҷазира” мушоҳида шуд, ки аз тамоми воқеаҳову ҳодисаҳои муҳими Тоҷикистон пайгирӣ менамояд. Чунончӣ, дар муддати солҳои 2001 – 2015 номи Тоҷикистон дар 643 хабару гузоришот дарҷ  гардидааст. Аз ҷ умла соли 2001 – 200 маротиба, 2002 – 65; 2003 – 35; 2004 – 42;  2005 – 45;  2006 – 36;  2007 – 26;  2008 – 27;  2009 – 42;  2010 – 33;  2011 – 23;  2012 – 18;  2013 – 16;  2014 – 18 ва 2015 – 17 (11).

Ҳамин таҳқиқ дар Би-Би-Си дар маҷ мӯъ 153 хабару гузоришотро дарбар мегирад:  соли 2001 – 47; 2002 – 9; 2003 – 4; 2004 – 3;  2005 – 10;  2006 – 7;  2007 – 5;  2008 – 8;  2009 – 9;  2010 – 11;  2011 – 9;  2012 – 5;  2013 – 6;  2014 – 7 ва 2015 – 17 (12).

Сабаби дар соли 2001 бисёр дарҷ  гардидани номи Тоҷикистон дар хабару гузориш ин ба ҳуҷуми НАТО ба Афғонистон рабт дорад, ки ҳамчун кишвари ҳамсоя ном бурда мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки мо айни ҳол дар ин мақолаи хеш фақат хабару гузоришоте, ки доир ба воқеиёту ҳодисоте, ки Тоҷикистонро соли 2015 дар сархати расонаҳои хориҷ ӣ қарор дод, мавриди пажӯҳиш қарор медиҳем. Соли 2015 дар маҷ муъ дар сомонаи “Ал-Ҷазира” 17 хабару гузориш нашр шудааст (2 хабари фарҳангӣ, 4 – варзишӣ ва 8 хабари бевосита ба воқеаҳои Тоҷикистон). Ҳамчунин 3 хабар доир ба вазъи Афғонистон, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҳамсоя муаррифӣ намудааст.

Хабарҳои фарҳангие, ки боиси ифтихори тоҷикон аст, яке рӯзи 1. 04. 2015 бо номи «Тоҷгузории ғолибони Қуръон дар Қатар» нашр шудааст. Дар хабар сухан оид ба озмуни (мусобиқа) байналмилалии Қуръони карим, ки дар он 1371 довталаб аз 51 давлати ҷаҳон иштирок дошт, меравад. Дар мавод аз қудрати зеҳнии кӯдаки 12 – солаи тоҷ ик – Айёмиддини Фахриддин, ки аҳли толорро ба ваҷд овардааст, хабар медиҳад. ӯ аз имтиҳони ҳифзи комили Қуръон бо азёд донистани қуръон (рақамҳои оёт, сура ва саҳифаҳои қуръон) бо муваффақият гузашт (13).

Ҳамзамон маводи фарҳангии дигаре, ки бо сарлавҳаи «Академияи забони арабӣ ба зиёд кардани мазмуну муҳтавои арабӣ дар Интернет дастур медиҳад», нашр шудааст ва аз Тоҷикистон ном бурда мешавад, ин баромади узви Академияи забони арабӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор С. Сулаймонов мебошад. Дар хабар дар бораи баромади устод Сулаймонов С. дар мавзӯи мақом ва мартабаи Ибни Сино дар фалсафа, тиб ва истилоҳоти илмию фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷ икӣ (форсӣ) сухан меравад (14).

Қобили зикр аст, ки имрӯз ВАО-и хориҷӣ бештар ба рӯйдодҳои манфӣ таваҷҷуҳ доранд. Аз ҷумла, сомонаи “Ал-Ҷазира” низ воқеаву ҳодисаҳои нохуби соли 2015 – и  Тоҷикистонро, ки сабаби дар сархати расона ва сомонаҳои хабарии ҷаҳон қарор гирифтани кишварамон гашт ва вокунишҳои зиёдеро ба бор овард, мавриди баррасӣ қарор додааст.

Чунончи, яке аз онҳо ҳодисаи фирори Гулмурод Ҳалимов – сардори дастаи таъиноти вижа (ОМОН) – и ВКД аз кишвар ва ҳамроҳшавиаш (пайвастшавӣ) ба ДИИШ, ки дар сархати тамоми рӯзномаҳои хориҷӣ, аз ҷумла Алҷазира ва Би-Би-Си низ қарор дошт.

Сомонаи Би-Би-Си оид ба ин мавзӯъ рӯзи 28.05.2015 хабареро бо номи «Фармондеҳи қувваҳои махсуси тоҷик ба ташкилоти Давлати исломӣ дар Сурия ҳамроҳ мешавад» нашр кард. Сомона дар такя ба навори видеоии шабакаи CNN менависад, ки Г. Ҳалимов бо эътироз аз сиёсати душманонаи зидди исломии Тоҷикистон ба ДИИШ  ҳамроҳ шудааст. Сомона аз номи хабарнигораш дар Тоҷикистон Абдуҷалил Абдурасулов менависад, ки Ҳалимов ду моҳ боз бедарак буд ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи макон ва ҷойи будубошти ӯ маълумот надорад.  Он вақт овозаҳо дар бораи он, ки Гулмурод Ҳалимов барои ба сафи ДИИШ пайвастан ба Сурия рафтааст, дар миён буд.   Хабарнигор менависад, ки «Ҳалимов яке аз масъулони зидди тундравон буд ва мансаби баландеро дар милитсия ишғол мекард. Ҳамчунин аз беҳтарин афсари таҷрибадор ба ҳисоб мерафт» (17). Дар хабар оид ба гузаштани давраҳои омӯзишии зидди террории Ҳалимов дар Амрико ва ҳамроҳшавии садҳо нафар ба ДИИШ маълумот оварда, махсус қайд мекунад, ки ӯ аз масъулони болорутбае мебошад, ки ба ин ташкилот пайваст мешавад (17).

Баъдан сомонаи “Ал-Ҷазира” низ рӯзи 31.05.2015 дар такя ба шабакаи CNN ва рӯзномаи «Вашингтон пост» бо сарлавҳаи «Фармондеҳи тоҷик Вашингтонро пас аз оне ки ӯро омӯзонид, таҳдид мекунад» муфассалтар хабар оварда, менависад, ки фармондеҳи милитсияи тоҷ ик, ки ӯро ИМА дар муборизаи зидди террор таълим додааст, амрикоиҳоро бо задухӯрд дар дохили худи Амрико таҳдид мекунад.

Сомона менависад, ки полковник амрикоиёнро бо забони русӣ таҳдид карда мегӯяд: «Эй хукони амрикоӣ гӯш кунед!: Ман се маротиба аз Амрико дидан намудам ва дидам, ки чи хел ба омӯзиши сарбозон барои куштани мусулмонон машғул мешавед. Шумоён аскарҳоятонро усули муҳосира ва ҳуҷ умро барои нобуд кардани ислом ва мусулмонон меомӯзонед. Агар худо хоҳад мо дар кишваратон рӯ ба рӯ хоҳем шуд, ба хонаҳоятон хоҳем омад ва шуморо мекушем» (16).

Сомона дар такя ба рӯзнома менависад, ки «полковник Холинуф (Ҳалимов – Қ. С) бо террористоне, ки зидди онҳо машқ мекард, ҳамроҳ шуд» (16).

Ҳамчунин сомона ба тафсилоти курсҳои омӯзишии зидди террор (5 маротиба), ки фармондеҳи собиқи тоҷик гирифтааст, ишора карда менависад: «ҳоло вай (Ҳалимов – Қ.С)  усулеро, ки посбони ҷойҳои ҳассос (сафоратхонаҳо, ….) фикр мекунад, медонад» (16).

Қайд кардан зарур аст, ки дар хабари мазкур оид ба эътирози Ҳалимов Г. аз сиёсати Тоҷ икистон чизе гуфта нашудааст.

Аз таҳлили хабар бармеояд, ки як хабарро ҳар ду сомона бо назардошти манфиатҳои хеш нашр кардаанд.

Боиси зикр аст, ки насаби Ҳалимов дар “Ал-Ҷазира” хато нашр шудааст: Ғулмурод Холинуф (غولمراد خالينوف).

Мавзӯи дигаре, ки сабаби дар сархати хабарҳои матбуоти дохилӣ ва хориҷ ӣ мавриди баҳс қарор гирифтани номи Тоҷикистон гашт, ин исён ва задухурди мусаллаҳонаи ҷонишини вазири мудофиа, генерали собиқ  Абдуҳалим Назарзода ва тарафдоронаш мебошад.

Доир ба ин воқеа ҳар ду сомона рӯзи 5.09.2015 дар такя ба изҳороти сафорати Амрико дар Тоҷ икистон бо сарлавҳаҳои «Даргириҳо дар Тоҷикистон ва Амрико сафораташро мебандад», «Қувваҳои Тоҷикистон генерали аз мансаб дуршуда ва гуруҳи ӯро таъқиб мекунад (15) ва «Амрико дар муҳити тарс аз зуроварии нав сафораташро дар Тоҷикистон мебандад» (18) хабарҳо нашр кардаанд.

Хабарҳои мазкур ба ҳам қариб пурра монанданд ва дар такя ба як манбаи асосӣ навишта шудааст. Дар ҳар ду хабар омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар ин воқеа ҷонишини вазири мудофиа генерал Абдуҳалим Назарзодаро ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва дастаи террористӣ муттаҳам карда, гуфтаанд, ки ӯ ба дастгоҳи Вазорати мудофиа ва ШКД - и шаҳри Ваҳдат ҳамла кардааст. Дар бораи кушташудагон омори мухталиф оварда шудааст. Би-Би-Си дар такя ба маълумоти ВКД менависад, ки 8 корманди вазорат ва 2 нафар силоҳбадастон кушта шудаанд (18), аммо “Ал – Ҷазира” дар такя ба оҷонсиҳои Ассошейд Пресс (8 н. корманди ВКД ва 9 н. силоҳбадастон) ва РИА – и русӣ (33 н. корманди ВКД ва ВМ, 9 н. силоҳбадастон)  маълумот додааст (15).

Ҳамчунин мавзӯи муҳими дигаре, ки сомонаи “Ал-Ҷазира” ба он таваҷҷуҳ намудааст, ин оид ба озод кардани чаҳор сарбози нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон аз асорати Толибон мебошад. Рӯзи 14.06.2015 хабареро бо номи «Толибон 4 сарбози тоҷ икро бо миёнаравии Қатар озод мекунанд» нашр кардааст, ки дар такя ба Вазорати корҳои хориҷ ии Қатар навиштааст, ки сарбозони тоҷик бо миёнаравии дипломатҳои ин кишвар аз асорати гуруҳи Толибон раҳо шуда, аллакай ин чаҳор сарбозро ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд. Дар хабар бахусус аз талоши миёнаравии амири Қатар – Шайх Тамим бин Ҳаммад оли Сонӣ, зикр мешавад (19).  

Дар бораи ин мавзӯъ 16-уми июн Агентии миллии иттилоотии “Ховар” баёнияе нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, “11-уми июни соли 2015, дар натиҷаи гуфтушуниди расмӣ ва дидани чораҳои махсус бо мақомоти муайян, органҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Точикистон сарбозони қисми низомии сарҳадӣ, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2014 дар минтақаи сарҳадии 128/2-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби силоҳбадастони номаълум ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рабуда шуда буданд, аз асорат озод карда, ба ватан баргардониданд” (20). Дар хабари мазкур дар бораи ҷузъиёти чи тавр раҳо кардани сарбозон ҳарф зада намешавад.

Хулоса, метавон гуфт, ки аз таҳқиқи хабару гузоришоти ҳар ду оҷонсӣ маълум мешавад, ки назар ва матолиби ин сомонаҳо нисбати Тоҷикистон то андозае яктарафа аст. “Ал-Ҷазира” дар ҳаёти тоҷикистониён танҳо норасоӣ ва мушкилоти зиёду мухталифи Тоҷикистонро мебинад ва қобили зикр аст, ки дар мавриди муваффақиятҳои Тоҷикистон ягон маводи хуб ба назари мо нарасид. Нашри чунин хабарҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки сомонаи мазкур Тоҷикистонро дар олами араб ҳамчун кишвари ноором ва зидди исломӣ муаррифӣ мекунад.

Боиси тазаккур аст, ки омӯзиш ва таҳқиқи муҳтавои маводи сомонаҳои мазкур ва тарзу усули пешниҳоди мавод  нишон медиҳад, ки онҳо аз манфиатҳои давлате, ҳизбе ва ё созмоне пайгирӣ мекунанд ва ошкор набошад ҳам, бо ҳар роҳу усулҳои гуногун ғоя ва ақидаҳои худро амалӣ месозанд.

 

А Д А Б И Ё Т

1. Брусницын Н. Информационная война и безопасность.- М.: Вита -Пресс, 2001.- 280 с.

2. Добродеев Д. Почему в Египте не любят "Аль-Джазиру". ИТАР-ТАСС. 2014, 14 июн.

3. Мирзаян Г. Катару придется протрезветь. ЭКСПЕРТ ONLINE. 2012, 12 апрел.

4. Муқим Ҷ . Таъсири бӯҳрони молиявӣ ба рушди матбуоти электронӣ дар ИМА / Ҷ . Муқим – //www.jovidmuqimwordpress.com

5. Муқим Ҷ . Радиои Би-Би-Си: дирӯз ва имрӯз / Ҷ . Муқим – Душанбе: Деваштич, 2006. – 144 с.

6. Орлов В. В. Глобальные телесети новостей на информационном рынке / В. В.Орлов – М: РИП-холдинг, 2003. – 101 стр.

7. Самсонов А. Катар - карлик с амбициями империи / А. Самсонов. Военное обозрение. 2015, 15 март.

8. Усмонов И. ВАО ва сиёсати хориҷ ии Тоҷ икистон / И. Усмонов. –  Душанбе: Сино, 2003. – 64 с.

9. Хоҷ азод С. Нақши ВАО – и электронӣ дар ташаккули афкори ҷ омеа / С. Хоҷ азод – Душанбе: Сино, 2015. Паёми ДМТ, 4/3 (137), с. 254 – 256.

10. Шафель Али Шаиф Хусейн. Эволюция состава новостных арабоязычных спутниковых телеканалов в начале XXI века (cтатья первая) // Научные ведомости Белгородского государственного университета. : Научный журнал. — № 6 (177) / том 21 / 2014. — ISSN 1990-5327.), с. 202 – 209. 

 

М А Н Б А Ъ

11. [Захираи электронӣ] http:// www.aljazeera.net/portal

12. [Захираи электронӣ] http:// www.//www.bbc.com/arabic

13. [Захираи электронӣ] http:// www.aljazeera.net تتويج الفائزين بـ"تيجان النور" القرآنية في قطر. 11/6/1436 هـ - الموافق 1/4/2015 م

14. [Захираи электронӣ] http:// www.aljazeera.net مجمع اللغة يوصي بزيادة المحتوى العربي في الإنترنت. 17/6/1436 هـ - الموافق 7/4/2015 م.  

15. [Захираи электронӣ] http:// www.aljazeera.netاشتباكات في طاجيكستان وأميركا تغلق سفارتها. 21/11/1436 هـ - الموافق 5/9/2015 م 

16. [Захираи электронӣ] http:// www.aljazeera.netقائد طاجيكي يهدد واشنطن بعدما دربته لمكافحة الإرهاب. 12/8/1436 هـ - الموافق 31/5/2015 م

17. [Захираи электронӣ] http:// www.//www.bbc.com/arabic 28.05.15  قائد القوات الخاصة الطاجيكية ينضم إلى تنظيم "الدولة الإسلامية" في سوريا

18. [Захираи электронӣ] http:// www.//www.bbc.com/arabic 5.09.15أمريكا تغلق سفارتها في طاجيكستان وسط مخاوف من موجة عنف جديدة.

19. [Захираи электронӣ] http:// www.aljazeera.net طالبان تطلق سراح أربعة جنود طاجيك بوساطة قطرية. 26/8/1436 هـ - الموافق 14/6/2015 م.

20. [Захираи электронӣ] www. www.tojnews.org Чахор сарбози нерӯҳои сарҳадӣ аз асорати Толибон ба Тоҷикистон баргаштанд. 17 июн, 2015 – 08:31.

 

 

 

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.