SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Информация

C. Қаландаров

Ба шарофати ҳамаҷониба такмил ёфтани васоити техникии ахбор, фароҳам омадани заминаҳои омодасозӣ ва муҳайё гаштани шароити истифодабарии иттилоъ андарзи куҳнаи «Ҳар кӣ соҳиби ахбор аст, соҳиби ҳукм низ ӯст» сол ба сол ба маҷрои қонун медарояд. Дар ин моваро бахусус мақоми паҳнкунандаи ахбор – Интернет беш аз пеш меафзояд. Шояд ба ҳамин ваҷҳ муҳаққиқи пурдон Иброҳим Усмон онро «хавфноктарин василаи ахбор дар таблиғоти сиёсӣ ва байналмилалӣ» номида бошад. Калимаи «хавфноктарин» - ро метавон муҳимтарин низ маънидод кард. Аз сӯи дигар агар ба қурби ахбор эътибор диҳем тавсифи муҳаққиқ боз ҳам  шадидтар мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ду инқилоби Ховари Миёна – Тунис ва Миср асосан сомонаҳои интернетӣ, бахусус Twitter.com ва Facebook.com нақши фаъол доштаанд. Маҳз тавассути ин сомонаҳо мухолифон ва тазоҳургарон идора карда мешуданд. Иттилоъ метавонад на танҳо  ашхоси ҷудогона, балки давлатҳои кулро дар рӯёрӯи ҳам гузорад.

 

 

Мавзӯеро, ки мо пайи таҳқиқ ва омӯзиш қарор додем, ин Тоҷикистон аз нигоҳи оҷонсиҳои иттилоотии кишварҳои араб мебошад. Зеро Тоҷикистон аз солҳои аввали дарёфти истиқлолияти давлатӣ дар самти барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо давлатҳои араб иқдомҳо карда буд ва муваффақ низ гардида буд. Аммо мутаассифона дар оғози солҳои 90 – ум воқеаҳое рӯй доданд, ки боиси халалдор шудани муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ гардида буданд. Бояд иқрор шуд, ки дар солҳои аввали истиқлолият бо сабаби давом доштани муқовимат байни нерӯҳои сиёсию иҷтимоии кишвари мо муносибатҳо бо кишварҳои араб натиҷаи дилхоҳ надоданд. Новобаста аз ин, робитаҳои дипломатӣ бо аксарияти ин кишварҳо барқарор карда шуд.  

Оғози асри XXI–ро марҳилаи нави ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳони ислом, хосатан давлатҳои араб метавон номид  (1). Дар ин давра Тоҷикистон бо сиёсати сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати хориҷии худ ба густариш додани муносибатҳо бо давлатҳои араб таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд.

Як силсила сафарҳои расмӣ ва корие, ки сардори давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба кишварҳои араб дошт, натиҷаҳои хубе ба бор овард ва робитаю ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо қисме аз давлатҳои ҷаҳони ислом фаъол гардонид. Кишварҳои исломие буданд, ки аз мавҷудияти Тоҷикистони мустақил огоҳӣ надоштанд ва сафарҳои Президент ба давлатҳои араб ба шинохти дутарафаи ин кишварҳо ва ҳамкориҳо мусоидат кард. Акнун кишварҳои исломӣ Президент ва намояндагони кишвари моро ба саммитҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва сӯҳбати онҳоро бо рағбат истиқбол мегиранд.

Зикри ин нукта лозим аст, ки айни ҳол сиёсати бисёрсамтаи хориҷии кишвар дар муносибат ва робита бо якчанд кишварҳои араб назаррас аст, махсусан бо давлатҳои халиҷи Форс (Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ, Қатар, Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт). Ин кишварҳо омодагии худро дар амалигардонии тарҳҳои иқтисодии кишвар баён карданд.

Баъди барқароршавии муносибатҳои иқтисодӣ бо мамолики араб расонаҳои иттилоотии ин кишварҳо ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар маводи худ дар бораи кишвари мо хабару гузоришҳо медодагӣ шуданд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯи расонаҳои интернетии арабзабон мо хабару гузоришҳои гуногунмазмунро пайдо намудем, ки ин дар маркази таваҷҷӯҳи аксар давлатҳои араб ва ВАО-и хориҷӣ қарор гирифтани Тоҷикистонро шаҳодат медиҳад.

Ҳамагонро маълум аст, ки олами араб аз 22 давлати мустақил иборат буда, зиёда аз 360 млн. нафар бо ин забон гуфтӯгӯ доранд ва табиист, ки расонаҳои интернетӣ низ хеле зиёданд. Дар оҷонсиҳову расонаҳои интернетии арабӣ дар бораи Тоҷикистон хабару гузоришҳои гуногунмазмун чоп ва пахш шудаанд. Мо дар назди худ вазифа гузоштем, ки ахбори расонаҳои  интернетии олами арабро оиди Тоҷикистон ва чӣ гуна инъикос шудани рӯйдодҳои Тоҷикистон дар асоси ин расонаҳоро муайян намоем. Дар ин расонаҳо зиёда аз 60 хабару нигоришҳоро дар бораи Тоҷикистон пайдо намудем ва аз ин рӯ, мо онҳоро вобаста ба мавзӯъ чунин гурӯҳбандӣ намудем:

А) Муносибатҳои байнидавлатӣ;

Б) Хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ;

В) Хабарҳои иғвоангез, ҳангомаҷӯёна.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Оҷонсиҳои иттилоотии кишварҳои араб, аз ҷумла Оҷонсиҳои иттилоотии Кувайт (Куна كونا htt://www.kuna.net.kw), Қатар (Қана قنا htt://www.gnaol.net/GNAAr), Баҳрайн (Бана بنا htt://www.bna.bh), Яман (Сабо htt://www.presidentsaleh.gov.ye), расонаҳои интернетии Саудӣ (htt://www.alriyadh.com; htt://www.okaz.com.sa; htt://www.aljarida.com) ва htt://www.aljazeera.net  дар нашрияҳои худ дар бораи сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон ба ин кишварҳо ва шартномаҳое, ки ба байни онҳо ба имзо расидаанд,  хабару нигоришҳо додаанд.

Чунончи, оҷонсиҳои иттилоотии Қатар htt://www.gnaol.net (18.05.2009) бо номи “Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Саудӣ меояд”, Кувайт htt://www.kuna.net.kw “Сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Саудӣ”, Баҳрайн htt://www.bna.bh) “Аморатҳои Муттаҳида ва Тоҷикистон панҷ шартномаи ҳамкориро имзо карданд”, Яман htt://www.presidentsaleh.gov.ye (27.02.2009) “Вохӯрии Тоҷикистону Яман дар сатҳи олӣ” хабарҳо чоп намудааанд, ки ин аз таваҷҷӯҳи онҳо ба кишвари мо далолат мекунад. Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мусулмонӣ муаррифӣ намудаанд.

Ҳамчунин дар баъзе расонаҳои дигари дар бораи ёриҳои башардӯстонаи ин кишварҳо ба Тоҷикистон хабарҳо пахш намудаанд.

Чунончи, расонаҳои htt://www.alriyadh.com (18.02.2008) ва htt://www.aljarida.com бо номи “Омадани аввалин тайёраҳои кӯмаки башардӯстонаи Саудӣ ба Тоҷикистон” ва “Тоҷикистон ба Кувайт барои кӯмакҳояш дар зарардидагони (осон кардани) оқибатҳои хунукӣ изҳори ташаккур мекунад” хабар пахш намудаанд. Дар хабари аввал дар бораи ба Душанбе расидани тайёраи башардӯстонаи Арабистони Саудӣ ба зарардидагони хунукӣ, ки аз маводи ғизоӣ ва гилемҳо иборат аст, хабар додаанд. Дар хабари дуюм изҳори қаноатмандии Ҳукумати Тоҷикистон аз кӯмаки башардӯстонаи давлати Кувайт омадааст.

Оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байниҳамдигарӣ низ хабару гузоришҳо пахш шудааст. Чунончи, дар расонаи интернетии htt://www.alghad.com (27.08.2007) дар бораи бино кардани калонтарин масҷиди замонавӣ ва шаҳрчаи истиқоматӣ дар кишвар бо сармояи ширкати қатарии “Диёр” ба маблағи аз 150 – 180 млн.$. хабар додааст. Ҳамчунин Раиси иҷроияи ширкат дар вохӯрӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омодагии ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла кишоварзӣ ва таълим ибрози ақида намудааст.

Оиди сохтани ин масҷид расонаи htt://ar.trend.az (29.09.2009) бо истинод ба расонаи Алҷазира хабареро бо номи «Тоҷикистон калонтарин масҷидро дар олам месозад» чоп намуда, гуфтааст, ки мувофиқи дафтари матбуоти Президент Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо ёрдами Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар калонтарин масҷидро барои 150 ҳазор нафар хоҳад сохт. Ин хабар дар расонаҳои ватанӣ низ омадааст.

Инчунин дар расонаи htt://www.mubasheer.com  бо номи “Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон барои сохтмони шоҳроҳ 20 млн. $. медиҳад” хабар чоп намудааст. Дар хабар омадааст, ки Бонки рушди Абӯ Дабӣ низ ба ин лоиҳа ҷудо намудани 15 млн. $.ро эълон кардааст. Мувофиқи изҳороти Вазорати молияи Тоҷикистон нархи ин лоиҳа дар маҷмӯъ 93 млн. $. ро ташкил медиҳад, ки аз он 7 млн.900 ҳазор $. ҳиссаи Тоҷикистон аст. Интизорӣ меравад, ки ин лоиҳа аз тарафи Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Кувайт, Бонки ОПЕК ва дигар муассисаҳои молӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Аммо мутаассифона воқеаҳои чанд моҳи охири Тоҷикистон, ки дар бештари ВАО – хориҷӣ, аз ҷумла оҷонсиву расонаҳои арабӣ мавриди инъикос қарор гирифтаанд, як навъ маъракаи зидди Тоҷикистонро ба худ касб намудаанд. Маводи расонахои кишвархои арабии дар ду моҳи охири соли равон дарҷшуда, касро ба гумоне мебарад, ки Тоҷикистон ҳоло дар давраи ҷанг қарор дорад. Ҳамаи ин хабарҳои иғвоангез аз фирори 25 нафар маҳбусон маншаъ мегирад.

Расонаи htt://www.link0777.com (24.08.2010) хабареро дар олами араб бо номи “Фирори 25 нафар зиндонии исломӣ аз яке аз зиндонҳои Тоҷикистон ва кушта шудани панҷ сарбоз” чоп намуд. Дар ин ҳол аз номи хабар маълум аст, ки вай иғвоангез буда, ҳадаф ва мӯҳтавои дигар дорад. Зеро фирориёни зиндонӣ ягон иртиботе ба ислом надоранд ва муаллифи манфиатдор махсус калимаи “исломӣ” – ро таъкид кардааст, то тавонад имиҷи Тоҷикистонро байни олами ислом паст кунад. Ҳақиқати ҳол бошад, акси онро бозгӯ мекунад. Мувофиқи ахбори Кумитаи давлатии амнияти кишвар ҳангоми фирори маҳбусон 1 нафар посбон кушта ва 2 нафар захмӣ шудаанд, аммо дар ин хабар кушташудагонро 5 н. гуфтааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамаи хабарҳое, ки оҳанги иғвоангез доранд, ҷумлаи “Ҳукумати Тоҷикистон дар худи ҳамин сол зиёда аз сад нафар тарафдорони исломиро маҳкум ба зиндон кардааст” такрор ба такрор омадааст, ки ин худ аз ғарази нопоки онҳо дарак медиҳад. Ҳамчунин пахш гардидани чунин хабарҳои манфӣ барои кишвари мо оқибатҳои ҷиддӣ оварда метавонад. Зеро чунин хабарҳо ба паст шудани эътибору нуфузи сиёсии кишварамон байни олами ислом ва дилхунук шудани сармоягузорони беруна ба соҳаҳои гуногун таъсири калон расонида метавонад.

Аз таҳқиқ ва мутолиаи баъзе расонаҳои интернетӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки воқеаҳои Тоҷикистон дар оҷонсӣ ва расонаҳои интернетии арабӣ гоҳе ҳақонӣ, гоҳе ғаразнок ва гоҳе нодуруст инъикос шудаанд. Аксарияти расонаҳои арабӣ хабарҳоро дар бораи Тоҷикистон аз оҷонсиҳои РИА “Новости”, Рейтер ва Франс – пресс мегиранд.

Аз ин рӯ, имрӯз ВАО-и Тоҷикистонро зарурати бо расонаҳои хориҷӣ рақобат карда тавонистан пеш омадааст. Васоити ахбори оммаи моро мебояд бо ВАО-и хориҷӣ рақобатпазир бошанд ва талаботи аудиторияи худро қонеъ карда тавонанд. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон барои давлатҳои абарқудрат ба майдони мубориза барои манфиатҳои геополитикӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба сиёсати геополитикии Русия, ИМА, Хитой ва то андозае ба Эрон иртибот дорад.

Пахш гардидани ахбори иғвоангез ва бардурӯғ барои ҳар як кишвар оқибатҳои ҷиддӣ оварда метавонад. Чунин хабарҳо ба паст шудани эътибору нуфузи кишвар ва дилхунук шудани сармоягузорони хориҷӣ, дар ҳоле ки кишварҳои араб ба Тоҷикистон оҳиста – оҳиста маблағгузорӣ доранд, таъсири манфӣ расонида метавонад. Бинобар ин, дар Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама расонаҳову оҷонсиҳои чандзабона таъсис дода шавад, то ба ҳуҷуми иттилоотии ВАО – и кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла арабӣ муқовимат карда, ҷавоби саривақтӣ ва муносиб дода тавонад. Аз ин рӯ, бояд шумораҳои расонаҳои интернетии кишварро зиёд кард ва масъулони давлатиро зарур аст, ки мутахассисони ватандӯстро барои рушду нуфузи расонаҳои интернетӣ мусоидат намоянд, то дар оянда барои ҳимояи Тоҷикистон ва манфиатҳои он аз хабарҳои бардурӯғ ва иғвоангези расонаҳои интернетӣ ҳимоя карда тавонад. Дар Тоҷикистон новобаста ба мушкилот тамоми шароитҳо барои фаъолият бурдан вуҷуд дорад.

 

Адабиёт:

1. Т.Назаров., А.Сатторзода. Дипломатияи муосири тоҷик. – Душанбе: Ирфон. 2006, с.184.

2. Паёми Президенти Ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ. – Душанбе., 2009.

3. Усмонов И. Воситаҳои ахбори омма ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон. – Душанбе., 2003.

Манбаъҳо:

  1. 1.htt://www.kuna.net.kw
  2. 2.htt://www.gnaol.net
  3. 3.htt://www.bna.bh
  4. 4.htt://www.presidentsaleh.gov.ye
  5. 5.htt://www.alriyadh.com
  6. 6.htt://www.okaz.com.sa
  7. 7.htt://www.aljarida.com
  8. 8.htt://www.aljazeera.

                                 

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.