SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

 

logo-footer 

  وكالة الانباء السعودية 

Saudi Press Agenci

 

С. Қаландаров

Маълум аст, ки Тоҷикистон имрӯз бо бисёр кишварҳои мутараққии олами араб, аз ҷумла Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва мамлакатҳои дигари мусулмон муносибатҳои муфиди дуҷониба ва бисёрҷониба дорад, ки бар умумиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва динии мо асос ёфтаанд. Ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар бисёр бахшҳо дар ҳоли тавсеа ва густариш аст.

 

Як силсила сафарҳои расмӣ ва корие, ки сардори давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба кишварҳои араб дошт, робитаю ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо қисме аз давлатҳои ҷаҳони ислом фаъол гардонид ва ба шинохти дутарафаи ин кишварҳо ва ҳамкориҳо боз ҳам мусоидат кард.

Мавзӯеро, ки мо пайи таҳқиқ ва омӯзиш қарор додем, инъикоси воқеаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи сомонаи Агентии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) мебошад. Сабаби ба ин Агентии иттилоотӣ таваҷҷуҳ кардани мо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар раванди сиёсати хориҷии кишварамон бо ҷаҳони араб  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Ба хусус Агентии иттилоотии Саудӣ (АИС) дар ин бобат нақш ва мақоми хосе пайдо кардааст.

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11 – уми январи соли 1992 эътироф гашта, 22 – юми феврали соли 1992 байни ду  кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд (1, 18).

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нахустин кишвари арабие мебошад, ки моҳи январи соли 2010 намояндагии дипломатии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд ва аз сентябри соли 2010 бо фармони марҳум шоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд Сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил Маҳмуд таъйин шуд, ки он дар навбати худ ҳамчун аввалин сафири кишвари арабӣ ва нахустин намояндаи дипломатии ҷаҳони араб дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар давоми солҳои истиқлолият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се маротиба (1997, 2001, 2005) аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ боздиди корӣ ба амал овардааст. Ҳамчунин чандин мулоқоти Президент бо марҳум шоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд дар сатҳи мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ (солҳои 1994, 1997, 2000, 2003, 2005) ва дар ҳошияи иҷлосияи СММ (соли 2005) сурат гирифтааст, ки зимни ин вохӯриҳо заминаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба гузошта шудааст (2). Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шоҳигарии Арабистони Саудиро аз лиҳози ҳуқуқӣ “Созишномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, фарҳанг, варзиш ва корҳои ҷавонон байни ҳукуматҳои ду кишвар” аз 23 – юми майи соли 2003 ба танзим медарорад (3, 184).

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ чӣ дар самти дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони Милали Муттаҳид  муносибатҳои нек барпо кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳоло дар Тоҷикистон аз тариқи Хазинаи Саудӣ оид ба рушд дар сармоягузории 7 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст ва созишномаи дигар оид ба вогузор намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони мактабҳои миёна низ ба имзо расидааст (http://jumhuriyat.tj).

Асоси низоми ВАО – и саудиро сохти давлатдории монархиявии он ташкил медиҳад. ВАО самти сиёсати шоҳаншоҳиро тарғиб намуда, аз тарафи давлат (шоҳ) ва қарорҳои шоҳ назорат карда мешавад. ВАО бо розигии шоҳ таъсис дода шуда, моли ӯ ба ҳисоб меравад ва манфиату мавқеи онро ҳимоя мекунад. Соҳибони матбуот ва дигар ВАО – и ғайридавлатӣ шахсони наздики шоҳанд.

Яке аз нишондиҳандаи муҳими хусусияти низоми ВАО – саудӣ тамоюли динии (исломӣ) тамоми фаъолияти ВАО, яъне эҳтиром ва риояи ҳатмии қонунҳои шариати исломӣ мебошад (4, 16).

Агентии иттилоотии Саудӣ (АИС) соли 1971 таъсис ёфта, аввалин ва ягона агентии иттилоотии миллии ШАС ба шумор меравад ва ҳадаф аз таъсисёбиаш дастгоҳи мутамаркази миллӣ барои ҷамъ ва пахш намудани хабарҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ аст. 

АИС зерсохтори вазорати фарҳанг ва иттилоъи саудӣ мебошад, ки дар он қариб 500 нафар мутахассис фаъолият дошта, аз се шуъбаи (қисм) асосӣ иборат аст:

  1. 1.Шуъбаи ахбор ва таҳрир (арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ);
  2. 2.
  3. 3.Шуъбаи маъмурӣ (идорӣ).

АИС шабонарӯзӣ хабарҳоро бо забонҳои арабӣ, англисӣ ва фаронсавӣ пахш мекунад.

АИС узви Иттиҳоди агентиҳои арабӣ (اتحاد الوكالات العربية), Агентии иттилоотии Халиҷ (وكالة الأنباء الخليجية) ва Агентии иттилоотии исломӣ (وكالة الأنباء الإسلامية) мебошад. Қароргоҳи асосиаш дар шаҳри Ар – Риёз воқеъ аст. Ҳамчунин дар шаҳрҳои Бейрут (1390هـ) зиёда аз 20 нафар, Қоҳира (1392هـ) 30 нафар, Санъо (1393هـ), Лондон (1397هـ) тақрибан 10 нафар, Вашингтон (1399هـ) зиёда аз 10 нафар, Тунис (1401هـ), Теҳрон (1401ه) зиёда аз 10 нафар фаъолият мекунад. Илова бар ин хабарнигоронаш дар шаҳрҳои Исломобод, Урдун, Ню - йорк, Димишқ, Мағриб, Мавритониё, Фаластин, Берлин, Бруюсел, Париж, Москва, Пекин, Мадрид, Сидней, Алҷазоир ва Кувайт ба ҷамъоварӣ ва пахши ахбор машғуланд (5).  

Дар сомонаи мазкур ҳангоми баррасии мавзӯҳои марбут ба Тоҷикистон (маводи солҳои 2010 – 2014) 147 хабару гузоришҳо пахш гардидааст. Аз ҷумла соли 2010 – 34, 2011 – 41, 2012 – 30, 2013 – 17 ва соли 2014 – 25 хабар чоп шудааст. Хабару гузоришҳо таҳти рубрикаҳои “сиёсӣ” (46), “иқтисодӣ” (16), “фарҳангӣ” (2), “варзишӣ” (3) ва дигар мавзӯъҳо (“умумӣ” (عامٌّ) (80) ба табъ расидаанд, ки ҷолиби диққатанд.

Таъкид ба ёдоварист, ки аз сабаби зиёд будани мавод, мо дар ин ҷо танҳо ба навиштаҳое таваҷҷуҳ кардем, ки танҳо воқеаҳои сиёсии Тоҷикистонро пайгирӣ намудаанд.  Сомонаи АИС давоми солҳои 2010 – 2014   таҳти рубрикаи “сиёсӣ” оид ба Тоҷикистон 46 хабару гузориш ба табъ расонидааст, ки бештар ба воқеаҳои сиёсӣ ва самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои араб, Покистон, Эрон, Россия ва Чин марбут мебошад.

Вобаста ба хабарҳои сиёсӣ мо мавзуъҳои сафарҳои расмии Президенти ҶТ ба кишварҳои арабӣ, интихоботи президентӣ, масъалаи пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон ва имзои шартномаи марзӣ байни Тоҷикистон ва Чинро мавриди таҳқиқ қарор додем. Ҳадаф аз таблиғоти хориҷӣ бояд ҳамкории давлатҳо, сулҳ дар як кишвар ва тамоми ҷаҳон бошад (6, 22).

Дар сомона соли 2014 оид ба сафари Президенти Тоҷикистон ба Баҳрайн 5 хабар бо сарлавҳаҳои “Президенти Тоҷикистон пагоҳ аз Баҳрайн дидан мекунад”  ( الرئيس الطاجيكي يزور البحرين غداً، المنامة 27 رجب 1435 هـ الموافق 26 مايو 2014 م واس), “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Баҳрайн мерасад” ( رئيس جمهورية طاجيكستان يصل مملكة البحرين، المنامة 28 رجب 1435 هـ الموافق 27 مايو 2014 م واس), “Шоҳи Баҳрайн Президенти Тоҷикистонро ба ҳузур мепазирад” ( ملك البحرين يستقبل رئيس طاجيكستان، المنامة 29 رجب 1435 هـ الموافق 28 مايو 2014 م واس), “Имзои 8 шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баҳрайн” (    توقيع 8 اتفاقيات بين مملكة البحرين وطاجيكستان، المنامة 29 رجب 1435 هـ الموافق 28 مايو 2014 م واس) ва “Валиюлаҳди Баҳрайн бо Президенти Тоҷикистон вомехӯрад” ( ولي عهد مملكة البحرين يلتقي رئيس طاجيكستان، المنامة 29 رجب 1435 هـ الموافق 28 مايو 2014 م واس) чоп шудааст. Хамчунин дар сомона оид ба сафари вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ба Арабистони Саудӣ ва вохӯриҳои ӯ бо воломақомони саудӣ, оғози ҳамоиши  сармоягузории СҲИ оид ба Осиёи Миёна дар Душанбе, иштирок ва суханронии Котиби генералии СҲИ дар ҳамоиш ва мулоқотҳои ӯ бо Президенти Тоҷикистон, вазирони корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, молия ва раиси Кумитаи ҷавонон ва сайёҳӣ хабарҳо пахш шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки робитаи байналмилалӣ ба ҳарду ҷониб беш аз пеш судбахш суръат мегирад.  

Соли 2013 дар кишварамон маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ шуда гузашт, ки ВАО – и саудиро низ бетараф нагузошт. Вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сомона 5 хабар, аз ҷумла “Оғози интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон” ( بدء الانتخابات الرئاسية في طاجيكستان، دوشانبي 03 محرم 1435 هـ الموافق 06 نوفمبر 2013 م واس), “Азнавинтихобшавии Эмомалӣ Раҳмон ба муҳлати президентии нав дар Тоҷикистон” (إعادة انتخاب إمام رحمانوف لفترة رئاسية جديدة في طاجيكستان، دوشنبه 04 محرم 1435هـ الموافق 07 نوفمبر 2013م واس) ба табъ расидааст. Дар хабари якум хабарнигор меорад, ки: “Имрӯз пагоҳӣ дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ оғоз ёфт .... Эҳтимол меравад, ки дар он президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз нав ғалаба кунад … ӯ аз соли 1992 ин ҷумҳурии собиқ шуравиро, ки дар Осиёи Миёна ҷойгир аст, идора мекунад». Дар назари аввал хабари мазкур хабари холис аст, вале дар ҷумлаи « … ҷумҳурие, ки фақиртарин ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ба ҳисоб меравад» (www.spa.gov.sa) муносибати хабарнигор бо кишвари мо баён мешавад ва ин муносибат аз назари мо чандон қобили қабул нест.

Дар ҳамин маврид 7 – уми ноябр дар хабари дуюми сомонаи мазкур чунин хулосабарорӣ мекунад: “Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани 83, 1 % овози интихобкунандагон дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. ... Эмомалӣ Раҳмон баъди дур сохтани рақиби ягонаи мухолиф бар 5 номзади пуштибони сиёсати худ бо фоизи калон ғалаба кард” (www.spa.gov.sa).

            Ҳамчунин худи ҳамон рӯз аз хабарнигори оҷонсӣ дар Вашингтон хабаре бо номи “Амрико Тоҷикистонро барои тақвияти гуногуандешии сиёсӣ водор (талқин) мекунад” ( الولايات المتحدة تحث طاجيكستان على تعزيز التعددية السياسية، واشنطن 04 محرم 1435 هـ الموافق 07 نوفمبر 2013 م واس) ба нашр расид, ки дар он оид ба интихобот аз номи намояндаи вазорати корҳои хориҷии Амрико – Ҷейн Басокӣ (جين بساكى)  менависад: “Дар сурате, ки интихобот осоишта  барпо гардид ва дар рӯйхатгирии номзадҳо маҳдудият буд, лекин гуногунандешӣ ва интихоботи ҳақиқӣ намерасид” (www.spa.gov.sa).

Баъди чанд вақт, аниқтараш рРӯзи 17.11.2013 номаи табрикотии Шоҳи ШАС ва Валиюлаҳд ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати азнавинтихобшуданаш ба мақоми президентӣ нашр шудааст.

Ҳамзамон, дар соли 2013 оид ба сафар ва мулоқотҳои собиқ ҷонишини якуми Сарвазири кишвар Матлубхон Давлатов (23.03.13) ва собиқ Раиси кумитаи дин Абдураҳим Холиқов (15.07.13) ба ШАС, сафари намояндагони воломақоми ШАС ба Тоҷикистон хабарҳо нашр шудааст.

Таъкид бояд кард, ки дар соли 2012 мавзӯи ҳалли масъалаи пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи сомонаи АИС қарор гирифтааст ва вобаста ба ин масъала се хабар ба табъ расидааст.

Дар маводи аввал бо сарлавҳаи «Тоҷикистон барои пардохти ҳаққи иҷора аз Россия бар ивази пойгоҳи низомияш сахт истодагарӣ мекунад» ( طاجيكستان تصر على فرض رسوم إيجار على روسيا مقابل قاعدتها العسكرية، موسكو 07 ربيع الآخر 1433 هـ الموافق  29 فبراير 2012 م واس) аз номи собиқ сафири Тоҷикистон дар Россия Абдулмаҷид Достиев менависад, ки «Масъалаи пойгоҳи низомии Россия яке аз масоили муҳим барои Тоҷикистон ба шумор рафта, рӯзи 25.02.12 мавриди гуфтугӯйи телефонии сарони ҳарду кишвар қарор гирифта буд ва то ҳол ҳалли худро наёфтааст». Сомонаи АИС менависад, ки «Президенти Россия Д. Медведев моҳи сентябри 2011 ҳангоми сафари расмияш ба Тоҷикистон эълон карда буд, ки шартномаи нави тамдиди пойгоҳи низомии 201 – ум дивизия барои 49 сол дар семоҳаи аввали соли 2012 ба имзо хоҳад расид» (www.spa.gov.sa). Зикр бояд кард, ки шартномаи пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон соли 2004 ба муҳлати 10 сол ба имзо расида буд. Пойгоҳи низомии мазкур калонтарин пойгоҳи низомии Россия дар хориҷи кишвар ба шумор рафта, зиёда аз 7 ҳазор афсару сарбоз дорад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кулоб ва Қурғонтеппа ҳузур доранд. Гуфтӯшунидҳо оид ба шарту шароити будубоши пойгоҳи низомӣ се сол боз давом дорад.

Аз хабари мазкур пай бурдан мумкин аст, ки хабарнигор суханони Президенти Россияро бештар истифода бурда, ҳамчун сарчашмаи асосии хабар таъкид кардааст. 

Ё дар хабаре, ки 12 – уми июли ҳамон сол хабарнигори сомонаи АИС бо номи «Тоҷикистон барои тамдиди шартномаи пойгоҳи низомӣ аз Россия солона 250 млн $ талаб мекунад» (/ طاجيكستان تطالب روسيا بـ250 مليون دولار سنويا لتمديد عقد قاعدة عسكرية، دوشنبه 22 شعبان 1433 هـ الموافق 12 يوليو 2012م واس)  хабар ба табъ расонид. Дар он аз номи сарчашмаи ҳукуматӣ (номашро зикр намекунад) менависад, ки гуфтушунидҳо дар бораи тамдиди пойгоҳи низомӣ давом дорад ва Тоҷикистон бар ивазаш солона ба маблағи 250 млн $ талаб мекунад. Вобаста ба ин масъала намояндаи вазорати мудофиаи Россия изҳор кард, ки то ҳол ягон пешниҳоде аз ҷониби Тоҷикистон ба мо нарасидааст, аз ин рӯ, имконияти инкор ва ё тасдиқи маблағеро, ки Тоҷикистон талаб дорад, надорем (www.spa.gov.sa).

Ва ахиран хабари «Имзои шартномаи тамдиди пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон то соли 2042» ( توقيع اتفاقية لتمديد بقاء القاعدة العسكرية الروسية في طاجيكستان حتى عام  2042، واس، موسكو 19 ذو القعدة 1433 ه الموافق 05 أكتوبر 2012 م) ба таври мухтасар ба ин масъала хотима гузошт.

Масъалаи дигаре, ки сомонаи АИС таваҷҷуҳ намудааст, ин дар соли 2011 масъалаи ҳудудӣ (марзӣ) бо Чин буда, ин қазия бо додани ҳазор километри мураббаъ замини кӯҳҳои Помир ҳалли худро ёфт. Марбут ба ин мавзуъ дар ВАО – и дохилию хориҷӣ фикру андешаҳои намояндагони гуногун чоп шудааст. Дар рисолаи Ҳамрохон Зарифӣ (собиқ вазири корҳои хориҷӣ) ва Аҳмадҷон Сатторов бо номи “Таджикистан – Китай: становление государственной границы” таҳти назари академик Т. Назаров оид ба сарчашма ва ҳалли ин масъала муфассал гуфта шудааст  (7).  

     Дар сомонаи АИС бошад вобаста ба ин масъала хабаре бо номи  “Чин ва Тоҷикистон шартномаи ҳудудиро имзо мекунанд”( الصين وطاجيكستان يوقعان اتفاقا حدوديا،09 صفر 1432 هـ الموافق 13 يناير 2011 م واس) чоп шудааст, ки дар он имзои шартнома ҳамчун ҳаллу фасли низои дурударози ҳамсояҳо унвон гирифта, таъкид шудааст, ки ҳалли ин масъала барои густариши ҳамкорӣ ва дӯстии байни ҳарду давлат мусоидат хоҳад кард. Аз номи намояндаи ВКХ – и Чин Ҳунғ Лӣ омадааст, ки ҳарду кишвар ба шартномаи марзие имзо гузоштанд, ки ба расмиятдарории ҳудуд анҷом ёфт. Ҳамчунин ишора ба он кардааст, ки низоъ бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии эътирофшуда ҳал шуд (www.spa.gov.sa).

Хулоса, аз таҳқиқ ва омӯзиши хабару гузоришҳои сомонаи АИС бармеояд, ки сомонаи мазкур бештар ба ахбори расмӣ эътибор дода, зиёдтар ба натиҷаҳои сафарҳои расмии ҷонибҳо таваҷҷуҳ мекунад. Таҳлили амиқи ин вохӯрию ҳамкориҳо ва мавқеи аниқ дар таҳлилҳо кам ба назар мерасад. Новобаста аз ин, Агентии иттилоотии ШАС ба масъалаҳои актуалии ҷаҳони имрӯза таваҷҷуҳ намуда, мардуми худро бо хабарҳои муҳими дохилӣ ва хориҷӣ, бо риояи қонунҳои шариати исломӣ таъмин мекунад.   

Дар замони муосир, ки ҷангҳои иттилоотӣ давом дорад, манфиатҳои миллӣ ва субботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд (8, 19).

Адабиёт:

  1. 1.Разоков Ш. Проблемы и перспективы развития сотрудничества республики Таджикистан с арабскими странами Персидского залива в годы независимости. Душанбе: Дакики, 2015. – 288 с.

2.http://mfa.tj/tj/munosibatho-bo-kishvarhoi-osiyo-va-afrika/tojikiston-amoroti-muttahidai-arab.html

3. Назаров Т., Сатторзода А. Дипломатияи муосири тоҷик. –        Душанбе: Ирфон, 2006. – 224 с.

4. Аталлах Хумуд Ал Энези. Особенности становления и функционирования СМИ Королевства Саудовской Аравии. – Душанбе: Сино, 2013. – 167 стр.

5. http://ar.wikipedia.org/wiki

6. Усмонов И. К. Воситаҳои ахбори омма ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон. – Душанбе: Сино, 2003. – 64 с.

7. Хамрохон Зарифи, Ахмаджон Сатторов «Таджикистан - Китай: становление государственной границы» (под общей редакцией академика Т. Назарова). – Душанбе: Ирфон, 2014.

8. Ҷашни фархундаи матбуоти тоҷик. Душанбе: Ирфон, 2012.  – 278 с.

 

Манбаъ:

1. www.spa.gov.sa  بدء الانتخابات الرئاسية في طاجيكستان،  03 محرم 1435 هـ الموافق 06 نوفمبر 2013 م واس

2. www.spa.gov.sa  إعادة انتخاب إمام رحمانوف لفترة رئاسية جديدة في طاجيكستان، 04 محرم 1435هـ الموافق 07 نوفمبر 2013م واس

3. www.spa.gov.saالولايات المتحدة تحث طاجيكستان على تعزيز التعددية السياسية، 04 محرم 1435 هـ الموافق 07 نوفمبر 2013 م واس

4. www.spa.gov.sa طاجيكستان تصر على فرض رسوم إيجار على روسيا مقابل قاعدتها العسكرية، 07 ربيع الآخر 1433 هـ الموافق  29 فبراير 2012 م واس

5. www.spa.gov.saطاجيكستان تطالب روسيا بـ250 مليون دولار سنويا لتمديد عقد قاعدة عسكرية، 22 شعبان 1433 هـ الموافق 12 يوليو 2012م واس

6. www.spa.gov.saالصين وطاجيكستان يوقعان اتفاقا حدوديا،09 صفر 1432 هـ الموافق 13 يناير 2011 م واس 

Обозрение политических событий Таджикистана средствами информационных агенств Королевства Саудовской Аравии.

Актуальность избранной темы исследования заключается в возможности проведения тщательного анализа наиболее заметных мировых событий и информировании о полученных результатах мировой общественности.

    В статье речь идет об отражении в средствах массовой информации Королевства Саудовской Аравии политических событий происходящих в Таджикистане, а также анализируется позиция занятая корреспондентами этого агенства на проблемы связанные с освещением взаимоотношений между этими двумя странами. Следует подчеркнуть, что ярко выраженное стремление авторов статей этого агенства иметь собственный взгляд на происходящие события в Таджикистане.

Ключевые слова: Информационное агенств, Интернет, сайт, новость, внимание, закон, политика, страна, взаимодействие, связь, посол, ислам.

 

Description of Tajikistan’s political events in Saudi Arabian Kingdom’s information agency

The author of the article investigates and analysis a very actual theme on gaining information about word’s latest news and extend it all over the world.

The Present article devotes to the problems of explanation of Tajikistan’s political evens in Saudi Arabian Kingdom’s information agency.

The author takes under investigation the means of description Tajikistan’s political evens trough Saudi Arabian Kingdom’s information agency.

Key words: information agency, internet, site, news, attention, law, policy.

 

Сведения об авторе: С. Каландаров – кандидат филологических наук, доцент, заведующый  кафедры иностранного языка факультета журналистики Таджикского национального университета. Телефон: (+992) 95 – 505 – 44 – 60. E–mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

 

 

Шарҳи воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон дар сомонаи Агентии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Мавзӯи интихобнамудаи таҳқиқ хеле актуалӣ буда, таҳлил ва баррасии он корҳои муҳиммеро барои дарку шинохти воқеаҳои ҳаводиси ҷаҳон ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом хоҳад дод.

Дар мақола доир ба инъикоси воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон дар сомонаи АИС ва шарҳи онҳо аз нигоҳи хабарнигорони сомона сухан рафта, ҳамаи масъалаҳои марбут ба ду давлат дар сомонаи  Агентии иттилоотии Саудӣ инъикоси худро ёфтааст. Хабарнигорони сомона кӯшидаанд, ҳодисаву воқеаҳои Тоҷикистонро аз диди худ баррасӣ ва пахш намоянд.

Калидвожаҳо: Агентии иттилоотӣ,  интернет, сомона, хабар, таваҷҷуҳ кардан, қонун, сиёсат, кишвар, ҳамоиш, робита, сафир, ислом.

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.