SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Катар

С. Қаландаров

Дар ҳар кишвар воситаҳои ахбори омма (рӯзнома, радио, телевизион, сомонаҳои интернетӣ) бо сиёсат алоқаи ҷудонопазир дорад (1), онҳо барои тарғибу дастгирӣ ва амалӣ сохтани сиёсате таъсис ёфтаанд. Ҳодисаҳои “Баҳори араб” нишон дод, ки воситаҳои ахбори омма дар дигар кардани сохти сиёсӣ, ноором кардани вазъият, ба мувофиқа овардани ду ҷониб, роҳгумзанонидани мардуми оддӣ ва рӯйпӯш кардани ҳақиқат нақши бағоят бузург доранд. Имрӯз кишварҳои абарқудрат як роҳи хеле осони амалӣ кардани нақшаҳои худро ёфтаанд, ки ин ҳам бошад ба воситаи расонаҳо ноором кардани вазъияти сиёсии давлатҳост. Нооромиҳои кишварҳои араб далели равшани ин гуфтаҳо аст.

 

 

 

Мавзӯе, ки ин ҷо мавриди пажӯҳиш қарор медиҳем, инъикоси муносибатҳои Тоҷикистон бо Қатар аз нигоҳи маводи Оҷонсии иттилоотии Қатар (وكالةُ الأنْبَاءِ القطريّة) ва сомонаи интернетии рӯзномаҳои ин кишвар – “Аш-Шарқ”(الشَّرْقُ), “Ар-Раят” (الرَّايَةُ) ва “Ал-Ватан” (الوطنُ) мебошад. Солҳои охир робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар ҳоли густариш аст. Давлати Қатар аввалин кишвари арабие мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва самараи он татбиқи лоиҳаи “Диёри Душанбе” ва калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳаҷми умумии сармояи ин ду тарҳ зиёда аз 300 млн. доллари ИМА- ро ташкил медиҳад (2).

Қобили қайд аст, ки Қатар яке аз давлатҳои бойтарини дунё ба шумор рафта, дар ҷаҳон аз ҷиҳати захираҳои гази табиӣ мақоми сеюм ва аз ҷиҳати содироти гази табиӣ мақоми шашумро ишғол мекунад. Имрӯз нишондодҳои рушди иқтисодии ин кишвар чашмрас буда, тибқи маълумоти Сандуқи байналмилалии асъор дар соли 2014 маҷмӯи маҳсулоти дохилии он ба сари ҳар як нафари аҳолиаш (1 млн. 904 934 н., с.2013) 144,400 $-ро ташкил дод, ки он баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон маҳсуб меёбад (3). Тоҷикистону Қатар имкониятҳои зиёде барои ҳамкорӣ кардан доранд. Қатар метавонад дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи ин давлати бойи арабӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод хеле ба маврид аст.

Дар давраи пажӯҳиш дар Оҷонсии иттилоотии Қатар 42 хабару гузоришот ба мушоҳида расид, ки бештари онҳоро муҳтавои сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон ба давлатҳои исломӣ ва арабӣ (аз ҷумла Покистон – 14.11.2015; Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – 3.01.2016; Амороти муттаҳидаи Араб – 16.03.2016 ва Қатар – 5.02.2017), сафарҳои кории намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ба Қатар (Вазири корҳои хориҷӣ – 25.09. ва 6.10.2014; Вазири молия – 18.03.2015; Раиси Маҷлиси намояндагон – 21.12.2015; Вазири рушди иқтисод ва тиҷорат – 2.02.2016; Сарвазири кишвар – 20.09.2016) (6) дарбар мегирад. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки тамоми сафарҳои расмии Президенти ҷумҳурӣ ва намояндагони воломақоми Ҳукумати Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ, махсусан давлатҳои арабии халиҷи Форс дар ВАО – и ин кишварҳо инъикосу баррасӣ мешаванд (4).

Оид ба сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар, ки рӯзҳои 5 – 6 –уми моҳи феврали соли равон анҷом дод, дар ОИҚ фақат ду хабари расмӣ таҳти унвонҳои “Президенти Тоҷикистон ба Дуҳа меояд” (الرئيس الطاجيكي يصل إلى الدوحة) ва “Аълоҳазрат бо Президенти Тоҷикистон ҷаласаи гуфтушунидҳо барпо мекунад” (سموّ الأمير يعقد جلسة مباحثات مع رئيس طاجيكستان ) ба табъ расидааст. Дар хабари дуюм дар бораи вохурӣ ва баррасии муносибатҳои дуҷониба, роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, махсусан иқтисод ва сармоягузорӣ мавриди омӯзиши тарафҳо қарор гирифтааст. Баъди мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз имзо шудани 6 шартномаи нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва тадқиқоти илмӣ, тандурустӣ, ҳуқуқ, алоқаи ҳавоӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният ва ду ёддошти тафоҳум (варзиш, фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ) хабар додааст (5). Чунин хабарҳо дар ВАО-и дохилӣ низ нашр шудааст (6).

Қобили қайд аст, ки сомонаи рӯзномаҳои мазкур дар баробари оне ки дар бораи сафар ва вохӯриҳои Президенти Тоҷикистон бо воломақомони Қатар, мулоқоту нишастҳои масъулони Ҳукумати Тоҷикистон бо масъулони қатарӣ хабарҳои расмӣ нашр карда бошанд, ҳам инчунин ҳар се сомона рӯзи 7.02.2017 аз натиҷаи сафари расмии Президенти кишвар хулосабарорӣ намуда, матолиби таҳлилӣ ба табъ расонидаанд. Чунончи, рӯзномаи “Ал-Ватан” (الوطنُ) дар сомонааш бо номи “Қатар ва Тоҷикистон: зинда бод сиёсати дарҳои боз” (قطر وطاجيكستان ... فلتحيا سياسة الانفتاح) аз натиҷаи вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо Амири Қатар нигориш чоп кардааст. Дар нигориш аввал аз сиёсати дарҳои бози давлати Қатар дар соҳаҳои гуногун, махсусан иқтисодӣ ва сармоягузорӣ сухан рафта, сипас сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Доҳа ва вохӯриаш дар гуфтушунидҳои сатҳи олӣ бо Амири давлати Қатар – Шайх Тамим ибн Ҳамад Оли Сониро натиҷаи ҳамин сиёсати дарҳои бози дуҷониба арзёбӣ шудааст. Сомона навиштааст: “Созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум дар соҳаҳои гуногун, ки дирӯз ба имзо расид аз натиҷаи мусбати ин сиёсат шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин мувофиқ ва наздик будани нуқтаи назари сарони ҳарду кишварро вобаста ба дигаргуниву пешравиҳои минтақаву ҷаҳон ва таҳдидҳое, ки ҷаҳони имрӯза бо он рӯ ба рӯ аст, самараи хуб барои ҳарду давлат ва халқҳои дӯсти Қатару Тоҷикистон номидааст”. Нигориш бо суханони зерин ба охир мерасад: “Дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва табодули манфиатҳо ... Дар асоси хайру муҳаббат ва тенҷӣ (салом) бори дигар зинда бод сиёсати дарҳои боз байни давлат ва халқҳо ... Зинда бод сиёсатҳои табодули манфиатҳо !” (7).

Рӯзномаи “Аш-Шарқ”(الشَّرْقُ) бошад, дар сомонааш аз натиҷаи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қатар гузоришеро бо номи “Қатар ва Тоҷикистон ... Дурнамоиҳои васеъ” (رأي الشرق: قطر وطاجيكستان..آفاق رحبة ) ба табъ расонидааст, ки дар он муносибатҳои Қатару Тоҷикистонро хуб ва пешрафт арзёбӣ шудааст. Рӯзнома навиштааст: “Имзои якчанд созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум байни ҳарду кишвар аҳамияти ҳамкории муштаракро инъикос мекунад. Ҳарду кишвар аз имконоту шароите, ки сармояаш ба манфиати муштарак аст, истифода мебаранд, махсусан дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сармоя. Ҳамзамон барои соҳибкорон лоиҳаҳои стратегӣ пешниҳод мешавад” (8). Сомонаи мазкур вохӯрии сатҳи олии Қатару Тоҷикистонро таваҷҷуҳ ва хоҳиши сарони ҳарду кишвар барои пешрафти муносибатҳои дуҷониба дар асоси робитаҳои таърихӣ ва ҳамкориҳои манфиатовар дар соҳаҳои мухталиф арзёбӣ кардааст.

Ҳамчунин сомонаи рӯзномаи “Ар-Раят” (الرَّايَةُ) низ вобаста ба натиҷаи сафари Президенти кишвар бо номи “Қатар ва Тоҷикистон ... Ҳамкории муштарак” (رأي الراية .. قطر وطاجيكستان.. تعاون مشترك) дар бораи натиҷа ва аҳамияти вохӯриҳои сарони ҳарду кишвар гузориши муфассал ба табъ расонидааст. Дар он аз ҷумла омадааст, ки “гуфтӯшунидҳое, ки Амири давлати Қатар ва Президенти Тоҷикистон ба анҷом расониданд, аз муҳимияти муносибатҳои Қатару Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, махсусан соҳаи иқтисод ва сармоя шаҳодат медиҳад”. Рӯзнома навиштааст, ки “Ҳақиқатан аҳамияти муносибатҳои Қатару Тоҷикистон аз майли Қатар барои пайвастан бо давлатҳои Осиёи Марказӣ сарчашма мегирад, ки дар он Тоҷикистон равзанаест барои пайвасти он. Илова бар ин, мавқеи геостратегии Тоҷикистон – дарвозаи муҳими иқтисодиест ҷониби Ҳинд, Россия, Чин ва Осиёи Миёна. Аз ин рӯ, ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳи Қатар барои рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон ва дохил шуданаш дар сармоягузорӣ дар якчанд бахшҳо мақбул аст” (9). Аз пажӯҳиш маълум мегардад, ки рӯзномаҳои Қатар имзои созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои амният, фарҳанг, маориф, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ ва ду ёддошти тафоҳум дар соҳаи варзиш ва бонкро оғози густариши ин муносибатҳо меҳисобанд.

Мавзӯи дигаре, ки дар ВАО – и Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, таъсис додани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ин мавзӯъро низ ҳар се сомона рӯзҳои 20 ва 21 – уми сентябри 2014 бо сарлавҳаҳои гуногун: “Муҳокимаи таъсиси аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон” (بحث تأسيس أول بنك إسلامي في طاجيكستان), “Ҳавасмандии Қатар дар ташкили аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон” (رغبة قطرية في تأسيس أول بنك إسلامي في طاجيكستان) ва “Гуфтӯшунидҳо оид ба таъсиси аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон” (مباحثات لتأسيس أول بنك إسلامي في طاجيكستان) пешниҳоди аудитория кардаанд. Ин матолиб ҳамагӣ дар такя ба як манобеву сарчашмаи иттилоъ таркиб ёфта, усули пешниҳод ва оҳанги ягона доранд. Яъне сомонаҳои мазкур як воқеаро бо сарлавҳаҳои мухталиф дар қолаби жанри нигориш таҳия ва пешниҳод кардаанд. Ҳатто мазмуну муҳтаво ва ҷумлабандӣ як хел аст, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мавод аз як сарчашма гирифта шудааст. Сомонаҳо дар такя ба мулоқоти Раиси гурӯҳи ширкатҳои ҳолдингии “Издан” – Доктор Холид ибн Сонӣ ибн Абдулло Оли Сонӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, ки “Ҷамъияти соҳибкорони Қатар бодиққат ба бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорад ва омодагии хешро барои саҳм гузоштан дар сармоягузорӣ, табодули таҷрибаҳо дар соҳаҳои гуногун, махсусан бонкҳои исломӣ изҳор дошт. Ҳамзамон Раиси “Издан” рағбат ва омодагии хешро барои таъсис додани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии хизматрасониҳои сармоявии лозимаро дар ин соҳа таъкид сохт” (10). Дар хабарҳо зикр шудааст, ки аз Ҳукумати Тоҷикистон қонунгузориҳои лозимаро барои фаъолияти бонкҳои исломӣ интизоранд. 

Аз ҷониби худ Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пурраро барои лоиҳаи таъсиси аввалин бонки исломӣ таъкид кард ва ҷонишини дуюми Сарвазири кишварро ба ин ҳамкорӣ вазифадор намуд. Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон вобаста ба ин масъала пешниҳод намуд, ки ҳамоҳангсозии фаврӣ байни ҳайати Қатар ва Тоҷикистон барои омӯзиши лоиҳа баргузор гардад. Дар хотимаи хабарҳо омадааст, ки аҳолии Тоҷикистон наздики 7 млн. буда, аксарияти сокинонаш пайравони дини исломанд. Хулосаи сомонаҳо вобаста ба ин мавзӯъ он аст, ки таъсиси бонки исломиро барои иқтисодиёти Тоҷикистон, махсусан бозор, ки ба сармоягузорони нав эҳтиёҷ дорад, аз ҷумла сармояҳои бонкҳои исломӣ мусбат арзёбӣ кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки сомонаи ОИҚ дар бораи вохӯриҳои сафири Қатар дар Тоҷикистон бо масъулони кишварамон ҳамеша хабарҳои кӯтоҳи расмӣ ба табъ мерасонад. Аз ҷумла, соли 2014 аз мулоқот бо ноиби сарвазир – М. Алимардонов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ, вазирони маориф, кишоварзӣ, раиси кумитаи ҷавонон ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додаанд, ки ҳамаашон бо як услуб “вохӯрданд, муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва роҳҳои густариши онро мавриди баррасӣ қарор доданд” ба охир мерасанд (11).

Ҳамчунин ҳангоми таҳқиқ маълум шуд, ки ОИҚ бештар ба ахбори расмӣ эътибор дода, зиёдтар ба натиҷаҳои сафарҳои расмии ҷонибҳо таваҷҷуҳ мекунад, аммо новобаста аз ин дар бораи баъзе рӯйдоду воқеаҳои Тоҷикистон низ хабарҳо нашр кардааст. Чунончи, оҷонсӣ рӯзи 22.01.2016 дар бораи даровардани тағйиротҳо дар Конститутсияи Тоҷикистон бо номи “Парлумони Тоҷикистон тағйиротҳои конститутсиониеро тасдиқ мекунад, ки барои бе маҳдуд интихоб шудани президенти кишварро иҷозат медиҳад ” (برلمان طاجيكستان يقر تعديلات دستورية تسمح بانتخاب رئيس البلاد لعدد غير محدد من المرات) нашр кардааст, ки дар такя бо ОИ “ТАСС” навиштааст: “Лоиҳаи қонун барои муайян кардани рӯзи тағйирот ба Суди конститутсионӣ фиристода шудааст” (12). Сипас дар хотима хабар медиҳад, ки “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 63 сол дошта, бори аввал мансаби Раёсатро соли 1992 ба даст овард ва сипас дар интихоботи президентии солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 аз нав интихоб шуд. Муҳлати роҳбарии ҳозирааш соли 2020 ба охир мерасад” (12).

Ҳамчунин оҷонсӣ рӯзи 10.10.2014 хабареро таҳти унвони “Манъ кардани паёмак (SMS) дар Тоҷикистон” (وقف إرسال الرسائل القصيرة في طاجيكستان) нашр кардааст, ки дар он омадааст: “Имрӯз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон бо талаби ҳайати ҳукумат хизматрасонии паёмакҳоро дар пойтахт – шаҳри Душанбе ва минтақаҳои гирду атрофи он манъ кард” (13). Ширкатҳои мобилӣ қабули ин қарорро ба даъвати роҳбарони оппозитсионии “Гуруҳи 24” барои баромадан ба намоишҳои эътирозӣ  дар майдони марказии шаҳри Душанбе марбут медонанд. Дар такя ба мусоҳибаи вазири дохила – Рамазон Раҳимзода бо ОИ “ТАСС” оҷонсӣ хабар додааст, ки “Ниҳодҳои амниятӣ ягон гирдиҳамоӣ ва ё роҳпаймоии ғайри қонуниро дар пойтахт ва гирду атрофи он иҷозат намедиҳанд ва ҳама кушишҳои иғвогаронаро барои мураккаб сохтани вазъият барҳам хоҳад дод. Сарчашмаҳои амниятӣ хабар доданд, ки Душанбе таҳти камераҳои назоратие мебошад, ки ҳамаи қонунвайронкуниҳо ва гирдиҳамоиҳои бе иҷозатро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сабт мекунад” (13). Мавод ҷанбаи хабарӣ дошта, таҳлил ва баррасӣ мушоҳида намешавад.

Аз таҳқиқи хабару гузоришҳои ОИҚ ва сомонаҳои мазкур бармеояд, ки рӯзномаи “Аш-Шарқ”(الشَّرْقُ) дар баробари хабарҳои расмӣ ба дигар рӯйдоду ҳаводиси Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ намудаааст. Чунончи сомона соли 2014 таҳти унвони “Тоҷикистон 50 нафар исломии ҷанги Сурияро зиндонӣ мекунад” (طاجيكستان تعتقل 50 إسلاميا مجندا للحرب في سوريا، 03/12/2014), “Қирғизистон Тоҷикистонро дар нооромии минтақа муттаҳам медонад” (قرغيزستان تتهم طاجيكستان بزعزعة الاستقرار الإقليمي، 13/01/2014 ), “Сартароше” сардори яке аз зиндонҳоро дар Тоҷикистон ба қатл мерасонад” (حلاق" يقتل مدير أحد السجون في طاجيكستان، 17/02/2017 "), “Тоҷикистон ду афғонеро, ки кӯшиши шикор дар дохили сарҳади Тоҷикистонро доштанд, ба қатл расонид” (طاجيكستان تقتل أفغانيين حاولا الصيد داخل حدودها، 15/03/2017), “Толибони Афғонистон 4 аскари тоҷикро асир гирифтанд” (طالبان أفغانستان تأسر 4 جنود طاجيك، 23/12/2014) (14) ва ғайраро ба табъ расонидааст.

Соли 2015 бошад, ба ғайр аз хабарҳо доир ба сафарҳои расмӣ ва мулоқотҳои дуҷониба инчунин дар бораи ҳодисаи моҳи сентябр, ки Тоҷикистонро дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор дода буд, рӯзҳои 4 – 6 – уми сентябр чор мавод бо унвонҳои “Кушта шудани 8 милитсионер ва 9 мусаллаҳ дар муқовиматҳо дар Тоҷикистон” (مقتل 8 شرطيين و9 مسلحين بمواجهات في طاجيكستان، 04/09/2015), “Кушта шудани 17 нафар дар натиҷаи зудухӯрдҳо дар Тоҷикистон” (مقتل 17 شخصا إثر اشتباكات في طاجيكستان، 05/09/2015), “Милитсияи Тоҷикистон 13 ошӯбгарро мекушад ва ноиби собиқи вазири мудофиаро муҳосира мекунад” (شرطة طاجيكستان تقتل 13 متمرداً و تحاصر نائب مقال لوزير الدفاع، 05/09/2015) ва “Президенти Тоҷикистон “ДОИШ” – ро дар ҳуҷум ба милитсияи кишвараш гунаҳгор медонад” (رئيس طاجيكستان يتهم "داعش" بشن هجمات على شرطة بلاده، 06/09/2015) ба табъ расонидааст (15), ки ҳамаи онҳо хусусияти хабарӣ дошта дар такя ба расонаҳои хориҷӣ, махсусан Россия навишта шудаанд. Таҳлили амиқи ин ҳодисаҳо ва мавқеи аниқ дар таҳлилҳо кам ба назар мерасад.

Аз таҳқиқ ва омӯзиши хабару гузоришҳои ОИҚ ва сомонаҳои мазкур бармеояд, ки ОИҚ бештар ба ахбори расмӣ эътибор дода, зиёдтар ба натиҷаи сафарҳои расмии ҷонибҳо таваҷҷуҳ мекунад.

Ҳамчунин таҳқиқи муҳтавои маводи оҷонсиву сомонаҳои Қатар дар бораи Тоҷикистон ва тарзу усули пешниҳоди маводи онҳо нишон медиҳад, ки барои пур кардани саҳифаҳои худ аз маводи чопкардаи сомонаҳои хориҷӣ низ зиёд истифода мебаранд. Таҳлили маводи сомонаҳо ин гуфтаҳоро собит менамояд. Қобили зикр аст, ин нашрияҳо аксаран дар бораи воқеаҳою рӯйдодҳои Тоҷикистон маводи пахшкардаи расонаҳои гуногуни ҷаҳонро (“Русия Алявма”, “Франс – пресс”, “Рейтерс”, “Спутник”, ТАСС ва Би Би Си) истифода мебаранд.

Аз пажӯҳиш бармеояд, ки матбуоти давлати Қатар ба ҳаводиси Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, талош кардаанд, ки воқеаҳои марбут ба Тоҷикистонро ба мардуми кишвари худ расонанд. Онҳо бештар ба нашри иттилоъ иктифо намуда, ба таҳлил, баррасӣ ва натиҷаҳои ин ҳаводис эътибор надодаанд.

Адабиётҳо:

  1. 1.С.Н. Гулов, Сӯҳроби Мирзоалӣ. Инъикоси воқеоти байналхалқӣ дар телевизиони «Сафина». Паёми ДМТ 4/5 (174). Душанбе: Сино, 2015. с. 272 – 275.
  2. 2.25 ҚАДАМ ДАР ПАҲНОИ ОЛАМ Душанбе: Ирфон, 2016, - 220с. Силсила: Сиёсати хориҷии Тоҷикистон (СХТ).
  3. 3.https://ru.wikipedia.org/wiki/Катар
  4. 4.Қаландаров С. Шеваи инъикоси сафарҳои расмии Президент дар расонаҳои арабӣ. Паёми ДМТ 4/4 (206). Душанбе: Сино, 2016. с. 309 – 314.
  5. 5.www.qna.org.qa طاجيكستان، 06/02/2017
  6. 6.http://www.prezident.tj ва http://khovar.tj
  7. 7.http://www.al-watan.com قطر وطاجيكستان .. فلتحيا سياسة الانفتاح، 07/02/2017
  8. 8.http://www.al-sharq.com بقلم: رأي الشرق. قطر وطاجيكستان..آفاق رحبة، 07/02/2017
  9. 9.http://www.raya.com رأي الراية .. قطر وطاجيكستان.. تعاون مشترك، 07/02/2017
  10. 10.http://www.al-watan.com مباحثات لتأسيس أول بنك إسلامي في طاجيكستان، 21/09/2014
  11. 11.www.qna.org.qa
  12. 12.www.qna.org.qa برلمان طاجيكستان يقر تعديلات دستورية تسمح بانتخاب رئيس البلاد لعدد غير محدد من المرات، 22/01/2016
  13. 13.www.qna.org.qa  وقف إرسال الرسائل القصيرة في طاجيكستان، 10/10/2014
  14. 14.http://www.al-sharq.com
  15. 15.http://www.al-sharq.com
pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.