lahuti-27

Ба ифтихори 130-солагии Абулқосим Лоҳутӣ 

Шинохти симои адабии Лоҳутӣ дар адабиётшиносии тоҷик мавзӯи тоза нест ва дар вобастагӣ ба он даҳҳо рисолаҳову нигоштаҳо иншо шудаанд. Лоҳутишиносӣ дар бисёр бахшҳо дар асри гузашта суръат дошт. Аммо таҳқиқи публистистикаи Абулқосим Лоҳутӣ чун як мавзӯи кашфношуда ба шумор меравад.

 

Албатта дар ин маврид назарияҳои алоҳидае вуҷуд доранд, ки он ҳамаро танҳо нишондоди самтҳои алоҳидаи таҳқиқӣ пазируфтан ҷоиз аст. Ин аст, ки махсусан оҳанги иҷтимоии назми Лоҳутӣ чун як бахши аъзами таҳқиқнадида боқӣ мемонад. Албатта насри публитсистии ин шоири иҷтимоӣ дар саҳифаҳо ва сатрҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ишораҳои алоҳида дар бобати онҳо баён гардидаанд. Аммо хонандаи дирӯзу имрӯзро хосияти публитсистии назми устод Лоҳутӣ ҳамешаву бештар мутаваҷҷеҳ хоҳад намуд. Мавриди зикр аст, ки оҳанги иҷтимоии осори назмии Лоҳутӣ ба таври рамзӣ барои як муҳиту даврони хоси Тоҷикистону Эрон қариб баробар тақсим мешавад.

Аз замоне ки матбуот падид омад, назми публитсистӣ низ ривоҷ ёфт. То замони тавлиди матбуот низ мавҷудияти он инкор намегардад, аммо бо омадани мабуот ин навъи назм минбари худро пайдо кард, ки муҷиби доман афрохтанаш гардид. Асри бистро барои тамоми назми публитсистии ҷаҳон метавон нуқтаи кулминатсионӣ номид. Зеро асри гузашта ин қуллаи баландтарини инкишофи матбуот дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки рисолати эътимодбахшиву таъсиргузорияш низ то ҳамон андоза баланд буд. Осори ҳар як адиб оҳанги зиндагӣ дорад ва қонунияте низ вуҷуд дорад, ки ин оҳанг дар осори он адибе шадиду тантанадор мешавад, ки ӯ ҷафои замону замондоронро бештар дида бошад. Лоҳутӣ ва Айнӣ он ду шахсияте буданд, ки аз зулмоти даврони муайян ранҷи шадидро ба дӯш доштанд. Барои онҳо маҳз матбуот минбару саҳнае буд, ки дарду ранҷи худ ва дар симои худ дарду ранҷи ҳазорон ҷафокашидаҳоро ифода намоянд.

Барои шинохти назми иҷтимоии ҳар як адиб мушаххасоти симои иҷтимоии он адиб шарти аввалин аст. Паҳлӯҳои зиндагиномаи ҳар як адиб аввалин тавсифоти осори ӯст. Дар ин самти шинохти симои иҷтимоии Лоҳутӣ асари муҳаққиқи зиндаёд Худойназар Асозода бо номи «Саргузашти устод Лоҳутӣ» беҳтарин сарчашма дар солҳои охир ба ҳисоб меравад. Муҳаққиқ тавонистааст, ки дар қолаби илмиву публитсистӣ дар шинохти паҳлӯҳои нави ҳаёти Лоҳутӣ андешаҳои боҷуръатонаро баён намояд. Чуноне дар ин китоб омадааст муҳаққиқи эронӣ Маншурии Гургонӣ Лоҳутиро «шоири эҳсосотӣ»[1] меномад. Ин ақида саҳеҳ аст ва чунин ҳолатро барои Лоҳутӣ ҳиҷратҳову таъқибҳо ба вуҷуд меоварданд. Табиист, ки бо чунин аҳволу қолабҳо ин гуна адибон шӯридаву воқеӣ чизе мегӯянд. Зиндагии шоир дар Эрон саҳифаҳои нек надоштанд. Соли 1903 аллакай ӯ аз сухангӯиву оташинбаёнии худ хабар дода буд. Лоҳутӣ ба қавле «саркашу ёғӣ» буд ва ҳанӯз овони таҳсил дар мадрасаи зодгоҳаш аз ҳаргуна тамаллуқу таъзим даст мекашид. Бо озодипарастиҳои худ ҷазо медид, аммо сар наметофт. Албатта зиндагии адиб дар Эрон масъалаи доманадорест ва он мавзӯи баҳси дигаре мебошад. Чун Лоҳутӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ омад, ӯро ватандоронаш инҷо низ таъқиб мекарданд. Нашрияҳое ба монанди «Фармон» бо бӯҳтону таҳқирҳо аҳволи ӯро бад месохтанд. Бо таҳриф ба номаш китоб нашр мекарданд, то он ки ӯ дар ҷое осоиш надошта бошад.

Назар ба қавли муҳаққиқи дигар Аҳмади Баширӣ чи гуна ва дар назди кӣ дарс омӯхтани Лоҳутӣ чун як масъалаи тира боқӣ мемонад. Ин ақида ба он ваҷҳ аст, ки то мо донем, ки таҳти таъсири кадом идеологияи замон такмили шахсияти адиб заминагузорӣ шудааст. «Ба олами сарояндагӣ пардохтани ӯ, ба олами дарвешӣ рӯ овардани ӯ, кулоҳи ҷанговарӣ ба сар гузоштани ӯ ва ахиран дар олами эҷод мақому манзалат ёфтани ӯ…» хеле аҷиб ва ҳам муаммо аст. Норавшан будани сарнавишташ ба он марбут буд, ки ӯ аз эрониёни худ таъқиб медид. Бухлу нотавобиниҳо боис буданд, ки дар бораи ӯ ҳама чиз нест карда шавад. Дар шинохти Лоҳутӣ ду асар ё навиштаи тарҷумаиҳолӣ - «Шарҳи зиндагонии ман» ва «Саргузашти ман» дар муқобили якдигар қарор мегиранд. Тавре ишора гашт, аз рӯи таҳқиқҳои алоҳида бармеояд, ки аз номи ӯ дар ватанаш китоберо бо номи «Шарҳи зиндагонии ман» нашр карда буданд, ки ӯро муқобили давлати шӯравӣ мегузошт. Дар воқеияти ин асар мавқеъҳо ва андешаҳо мухталифанд. Ба таври қотеъ мусбат ё манфӣ будани мундариҷаи он дар шинохти як адиби паноҳанда, мушаххас намебошад. Ихтилофи мавқеъҳо то ҳаддест, ки гӯё қисмате аз китоб эҷоди худи Лоҳутист.

Публитсистика ҳамқадами замон асту таърихи рӯзро менависад ва шубҳае нест, ки эссеи «Саргузашти ман» пурра моли адиб аст ва ӯ воқеияти гуногунро дар он саҳеҳ сабт кардааст. «Сабти таърихӣ»-и адиб паҳлуҳои норавшанро дар қолаби санад бозгӯ менамояд. Лоҳутӣ дар очерки тарҷумаҳолии «Саргузашти ман» чун қолаби очерки ёддоштӣ ва эссе тавонистааст фазои рӯз ва оҳанги иҷтимоии давронро ифода намояд. Ҷараёни сафари хонаводаи бобо Рустам аз Серкон то Кирмоншоҳ барои Лоҳутӣ мушоҳидаҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Ваҳшат ва даҳшати замонро баён мекунад, ки чи тавр тифлон пистони модари аз гуруснагӣ мурдаро мемакиданд ва ё тифли зери офтоби сӯзон мурдаро нишон медиҳад, ки пистони модари мурдаро макида ҷон дода буд. Инчунин баёни адибро «…тасвири сатҳӣ, зикри факту рақамҳои сарироҳӣ, нақли камобуранги репортажӣ»[2] пазируфтан лозим аст, ки дар асоси он мавқеъ ва муносибати муаллиф нисбат ба падидаи ногувори замон ба вуҷуд меояд.

Дар аҳди шӯравӣ низ адиб ба носозгориҳо рӯ ба рӯ меомад ва шӯҳрати Лоҳутӣ баъзеҳоро ором намегузошт. Бисёр воқеиятҳои ҳокимияти шӯроҳо низ аз назари Лоҳутӣ дур намемонд. Ба доктор Анварӣ дар бораи «ришвахорӣ ва кортибозӣ, ки камтар кас аз он рӯ мегардонад»[3] ишора менамояд. Назар ба қавли доктор Анварӣ Лоҳутӣ рӯзномаеро нишон дод, ки дар он аз ҳар даҳ калима шаштоаш русиву лотинӣ буданд»[4]. Лоҳутӣ ба баъзе лаганбардорон ишора менамояд, ки фарҳангу забони миллатро мекуштанд. Дар бораи шеъре мегӯяд, ки бо «пуррагӣ чолпусиву тамаллуқ ба Сталин»[5] буд. Эътимод ба он аст, ки бояд Лоҳутӣ дар шакли дастнавис ин андешаҳоро то замони вафот бо худ нигоҳ дошта бошад. Зеро доираи замон ва маҳдудиятҳои шадид барои оммавӣ гардонидани ин гуна ақидаҳо ба ӯ имкон намедоданд.

Лоҳутиро намегузоштанд, ки Кирмоншоҳи худро бубинад. Нотавонбинӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ӯ аз соли 1934 оғоз мешавад. Замоне ки Академияи улум бунёд меёфт, устод Айнӣ пешниҳод карда буд, ки Лоҳутӣ дар ҳайати он бошад. Аммо ҳасудону нотавонбинон бо бадгӯиҳову рашку ҳасад номи Лоҳутиро ба он ҳайат ворид накарданд. Соли 1947 ин нуқта ба ҳадди ниҳоӣ мерасад ва дигар ӯ ба Тоҷикистон барнамегардад. Лоҳутӣ нуфузу эътибор дошт ва роҳбарони Тоҷикистон бисёр масъалаҳоро дар Кремл ба воситаи ӯ ҳал мекарданд. Адибони алоҳида бошад, хомӯшу ниҳон мегуфтанд, ки чаро як шоири эронӣ аз онҳо болотар эътибор дошта бошад. Ин тақдир нисбат ба устод Айнӣ низ вуҷуд дошт. Нуфузу маҳорати Айнии миллатсоз ҳасудонро ором гузошта наметавонист. Нифоқангезиҳо таҳти таъсири ҳаракату ҷараёнҳои хос дар байни аҳли зиёву эҷод ба як амри муқаррарӣ табдил ёфта буд. Соли 1944 Сотим Улуғзода ба садри Иттифоқи нависандагон меояд ва ҷудоиандозиҳо камтар мешаванд. Аммо соли 1946 ногаҳон ӯро иваз менамоянд ва мувофиқи баъзе андешаҳо дарди маҳалгароӣ дар ҷумҳурии мо аз ҳамон давраҳо замина пайдо мекунад, ки он ҳам тарроҳону пуштибонони худро дошт.

Лоҳутӣ дар диёри дигар низ осудагии том надошт. Публитсиситика барои адиб беҳтарин василаи ибрози дарди дил мегашт. Дар шеъру нигоштаҳои насрӣ адолатхоҳиро замазама менамуд ва ҳамзамон ёду муҳаббати ватан ӯро азият медод. Дар охирин рӯзҳои ҳаёташ менависад: «…агар 15-20 соли оянда дар Эрон инқилоби заҳматкашон ба амал наояд, турбати маро ба ватани дуюмам – Тоҷикистон баред»[6] Дар ҳамин маврид дар китоби Х.Асозода аз қавли Камол Айнӣ пеш оварда мешавад, ки ӯ ба Президенти Тоҷикистон масъалаи ба Тоҷикистон овардани турбати Лоҳутиро пешниҳод менамояд. Роҳбари давлат бо каме сукут мегӯяд, ки «…дар ин масъала ба сафири Эрон суол кунед, ки чӣ мегӯяд».

Лоҳутӣ дар саҳнаҳои зиндагӣ қадамҳои гуногун доштааст ва шинохти амиқи ин шахсият як доираи мураккаб низ ҳаст. Чунин андешаро аз бардошту ҳукмҳои адабиётшиноси шинохта Худойназар Асозода дар китоби «Саргузашти устод Лоҳутӣ» пайдо намудан мумкин аст. Ҳамин аст, ки устод Лоҳутӣ зиндагии иҷтимоиро дар давраҳои мухталиф аз равзанаҳои мухталиф мебинад. Дар ҳама сурат Маскаву Тоҷикистон Лоҳутиро мепазируфтанд. Ҳукумати шӯравӣ Лоҳутиро ҳамчун шоири инқилобиву паноҳанда қабул кард ва ӯ барои миллати тоҷик хидмати бузургро анҷом додааст, ки тасдиқи онро мо аз осори Айнӣ ва дигар муҳаққиқону адибон пайдо карда метавонем. ӯ садоқат дошт, истеъдод дошт. ӯ «соҳиби корти визаии Ленин буд». Ба ӯ Сталини овозадор эътимод дошт. Дар соли 1935 аз ҷониби Сталин таъин намудани Лоҳутӣ ба сифати сардори ҳайати адибони шӯравӣ дар Конгреси байналмилаии ҳифзи сулҳ дар Париж гувоҳи ин фикр аст. Х. Асозода дуруст қайд менамояд, ки «дар баробари М.Колсов, Я.Колас, Табидзе, Б.Постернак таъин гардидани Лоҳутӣ ҳамчун сардори ҳайат як олам гапу маънӣ дошт».

Лоҳутӣ болотар аз як шахсияти иҷтимост ва ӯро чун «шахсияти сиёсӣ ва дипломати варзидаи Шарқи мусулмонӣ баробар ба сатҳи Макулумхону Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ»[7] эътироф намудаанд, ки ҳукми одилона мебошад. Эҷоди шеърҳои ба шӯравӣ ва инқилоб бахшидаи ӯ аз солҳои 1922 шурӯъ мегардад. Соли 1923 қасидаи «Кремл»-ро менависад. 35 сол барои адабиёти шӯравии тоҷик хидмати арзанда кардааст Дар оғози солҳо 30-уми асри гузашта ӯро ҳамчун шоири инқилобӣ дар Эрону Тоҷикистон пазируфтаанд ва дар доираи васеъ низ ӯро эътироф менамуд.

Тавре зикр гашт шоири ҷафодидаву инқилобиро бидуни осори публитсистӣ тасаввур намудан мушкил аст. Дар назми Лоҳутӣ тасвири бадеӣ ва нақли рухдод бо тавозуни хос сурат мегирад, ки ин ҷиҳат баёни назми публистистӣ ба ҳисоб меравад. Шеваи «таҳқиқи воқеияти рухдода»[8] баёни ҳаводиси рӯзро ҷараёни хос мебахшад. Лоҳутӣ низ чун Айнӣ бародари худро дар муборизаҳои озодихоҳона аз даст дода буд. Шеър барояш минбаре мешавад, ки ин воқеиятро нақл намояд:

Зидди Симку, барои кишвари хеш

Дар сари саф чу ҳамла бурд ба пеш,

Тири як хоини ватан аз пушт,

Дар гузашта зи наҳре ӯро кушт.

Мисраҳои боло нақли воқеа мебошанд ва шоир аз имконоти насри мустанад истифода кардан мехоҳад. Исботи дар назми фалсафӣ ҷойгоҳ пайдо намудани рисолати насри воқеӣ ё мустанадро дар як навъ қиёс дар эҷоди Лоҳутӣ зиёд дида дида метавонем. Масалан дар дар эссеи худ бо номи «Саргузашти ман» менависад: «Ҳоло ки соли 1956 аст, 39 сол шуд, ки бародари ба ин азизӣ ва авлоди ӯро надидаам. Ин дарди бузург аст, бузург». Ин маъниро дар назм чунин ҷой медиҳад:

Гар касе пурсид, ки дунё дар души зиндагӣ,

Сахту сангинтар зи ҳиҷри ёр боре ҳаст?- Нест!

Саволу хитоб дар мисраҳои боло руҷӯи публитсистӣ доранд. Шоир ороиш ва қонунияти назмро нигоҳ медорад ва дар баробари ин воқеиятро дар он матраҳ карда метавонад. Ин қиёсро дар ҷои дигар низ дида метавонем. Соли 1948 дар ҷавоби як нома ба Х.Мирзозода менависад, ки «…рӯзи тавалудамро ёд надорам. Зиндагонии пурталотуми худам низ инро тасдиқ мекунад. Дар муборизаҳои Эрон гуфта будам: Хоҳӣ агар аз зиндагии ман огоҳ шавӣ - пардае тира, дар он сурати як зиндон бин»[9]. Дар назм ин ҳадафро чунин баён менамояд:

Ба ишқ аввал қадам аз сар гирифтам,

Аз ин рӯ сар надорад саргузаштам.

Хосияти равшани матлаби публитсистӣ он аст, ки дар он садои даъвату муътақидсозӣ ҳамеша вуҷуд дорад. Дар замони шӯравӣ ин раванд ҷараёни бузурге буд ва тавассути шеъри публитсистӣ таблиғу ташвиқ сурати содаи худро пайдо менамуд. Гумон мекунем, ки доираи ниҳоят маҳдуди воситаҳои коммуникативӣ ба ин ҳама сабаб буданд. Дар қиёси имрӯза ин раванду пуршури назми публитсистӣ қариб дар ягон кишвари ҷаҳон доману доираи густурда надорад. Ҷои он ҳамаро дигар василаву қолабҳои баёни фикр дар доираи маҳдуду мухтасар фаро гирифтаанд. Ҳамин аст, ки шеваи эҷоди он солҳо дар назми иҷтимоии Лоҳутӣ ба таври ҳамеша нигоҳ дошта мешавад. Назм дар он солҳо хитоб, даъват ва муроҷиат мешавад:

Эй духтара, дар колхози мо аъзо шав,

Барпокуни ҷамъияти нав чун мо шав.

Танҳоию яккадастӣ аз нодонист,

Дар колхози мо биё ту ҳам доно шав.[10]

Ин гуна равиш дар шеърҳои «Духтари инқилоб», «Духтари Тоҷикистон», «Ба чашмонат қасам», «Офарин», «Нишони заҳмат», «Ёрам ба вафодорӣ», «Эй дилабарам»[11] ва амсоли он дидан мумкин аст.

Назм равониву навозиши хотирро дар мадди аввал қарор медиҳад ва бо ин табиати худ хотирмон мешавад. Ин ҳассосияти назмро адиб ба назар мегирад ва тавонмандона оҳанги рӯзро дар рӯҳи ҳар як мисра ҷой медиҳад. Оҳанги рӯзи адиб ин меҳнати босадоқат барои бунёди ҷомеаи нав ба ҳисоб мерафт:

Илоҳи ман шавам ҳамсояи ту,

Асо гардам ба дасти дояи ту,

Шавам абрӯ ба вақти пахта чидан

Ба сар бошам ба ҳар ҷо сояи ту.

Аксар маврид мо адибонро, умуман аҳли эҷодро ба он «муҷрим медонем», ки дар давраҳои хос махсусан замони шӯравӣ содагӯиву тамаллуқ ва тавсифи ноҷоро ба кор бурдаанд. Ин падидаро мо дар эҷод паҳлӯи манфӣ номида наметавонем ва бояд гуфт, ки адибон ҳамеша фарзанди замон мебошанд. Қонунияти фазо ва вақти эҷодӣ дар ин раванд ҳамеша таъсиррасон буд, ҳаст ва мемонад. Дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ тасаввур намудан мушкил аст, ки адиб ба таври қатъӣ аз оҳанги замона дар фосила қарор дошта бошад. Назмҳои ба колхозу пахта, инқилобу партия, садоқат ба ватан, ҷангу сулҳ, империализму капитализм ва амсоли он бахшидашуда ин «баёни воқеият» ва талаботи рӯз дониста мешуд. Барои Лоҳутӣ низ ин ҳолат истисно набуд. Шеърҳои «Шараф ба осмон дорад дили ман», «Заём ба ватан», «Барқи зафар», «Заҳмат рапорт медиҳад», «Пули Вахш», «Хар ва трактор», «Ватани шодӣ», «Зории дил», «Нишони дил», «Фатҳи мо сар шуд», «Суруди сулҳхоҳон», «Митинги сулҳхоҳон», «Ба ҳизби роҳнамои мо», «Гуфтугӯи ду шаҳр», «Сигнал», «Офарин», «Ҷашни понздаҳсола», «Ба созандаҳои моҳири Тоҷикистон»[12] ва ғайра ин мавзӯъҳоро аз дидгоҳи ватандӯстӣ мақом мебахшанд:

Сияҳчашмак, саҳар шуд, вақти кор аст,

Ба колхоз кори мо пурифтихор аст.

Зи ман гӯянд мардум, хуш ба ҳолаш!

Худаш саркору ёраш зарбдор аст.

Хосияти умдаи публитсистика ин ба кор бурдани факту рақаму аснод мебошад. Дар назми иҷтимоии замони шӯравӣ корбурди ин ҷузъиёт як амри муқарарӣ буд:

Эй духтара, ман бо ту бикушам беҳад,

Иҷрои план то расад аз сад ба дусад.

В-он рӯз ки колхоз ба ту инъом диҳад,

Ман аз ҳама пештар чапак хоҳам зад.

Ё дар ҷои дигар ифоқаву дӯстии одамонро дар майдони меҳнат нишон додан мехоҳад:

Паланро карда иҷро омадам ман,

Бари ёрам ба саҳро омадам ман.

Равам ёрӣ кунам, гуфта, зи мактаб

Нарафтам хона, инҷо омадам ман.

Ин гуна таронасароиҳои қолабӣ танҳо хоси Лоҳутӣ набуд ва тамоми шоирони ин аҳд муваззаф ва ӯҳдадор буданд, ки мутобиқ ба қонуниятҳои методи реализми сотсиалистӣ эҷоди худро ба роҳ гузоранд. Хилофи он сиёсат ҳатто ҳарфе гуфтан ба назар як афсона менамуд ва ингуна муаллиф ба сиёҳтарину сахттарин рӯзҳо мувоҷеҳ мегардид. Ҳамин аст, ки дар эҷоди баъзе адибон «примитив» ба ҳадди ниҳоӣ низ мерасид.

           Як паҳлӯи умдаи назми публитсистӣ ин нерӯи сиёсии он аст. Дар замони шӯравӣ истифодаи назми ба мавзӯи сиёсати байналхалқӣ бахшидашуда дар забони омма суръати хос дошт. Назми сиёсӣ дар ин самт вазифаи хабари оддии газетаро низ ба иҷро расонида метавонист. Масалан дар шеъри «Парвози тайёраҳои Советӣ ба Америка» унсури хабарро мебинем, ки дар бораи парвози тайёраҳои шӯравӣ нақл мекунад ва ҳокимиятдорони Жопону Амрикоро ба қудрати давлати худ бовар кунонидан мехоҳад. Намои қудрат дар қолаби назм сурат мегирад. Дар шеъри «Ба ёдгори рафиқ Орҷоникидзе» бошад, адиб бо сӯзу гудоз аз марги Орҷоникидзе хабар медиҳад. Нақши сиёсатмадори замонро нишон додан мехоҳад, ки барои ҳифзу амнияти давлати ҷавони шӯравӣ талош менамуд. Шеърҳои «Эъломияҳо ба мавқеъ расиданд» ва «Иди ҳақиқӣ» низ аз ингуна хосият бархурдоранд.

Дар шеъри «Осиёи Миёна» бошад, мазмуни таърихӣ ҷой дода шудааст. Хонандаи имрӯза низ аз мутолиаи он ба хулосае меояд, ки Осиёи Миёна садсолаҳо мавриди таваҷҷӯҳи истисморгарони аҷнабӣ қарор доштааст ва ҳатто дорад. Ин шеърро имрӯз хонда онро ба як шарҳу таҳлили коршиносу шореҳе шабеҳ донистан мумкин аст, ки дар бораи геополитикаи як минтақа чизе гуфтан мехоҳад. Дар ин шеър миллатдӯстии халқҳои ин сарзамин нишон дода мешавад. Шоир аз он хушнуд аст, ки сарфи назар аз тамаъи аҷнабиҳо халқҳои Осиёи Миёна бо заҳмат диёру ватани худро обод намудан мехоҳанд:

Эй саҳнаи ҷангҳои миллӣ,

Дирӯз ба нафъи мутлақият

В-имрӯз иваз шуда ба куллӣ

Бар маркази иттиҳоди заҳмат.

Дар шеъри «Ятиммондагони ҷанги ҷаҳонӣ» ба таври равшан «…хислат ва равияи публитсистӣ»[13] боло меравад. Муаллиф қурбониёну ятимондагони ҷангро дар доираи қиёс бозгӯ кардан мехоҳад, ки замоне онро дар Эрони мустамликавӣ медид. Ғосибону ҷангҷуёнро нафрин мехонад, ки муҷиби бадбахтии кудакони масъуму бегуноҳ мегарданд:

Дар ҷаҳони капитализим ба ранҷу зиллат

Тӯъмаи маргу шикори маданият буданд.

Шеърҳои сиёсие, ки дар онҳо хусусияти тамасхуру танз ҷой дорад, дар ашъори адиб кам нестанд. Дар шеъри «Тоҷгузорӣ» ки ба шоҳи Эрон бахшида шудааст, хосиятҳои пурраи памфлетро пайдо менамоем. Шоҳи Эронро бо маломату интиқод дар доираи таҳқири шадид қарор медиҳад, ки дар мулки худ ситамро салтанат бахшидааст. ӯ шоҳи Эронро «рӯбоҳ», «фиребгар», «носипос» мегӯяд. Ба ӯ хабар медиҳад, ки мақоми аз ситам бунёдёфта бақо надорад. Дурнаморо дидани адиб имрӯз собит гашт (иваз гардидани сохти давлатии Эрон) ва қудрати халқро мӯҷиби як рӯзи бадбахтии шоҳ меҳисобад:

 

Ман аввалрӯз донистам, ки шоҳаншоҳ хоҳи шуд,

Худованди замину сояи Аллоҳ хоҳи шуд.

Чу сар печиди аз роҳи наҷоту фаълаву деҳқон,

Яқин кардам, ки то охир гумроҳ хоҳи шуд

Дар шеъри «Эй халқи золимкуш, қиём», ки дар он хитобу даъват меҳвари марказист, шоир Гитлери хунхорро масхараву истеҳзо менамояд. Чун хосияти памфлет дар он ҳукм дида мешавад. Рақиби сиёсии ватанашро «ҷонавар», «бешараф», «пурҳила», «одамахӯр» мегӯяд. Дар ҷои дигар дар баробари дарки «воқеиёти реалии замон ва ҳақиқати ҳол»[14] шиддати эҳсоси адиб ба назар мерасад ва Гитлерро «гурги олмонӣ», «Гитлери нокас», «ҷинси ҳайвон», «номард», «хоин», «дев» меномад. Симои манфури Гитлерро барои тамоми халқҳои ҷаҳон яксон нишон додан мехоҳад:

Гитлери нокас ҳунар, ҷуз қатлу вайронӣ надорад,

Дар тамоми ҳастияш осори инсонӣ надорад.

Хун хурад, ғорат барад, оташ занад, номӯс резад,

Раҳм ба эрониву тӯронӣ надорад.  

 

Лоҳутӣ беҳтарин сарояндаи шеърҳои ватандӯстиву эрондӯстӣ буд. Барои хонандаи умум маълум аст, ки мисраҳои машҳури «ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр, ё ҳар ду» бо беҳтарин сифатҳои шеърӣ васфи ватанро намуда, ҳолати имрӯзу дирӯзу ояндаи як кишварро бозгӯ кардан мехоҳад. Муколамаи шоир дар зери мантиқу ишораҳои маълум мушкилоту муаммои печидаи кишварашро ошкор менамояд. Солҳои дар Туркия дар ҳиҷрат қарор доштанаш эҳсоси ғурбат ва дурӣ аз ватанро дар вазну қофияи зебо бозгӯ намуда, сӯзу фироқи ватанро дарднок меҳисобад:

Фақат сӯзи дилмаро дар ҷаҳон парвона медонад

Ғамамро булубуле, к-овора шуд аз лона медонад.

Душманони худро, ки ӯро аз ватан ҷудо кардаанд, дар абёташ бахилу ҳасуд меномад. Барои ӯ гарон аст, ки бо ҷаҳолату ҷафои рақибонаш ба ватан баргашта наметавонад:

Бастанд ҳамроҳон сӯи ёру диёр бор,

Ҷуз ман, ки дур мондаам аз ёру диёр.

Дар шеъри «Ба мӯсафедони шаҳр ва колхозҳои Ленинобод» махсусияти жанри эссеро мебинем. Ин гуна шеърҳои адиб мавқеи мушаххаси ӯро ифода намуда, рисолати таблиғиву боварбахширо ба дӯш доранд. Шоир дар сафару боздиди худ аз падидаи рӯз қаноатманд аст. Мушоҳидакор аст ва мамнунияту шодии дилро пинҳон намесозад:

Аз ман салом бод ба он пахтамӯйҳо,

Чун ҳар якаш баробари як кӯҳ пахта чид.

Як назар ба назми публитсистии шоир чунин хулосае ба мо мебахшад, ки ӯ бо истеъдоди хос мароми иҷтимоиро хеле хуб дар қолаби назм ҷо месозад. Назми ӯ баёни ҳоли ӯст. Услуби нақл дар назми шоир воқеиятҳои таърихиро баён менамоянд. Шеъри иҷтимоии Лоҳутӣ зоҳиру ботини сода доранд. Тасвирҳо, ташбеҳҳо, истиораҳо, қиёсҳо, ҳукмҳо ва дигар унсурҳои бунёдии назм ҳамагӣ бо пешниҳоди мақбулу сода назми ӯро шакл бахшидаанд. Пафоси адабӣ назми ӯро оро медиҳад, аммо проблематикаи ашъори ғайрилирикӣ ӯро дар баёни ҳадаф муваффақтар мегардонад. Дар ин самт достонҳои алоҳидаи адиб низ гувоҳ мебошанд, ки хосияти амиқи публитсистӣ доранд. Ба як навъ тартиби хронологӣ назми публитсистии адибро ба чор давраи асосӣ тақсим намудан мумкин аст. Якум он офаридаҳое, ки дар Эрону Туркия ва дигар ҳиҷратҳо пайдо шуда буданд. Дувум ашъори инқилобии адиб, ки тақрибан то солҳои сиюм идома меёбанд. Саввум ашъори замони барқарорсозӣ ва ҶБВ, ки адиб садоқатмандии қавии худро дар давлати шӯравӣ собит сохтааст. Чорум он ашъоре ки баъди ҶБВ то замони марги ӯянд, ки як навъ шиддати хомӯшӣ касб менамояд. Дар маҷмӯъ метавон иброз дошт, ки Абулқосим Лоҳутӣ ҳамчун як шоири иҷтимоӣ дар баробари насри алоҳидаи публитсистӣ, талаботи насри публитсистиро дар доираи имконоти назми иҷтимоӣ низ ҷой дода тавонистааст. Ин ақида як пажӯҳиши хосаву амиқро талаб менамояд, ки то ҳанӯз нисбат ба он ба таври умумӣ танҳо зикрҳо ба назар мерасанд.

Пайнавишт:

  1. 1.Асозода Х. Саргузашти устод Лоҳутӣ.-Душанбе, 2014. 315 с
  2. 2.Лоҳутӣ А. Куллиёт. Ҷилди 2. Сталинобод, 1961. 445 с.
  3. 3.Муродов М. Аз се шохаи як илм.-Душанбе, 2014.230 с.
  4. 4.Саъдуллоев А. Хосияти адабиёт.-Душанбе, 2000. 253 с.

 

Бахтиёри Қутбиддин мудири кафедраи

журналистикаи байналхалқии ДМТ



[1]   Асозода Х. Саргузашти устод Лоњутї.-Душанбе, 2014. Сањ.27

[2] Саъдуллоев А. Хосияти адабиёт.-Душанбе, 2000, сањ.35

[3] Асозода Х. Саргузашти устод Лоњутї.-Душанбе, 2014. сањ.297

[4] Асозода Х. Саргузашти устод Лоњутї.-Душанбе, 2014. сањ.297

[5] Асозода Х. Саргузашти устод Лоњутї.-Душанбе, 2014. сањ.297

[6] Асозода Х. Саргузашти устод Лоњутї.-Душанбе, 2014. сањ.297

[7] Асозода Х. Саргузашти устод Лоњутї.-Душанбе, 2014. сањ.25

[8] Саъдуллоев А. Хосияти адабиёт.-Душанбе, 2000, сањ.233.

[9] Асозода Х. Саргузашти устод Лоњутї.-Душанбе, 2014. сањ.49

[10] Лоњутї А. Куллиёт. Љилди 2. Сталинобод, 1961.

[11] Лоњутї А. Куллиёт. Љилди 2. Сталинобод, 1961.

[12]Лоњутї А. Куллиёт. Љилди 2. Сталинобод, 1961.

[13] Муродов М. Аз се шохаи як илм.-Душанбе, 2014.сањ.147

[14] Муродов М. Аз се шохаи як илм.-Душанбе, 2014.сањ.155