SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Ayni

 

 

         Дар таърихи халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ ҳамчун шахсияте пазируфта шудааст, ки тамоми умр баҳри асолати забони ноби тоҷикӣ мубориза бурдааст. Дар фаҳмиши адиб забони сода забони ҳамафаҳми адабӣ буда, ҳар гуна калимаву ифодаҳои кӯчагӣ ба меъёри он мутобиқат намекунад. Ин аст, ки ҳангоми интихоб ва истеъмоли калима ӯ эҳтиёткорона муносибат мекард. Вақте ки нависанда асари Ф. Дюшен «Қамар»-ро аз ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ бармегардонад, дар муқаддимааш чунин менависад: «Бо хоҳиши баъзе коркунони нашриёти тоҷикӣ дар забони ин ҳикоя як қадар таъбирҳои «кӯчагӣ» дароварда шуд, ки ин таҷриба аст. Агар оммаи хонандагон ин корро хуш қабул кунанд, баъд аз ин дар баъзе ҳикояҳо ин равиш риоя карда хоҳад шуд, вагарна ин ҳикоя дар ин боб аввалин ва охирин шуда хоҳад монд». Аз мутолиаи асарҳои нависанда  маълум мешавад, ки ӯ дар интихоби калима услуби хос дорад. С. Айнӣ калимаро бо шарҳаш меоварад.

 

Як усули шарҳи калима аз ҷониби устод С. Айнӣ, ки дар ҳамаи асарҳояш мушоҳида мешавад, истифодаи калимаҳои ҳаммаъност. Бо ин мақсад адиб аз қабатҳои гуногуни лексика - калимаҳои аслӣ, иқтибосӣ ва шевагӣ истифода бурда, ҳаммаънояшро низ дар қавсайн ё ин ки бо аломати тире зикр менамояд. Шояд нависанда дараҷаи фаҳмиши хонандаашро ба инобат гирифта, ин корро анҷом дода бошад. Дар асарҳои устод Айнӣ калимаҳои тоҷикӣ бо тоҷикӣ (инчунин бо шевагӣ ва баръакс), тоҷикӣ бо русӣ, тоҷикӣ бо туркӣ ё арабӣ маънидод гардидаанд. Вожаҳои тоҷикии муфт ва ройгон, ки ба маънои бемузд, бепул; маҷҷонӣ, яъне он чизе, ки бе меҳнат ба даст меояд,  далолат мекунанд, дар мисоли зерин яке ҳамчун калимаи асосӣ ва дигаре ба сифати шарҳдиҳандаи он истифода гардидаанд. Калимаи муфт серистеъмол, аммо ройгон танҳо дар забони адабӣ истеъмол мегардад:

       Акнун ман ин даҳ сар занро муфт – ройгон парво мекунам.   

Нависанда бо мақсади таъкиди бебаҳо будани инсон, хоса занҳо, нумеративи сарро, ки танҳо бо исмҳои ифодакунандаи ҷонварон меояд, маҷозан бо инсон алоқаманд кардааст, яъне бо ҳайвон баробар карда шудани инсон боз ҳам таъкид ёфтааст. Ин тобиши маъноро аз таркиби феълии парво кардан низ дарк намудан мумкин. Одатан, ин таркиби феълиро дар мавриди нигоҳубин, парвариш ва фарбеҳ кардани чорпо истифода мебаранд (дар шарҳи луғат низ чунин аст.

 Дар матни зерин калимаи тоҷикии зиндон бо калимаи арабии ҳабс шарҳ дода шудааст:

 аз вай чӣ гуна аз зиндон – аз ҳабси абадӣ халос шуда, соҳиби шариат шуда баромадани Қорӣ Ибодро пурсидам.

Зиндон ҳаммаънои калимаҳои бандихона, ҳабсхона, маҳбас буда, бо тобиши маънои ҷойи нигаҳдории маҳбусон бо калимаи ҳабс,  ки ба маъноҳои 1. боздоштан, дастгир кардан; 2. дастгирӣ, тавқиф; дар зиндон будан кор фармуда мешавад, муносибати муродифӣ пайдо кардааст. Дар адабиёти классикӣ калимаи ҳабс ба маънои ҷойи нигаҳдории маҳбусон низ истифода мешудааст:

Бихандид, ки ӯ зани беҳуда бурд,

Надонад, ки хоҳад дар ин ҳабс мурд (Саъдӣ).

Дар «Луғати синонимҳои забони тоҷикӣ»-и М. Муҳаммадиев  силсилаи калимҳои ҳабсхона, маҳбас, бандихона, зиндон зикр гардидаанд, ки аз инҳо ҳабсхона сарсилсила буда, маҳбас ва бандихона доираи истеъмоли маҳдуд доранд. Зиндон характери таърихӣ дошта, бо ҳамон маънои таърихиаш кор фармуда мешавад. Муаллиф инчунин калимаҳои обхона ва канахонаро ба маънои таърихиашон (дар хонигарии Бухоро ва Хива яке аз навъҳои ҳабсхона) муродифи зиндон меҳисобад ва аз «Дохунда»-и С. Айнӣ мисол меорад:

Ин ҷоро зиндон мегӯянд, ки яке аз бандихонаҳои амир аст.

- Магар амир боз бандихонаи дигар ҳам дорад?

- Амир чанд чиз дорад, дор дорад, манор дорад, зиндон, обхона ва канахона дорад.

Аз зиндонҳои амири Бухоро бо ду роҳ халос шудан имкон дошт: яке – бо додани ришва, дигаре – бо роҳи мурдан. Шояд ба ҳамин сабаб устод Айнӣ ҳабси абадӣ гуфта бошанд.  

Нависанда чунин тарзи ифодаро дар матни зерин ҳам интихоб кардаанд:

… аммо ин ду каҷова ангурро мегузаронам гуфта дар об афтодан ҷаҳолат – нодонист.

Чунон ки аз матн бармеояд, гӯянда таъсири суханони худро ба объект – шунаванда гузаронидан мехоҳад.  Ҷаҳолат калимаи арабист ва нодонӣ, бехабарӣ, ғафлатро ифода мекунад Он хоси забони адабист. Нодонӣ тоҷикӣ буда, 1. бедонишӣ, бесаводӣ, бемаърифатӣ, ҷаҳолат; 2. беақлӣ, бефаҳмӣ, гӯлиро мефаҳмонад ва ба нутқи гуфтугӯйӣ мансуб аст. Ҳар ду исми абстрактанд ва ҳиссиёти манфии инсонро фаро мегиранд.

Як хусусияти истифодаи калимаҳои ҳаммаъно дар эҷодиёти С. Айнӣ ба сифати муродифҳои калимаҳои арабӣ кор фармудани вожаҳои русиву хориҷӣ мебошад. Ин вожаҳо аз забонҳои гуногуни Аврупо ба забони русӣ гузаштаанд. Қайд кардан лозим аст, бо калимаҳои русиву аврупоӣ ҳаммаъно гардидани вожаҳои тоҷикиву арабӣ танҳо дар осори устод Айнӣ мушоҳида мешавад.

Баъзан Садриддин Айнӣ замони пайдошавии ашё ва ё ба амал омадани воқеиятро низ ба назари эътибор мегиранд. Хоса, дар мисоли зерин:

Ин кӯбача барои амирон вазифаи занг – звонокро адо мекард.

Калимаи кӯбача ва зангро бо тобиши маънои олоте, ки бо он дарро мекӯбанд (барои даъвати соҳибхона), муродифоти наздикмаъно ҳисобидан мумкин аст. Звонок вожаи русӣ буда, занг, ҷарас, зангӯларо ифода менамояд. Сабаби ба таври қиёс овардани ин калимаҳо дар замони воқеияти амал аст. Кӯбача хоси давраи то инқилоб, занг бошад, ба давраи баъди инқилоб мансуб аст. Шояд барои дуруст тасаввур кардани хонандаи муосир нависанда гунаи русии онро низ зикр карда бошанд.

Ё ин ки калимаи лотинии протсент (pro centum)-ро ҳамчун муродифи фоидаи арабӣ истифода мебарад:

… ба он пул фоида – протсент ҳам ҳисоб карда ҷудо мекард.

Дар ин матн калимаҳои фоида ва протсент ҳамчун истилоҳи иқтисодӣ омадаанд, яъне онҳо баҳрае, ки қарздиҳанда аз қарзгиранда изофа мегирад, рибо, судро ифода кардаанд. Маънои ибтидоии фоида суд, нафъ, манфиат мебошад. Вожаи лотинии протсент, ки тавассути забони русӣ ба забони тоҷикӣ гузаштааст, чунин маъниҳоро ифода мекунад: 1. ҳиссаи садии ягон миқдор ва ё рақам, ки бо аломати %  ишора мегардад; 2. пардохт барои истифодаи сармояи каси дигар. Дар марҳилаи имрӯзаи инкишофи забон калимаи протсентро бо фоиз, баъдтар фисад ва ҳоло дарсад ифода мекунанд. Фоиз вожаи арабӣ буда, ҳамчун истилоҳи иқтисодӣ маънои барзиёд, зиёдатӣ, дарсад (инчунин саршор, лабрез, фаровон; 2. файзбахш; 3. файзёб, баҳравар), фисад танҳо ҳисса, қисм, фоиз, дарсадро мефаҳмонад.

  Дуруст аст, ки ба силсилаи синонимӣ на танҳо калимаҳои адабии китобӣ, балки калимаҳои забони зинда низ дохил мешавад. Дар асарҳои бадеӣ ин гуна  калимаҳои шевагӣ танҳо хоси нутқи қаҳрамону персонажҳо мебошад, аммо устод С. Айнӣ дар «Аҳмади девбанд» дар сухани тасвирии худ баъд аз овардани муродифи адабиаш истифода бурдаанд:

… бар болои он мазор ҳафт алам (ялави) қӯтосдор, ки аломати ҳафт пири комил будааст, ҳамеша барпо буд.

Калимаи алам дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба чунин маъноҳо омадааст: 1) байрақ, роят, ливо, дурафш; 2) нишон, аломат; 3) маҷ. машҳур, шӯҳратёфта; 4) маҷ. гурӯҳе аз лашкар, аммо калимаи ялав дар ин луғат зикр нагардидааст. М. Муҳаммадиев дар «Луғати синонимҳои забони тоҷикӣ» дар шарҳи силсилаи муродифҳои байроқ, алам, дурафш (диравш), ялав, ливо мегӯяд: «Калимаи диравш (дурафшаввал чун синоними калимаи ливо серистеъмол будааст, баъдтар калимаи ливо ба худ синоними нав (алам) пайдо кард ва ҳар ду калима ба маънои синонимии худ асрҳои зиёд ба кор бурда мешуданд, истеъмоли калимаи дирафш ба маънои материалии худ... маҳдуд шудан гирифт. Дар солҳои охир ба калимаҳои ливо, алам, дирафш синоними нав (ялав) пайдо шуд, вале … ба дараҷаи қабули умум нарасидааст. Ниҳоят калимаҳои боло … синоними дигар  - байрақ (байроқ) пайдо карданд. Истеъмоли ин калима зиёд шуда, калимаҳои синонимии дигар дар истеъмол маҳдуд гардиданд». Муаллиф ба манбаи пайдоиш ва баромад, доираи истеъмоли калимаҳои ҳаммаъно ишора намекунад. 

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» - и нашри навин калимаи ялав ҷой дода шуда, чунин шарҳ ёфтааст: ялав гуфт. байрақ, ливо. Дар такя ба маълумоти ин сарчашма гуфтан мумкин аст, ки шояд ин калима ба шеваи гуфтори мардуми Бухорову Самарқанд мутааллиқ бошад. Устод С. Айнӣ калимаҳои ҳаммаъноро пайиҳам истифода бурда, матлабро дақиқ ифода кардаанд, аммо ин тарзи баёни фикр танҳо хоси услуби адиб шуда мондааст, зеро забоншинос М. Муҳаммадиев низ намунаи мисолро бо калимаи ялав аз асари адиб меоварад (дар раванди мутолиаи асарҳо маълум амон гашт – М. М.): … аз хурд то калони онҳо дар зери ялави шодиёна ҷамъ мешаванд. Дар давраи муосири инкишофи забони тоҷикӣ доираи истеъмоли калимаи байрақ низ танг гардида, ҷойи онро калимаи парчам, ки серистеъмол шуда истодааст, гирифтааст. 

Дар мисоли зерин калимаи туркии бигиз бо муродифи тоҷикиаш дарафш (дирафш) якҷоя оварда шудааст. Он олати нӯгтези дастадорест, ки бештар мӯзадӯзон барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд:

Ҳатто ба забони Раҳимдоди ҳафтсола, ки ба ин лаҳҷа ҳеҷ намегашт, Абдураҳмон сардор бигиз – дарафш халонда гуфт.

Азбаски ин калима бештар характери соҳавӣ дорад, доираи истеъмолаш низ маҳдуд аст. Инҳо аз обуранг маҳрум буда, одатан якмаъно мешаванд.

Муродифҳои чароғак ва чахмоқ, ки ҳаммаънои раъду барқ мебошанд, дар мисоли зерин ҳамин гуна хусусият доранд:

Дар миёнаи ин ҳама дуду ғубор шӯълаи ҳезуми саксавул, чунон ки дар шаби торик ҳаво чароғак – чахмоқ зада истода бошад, ахгарҳои дурахшони худро ба ҳар тараф мепошидИн овоз ба сари Ҳасан, ки ях баста монда буд, монанди раъди ҳаво буд, барқ зада ӯро гудохт.

Чароғак - 1. соиқа, оташак, барқ, чақмоқ; 2. чароғи хурд; 3. кирми шабтоб; чахмоқ – 1. барқи абр, тироза, оташак, чароғак; 2. санге, ки бо он оташ мегиронданд; раъд – арабӣ, ғуррише, ки аз ҳаракати абр шунида мешавад, тундар; раъду барқ – тундар ва чароғак дар ҳаво; барқ – арабӣ, 1. ҳодисаи табиат, ки дар натиҷаи бархӯрдани зарядҳои мусбату манфии абрҳо бо дурахшиш ва таркиши босуръату пурқувват дар фазои Замин ба амал меояд, аловак, озарахш, соиқа; 2. нерӯи барқ, қувваи барқ; 3. маҷ. равшанӣ, нур, дурахш, ҷило. Ин калимаҳо як ҳодисаи табииро мӯътадил ифода намоянд ҳам, бо тобишҳои фарқноки маъноӣ ҳамдигарро иваз карда наметавонанд. Чароғак ва раъду барқ хоси забони адабӣ, чахмоқ калимаи гуфтугӯйист (бештар дар шеваҳои шимол истифода мегардад). Дар ин мисолҳо низ нависанда пош хӯрдани ахгарҳои саксаулро ба задани чароғак ва бо таъсири овози касе ногаҳон ба худ омадани Ҳасанро ба ҳодисаи раъду барқ монанд кардааст. Вожаҳои раъду барқ дар мисоли боло ба хотири худдорӣ аз такрори ноҷо истифода гардидааст.

Баъзан нависанда калимаи шевагиро ҳамчун вожаи асосӣ меорад, баъд аз он шакли адабиашро зикр мекунад. Ба монанди кӯбкорӣ ва бузкашӣ:

… бар болои чортоқҳо … баромада нишаста, ба тамошо кардани кӯпкорӣ – бузкашӣ  тайёр шуданд.

Калимаи кӯбкорӣ, ки дар ҷумла дар шакли кӯпкорӣ (дар матни тарҷима низ ҳамин шакли овозӣ инъикос шудааст: копкари – козлодранье (Рабы, 84)) омадааст, ба мисли вожаи ялав шояд хоси шеваҳои Бухорову Самарқанд бошад, зеро дар лаҳҷаҳои ҷануб танҳо бузкашӣ  мегӯянд. Бузкашӣ навъи варзиши миллӣ, ки бузкашҳо аспсавор барои буз ё гӯсолаи сарбуридаро аз ҷойи муайян гирифта, ба марра бурда расонидан мусобиқа мекунанд. Бояд зикр кард, ки дар замонҳои пеш (ҳатто дар замони ҳозира низ, хусусан 5-6 сол пештар) ин маросим дар тӯю маъракаҳои калон аз ҷониби сарватмандон ташкил карда мешуд. Бо мурури замон доираи баргузории чунин маросим маҳдуд гардида, ҳамчун расму оини қадима ҳоло танҳо дар Иди Наврӯз доир мегардад. Дар минтақаҳои ҷануб онро бузкашӣ, дар шимол бошад, улоқ мегуфтанд. Улоқ калимаи туркӣ буда, 1. бузе, ки кӯбкорӣ мекунанд, куштаи танаи буз ё гӯсолаи дар бузкашӣ кашидашаванда; 2. гуфт. бузкашӣ, кӯбкориро мефаҳмонад.

Калимаи гуфтугӯйии севанчӣ аз доираи истеъмоли умум набаромадааст. Он то ҳол низ дар минтақаҳои шимол (бо тағйири баъзе овозҳо: сев(б)анчӣ, себинчӣ) ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ роиҷ аст. Устод Айнӣ онро бо муродифи адабиаш якҷоя меоваранд. Аҷиб он аст, ки калимаи адабии муждагонӣ бар шарҳи калимаи гуфтугӯйӣ омадааст:

Ҳар кас … ба сари ҳар ғулом ним тилло севинчӣ (муждагонӣ) мегирад!  

Севинчӣ (муждагонӣ)мукофот ва ё ҳадяест, ки ба овардани хабари хуш (тавлиди меҳмони нав – тифл, омадани ҷавоне аз хизмати ҳарбӣ, ё шахси наздике аз роҳи дур ва монанди инҳо) дода мешавад . Дар минтақаҳои ҷануб онро ҳадя мегӯянд. Ин тобиши маънои калимаи ҳадя дар фарҳангу луғатҳо нест. Дар фарҳанг он ҳамчун чизи тӯҳфакардашуда, тӯҳфа, бахшиш, савғо шарҳ дода шудаасту халос. Калимаи муждагонӣ хоси забони адабии китобӣ, яъне мансуби услуби малеҳ аст, аммо севанчӣ ва ҳадя хоси нутқи гуфтугӯйист.

         Чунон ки мушоҳида мешавад, устод Айнӣ ҳангоми интихоб ва истифодаи калима дар навбати аввал эҳтиёҷи хонандаро ба инобат мегиранд.  Баъдан вобаста  ба шароити сиёсиву иҷтимоии замон ва дақиқ ифода кардани он калимаҳоро бо муродифаш якҷо меоваранд, то ин ки хонанда ба моҳияти предмет ва масъала дуруст фаро гирифта шавад. Инчунин ин усулро барои фардӣ кунонидани нутқи қаҳрамону персонаж ва ба таври табиӣ тасвир кардани лавҳаҳои асар кор мефармоянд. Ин бори дигар аз табиати рангину нотакрори забони асарҳои адиби маҳбуб гувоҳӣ медиҳад.

 

  1. М. М.  Мирзоева 

    дотсенти кафедраи

  2. услубшиносї ва тањрири адабї

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.