radioss

Қудратҳо, мухолифатҳо, тамадунҳо, фарҳангҳо, сиёсатҳо, боварҳо… мафҳумҳое ҳастанд, ки дар зиндагии башар нақши амиқ мегузоранд. Мухолифатҳои сиёсии абарқудратҳо, ихтилофи тамаддуну фарҳангҳо, ҷанги боварҳо чеҳраи имрӯзии башариятро ба намоиш мегузорад. Аз ин рӯ, барои расидан ба аҳдофи хеш ҳар ҷонибе аз васоити ахбори омма ба таври васеъ истифода мебаранд ва афкору ақидаашонро мунташир месозанд.

 

 

Бешубҳа, дар баробари иттилоафкании қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дорои таҷҳизоти навтарин ва шеваи кори пешрафтаву фарогир ҳастанд, пеш аз ҳама ҷомеаҳои заифу заифтар осеб мебинанд. Дар чунин шароит зираку бедор будан, ба дарки ин ё он масъалаи баҳсбарангез дуруст сарфаҳм рафтан, асолати худро ҳифз карда тавонистан ниҳоят муҳим аст.

ВАО ба ҳадде пурқудрат ҳастанд, ки метавонанд афкори ҷомеаҳоро шакл диҳанд, маҷрои тафаккури онҳоро ба ҳар самти дилхоҳ равона созанд. Чун ҷаҳони муосир дунёи манфиатҳост, иттилоот низ дар деги манфиатхоҳон меҷӯшад.

Расонаҳо аз дастгоҳҳои тавоно ва муассири рӯзгори мо ҳастанд. ВАО-и тоҷик дар миёни ин ҳама муборизаҳои иттилоотӣ чӣ мавқеъ доранд? Онҳо то чӣ ҳад метавонанд манфиатҳои миллии моро ҳифз намоянд? Чӣ гуна метавон ростро аз дурӯғ, туҳматро аз ҳақиқат, душманиро аз муҳаббат ҷудо намуд? Мо барои посух гирифтан ба ин пурсишҳо назаре дорем ба барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон.

Дар Радиои Тоҷикистон як зумра барномаҳои таҳлилӣ вуҷуд доранд. Барномаҳои «Тафсири рӯз», «Дунё», «Масири мураккаб», «Бовар», «Ҷавонон ва ҷомеа», «Набзи сиёсат»… аз ҳамин қабиланд. Мо чанд андешаи худро дар атрофи барномаи «Масири мураккаб» баён мекунем. Ин барнома ҳар ҳафта рӯзи сешанбе, дар муддати 30 дақиқа, аз соати 09. 10 то соати 09.40 пахш карда мешавад. Ҳамчунин худи ҳамон рӯз, соатҳои 11.40 ва 16.10 дақиқа такроран садо медиҳад. Муҳаррир ва масъули ин барнома Хайрулло Шарифов аст. Мавзуъҳои асосии барнома мухолифатҳои сиёсӣ, бозиҳои абарқудратон дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна мебошанд. Дар «Масири мураккаб» асосан коршиносони варзида, аз ҷумла Иброҳим Усмонов, Абдунабӣ Сатторзода, Ҷовид Муқим, Нуралӣ Шаъбонов, Исмоил Раҳматов, Хилватшоҳи Маҳмуд, Саъдӣ Юсуфӣ, Мӯсо Асозода… ширкат варзида дар масъалаҳои гуногуни изҳори назар мекунанд.

Барномае, ки 12 апрели соли 2018 пахш шуд, ба ҷанги иттилоотӣ рабт дошт. Дар он профессор Ҷовид Муқим дар бораи маводе аз Радиои «Озодӣ» сухан гуфт, ки зидди менталитет ва суннатҳои миллии мо буда, ба рӯҳияи ҷавонон ва ахлоқи онҳо таъсири бад мерасонад. ӯ аз ҷумла таъкид кард: «Бояд гуфт, ки Радиои «Озод»солҳои охир сиёсати пахши барномаҳояшро нисбати Тоҷикистон дигар намуда, камтар дар мавзӯъҳои сиёсӣ ҳангомаҷӯӣмекунад. Вале мавзӯъҳоеро расонаӣмекунад, ки ба вайрон кардани ахлоқиҷомеа равона шудаанд. Масалан, расонаи мазкур солҳои охир мавзӯи ҳамҷинсгароёнро дар Тоҷикистон бардошта, онро як амали табиӣва маъмулӣ арзёбӣ мекунад. Азҷумла, танҳо дар моҳҳои октябру ноябри соли 2017 дар Радиои «Озодӣ» оид ба ин мавзӯъ 4 матлаб пахш шудааст».

radios

Воқеан яке аз мақсадҳои муборизаи иттилоотӣ таъсири равонӣ расонидан ба рӯҳи одамон мебошад. Бо ин роҳ метавон ба мағзи хоса ҷавонони ҷомеа осеб расонид. Мағзшӯӣ сахттарин амалест, ки тавассути расонаҳо амалӣ карда мешавад.

Ҷовид Муқим мавзуро идома дода мегӯяд: «17 октябри соли 2017 сомонаи «www.ozodi.org» маводеро бо номи «Ҳамҷинсгароён дар феҳристи«гурӯҳҳои осебпазир»-и Тоҷикистон» ба табъ расонид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:… Мумкин аст дар саросари Тоҷикистон то 20 ҳазор нафар марду зани ҳамҷинсгаро ва афродиду ҷинсавуҷуд дошта бошад.

Баъди дурӯзи пахши матлаби номбар шуда, 19 октябри соли 2017 сомонаи «www.ozodi.org» боз ба мавзӯи ҳамҷинсгароён баргашта, маводи дигареро нашр кард. Дар он аз ҷумла, гуфта мешавад, ки яксозмони мудофеи ҳуқуқи инсон дар Вашингтон — Human Rights First (Ҳуқуқи инсон дар навбати аввал) бо пахши изҳороте дар робита бо рӯйихат шудани аққалиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон изҳори ташвиш кардааст. Вай аз вазири умурихориҷии ИМА Рекс Тиллерсон хостааст, ки дар ин замина иқдом кунад: «Департаменти давлатӣ бояд сареъ иқдом кунад ва нагузорад, ки Тоҷикистон ба Чеченистони дуюм табдил шавад».

16 ноябри соли 2017 сомонаи «www.ozodi.org» маводи «Интиқоди Тоҷикистон барои таҳияи феҳрасти ҳамҷинсгароён»-ро нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки Шӯрои порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо чаҳор кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои ба рхӯрдино муносиб бо ақаллиятҳои ҷинсӣ танқид кард ва хостори иқдомот барои муҳофизати ҳуқуқи онҳо шуд».

Аз гуфтаҳои Ҷовид Муқим равшан мешуд, ки маводҳои мазкур ғаразнок ва ҳадафмандона таҳия шудаанд. Ин гуна маводҳо ҳатман ба ахлоқ таъсир мерасонанд. Дар мағзи ҷавонон саволҳоеро эҷод месозанд ва тафаккурашонро ба самте савқ медиҳанд, ки хатарзост. Ин нуктаро Ҷовид Муқим ифшо месозад: «Чунин баназар мерасад, ки ҳамҷинсгароӣ аз мавзӯъҳои дӯстдошта ва ё фармоишии Радиои «Озодӣ» маҳсуб мешавад. Рӯзи чоруми пахши маводи зикр гардида сомона боз ба ин мавзӯъ баргашт ва дар бораи зиндагии Сапеда ном зани дуҷинса матлаб нашр кард, кидар он аз ҷумла омадааст:

«Сапеда 28-сола аст ва зиндагие, ки ӯ дорад, аз зиндагии ҷавонзанҳои дигар дар Тоҷикистон фарқ мекунад. Ӯдуҷинсгаро аст ва дар баробари мард , як занро ҳам дӯст медорад».

Дар ин барнома чанд нуктаи муҳиме садо дод, ки ҳар гуна шунавандаро ба андеша водор мекунад. Ҳатто ба назар иғвоангез мерасанд. Таваҷҷуҳ кунед: «Департаменти давлатӣ бояд сареъ иқдом кунад ва нагузорад, ки Тоҷикистон ба Чеченистони дуюм табдил шавад». «Шӯрои порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо чаҳор кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои бархӯрди номуносиб бо ақаллиятҳои ҷинсӣ танқид кард ва хостори и қдомот барои муҳофизати ҳуқуқи онҳо шуд». «Ӯду ҷинсгаро аст ва дар баробари мард, як занро ҳам дӯст медорад».

Ҷумлаҳое, ки мо чун намуна овардем ҳадафи мушахас доранд ва мағзро ба таҳрик меоранд. Албатта, ҳамаи инсонҳо дар ҷомеа муҳтарам ҳастанд ва касе ҳақ надорад ҳуқуқи онҳоро поймол созад. Вале ин тарзи пешниҳоди масъала натанҳо ҳангомаҷӯёна аст, балки барангезандаи эҳсосоти ҷомеа низ мебошад. «Департаменти давлатӣ бояд сареъ иқдом кунад ва нагузорад, ки Тоҷикистон ба Чеченистони дуюм табдил шавад». Истифодаи ин ҷумла дар зеҳни хонандаву шунаванда хатареро эҷод мекунад, тарсу ваҳмро ба вуҷуд меорад. Дар зиндагии онҳо изтироб ва нигарониро рӯ мезанад. Дар барнома ҳамин нуктаи муҳим баррасӣ шуд ва асли матлаб ба шунаванда иблоғ гардид.

Воқеан муборизаҳои иттилоотӣ аз ҷониби расонаҳои гуногун тавассути барномаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ҳатто фароғатӣ бароҳатӣ пеш бурда мешаванд. Онҳо ин корро тавассути овоза парокании бардурӯғ, бедор кардани эҳсосоти динӣ, таъсир расонидан ба рӯҳу равон, бо баёни камбудӣ, бадгӯӣ кардан ва амсоли инҳо анҷом медиҳанд, ки мо як намунаашро дар мисоли боло ба таври фишурда баён кардем. Аммо қобили зикр аст, ки ба ҷуз барномаи «Масири мураккаб» дар дигар барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон ин мавзуъ хеле кам мавриди арзёбӣ қарор мегирад.

Рӯзи 16 апрел барномаи «Масири мураккаб» ба вазъияти кишвари Сурия бахшида шуд. Дар он журналист Хилватшоҳи Маҳмуд ширкат варзид. Рӯйдоде, ки беш аз сад мушаке, ки неруҳои ҳарбии Америка ба кишвари Сурия рӯзи 14 апрел партоб карда буданд, баррасӣ шуд. Ҳамон вақт баъзе коршиносони хориҷӣ дар расонаҳо эҳтимолияти сар задании ҷанги нави ҷаҳониро пешгӯӣ мекарданд. Хусусан муносибати Росия ва Америка ба ҳадди ниҳоии худ расида буд. Васоити ахбори Америка, Россия, Эрон, Арабистон, аксари кишварҳои Аврупо набарди иттилоотӣ мебурданд. Радиоҳои «Садои Амрико», ВВС, расонаҳои Россия дар ин самт хеле фаъол буданд. Мардуми Тоҷикистон низ аз вазъи ба вуҷудомада нигаронӣ доштанд. Ана, дар ҳамин ҳолат садо додани барномаи «Масири мураккаб» ва ба таври воқеъбинона таҳлил кардани вазъияти баамаломада дар Сурия ва таъсири он ба авзои ҷаҳон барои шунавандагони Радиои Тоҷикистон басо саривақтӣ буд.

Хулоса, барномаи «Масири мураккаб» воқеан ҳам бо касбияти баланд таҳия мешавад. Муҳаррири он Хайрулло Шарифов мавзуъҳои пешниҳод шударо хуб медонад. Дар барнома коршиносони сатҳи баланд назар медиҳанд, ки нуфузи онро боло мебарад.

Дилафрӯз Рустамова

омӯзгори кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ