TVV

(ДАР МИСОЛИ ТЕЛЕВИЗИОНИ “САФИНА” ВА “БАҲОРИСТОН”)

номзади илмҳои филология,

Сафарова Моҳира Амиралиевна

Соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон мақоми асосиро касб намудааст. Аз рӯзҳои аввали ба уҳда гирифтани масъулияти роҳбарӣ Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти соҳаи маориф диққати махсус зоҳир менамоянд.

 

 

Ҳанӯз солҳое, ки кишвари моро бесарусомониҳои пасомади ҷанги шаҳрвандӣ фарогир буд, Пешвои муаззами миллат оммаро ба омӯхтани илму дониш ва баланд бардоштани саводу маърифат даъват менамуданд. Чунончи, дар анҷумани нахустини ҷавонони  Тоҷикистон, ки 17-уми марти соли 1994 баргузор шуда буд, зикр карданд: “Давлату ҷомеа ояндаи неки худро бо пешравии соҳаи маориф, бо тайёр намудани мутахассисони варзидаи дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мепайвандад, зеро бе пешравии ин соҳа беҳбудии иқтисодӣ, инкишофи фарҳанг ва ташаккули шахсияти дорои олами бойи ботиниро тасаввур намудан имконнопазир аст.”[1]  Қабл аз ин, яъне соли 1993 бо дарки амиқи мушкилоти соҳаи маориф дар пеш ҳадаф гузоштанд: “Нигоҳ доштани афзалияти ҳамешагии маориф, илм ва фарҳанг вазифаи муҳимтарини мо бояд бошад.”[2] Аз ин рӯ, то имрӯз тамоми кӯшишу талош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи маориф: баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ, сохта ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ, ҳамчунин таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти техникии замонавӣ, фаъолияти мактабҳои типпи нав ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ, ҷалби ҷавонону духтарони деҳотӣ ба идомаи таҳсил, амалӣ гардида истодаанд. Саромади ҳама ин пешравиҳо ҷаҳду талош, кӯшиши бевосита ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои ҷавонону духтарони деҳоти дурдаст роҳандозӣ намудани Квотаи президентӣ, ки ҳамасола шумораи зиёди ҷавонону духтаронро фарогир аст, исботи  гуфтаҳои болост, аммо ин қатрае аз баҳр аст, ки Сарвари давлат дар пешрафти соҳаи маориф бевосита амалӣ намуда истодаанд. Корномаҳои Пешвои миллат дар рушду нумӯи соҳаи маориф бузург аст.

Дар инъикос ва нишон додани заҳматҳо ва иқдомҳои Пешвои миллат воситаҳои ахбори омма, махсусан, телевизионҳо саҳми назаррас доранд, ки ҷомеаро рӯҳбаланд намуда, барои ояндаи дурахшон умедвор менамоянд, аз ҷониби дигар дар омӯзиши илму дониш такконе ба вуҷуд меоваранд. Пахши гузориши муфассал аз рафти ба истифода додани биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, вохӯрии бевоситаи Пешвои муаззам бо толибилмону донишҷӯён ва сӯҳбати самимонаву рӯбарӯ бо онҳо, ҳатто дидан кардан аз хобгоҳҳу шароиташон бинандаро водор мекунад, то аз ин ғамхориҳо хуб истифода намояд. Чизи муҳимме ки дар ин соҳа ҳаст, ин дар Рӯзи дониш тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш намудани Дарси Сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад, ки тамоми қишри ҷомеа аз он баҳраманд мегарданд. Таҳлилҳои ҳамаҷонибаи Сарвари давлат ва бо далелҳои мушаххас проблемаҳои мавҷударо баррасӣ карданашон аудиторияи васеи телевизионро сари андеша меорад. Телевизион дар баробари инъикос намудани ин воқеаҳо, ҳамчунин, масъалаҳои баррасишударо ба оммаи васеъ тавассути таҳлилҳои амиқ мефаҳмонад. Сӯҳбатҳои телевизионии саривақтӣ бо зиёиёну коршиносони соҳа метавонад масъалаҳои мавҷударо ба фаҳми хосу ом хуб расонад. Масалан, фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва раванди дохилшавии довталабонро тавассути ин марказ маҳз телевизион тавонист, ки ба оммаи васеъ мушаххас фаҳмонад ва ба саволҳои сершумори бинандагон ҷавоб пешниҳод намояд. Телевизион қудрати таъсиррасониеро дорост, ки тавонистааст эътимоди бинандаро ба даст биёрад. Муҳаққиқи журналистика Е.П.Прохоров телевизионро силоҳ барои мафкура номидааст. Аз ҷумла ӯ мегӯяд: «ВАО, махсусан, телевизион силоҳи муҳимми таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон ба чизи дигар муқоиса намуд»[3]. Аз ин сабаб, масъалаҳое, ки дар телевизион баррасӣ мегарданд, дақиқ аст, ки ба бинанда бетаъсир намемонад.

 Ҳамасола пахши мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониву вохӯриҳои  бо зиёиён, ҷавонон, соҳибкорон ва тавассути телевизион садо додани таъкидҳои шахси аввали кишвар масъулияти кормандони ҳар соҳаро дучанд мегардонад. Пешвои миллат амиқан вазифа мегузоранд: “...сохторҳои илмиву таълимии кишварро зарур аст, ки омӯзиши илмҳои муосир, бахусус, илмҳои табииву риёзиро ҷиддӣ ба роҳ монда, баргузории маҳфилу чорабиниҳои илмиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои илмӣ бештар созанд ва ҷавононро ба чунин чорабиниҳо ҳарчӣ бештар ҷалб намоянд.”[4] Телевизион натанҳо гуфтаҳои Пешвои миллатро пахш мекунад, балки баъди супориш додан пайгири он масъалаҳо мегардад.  Масалан, баъди масъалагузориҳо мо мебинем, ки дар барномаҳои иттилоотӣ ё барномаҳои махсуси телевизионӣ дар жанрҳои гуногун раванди маҳфилу чорабиниҳои илмиву амалӣ, илмиву фарҳангӣ инъикос мегарданд. Ин ҳам як навъ ҳисоботи масъулин ба ҷомеа аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат амалӣ мешаванд. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба доираи васеи журналистон масъулияти кормандони соҳаро дучанд мегардонад: “Барномаҳои ҳаррӯзаи “Шабакаи аввал”, “Сафина”, “Баҳористон”, шабакаи радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои иттилоот фаолияти худро бояд барои ошноӣ пайдо кардани наврасону ҷавонони мо бо кашфиёти навтарини башарият ва омӯхтани илму техника ва технологияи муосир равона созанд, то ки аз байни онҳо дар оянда шахсиятҳои донову тавоно, зираку соҳибмаърифат, ватандӯсти асил ва ҳомиёни миллату давлат ба камол расонида шаванд.” Бо вуҷуди он, ки имрӯз тамоми расонаҳои электрониву чопии мо фаъолияти пурҷушухурӯш мекунанд, диди ҷомеа ба телевизион дигар аст, он рӯйдодеро, ки тавассути телевизион мефаҳманд, таъсири бештар дорад. Бартарии телевизион дар он аст, ки аудиторияи худро шоҳиди воқеаву рӯйдод мегардонад. Муҳаққиқ А.Саъдуллоев диданӣ будани телевизионро дар қобилияти бештари ташхис ва ташвиқ доштани он дониста, менависанд: “...  муҳимтарин хислати телевизион дидани чизе дар масофаест. Ин дид универсалӣ ва ҳамаҷониба буда, фосилаҳои гуногуни арзу тул  ва вақтро фаро гирифта, чун мӯъҷизаи электронӣ қобилияти ташхис ва ташвиқи ѓояҳоро дорад, ки ѓолибан аз тариқи шахсҳо, образҳо ба амал меояд.”[5] Маҳз ҳамин хислати телевизион аст, ки ин дастгоҳ имрӯз дар ҳар хонадон маскани доимӣ гирифтааст.

Агар дар умум гӯем, тамоми телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар инъикоси масоили соҳаи маориф ва нақши Пешвои миллат дар пешбурди соҳа саҳмгузоранд. Аз ҷумла, ин вазифаро бештар телевизиони “”Сафина” ва телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” хуб инъикос менамоянд.  Пешвои миллат дар яке аз мулоқоти худ бо намояндагони зиёиёни кишвар изҳор намуда буданд: “Таъсис додани шабакаи махсуси телевизиони давлатӣ барои кӯдакону наврасон бо номи “Баҳористон” иқдоми навбатии давлат дар ҳаққи насли оянда мебошад.  Акнун хурдсолону хонандагони мактабҳои мо соҳиби майдону минбар шуданд ва умед аст, ки ин шабака ба тарбияи маънавию ахлоқии кӯдакону наврасон, кашфи истеъдодҳо ва сайқали маҳорати онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.”[6] Имрӯз мо мебинем, ки телевизиони мазкур дар асл, барои дарёфти кӯдакони соҳибистеъдод барномаву лоиҳаҳои хубе таҳия намуда истодаанд. Дар баробари ин, қариб 70 дарсади барномаҳои телевизиони мазкурро  проблема ва ё мавзӯъҳои ба маориф тааллуқдошта ташкил медиҳанд. Барномаи “Хабар” ба ин мисол шуда метавонад,  ки ҳамарӯза аз рӯйдодҳои  ба вуқуъ омадаи мамлакат дар соҳаи маориф ба таври муфассал таҳия мегарданд. “Яке аз вазифаҳои асосии журналист тарбияи ахлоқӣ ва фарҳангии аудитория мебошад. Ин вазифаи журналист ҳангоми фаъолият намудан дар ВАО-и кӯдакона бояд бараъло зоҳир гардад. Журналисте, ки дар телевизиони кӯдакона фаолият мекунад, монанди омӯзгор аст, зеро функсияи асосии телевизиони кӯдакона иҷтимоикунонии кӯдак ва тарбияи дурусти ӯ мебошад. Намоиш ва барномаҳои телевизиони «Баҳористон»-ро омӯхта, маълум намудем, ки аксарияти намоиш ва барномаҳои он бо назардошти талаботи синнусолӣ таҳия мегарданд.»[7]

Дар барномаи “Ангубин” агар бо кӯдакони синни томактабӣ атрофи донишу малакаи фавқуллодаи онҳо суҳбат ороянд, барномаи  “Нодир” наврасони соҳибистеъдодро дарёфт карда, дониши тахассусии онҳоро ба бинандагон пешниҳод менамояд. Ҳамчунин, дигар барномаҳое низ ҳастанд, ки шавқи китобхонии кӯдаконро бештар намуда, дунёи ботинии онҳоро рангин мегардонад. Дар “Маҳфили шоҳномахонӣ”-и телевизиони мазкур мо кӯдакони 4-5-соларо мебинем, ки аз “Шоҳнома”-и безавол то 50-100 ва ҳатто 200 мисраъ қироат мекунанд. Ин худ саҳми боризи телевизион дар сайқали дониш ва тарбияи худшиносии насли наврас аст.

Дар рӯзи сабти барномаи “Шоирона”-телевизиони “Сафина” низ шумораи наврасони хоҳишманд барои қироати шеърҳои баландмазмун ҳамарӯза ба 250-300 мерасад, ки ин ҳам як навъ ҳавасмандии ҷавонон дар роҳи илм аст. Барнома-озмуни “Ирфон” барои дарёфти китобхони беҳтарини сол донишҷӯён ва толибилмони зиёдро гирд овард. Як зумра барномаҳоеро метавонем номгир кунем, ки бо ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи навор меоянд. Чун таъсири телевизион ба афкори омма бештар аст, аз он ҳамчун воситаи таълиму тарбия истифода намудан ба манфиат аст. Иштироки бевоситаи ҷавонон дар шоу-барномаҳои телевизиони “Сафина” ҷавононро водор мекунад, то нисбати проблемаҳои иҷтимоӣ ва норасоиҳои соҳаи маориф бетафовут набошанд. Пешниҳоди лавҳаҳои ҷолибу ҷаззоб дар мавзӯи ватан, истиқлолият, муқаддасоти миллӣ, ваҳдату якдилӣ ва инъикоси зебогии табиати дилфиреби Тоҷикистон, арзишҳои милливу фарҳангӣ дар тарбияи ватанпарастӣ ва худшиносии аудитория бетаъсир намемонад. Ин ҳам бошад, амалигардии дастури Пешвои миллат аст, ки чунин садо дода буд: “... барои тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ тамоми зиёиёни мамлакат, олимону донишмандон, ҷавонону занон, роҳбарони муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радио саҳм гирифта, ин арзишҳои муқаддаси миллиро ба таври васеъ инъикос кунанд, дар тафаккур ва андешаи ҳар як сокини кишвар, бахусус, наврасону ҷавонони мамлакат мазмун ва моҳияти соҳибистиқлоливу озодиро ҳарчи бештар ҷой намоянд.”[8]

Бояд зикр кунем, ки телевизион натанҳо дастгоҳи иттилоърасонист, балки дорои як зумра вазифаҳои дигар низ мебошад. Дар инъикоси вазъи илму  маорифи кишвар ва ҷалб намудани аудитория ба донишандӯзӣ вазифаи педагогиву иҷтимоии телевизион  мадди аввал меистад. Телевизиони “Сафина” агар маънавиёти аудиторияро боло бардошта, донишу фаҳмиши фарҳангиву маданӣ ва одобу рафтори намунавиро тарғиб кунад, телевизиони “Баҳористон” бо барномаҳои инкишофдиҳандаи зеҳнӣ, викторинаву бозиҳои интелектуаливу дидактикӣ шавқи китобхониву донишандӯзии насли наврасро бештар карда метавонад. Дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ воситаҳои ахбори омма, махсусан, телевизиони “Сафина” ва “Баҳористон” дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлатро ба кормандони телевизион ва ба соҳаи маориф ба инобат гирифта, дар пешрафти соҳаи маориф ва инъикоси фаъолияти соҳа саҳмгузорӣ мекунанд.

 

Адабиёт

  1. 1.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017 13:21, шаҳри Душанбе)
  2. 2.Прохоров Е.П. Свобода СМИ в журналистской деятельности. – М., 2001. – 367с.
  3. 3.Раҳмон Эмомалӣ Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷилди аввал. – Душанбе: Ирфон, 2002. – 512с.
  4. 4.Сафарова М.А. Телевидение и его влияние на общественное мнение (на примере государственных телевизионных каналов Таджикистана). – Душанбе: ирфон, 2018. 204с.
  5. 5.Саъдуллоев А., Шоев М. Асосҳои журналистикаи телевизион. – Душанбе: Эҷод. 2005. – 96с.
  6. 6.Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (20.03.2017 15:06, шаҳри Душанбе)
  7. 7.Эмомалӣ Раҳмон. Роҳнамои маориф. – Душанбе:Аржанг, 2011. – 152с.

 

 



[1] Раҳмон Эмомалӣ Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷилди аввал. – Душанбе: Ирфон, 2002. – С.212

[2] Эмомалӣ Раҳмон. Роҳнамои маориф. – Душанбе:Аржанг, 2011. – С.3

[3] Прохоров Е.П. Свобода СМИ в журналистской деятельности. – М., 2001. – С.34

[4] Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (20.03.2017 15:06, шаҳри Душанбе)

[5] Саъдуллоев А., Шоев М. Асосњои журналистикаи телевизион. – Душанбе: Эљод. 2005. – С.6

[6] Эмомалӣ Раҳмон. Роҳнамои маориф. Душанбе:Аржанг, 2011. – С.3

[7] Сафарова М.А. Телевидение и его влияние на общественное мнение (на примере государственных телевизионных каналов Таджикистана). – Душанбе: ирфон, 2018. С. 182

[8] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017 13:21, шаҳри Душанбе)