SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

kakzhurnalistika

Муҳаққиқон аксаран таърихро аз саҳифаҳои матбуот ҷӯё мешаванд. То даврони истиқлолият воситаҳои ахбори омма, мушаххасан, матбуоти даврӣ объекти омӯзиши таърихнигорону адабиётшиносон қарор мегирифт. То соли 1992 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи рӯзноманигорӣ дар факултети филология мавҷуд буд ва табиист, ки мавзӯъҳои таҳқиқӣ ба забон ва адабиётшиносӣ робитаи зич доштанд.

 

 

Бо дарки он ки журналистика соҳаи махсус аст ва мебояд он аз ҳар ҷониб омӯхта шавад, соли 1992 дар донишгоҳи номбурда факултети журналистика таъсис ёфт ва то имрӯз дорои ихтисосҳои зиёд гардид. Аввалин муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши мавзӯъҳои публитсистӣ-журналистӣ машғул шудаанд, Асадулло Саъдуллоев, Иброҳим Усмонов, Абдусаттор Нуралиев, Аъзамҷон Азимов, Мурод Муродов ва дигарон мебошанд.

Имрӯз дар қатори номи мардон бонувони зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки дар рушди журналистика саҳмгузоранд. Гарчанде ки илми журналистика дар Тоҷикистон таърихи чандон тӯлонӣ надорад, аммо дар ин муддат бонувони зиёде тавонистанд мавзӯъҳои мубраму саривақтии журналистиро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба зинаҳои номзадиву докторӣ расанд. Публитсистикаи адибон, инъикоси ҳаёти занон дар матбуот, стереотипҳои гендерӣ дар матбуот, одоби муошират дар воситаҳои ахбори омма, махсусияти таъсиррасонии телевизион, таъсири телевизион ба афкори омма, махсусан, кӯдакон, таҳаввулоти жанрӣ дар ВАО мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар ташаккули илми журналистика ва фаъолияти амалии журналистон таъсири амиқ мегузоранд ва ин мавзӯъҳо аз ҷониби бонувони муҳаққиқ Бобоҷонова Р., Ҷӯраева М., Дадабоева Г., Раҳмонова Ҷ., Умарова Г. Маҳкамова Д., Усмонова Н., Кучарова Н., Наҷмиддинова У. , Сафарова М., Соҳибова Б., Орифова М., Қосимова И., Ғоибназарова Т., Низомова С. мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Аксарияти олимаҳои номбурда тарбиятдидаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд, ки вобаста ба мавзӯъҳои кафедраҳо самти таҳқиқро муайян менамоянд.

Мавзӯе, ки доктори илмҳои филология Раънохон Бобоҷонова таҳқиқ намудааст, стреотипҳои гендерӣ дар ВАО мебошад. Мавзӯи таҳқиқи ӯ саривақтӣ ва муҳим буда, муҳаққиқ бар он назар аст, ки маҳз воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори умум нақши асосӣ доранд. Мавридҳое мешаванд, ки худи ВАО стереотипҳо, андешаҳои қолабии нодурустро дар афкори омма ҷой мекунанд, ин дар ҳолест, ки бояд журналистон баробарии гендерӣ ва баробарҳуқуқии занону мардонро тарғиб кунанд ва ин тарғибҳо бояд дурусту бамаврид бошанд. Дар ин бора муҳаққиқ Р. Бобоҷонова зикр менамояд: «Сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули идеологияи эголитарӣ мусоидат мекунад ва барои ба даст овардани тавозуни гендерӣ дар ҷомеа равона шудааст. Аммо ВАО қолабҳое гундериро паҳн намуда, вазъиятро мушкил мегардонанд. Аксаран баъзе воситаҳои ахбори омма ба зуроварии оилавӣ баҳои объективӣ надода, далелҳоро дар шакли нодурусту ғалат пешниҳод мекунанд.»[1] Барои исботи андешаҳо муҳаққиқ далелҳои зиёде оварда, бо таҳлили мушаххас андешаҳояшро асоснок мекунад.

Дар мавзуи мазкур муҳаққиқи дигар, номзади илмҳои филология Г. Умарова низ кори илмӣ анҷом додааст, ки дар асоси маводи телевизион тарҳрезӣ шудааст. Мавзуи мавсуф “Инъикоси масъалаҳои гендерӣ дар барномаи “Оила”-и Телевизиони Тоҷикистон” (“Освещение гендерных проблем в программе «Оила» Телевидения Таджикистана”) унвон гирифтааст.[2] Номбурда худ муаллиф ва барандаи барномаи таҳқиқшавандааш буда, ҳам аз таҷрибаи амалӣ ва ҳам аз нигоҳи илмӣ ба мавзуъ равшанӣ меандозад.

Профессор Мушаррафа Ҷўраева бошад, мавзӯи дигари мубрам ва дар илми журналистика зарурӣ, яъне масъалаҳои этика ва мавқеи қолабҳои муоширатро дар воситаҳои ахбори омма мавриди таҳқиққарор додааст. Муваффақияти асосии журналист дар муошират ва муомилаи дуруст аст. Беҳуда силоҳи журналистро сухан нагуфтаанд. Ҳарчанд журналистика пеш меравад, аммо солҳои охир муоширату муомилоти нодурусти кормандони ВАО боиси ташвиши муҳаққиқон гардидааст. Ҳатто собиқадори телевизион ва муҳаққиқи рус Свик зикр намудааст: “Имрӯз вақти он расидааст, ки ба журналистон одоби гуфтор ва одоби гўш карданро омӯзонем.” Доктори илмҳои филология М. Ҷўраева бо дарки амиқи ин нукта бо мисолҳои мушаххас бурду бохти журналистро ҳангоми гуфторҳои телевизионӣ ва радиоӣ таҳлилу таҳқиқ намудааст. Муроҷиат, пазироӣ, салому дуруд ва хушбошии журналист ба мусоҳиб ва аудитория калиди муваффақияти ҳамсуҳбатанд, ки дар аксар маврид сарфи назар мегарданд. Муҳаққиқ М. Ҷўраева бошад, ин нуктаҳоро олимона дар монографияву мақолаҳои илмӣ ва илмиву методии худ зикр намудааст.

Бояд қайд кунем, ки доманаи ин мавзуъ васеъ буда, аз чанд ҷониб таҳқиқро мехоҳад ва олимаҳои дигар низ ҷанбаҳои ахлоқии фаъолияти журналистонро мавриди таҳқиққарор додаанд, аз ҷумла, номзади илмҳои филология И. Қосимова низ дар ин мавзуъ кори илмӣ анҷом дода, Рустамова Д. дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣқарор дорад, ки ба мавзуи ахлоқи журналистӣ дар радио бахшида шудааст.

Телевизион дастгоҳи пуриқтидори таъсиррасонист. Тавре ки муҳаққиқон зикр мекунанд: “Дар замони муосир барои таъсир расонидан ба ин ё он кишвар, ҳифзи манфиатҳои сиёсї ва геополитикии худ давлатҳои абарқудрат, пеш аз ҳама, аз дигаргунсозии тафаккури гурўҳҳои муайяни одамон истифода мекунанд, ки дар амалӣ сохтани ин ҳадаф телевизион беҳтарин восита аст.”[3] Ин аст, ки зарурати омузиши ҳамаҷонибаи телевизион пеш омадааст. Имрӯз мебояд онро ҳамчун ташаккулдиҳандаи афкори омма, воситаи таъсиррасонї ба тафаккури ҷомеа ва василаи тарғиботӣ хуб омӯхт. Дар кори илмии банда “Телевизион ва таъсири он ба афкори омма (дар мисоли телевизионҳои давлатии Тоҷикистон)” ин ҷанбаҳо таҳқиқ гардидаанд.

Номзади илмҳои филология Барно Соҳибова бошад, мавқеи жанрҳои хабариву таҳлилиро дар телевизион муайян намудааст, ки ин ба ҷанбаҳои муаммои кормандони телевизион равшанӣ меандозад. Дар натиҷаи таҳқиқ дар баробари дигар хулосаҳо чунин нуктаро зикр мекунад: “ Месазад бигӯем , ки агар рақобат набошад, пешравӣҳам намешавад. Аммо барои ташаккули рақобати солим мутахассисони навовар лозим аст, ки барои ВАО-и ватаниро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардан талош кунанд”[4]

Зикр кардан ба маврид аст, ки на танҳо воситаҳои ахбори омма – матбуот, радио ва телевизион, балки публитсистикаи адибон низ мавриди таҳқиқи олимаҳои соҳаи журналистика қарор гирифтаанд. Масалан, мавзуи кори илмии номзади илмҳои филология Дилором Маҳкамова “Инъикоси муқовиматҳои сиёсӣ ва раванди сулҳофарӣ дар публитсистикаи китобӣ ” (Отображение политического противостояния и мировотворческого процесса в книжной публицистике Таджикистана)[5]мебошад. Номбурда таъкид мекунад, ки барои омӯзиши таърихи миллат осори публитсистӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор меравад. Дар баробари Д. Маҳкамова Н. Кучарова ва Н. Усмонова қарор доранд, ки доир ба публитсистикаи адибони соҳибқалам таҳқиқи илмӣ анҷом додаанд.

Дар баробари ин, метавонем унвонҷӯ ва аспирантони зиёдеро аз ҳисоби бонувон номбар кунем, ки дар арафаи ҳимояи кори номзадианд. Аз ҷумла, Маҳмадова М., Манонова М., Қадамова Н. ва дигарон, ки ҳоло тадқиқоташон идома дорад. Мавзуъҳое, ки мавриди таҳқиқи онҳо қарор доранд, махсусияти матбуоти кӯдакона, нозукиҳои техникии фаъолияти телевизион, таъриху ташаккули матбуоти тоҷик, мавқеи жанрҳои гуногун дар радио, реклама дар ВАО ва дигар мавзуҳои актуаливу ҷавобгўи замон мебошанд.

Бояд тазакур дод, ки тамоми муваффақиятҳои занон дар соҳаи илм дар даврони истиқлолият ба даст омадаанд. Маҳз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолнокии бонувон фазои мусоид фароҳам овардаанд. Метавонем қонуну қарорҳо ва барномаҳои зиёди давлатиро номбар кунем, ки барои баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа, ҷалби занону духтарон ба таҳсилоти олӣ, таъмини кадрҳои идоракунӣ аз ҳисоби бонувон таҳия гардидаанд. Ин дастгириҳо дар баромадҳои Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон пайваста садо медиҳанд: “Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.

Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем.”[6] Ин аст, ки занон бо рӯҳу илҳоми тоза ба корҳои давлативу ҷамиятӣ ва илмӣ машғул мешаванду муваффақ мегарданд.

Дар баробари анҷоми корҳои илмӣ муҳаққиқони илми журналистика ба вазифаҳои пурмасъули роҳбарӣ таъин гардида, бо сарбаландӣ аз уҳдаи корашон мебароянд. Аз ин бармеояд, ки бонувони тоҷик ҳам дар фаъолияти амалӣ ва ҳам дар фаъолияти илмӣ натиҷаҳои хуб ба даст меоранд ва шумораи ин гуна занҳо сол то сол афзуда истодаанд.

 

Адабиёт ва сарчашмаҳо

 

  1. 1.Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон . - Душанбе , 23.01.2015с.
  2. 2.Бободжонова, Р.Ислам, традиции и гендерные стереотипы – Худжанд, 2005. – 198с.
  3. 3.Джураева М. Коммуникативно-прогматический анализ устойчивых формул общения в современных таджикских СМИ .- Душанбе,2017. 255с.
  4. 4.Маҳкамова Д.Ю. Отображение политического противостояния и мировотворческого процесса в книжной публицистике Таджикистана: автореф. ... дис. … канд. филол. наук. :10.01.10 . - Душанбе, 2012. – 21с.
  5. 5.Сафарова М. Таъсири телевизион ба афкори умум. – Душанбе: КВД “Матбаа”, 2018.–172с.
    1. 6.Соҳибова Б.Информация и ее интерпретация как фактор развития
      современного таджикского телевидения(на примере Первого канала телевидения Таджикистана иинформационного канала «Джахоннамо»)дис...
      к. филол.наук: 10.01.10. – Душанбе, 2015172 с.
    2. 7.Умарова, Г. Освещение гендерных проблем в программе «Оила» Телевидения Таджикистана: автореф. ... дис. … канд. филол. наук. :10.01.10 . - Душанбе, 2012. – 21с.

 

Сафарова Моҳира Амиралиевна

н.и.филология, дотсенти кафедраи

телевизион ва радиошунавонӣ



[1] Бободжонова, Р.Ислам, традиции и гендерные стереотипы / Бободжонова, Р. – Худжанд, 2005. – С63

[2] Умарова, Г. Освещение гендерных проблем в программе «Оила» Телевидения Таджикистана: автореф. ... дис. … канд. филол. наук. :10.01.10. - Душанбе, 2012. – 21с.

[3]Сафарова М. Таъсири телевизион ба афкори умум. – Душанбе: КВД “Матбаа”, 2018.–С.17

 

[4]Соҳибова БИнформация и ее интерпретация как фактор развития
современного таджикского телевидения(на примере Первого канала телевидения Таджикистана иинформационного канала «Джахоннамо»)
дис...к. филол.наук: 10.01.10. – Душанбе, 2015 – С.162с.

[5] Маҳкамова Д.Ю.Отображение политического противостояния и мировотворческого процесса в книжной публицистике Таджикистана: автореф. ... дис. … канд. филол. наук. :10.01.10 . - Душанбе, 2012. – 21с.

 [6]Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.01.2015 12:37, шаҳри Душанбе

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.