Намемирад касе, ки баҳри мардум ҷонфидоӣ кард,

Набуда худпараст, балки ба мардум ошноӣ кард.

Тамоми умр ҳиматро камар басту ба ҷон кӯшид,

Фақат халқу ватанро диду аз худ бовафоӣ кард.

Намемирад ҳамоне, хирқа ӯро илму фан бошад,

Намирад он, киирфон қабру донишаш кафан бошад.

       Воқеъияти бетардид ҳамин аст. Он, ки аз ӯ савобе боқист оне, ки вуҷудаш қолаби маърифатӣ дошта бошад ва ё фарде, ки ҳангоми даргузаштан ба қафо нигариста дарёбад, ки аз ӯ осоре боқист, ва дар рӯзгори халқу ватанаш ба кор меояд, ӯ зиндааст ва мисли зиндагон аз ризқу рӯзӣ бархурдор мебошад.

 

Хусус аҳли адаб, маърифату маънавият, боғҳоеро аз ҳуд мегузоранд, ки барчидани самараш афзудани бар самарот аст ва ниҳолҳои боғашон таровати умрбодӣ доранд. Устод Садриддин Айнӣ саромади ҳамаи аҳли адаби садсолаи муосири тоҷик аст ва соҳиби ҳамон гуна боғҳои рамзии пуриқтидор. Таърихи ташаккули забони милии тоҷик дар худ ҳамаи давраҳову шартҳои маърифатӣ ва инкишофи миллати тоҷикро инъикос кардааст. Тағйирот дар ҳаёти ҷамъиятию фарҳангии даврони ибтидоии асри ХХ мардумро, ба хусус аҳли маърифатро бо бештару кушодатар рӯй овардани ба сӯи забони адабии миллӣ водор карда буд. Ҳамчунин барои захираҳои луғавӣ, ганҷинасозиву бойгардонии он, беҳбудиву мукаммалоти сохтори сарфиву наҳвияш, заҳматҳо ба харҷ мерафтанд. Миллати тоҷик тавонист қадамҳои устувореро баҳри муҳайё шудани шароитҳои хуби пешрафти ин иқдоми пуршараф, яъне инкишофи забони адабии миллӣ гузошта бошад. Дар ҳамон даврон натиҷагирӣ аз ин иқдом аллакай он буд, ки қисмати зиёди мардумон аз забони адабӣ истифода мекарданд. Кӯшиши ирфониён дар самти мазкур ба он равона карда шуда буд, то забони адабии миллӣ дар гуфтори тоҷик нақши аслӣ кашф намояд, вале дар он гуфторҳои содаву лаҳҷавӣ (диолектикӣ) такшин шуда буданд ва чунин ифодаҳо дар забони адабии классикии тоҷик то ба ҳадде лағжиш ворид мекарданд. Вазифаи забони адабии муосири тоҷик дар ин бобат ба ислоҳ даровардани нутқ ва берун кашидани вожаву гуфторҳое буд, ки зинати забони адабии муосири миллиро коҳиш медоданд.

Дар самти тазаккурёфта аслан матбуот, роҳбарияти марказонидашудаи ҳокимият, муасиссаҳои таҳсилотӣ, хониши асарҳои бадеӣ, мактаб ва ғайраҳо муваззаф буданд ва воқеъан ҳам мансубияти онҳо назаррас буд. Таҳсилоти муттафиқона, театр, радиошунавонӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ ва ба хусус мактаб омилҳои пурқуввате буданд, ки дар ҳар як қадам таасуроти босуръати худро баҳри дар забонҳо қолаб ёфтани вожаҳо аз забони адабии муосири миллӣ дар шакли дурусту саҳеҳ гузошта бошанд. Бо дарназардошти он, ки ҳануз Ҷумҳурии Тоҷикистон хело ҷавон ҳам буд, аммо чӣ дар иқтисод ва чӣ дар сиёсат пешрафтҳоеро ба даст оварда буд, ки боиси инкишофи забону маърифат низ маҳсуб мешуд.

Дар нимаи дуюми садсолаи бист мунозираву мубоҳисаҳои сершуморе атрофи забони адабии тоҷик ва роҳҳои вусъати ояндаи ӯ ба зуҳур пайвастанд. Тафаккур ва ақидаву раъйҳои гуногун тавассути матбуоти даврӣ мисли маҷаллаҳои “Овози тоҷик”, “Тоҷикистони сурх” ва ғайраҳо гуфтаву шунида мешуданд. Дар натиҷаи мавриди муҳокимаву музокироти тӯлонӣ ба ҳайси забони адабии тоҷик нашриёти даврӣ ба тасдиқ расид, асарҳои бадеӣ ва тарҷумаи китобҳо ба забони ноби адабии тоҷик шурӯъ шуданд.

       Садриддин Айнӣ чун як олими донишманд ва нависандаи арҷманд дар баробари мафкураҳои муқобилмаънӣ истодагӣ карда, дар ҳадди тавоноӣ василаи ҳалли масъалаҳо дар роҳи демократикунонии забони адабии тоҷик гардид. Асарҳои ӯ бойигарии адабиёти классикии тоҷик ва забони зиндаи нутқи тоҷикро, ки дастрасу фаҳмо ва наздики мардум гардид, дар бар мегиранд[1].

     Дар воқеъ асосгузори адабиёти муосир, қаҳрамони халқи тоҷик, нависанда ва олим Садриддин Сайидмуродхоҷа Айнӣ баъд аз инқилоб мунтазам, маҳз барои вусъату инкишофи забони тоҷикӣ ба мунозирот пайваста, мубориза бурдааст ва хизматҳои шоёну беназир кардааст. Ин кӯшишҳои муборизонаи устод нақши таҷаллии худро на танҳо дар эҷодиёти адабӣ, балки дар назарияҳои илмию фарҳангӣ, мақолаҳо, мактуботу қайду мулоҳизаҳо ҷойгир сохтанд. Ба ӯхда доштани дифои забони тоҷикӣ аз таасуроти берунаву бегонагон ва рӯ овардан ба алифбои нав мувофиқи назарияи бисёри аз олимону мутфаккирон яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мерафт, ки ташабускориҳои зиёдеро дар ин роҳ устод Айнӣ ба харҷ супурда буд.

Таҳқиқоти махсусу фаъолияти нависанда дар ин самт маънои бузург дорад. Дар он даврони вазнину душвори таърихӣ, тараққиёту пешрафти забони миллии адабии тоҷик басо зарӯрӣ ба шумор мерафт ва саҳми устод Айнӣ дар ин маърака беназир буд.

     Асосгузори адабиёти (дар он давра советӣ) муосири тоҷик, олими барҷаста ҳамчун донандаи улум дар самтҳои гуногун: таърих, адабиёт, аксарияти донишҳои замони худ ва ба хусус соҳаи забоншиносӣ ном баровада, эътироф гардида буд. ӯ барои пешрафту инкишофи филологияи муосири миллии тоҷик пайваста дар мунозироту музокирот ва муборизот мекӯшид ва албатта саҳми босазову арзандаеро тавонист дар хазинаи маъифат гузорад. Ончӣ бо мароқу дилбастагии устод ба забони модарӣ тааллуқ дорад, бо ӯ аз синни навҷавонӣ ҳамоҳ буд, ҳамеша мекӯшид равнақи сазовории забонаш дар назарҳо ҷилвагар бошад. Дар роҳи ба даст овардани маълумоти навине оиди забони миллӣ аз худ чизеро дареғ намекард. Махсусан ба қисмати лексикаи забон бештар аҳамият медод ва дар такя ба ин дониш ба эҷодиёти классикон назар андӯхта, судҷӯӣ мекард.

Ҳатто дар даврони таҳсилоташ дар мадрасаи Лаби ҳавзи Арбоб маҳфили хурдакаке барои шогирдон оид ба эҷодиёти халқ ташкил ёфта буд ва дар он аслан омӯзиши мақолу зарбулмасалҳо ба роҳ монда шуда буданд. Бо мақсади дуруст сарфаҳм рафтани мазмуну наздик шудан ба забони миллӣ, Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли ин маҳфил буд ва беш аз ҳама кӯшиш мекард ва сарфи назар аз он, ки баъдтар дар бораи он маҳфил дар“Ёддоштҳо”чунин овадааст:

“Ин бозӣ, агарчӣ нокифоя ҳам буд, аммо ба ҳар ҳол воситае буд, ки моро бо забони гуфтугӯӣ ва адабии миллӣ наздикӣ мебахшид”.[2]

Устод бо мақсади собит кардани тавоноии забони миллии тоҷик ва дар баробари ҳар гуна мунозироту мубоҳисоти манфӣ истодагарӣ кардан аз ҳама гуна имконоти модиву маънавияш истифода намудааст. Кӯшиш мекунад, ки забони тоҷикӣ ҳамешагӣ чун шамъи фурӯзон чеҳраи тоҷикро равшан муаррифӣ намояд ва бо тозагӣ дар забони мардумаш зинат эҳё кунад. Китоберо бо номи “Таҳзиб-ус-сибён” ба табъ мерасонад, ки забони шеъраш хонандаро то ба забони зиндаи миллӣ бурда мерасонад ва дар он ҳамаи меъёрҳои адабӣ дар назар дошта шудааст. Баъд аз инқилоб бо чунин маромҳо дар соҳаҳои педагогиву рӯзноманигорӣ солҳои зиёд фаъолият кардааст.

Таҷрибаи чандинсолаи устод дар соҳаҳои мазкур ва мусоҳибаҳову муоширати бо мадум баҳри мукаммал шудани забоншиносиву ақидаҳои ӯ нисбати забони адабии миллӣ асароти бузургеро дар бар гирифта буданд ва дар мунозираҳо устодона истифода мешуданд.Ҳама ҳол дар ҳимоя аз забони адабии тоҷик ва анъанаву навовариҳо дар забон буда, яке аз шуҷоътаринҳо маҳсуб мешуд ва дар ин роҳ аз маҳорату истеъдоди нотакрори хештан бедареғ истифода мекард. Устод дар сафи пеши касоне буд, ки давомдиҳандагони тараққипарвари кори шоирону нависандагони қаблазинқилобӣ буданд. Ҳамзамон Садриддин Айнӣ саҳми босазову намоёни худро барои эҳё кардан ва барпо намудани сабку усулҳои нав дар забони адабии миллӣ гузоштааст, ки ин низ натиҷаи ҳамон мунозираҳое буд, ки аз ҷониби эшон сару сомон мегирифтанд. Ҳамчуноне, ки дар бисёри аз музокирот пай бурда мешавад, дар он айёме, ки ҳануз навиштаҷоти ниёгони мо бо хати форсӣ сурат мегирифт, баҳсҳои сершуморе атрофи забони адабии тоҷик мавҷуд буданд. Дар ин маврид устод Айнӣ нависта буд: ”Дар хотир бояд гирифт ва бояд ҳар кадом аз мо гуфта тавонем, ки: мо ҳамагӣ муҳиби забони тозаву яклухти забони адабии тоҷик, ки барои ҳар кас фаҳмо бошад ҳастем, барои он, ки каломи мо аз миён ба парокандагиву маҳвшавӣ наяфтад, бояд забонамонро намунаву бар худ интихобгардида созем”[3]

   Садриддин Айнӣ ҳамчун олим ва нависандаи мумтоз дар муқобили ҳамагуна мафкураҳои зидди забониву оммавӣ бо ҳадди тавон мубориза мебурд ва дар мунозираҳо ғолибиятро аз даст намедод ва ҳамаи ин муборизот боиси равшанбаёниву тозагуфториҳо дар забони адабии милии тоҷикӣ гардид. Аз солҳои 1926-1930 сар карда ҳатто саросари ба алифбои дигар гузаштан атрофи сохту ташаккули забони миллии адабии тоҷик пешниҳоду ақидаҳо, мунозираҳо сар заданд. Ба қавли устод баъзе аз ин гурӯҳҳо бо он мекӯшиданд, ки мавқеи забони адабии тоҷикро дар тангно қарор дода бошанд. Онҳо пешниҳодоте мекарданд, ки ҳатто фаҳмида намешуд ва дар нақшаҳо чӣ манзуре ниҳон аст ва ҳамчунин осору анъана ва ганҷинаҳову боигарии забони адабии миллиро тардид мекарданд. Онҳо мехостанд, ки созиши забони адабии тоҷик дар асоси каломи содаву омиёна, ки қаблан дар забони мардум қарор дошт, сомон гирифта бошад.[4]

Бо ҷараён гирифтани нашриёти рӯзномаи “Овози тоҷик” барои асосгузори адабиёти муосири тоҷик воситаҳое падид омаданд, ки ӯ тавонад мунозираҳояшро ба асли воқеъият ба гӯши мардум расонад ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна муқобилиятҳо муяссараш гардад. Дар мақолаву баромадҳои худ устод маҳз масъалаҳои умӯмии инкишофи забони тоҷикиро мегузошт ва дар мубориза бо тарафдорони ақидае, ки умӯмияти форсиро дар назар доштанд, ҳануз ба по меистод. Ҳамчунин бо ононе, ки забони нави адабии тоҷикро мехостанд бо тариқу сабки куҳна ва кадом як лаҳҷаҳои сода созиш диҳанд, дар муқобил буд.

”Садриддин Айнӣ дар асарҳои илмӣ, мақолаҳо, навиштаҷот ва мактубҳояш асоситарин принсипҳои забони миллии адабии тоҷикро тавонист ҳимоят кунад ва ба дастрасии оммаи васеъи мардуми тоҷик супорад”- мегӯяд Боймуҳаммад Ниёзмуҳаммадов.[5]

     Мемонад ҳаминро бигӯям, ки мунозираҳои устод дар роҳи инкишофи забони адабии миллӣ амале аз фаъолиятҳои натиҷабахши эшон буд, ки сари калобаро тавассути он ба пайравони ояндаи худ супорад ва боис гардад то роҳёбӣ дар ин ҷодаи муқаддас ба онҳо то ба имрӯз муҳайё бошад.

Акнун бо камоли мамнуният метавон зикр кард, ки имрӯз забони миллии тоҷик дар мақому манзалати аслии хеш қарор дорад. Ӯ мақоми давлатиро соҳиб аст. Дар ҳамаи ҷамъомадҳои тамоми муасиссоту идораҳои давлатӣ таклифоту таъкидот баҳри нуфӯз ёфтану вусъат ва тозагии забони адабии миллӣ ворид карда мешавад ва ҳамасола “ Рӯзи забони тоҷикӣ” бо тантана истиқбол гирифта мешавад. Мутобиқ бо Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда шудааст ва ин ҳама нишон аз пойдории забони миллӣ, рушди забони адабии тоҷик ва ифтихору сарбаландии миллат мебошад

                                 Забон арчи ба зоҳир дар ниҳонаст,

Валекин чеҳраи шарҳу баён аст.

Забон рамзу нишони худшиносист,

Забон маърифати халқи ҷаҳон аст.

 

 

Адабиёт

1. И.С.Брагинский / Садриддин Айни, Очерки ҳаёт ва фаъолият / Брагинский И.С,1954, саҳ.139.

2. С. Айнӣ / Ёддоштҳо /  Айнӣ С- Душанбе 1954, саҳ.66.

3. Садриддин Айнӣ, Забони тоҷикӣ, маҷаллаи “ Раҳбари дониш” 1928, 11-12 саҳ 46.

4. С. Халимов /Садриддин Айни как языковед / Халимов С, Душанбе 1964, стр 13.

5. Б. Ниёзмуҳаммадов /Забони миллии адабии тоҷик ва грамматикаи он/ Ниёзмуҳаммадов Б, Дущанбе,1951саҳ.114

 

 

                                                          Ҷамила Раҳмонова, дотсенти

кафедраи телевизион ва

радиошунавонии факултети журналистика