gazzett

 

Дар замони истиқлолият забоншиносони варзида М.Шакурӣ, Б.Камолиддинов ва дигарон ба ин мавзӯи ниҳоят муҳимми забон рӯй оварда, таҳаввулоти лексикию гарамматикиро дар забони матбуоти замони истиқлол мавриди таҳқиқу баррасии илмӣ қарор додаанд.

 

 

Устод Б. Камолиддинов, зикр менамоянд, ки «Забони воситаҳои ахбори омма вазъи кунунии забони адабии тоҷикиро инъикос менамояд. Аз он аён мегардад, ки дар сохтори наҳвии забони адабии муосири мо чӣ гуна таҳаввулот ба вуҷуд омадааст ва он бо таъсири кадом омилҳои забонию ғайризабонӣ рух додааст. Яке аз он омилҳо таъсири забони зинда, лаҳҷаю шеваҳо, дигаре таъсири забони бегона аст, ки аз нашрия ва барномаҳои радиою телевизион пай бурдан мумкин аст» [4, с.3].

Тағйироту таҳаввулот аввал дар забони васоити ахбори омма инъикос меёбад, чунки матбуот, телевизион ва радио инъикоскунандаи вазъи кунунии унсурҳои луғавӣ, фразеологӣ, калимасозию таркиббандии забони адабии тоҷикӣ ба шумор мераванд. Ҳар дигаргуние, ки дар забон ба вуҷуд меояд, пеш аз ҳама, тавассути матбуот дар калимаю истилоҳоти нав ифода мегардад. Бесабаб нест, ки инкишофи забонро, қабл аз ҳама, аз рӯйи забони васоити ахбори омма, хусусан рӯзномаҳо таҳлилу таҳқиқ мекунанд. Ҳангоми муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ дар ҳар марҳилаи инкишофи забон, одатан, ба забони насри бадеӣ ва забони васоити ахбори омма такя мекунанд, зеро унсурҳои фаъоли забон маҳз дар маводи матбуот ва радиову телевизион мушоҳида мешаванд.

Таҳаввулоти луғавие, ки дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ, бахусус дар васоити ахбори омма, хусусан, забони матбуоти замони истиқлолият рӯйи кор омад, аз забоншиносон таҳқиқу баррасии ҳамаҷонибаи илмӣ мехоҳад. Хусусан он вожаҳои расмиятёфтаи замони шӯравӣ, ки бо истиқлолияти комили забони адабии ҳозираи тоҷикӣ оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд ва ба ҷойи онҳо падид омадани калимаву ибораҳои нав, ки ҳанӯз ба таҳқиқоти фарогир ниёз доранд.

Бо вуҷуди он ки калимаю ибораҳои даврони Шӯравӣ қисман матбуоти моро пурра ва “оро” медоданд, дар замони истиқлол доираи истифодаи онҳо то ҳадди инкон маҳдуд гардид. Айни замон ба ҷойи калимаю ибораҳои азбайнрафтаи даврони Шӯравӣ дар забони матбуоти имрӯза асосан, калимаву ибораҳои забони тоҷикӣ ва як қисми кам калимаву ибораҳои забони арабӣ ва туркӣ-ӯзбекӣ дар истифода мебошанд.

Солҳои 90-уми асри гузашта дар таърихи забони тоҷикӣ давраи гул-гулшукуфӣ ва бозгашт ба асолати миллӣ мебошад. Пас аз соҳибихтиёрии кишвар ҳамон монеаву муаммоҳое, ки дар атрофи забони тоҷикӣ буданд бардошта шуда, чандин калимаву ибораҳои хусусияти миллӣ дошта, ки дар замон ва сохти давлати Шӯравӣ истифодаи онҳо маҳдуд буд, аз қабили ҳизб -партия, ноҳия- район, шӯро -совет, ҷумҳурӣ-, республика, шаҳрванд- гражданин ва ғайра дубора аз нав зинда ва ё даҳҳо муродифи калимаҳои иқтибосӣ махсусан, русиро ба забон гирифтан дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ дар баёни калимаҳои “зебои русӣ аз ҷумла дар сохтори маориф донишгоҳ- университет, донишкада-институт, донишҷӯ- студент, имтиҳон- экзамен, санҷиш- зачет, дафтарчаи донишҷӯйи -студенский билет ва инчунин дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ шоҳроҳ, чароғак, гузаргоҳ, истгоҳ, дорухона, пурсишнома ва ба ин монанд истифодаи муродифи тоҷикиашон қатъиян иҷозат набуд. Дар замони ба даст овардани истиқлолияти комили забонӣ ва давлатдории миллӣ ин қатор калимаҳои иқтибосӣ ҳамчун архаизм дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ ҷой гирифтанд.

Дар забони матбуот як қатор калимаву ибораҳое роҳ ёфтанд ва умумиистеъмол гардиданд, ки дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ ҳатто ба забон овардани чунин вожаҳо мамнуъ буд. Ба ин гурӯҳ, пеш аз ҳама, калимаҳои истиқлолият, ваҳдат, соҳибихтиёрӣ, гирдиҳамоӣ, мухолифин, парокандагӣ ва даҳҳо ибораву ифодаҳое, ки бо калимаи “миллӣ” сохта шудаанд, аз қабили муқаддасоти миллӣ, парчами миллӣ, суруди миллӣ, пули миллӣ, арзишҳои миллӣ, ҳувияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои миллӣ, давлатдории миллӣ, давлати соҳибистиқлол, давлатҳои мустақил, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Дар мавриди вазъи забони тоҷикӣ дар замони Шӯравӣ Муҳаммадҷон Шукуров дар мақолаи “Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст” чунин гуфтаанд: “Вазъи забони миллӣ дар республикаи мо ҳоло ба ниҳояти дараҷа мӯҷиби ташвишу изтироб аст. Изтироб аз он ҷост, ки примитивизм ва дуруштӣ ба тафаккур ҳарчӣ бештар сар дароварда, эҳсоси забонро кунд намуд, маданияти суханро паст бурд, боиси ин гардид, ки калимасозиву иборабандӣ, таркибҳои синтаксисӣ ва ғайра, қонуну қоидаҳои забон дағалона вайрон шуданд. Вайронӣ ҳатто дар номгузории маҳалҳо, қишлоқҳо, районҳо ва шаҳрҳо роҳ ёфта истодааст. Ҳоло маданияти пасти забон қариб ҳамагонист. Бо қатъияти том бояд гӯем, ки маданияти сухани тоҷикӣ дар ягон давру замон чун имрӯз паст нарафта буд” [12, с.9-10].

Инчунин, ҳолати забонро дар ҳамон даврон шоири барҷастаи миллати тоҷик Лоиқ Шералӣ дар китоби “Дарси хештаншиносӣ” таҳти унвони “Шиносномаи миллат” чунин арзёбӣ намудаанд: “Басо дар кӯчаву бозорҳои пойтахти шаҳри Душанбе мушоҳида кардаем, ки писарону духтарони тоҷик байни худ чӣ тавр суҳбат мекунанд: гоҳ ба русӣ ҳарф мезананд ва чун захираи луғати русиашон кифоя намекунад, ба тоҷикӣ мегузаранд ва чун сандуқи луғати тоҷикиашон ҳам боре надорад, боз ба русӣ мегузаранд ё ба як забони омехтаи берабту бемантиқ бо сад азобу ишораҳои дасту чашму рӯю абрӯ ғарази якдигарро мефаҳманд. Падару модар, ҳатто бобою момо бо фарзандон ва набераю абераҳояшон, ки гӯё тоҷикзода ҳастанд, бо забони махлути русию тоҷикӣ гап мезананд. Дар миёни равшангарону зиёиён низ кам касоне пайдо мешаванд, ки бо забони ноби тоҷикӣ суҳбат карда тавонанд” [5, с.20-21].

Аз гуфтаҳои забоншиноси нуктасанҷ Муҳаммадҷон Шукуров ва шоири барҷастаи миллат Лоиқ Шералӣ аён аст, ки забони адабии тоҷикӣ дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ дар як вазъияти ногувор қарор доштааст. Албатта, чунин ҳолат барои рушду инкишофу тараққиёти забони адабии тоҷикӣ монеа эҷод мекунад.

Замони истиқлолият ба тамоми соҳаҳои ҷамъият таъсири мусбати худро гузошт. Ҳангоми муносибатҳои дипломатӣ ва воридоту содироти молу маҳсулот хоҳу нохоҳ мафҳумҳои нав пайдо мешаванд, дар натиҷа забон барои ифодаи онҳо ба калимаву ифодаҳои нав ниёз пайдо мекунад, ба ин васила фонди луғавии забон инкишоф ёфта, бою ғанӣ мегардад. Таҳаввулот ба забон хос аст ва ба он омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ таъсир расонда, онро аз лиҳози луғавӣ бой мегардонанд. Ҳар дигаргуние, ки дар забон ба миён меояд, тибқи қонуну қоидаҳои шаклсозиву калимасозии меъёрҳои забони тоҷикӣ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми интишори калимаву мафҳумҳои нав дар васоити ахбори омма хонанда ва шунавандаи он ба мафҳумҳои нав дучор мешавад, зуд онро аз худ мекунад ва мекӯшад, ки дар навиштору гуфтор онро корбаст намояд.

Дар замони муосир иттилоот нақши муҳим пайдо намудааст, ки барои беҳадду ҳудуд паҳн шудани он ВЭА (радиову телевизион ва шабакаи интернет) дар оммавӣ гардидани калимаву ифодаҳои нав саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ҳамин маврид муҳаққиқи шинохта Муродов М. дар мақолаи “Саҳми Айнӣ дар пешрафти матбуот” чунин зикр мекунанд: “Воқеан, матбуот, хосса матбуоти даврии тоҷик, имрӯз на танҳо сарчашмаи луғати мардум, балки ташаккулдиҳандаи луғату истилоҳоти соҳоти мухталифи ҳаёт гардидааст. Ва имрӯз низ калимаҳои зиёди маълуми ин ё он минтақа тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо сатҳи умумикишварӣ пайдо мекунанд” [7, с.71].

Забон падидаи ҷамъиятист ва ҳамроҳи ҷамъият рушд карда, ҳамроҳи он завол ҳам меёбад. Ба таркиби луғавии забони адабии тоҷикӣ калимаҳои иқтибосӣ ва калимаю ибораҳои нав хеле зиёд дар асоси қонуну қоидаҳои забони тоҷикӣ ворид гардидаанд, ки атрофи суду зиёни онҳо то ҳол миёни забоншиносон дар бахши вожагону истилоҳот баҳсу мунозира идома дорад.

Дар замони истиқолият як қатор калимаву ибораҳое ба миён омаданд, ки ба ғайр аз мутахассисону коршиносони соҳаи сиёсатшиносӣ на ҳама маълумот дошту ба маънии он сарфаҳм мерафт. Аз ҷумла калимаҳои терроризм, экстримизм, радикализм, ифротгароӣ, тундгароӣ, чапгароӣ ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Аммо вақте ки дар бораи ин гуна мафҳуму амалҳои даҳшатбор зиёиён вокуниш ва мақолаву гузоришҳо нашр ва пахш намуданд, мардум аз маънӣ ва моҳияти ин калимаҳо воқиф гардиданд. Бо вуҷуди он ки ин ё он падидае, ки ба амал меояд мусбат аст ё манфӣ дар ҳар ду ҳолат дар қолаби калима ё ибора ифода меёбад. Дар нимаи дуюми асри XX як гурӯҳ ташкилоту созмонҳо ташкил шуданд, ки мақсад ва ҳадафҳои онҳо тафриқаандозӣ ва низоъ дар байни мардуми бегуноҳ буд. Ҷомеаи башарӣ ин гуна гурӯҳҳои бадхоҳи сиёҳдилро бо мафҳумҳои терроризм, экстримизм, радикализм, ифротгароӣ, тундгароӣ, чапгароӣ ифода кардааст.

Имрӯз, мутаассифона, дар асри ХХI ба терроризм ва экстримизм пайвастааст, ки ин даҳшатангез ва нигаронкунанда мебошад (Н.а., 8.07. 2015); Таъкид шуд, ки зуҳури баъзе равандҳои номатлубу боиси нигаронии замони муосир, ба мисли терроризми байналмилалӣ, ифротгароии диннӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ба амният ва суботи ҳар кадом аз кишварҳои минтақа таҳдид менамояд (М.х., 05. 04. 2017); Дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 дар қатори масоили экологии ҷаҳон ва зиёдшавии аҳолии кураи Замин, мушкилоти наве бо номи терроризму экстремизм ва “радикализми исломӣ” рӯйи кор омаданд, ки ба проблемаи глобалии олам табдил ёфт (М.х.,16. 07. 2017).

Мафҳумҳои терроризм, экстримизм, радикализм, истилоҳоти байналмилалӣ мебошанд. Калимаҳои ифротгароӣ, тундгароӣ, чапгароӣ, дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-и нашри соли 1969 дар қолаби калимаи сода чунончи: ифрот, тунд, чап вуҷуд доштанд, аммо дар шакли калимаи мураккаб оварда нашудаанд. Бояд зикр намоем, ки терроризм, экстримизм калимаҳои лотинӣ буда, дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”-и соли 2010 ба маъноӣ сиёсати тарсондан ва фурӯ нишондани душманони сиёсӣ, мазҳабӣ ва ғ. бо роҳи зурӣ, нобудсозӣ ва куштор омадааст. Инчунин, калимаи ифротгароӣ ба маънои экстримизм шарҳ ёфтааст.

Дар натиҷаи тағйироти сохти давлатдорӣ ва истиқлолияти комили забонӣ дар васоити ахбори омма мафҳумҳое дар қолаби ибора сохта шудаанд, ки ифодакунандаи ҳаёт ва сиёсати замони истиқлол мебошанд. Як қатор мафҳумҳо аз қабили рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанги миллӣ дар қолаби ибора сохта шудаанд. Дар замони Шӯравӣ ин калимаҳо дар васоити ахбори омма ҳамчун мафҳумҳои ифодакунандаи худшиносии миллӣ истифода намешуданд. Дар замони истиқлолияти миллӣ васоити ахбори оммаро чунин ифодаву шаклҳои зебои тоҷикӣ пур карданд: истиқлолияти энергетикӣ, ҳувияти миллӣ, парчами миллӣ, давлати миллӣ, арзишҳои миллӣ ва монанди инҳо.

Се ҳадафи стратегии давлат ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар меҳвари барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ қарор доштанд... Мавзӯъҳои марбут ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, сохтмон, ...тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ...тарғиби фарҳанги миллӣ, аз ҷумла либоси миллӣ, пешгирии никоҳи байни хешутабори наздик, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайра аз масъалаҳое буданд, ки пешкаши бинандагон ва шунавандагон карда шуданд (С.м., 20.07. 2017).

Ба ҳамин минвол васоити ахбори оммаи кишвар дар инъикосу оммавӣ гардонидани калимаву вожагони нав мусоидат мекунад. Инчунин, барои тавлиди калимаҳои наву тоза саҳми бориз мегирад.

Ҳангоми таҳиқу баррасии мавзӯи таҳаввулоти луғавию грамматикӣ дар забони матбуоти замони истиқлолият маълум гардид, ки воқеан нақши воситаҳои ахбори омма дар инъикос ва бою ғанӣ гардидани таркиби луғавии забони тоҷикӣ калон аст. Таҳаввулот на танҳо дар натиҷаи таъсир расонидани ин ё он ҳодисаи ҷамъиятӣ, балки дар натиҷаи омилҳои дигари забонӣ бо тақозои вазъияти ба вуҷуд омада, забон ба тағйироту таҳаввулот дучор мегардад.

Забони адабии ҳозираи тоҷикӣ дар замони истиқлолият чунон рушду инкишоф ёфт, ки дар тӯли таърих таркиби луғавии забон чунин тағйироту таҳаввулотро дар мудати ним аср ёд надорад. Далели собиткунандаи ин гуфтаҳо муқоисаи ду “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” мебошад, ки ҳангоми таҳқиқ маълум гардид, ки таркиби луғавии забони тоҷикӣ қариб як маротиба зиёд гардидааст ва рӯз аз рӯз калимаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид гашта истодаанд. Дар асри XXI ҳар лаҳзаву ҳар соат дар таркиби луғавии забон дигаргуниҳо ба вуҷуд меоянд. Таркиби луғавии забон аз ҳисоби калимаҳои нав бою ғанӣ гардида, рушду инкишоф меёбад.

Забони тоҷикӣ дорои хазинаи бои луғавист ва бо ин ғановатмандию тавоноии худ метавонад дилхоҳ маъниро ифода карда бошад.

А Д А Б И Ё Т

  1. 1.Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қ.1. Фонетика ва морфология.-Душанбе: Дониш, 1985. - 356

с.

  1. 2.Ғаффоров Р. Услубшиноси / Р.Ғаффоров, С.Ҳошимов, Б.Камолиддинов. - Душанбе: Маориф, 1995. - 192

с.

  1. 3.Камолиддинов Б. Услубшиносӣ / Б.Камолиддинов. - Душанбе: Ирфон, 1973. - 115 с.
  2. 4.Камолиддинов Б. Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот / Б.Камолиддинов. - Душанбе: Пойтахт, 2015. - 102 с.
  3. 5.Лоиқ Ш. Шиносномаи миллат // Дарси хештаншиносӣ. Душанбе, 1989. - С. 20-28.
  4. 6.Маъсумӣ Н. Забон ва услуби Аҳмади Дониш. - Душанбе: Дониш, 1976. - 75 с.
  5. 7.Муродов М. Саҳми Айнӣ дар пешрафти матбуот / М.Муродов // Назаре ба публитсистикаи устод Айнӣ. -

Душанбе, 2018. - С. 64-71

  1. 8.Норматов М. Муқаддимаи забоншиносӣ / М.Норматов. - Душанбе: Матбуот, 2011. - 252 с.
  2. 9.Фарҳанги забони тоҷикӣ. - М.: Саветская энциклопедия, 1969. - Ҷ.1‐2. 952 с.; - 949 с.

10. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ.-Душанбе, 2010. - Ҷ.1. - 949 с.; - Ҷ.2. - 944 с.

11. Шакурӣ М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. - Душанбе: Ирфон, 2005. - 400 с.

12. Шакурӣ М. Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст // Дарси хештаншиносӣ. - Душанбе, 1989. - С. 3-19.

 

Шодиев Б.Ғ.

дотсенти кафедраи

услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ