SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

medgram

Ҷаҳони имрӯзаро бидуни медиа – васоити ахбори омма тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маъмулан ба ин рӯзнома, маҷалла, телевизион, радио, филм, расм, мусиқӣ, китоб, реклама ва интернет дохил мешаванд. Имрӯз медиа яке аз соҳаи муҳим дар зиндагии мардуми олам гаштааст.

 

 

Хондани рӯзнома, китоб, тамошои филм, гӯш кардани мусиқӣ ва огоҳ шудан аз хабарҳои ҷаҳон акнун ба воситаи интернет сурат мегирад, ки аксарияти одамон ба он дастрасӣ доранд. Ба туфайли интернет воситаи электронии иртибот давра ба давра рушд меёбад. Иттилоъ бо тамоми суръат аз тариқи онҳо паҳн мешавад. Агар дар даҳсолаи гузашта паҳнкунандаи иттилоъ асосан рӯзноманигорони касбӣ бошанд, ҳоло ҳар нафаре, ки дар даст телефону компютер ва дастрасӣ ба интернет дорад, иттилоъ пахш мекунад.

Интернет ба зиндагии мардум ворид гашта, қариб ҳама қишри ҷомеа аз он истифода мебаранд. Тамоми мушкилот аз ҳамин ҷо оғоз мегардад. Агар рӯзноманигории касбӣ аз замона пештар қадам наниҳад, ба роҳи дуруст равона кардани самти ташаккули афкори омма ғайриимкон мегардад. Рисолати рӯзноманигор дар замони имрӯза сари вақт расонидани иттилои дуруст ва созанда аст. Маҳорати дуруст ба роҳ мондани ҷараёни иттилоъ ва сари вақт расонидани он ба донистани истифодаи техника ва технологияи муосир сахт вобастагӣ дорад.

Дар асри ХХI рушди ҳама ҷанбаҳои ҷомеа бидуни медиа тасаввурнокарданист. Аз солҳои 60-уми асри гузашта сар карда, дар илми педагогикаи кишварҳои пешрафта ҷараёни махсусе бо номи “Саводи расонаӣ” (media education) ташкил шуд, ки барои кӯмак расонидан ба талабагон ва донишҷӯён равона шуда буд, то бештар ва беҳтар ба фарҳанги медиа мутобиқ шаванд, забони васоити ахбори оммаро аз худ кунанд ва матнҳои расонаиро таҳлилу баррасӣ карда тавонанд. Солҳои 90-уми асри ХХ омӯзиши саводнокии расонаӣ дар ҳамаи мактабҳои Канада ва Австралия ҳамчун компоненти таълимӣ ҷой дода шуд. Саводи расонаӣ ё медиаомӯзиш дар мактабҳои Британияи Кабир дар ҳамгироӣ бо фанни забони модариашон омӯзонда мешавад, ки ҳамасола 25 ҳазор талабагони синфҳои болоӣ ва 8 ҳазор донишҷӯ фанни медиаомӯзишро барои супоридани имтиҳони ҷамъбастӣ интихоб мекунанд.

Медиаомӯзиш (media education) ҳамзамон бо фаҳмиши усули таҳияи матни журналистӣ, эҷод ва паҳн кардани он, рушди тавоноии таҳлилгарӣ, шарҳ ва баҳогузории муҳтавои онҳо алоқамандӣ дорад.

Агар омӯзиши медиа (media studies) пеш аз ҳама бо кори амалӣ доир ба сохтани матни журналистӣ воастагӣ дошта бошад, саводи расонаӣ ба омӯхтани медиа барои расидан ба мақсадҳои медиасаводнокӣ равона шудааст (media literacy)».

Инсони саводи расонаӣ дошта, қобилияти пешрафтаи дарк, таҳлил, баҳогузорӣ ва сохтани матнҳои журналистиро бо назардошти фарҳанги иҷтимоӣ, сиёсӣ, нақши медиа дар ҷаҳони муосир доро аст. Зиндагии чунин шахс дар ҷомеа ва дунё вобаста ба масъулияти шаҳрвандиаш аст.    

 

         Медиаомӯзиш дар ҷаҳони муосир ҳамчун раванди рушди шахсият бо ёрии маводи васоити оммаи коммуникативӣ (медиа) бо мақсади ташаккули фарҳанги муошират бо медиа, эҷод, қобилиятҳои коммуникативӣ, тафаккури интиқодӣ, тавонистани дарки ҳамаҷониба, тафсир, таҳлил ва баҳогузории матни журналистӣ, омӯзиши шаклҳои мухталифи изҳори назар бо ёрии техникаи расонаӣ баррасӣ карда мешавад.  

Саводи расонаӣ ба инсон барои истифодаи фаъолонаи имкониятҳои майдони иттилоотӣ, аз қабили телевизион, радио, матбуот ва интернет ёрӣ мерасонад.

Медиаомӯзишро метавон ба самтҳои чунини асосӣ ҷудо намуд:

  1. 1)Медиаомӯзиши ихтисосмандони оянда дар соҳаи матбуот, радио, телевизион, синамо ва интернет – рӯзноманигорон, муҳаррирон, коргардонон, продюсерҳо, ҳунармандони театру кино, операторҳо ва ғайраҳо;

2) Медиаомӯзиши педагогҳои оянда дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои педагогӣ дар ҷараёни курси такмили ихтисос тавассути ташкили курсҳо оид ба фарҳанги расонаӣ;

  1. 3)Медиаомӯзиш ҳамчун ҷузъи умумии таълимии талабагон ва донишҷӯёни макотиби миёна, миёнаи махсус, макотиби олӣ, ки дар навбати худ метавонанд ба таври анъанавӣ ё худмухтор ҳамгиро бошанд (махсус, факултативӣ, маҳфил ва ғайра).

4) Медиаомӯзиш дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва марказҳои фароғатӣ (хонаҳои фарҳангӣ, марказҳои берун аз корҳои мактабӣ, таълимгоҳҳои эстетикию бадеӣ ва ғайра);

5) Медиаомӯзиши фосилавии мактаббачагон, донишҷӯён ва калонсолон тавассути матбуот, телевизион, радио, интернет ва DVD;

6) Омӯзиши мустақилонаи бефосила (пай дар пай) дар давоми умри инсон.

Медиаомӯзиш натанҳо ба педагогика ва тарбияи бадеӣ алоқамандӣ дорад, инчунин бо соҳаи дониши гуманитарӣ аз қабили санъатшиносӣ (синамошиносӣ, адабиётшиносӣ, театршиносӣ), фарҳангшиносӣ, таърих (таърихи фарҳанги бадеии ҷаҳонӣ ва санъат), равоншиносӣ (психологияи санъат, дарки бадеӣ ва эҷод) ва ғайра алоқамандии зич дорад.  

Дар ҷавоб ба эҳтиёҷоти педагогикаи муосир барои рушди шахсият медиаомӯзиш маҷмуи методҳо ва шакли гузаронидани дарсҳоро бо хонандагон васеътар мекунад.

Омӯзиши маҷмӯии матбуот, телевизион, видео, синамогарӣ, интернет, олами маҷозии компютер (амалан ҳамаи васоити оммаи коммуникативии анъанавӣ) барои ислоҳи норасоиҳои мавҷудаи низоми таълим, ки омӯзиши адабиёт, фарҳанг, ҳунар, синаморо аз ҳам ҷудо пешниҳод мекунад, мусоидат менамояд.

Маълум аст, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ муносибати одамон ба таълим бештар характери прагматикӣ мегирад. Масалан, таҳсилоти олӣ дар самти “гароиш ба арзишҳои ҷаҳонӣ” аллакай чун сарчашма барои арзишҳои бунёдии илмӣ замина намегузорад. «Мизоҷон»-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ онро танҳо ба хотири барои истифодаи “маҳсулот” мувофиқ буданаш ҷонибдорӣ менамоянд, яъне барои расидан ба ҳадафҳо кӯшиши камтар харҷ карда шавад; аз нигоҳи иқтисодӣ вазнин набошад, аммо самаранок бошад, муъҷаз будани барномаи таълим, мутаҳаррик будани донишҷӯ / омӯзгор дар донишгоҳҳо / кишварҳои гуногун, татбиқи минбаъдаи донишҳо дар соҳаҳои истеҳсолот .

Стандартикунонии низомҳои маориф дар кишварҳои гуногун (мисоли равшан сиёсати имрӯзаи Иттиҳоди Аврупо ва матни системаи балонӣ), ки бунёдашро татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ташкил медиҳанд.

         Дар шароити кунунӣ тамоюле ба мушоҳида мерасад, ки дар барномаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ таваҷҷӯҳи бештар ба мутобиқшавӣ барои талаботи бозори меҳнат равона карда мешавад. Муваффақияти мутахассиси имрӯза ба он вобастагӣ дорад, ки то кадом андоза ӯ қобилияти худомӯзӣ ва худтакмилдиҳӣ дорад.

Дар баробари ин, донишҷӯи имрӯза аз муассисаи таҳсилот на танҳо талаби ҳуҷҷати расмӣ аз хатми донишгоҳро талаб мекунад, балки ӯ бештар ба такмили дониш, малакаву маҳорат ва рушди тафаккури интиқодиаш ниёз дорад. Аммо бисёр вақт чунин мешавад, ки донишҷӯён ва хонандагони боистеъдод дар вазъи буҳронӣ қарор мегиранд. Махсусан дар вақте ки ҳаҷми зиёди иттилоъ ба онҷо расонида мешавад, аммо роҳи ҳалли мушкилот нофаҳмо боқӣ мемонад.

Таҳқиқоти зиёди сотсиологӣ исбот кардаанд, ки қисми зиёди омӯзгорон дар дарсҳои худ аз воситаҳои техникӣ истифода намебаранд. Методҳои таълим аз нигоҳи технологӣ аз донишомӯзон қафо мемонад. Баъзе омӯзгорон аз компютер, интернет истифода карда наметавонанд, иттилои навро аз шабакаҳои интернетӣ ҷуста наметавонанд. Маҳз дар ҳамин шароит зарурати саводи иттилоотӣ ва расонаӣ барои омӯзгорону донишҷӯён ва ҳатто хонандагони мактабҳои миёна зарур аст.

 

Адабиёт

  1. 1.Селевко Г.К., Селевко А.Г. Социальное воспитание средствами массовой информации и коммуникации//Школьные технологии. – 2002. - № 3. – С.109-120.
  2. 2.Усов Ю.Н. Медиаобразование. Программа для учащихся 10-11 класса общеобразовательной школы//Основы экранной культуры. Цикл программ/Рук.Ю.Н.Усов. – М., 1998. – С. 55-59.
  3. 3.Федоров А.В. Медиаобразование и медиаграмотность. Таганрог: Изд-во Кучма, 2004. 340 c.
  4. 4.Федоров А.В. Медиаобразование в педагогических вузах. Таганрог: Изд-во Кучма, 2003. – 124 с.
  5. 5.Федоров А.В. Медиаобразование: история, теория и методика. – Ростов: Изд-во ЦВВР, 2001. – 708 с
  6. 6.Федоров А.В. Медиаобразование будущих педагогов. - Таганрог: Изд-во Кучма, 2005. -   314 c.
  7. 7.Hart, A. (1997). Textual Pleasures and Moral Dillemmas: Teaching Media Literacy in England. In: Kubey, R. (Ed.) Media Literacy in the Information Age. New Brunswick (U.S.A.) and London (UK): Transaction Publishers, pp.199-211.

 

 

Сафаров Ҳ.О. – н.и.ф., дотсенти кафедраи

услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.