НИГОҲИ ТОЗАИ ИЛМӢ БА ПУБЛИТСИСТИКА

(дар ҳошияи мақолаи профессор М. Муродов «Баъзе масъалаҳои назарӣ ва амалии шинохти публитсистикаи муосир» // «Осор». – Душанбе: Аржанг, 2019. – Ҷ. VI. – С. 217-287)

Картинки по запросу "научная статья"

Эҷоди публитсистӣ ҳамчун фаъолияти ҷамъиятию сиёсие тасаввур мешавад, ки вазифаи он на танҳо ба таври густурда иттилоъ додан, тарбияи идеологии хонандаву шунаванда ва бинандагон, балки фаъолгардонии иҷтимоии онҳо низ ба ҳисоб меравад.

 

 

Маҳз бо ҳамин роҳ публитсистика барои ба таври фаврӣ ба танзим даровардани механизми иҷтимоӣ мусоидат намуда, барои қонеъ гардондани талаботҳои афзояндаи ҷамъият роҳҳои кӯтоҳтаринро ва афзалиятнокро нишон медиҳад.

Публитсистика ҷинси адабиёту журналистика доир ба фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ буда, шуури ҷамъиятиро инъикос менамояд ва ба шуури ҷамъиятӣ ҳадафмандона таъсир мерасонад. Вазифаи он таҳқиқи фавриву амиқ ва воқеии ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъсир расондан ба аудитория мебошад. Вобаста ба жанр, таъйинот, ғояи адабӣ ва услуби эҷодии муаллиф дар асари публитсистӣ воситаҳои маъниофар ё образофари ифодаи фикр, тавъамиву мувофиқати онҳо, воситаҳои таъсири мантиқию эҳсосӣ ба кор бурда мешаванд.

Дар илмҳои адбиётшиносӣ ва журналистика доир ба хусусият, вазифаҳо ва таъсири публитсистика ба ҷомеа тадқиқотҳои зиёд ба анҷом расонда шудаанд, аммо метавон гуфт, ки дар тадқиқоти ба тозагӣ анҷомдодаи муҳаққиқи чирадасти соҳаи журналистика, доктори илмҳои филология, профессор М. Муродов «Баъзе масъалаҳои назарӣ ва амалии шинохти публитсистикаи муосир» публитсистикаи замони муосир аз диди нав мавриди тадқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Пажӯҳиши мазкур дар бахши «Публитсистикашиносӣ»-и ҷилди шашуми силсиламаҷмӯаи «Осор»-и ПИТФИ, ки ба тозагӣ ба табъ расид, ҷой дода шуда, аз се қисм ва хулоса иборат аст ва худ ба худ як асари мукаммали илмиро ташкил медиҳад. Дар он дар баробари масъалаҳои назарии шинохти публитсистикаи бадеии муосир ба вижагиҳои интихоби мавзӯъ ва қаҳрамон, тасвири инсони бунёдкор дар эҷодиёти адибону публитситони алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.

Қисми аввали пажӯҳиш хусусияти муқаддимотӣ дошта, дар он роҷеъ ба паҳлуҳои назарии шинохти публитситика сухан меравад. Дар иртибот ба нақши публитсистика дар шароити рушду инкишофи техникаву технология, омӯзишу баррасии омилҳои назариявию таърихии инкишофи публитсистика ва таҳили воқеиияти имрӯза таъкид карда мешавад, ки табиати публитсистика вобаста ба шароити ҳар давру замон дигаргун мешвад, тағйир меёбад, аммо он аз байн намеравад. Воқеӣ будани мавзӯъ ва бо факт асоснок кардани он, образнокии сухан, оҳангҳои иҷтимоӣ ва мавқеъгириҳои донистаи сиёсӣ аз ҷумлаи хусусиятҳо, тарғиби ғояҳои пешқадам ва таъсири бевоста расондан ба афкори омма таъйиноти публитсистика дониста мешавад. Дар шароити рушди Интернет нақши публитситика барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, дар бедории эҷҳоси иҷтимоии мардум, баланд гардидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи ободкориву созандагӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар қисми дуюми мақола ба анъанаи чеҳраофаринӣ дар публитсистикаи то замони истиқлол таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Таъкид кара мешавад, ки тасвири чеҳраи инсони кор дар публитсистика аз солҳои сиюми асри гузашта ибтидо мегирад. Рӯзноманигорону публитсистони ҷавон ба қадри тавони хеш қӯшиш ба харҷ додаанд, ҷараёни ободкориҳои замон ва нақши инсонҳои алоҳидаро дар ин ҷараён нишон диҳанд. Зимни муқоисаи силсилаи мақолаву очеркҳои Мирсаид Миршакар, Абдулғанӣ Мирзоев, Алии Хуш ва дигарон, ки дар матбуоти даврии солҳои сиюм ба табъ расидаанд, муаллиф таъкид медорад, ки дар асарҳои ин публитсистон дар баробари ҷараёни корҳои созандагӣ, нақши инсонҳои алоҳида низ дар пешрафти корҳои ободониву созандагӣ нишон дода шудааст. Муаллифон дар баробари муносибати нав ба меҳнат, ба хислату характер, рӯҳияи созанда ва дараҷаи маърифати қаҳрамонон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар матбуоти охири солҳои 50-ум ва солҳои 60-уму 70-уми асри ХХ аз нигоҳи публитсистӣ ҷилои нав пайдо кардани таҷассуми чеҳраи инсони кор ба таҳаввули жанри очерк дар ин солҳо марбут дониста мешавад, ки дар ин самт нақши насли нави публитсистон, ба монанди Мутеулло Наҷмиддинов, Аъзам Сидқӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ибод Файзуллоев, Шодон Ҳаниф, Бахтиёр Муртазоев, Нур Табаров, Иноят Насриддин, Ато Ҳамдам ва дигарон муҳим арзёбӣ мегардад. Таъкид карда мешавад, ки аксари публитсистон дар тасвири чеҳраи инсонҳои кор ба муваффақиятҳо ноил гардида бошанд ҳам, баъзан ба фаъолияти онҳо берун аз арсаи меҳнат таваҷҷуҳ зоҳир нагардидааст, ки ин аз сатҳӣ назар кардани муаллифон ба масъала дарак медиҳад. Бо вуҷуди ин образҳои тасвирнамудаи публитсистон тимсоли ҳақиқати воқеӣ буда, барои ташаккули минбаъдаи чеҳраофаринӣ дар публитсистика анъанаи хосро ба вуҷуд овардааст.

Қисми сеюми мақола «Баъзе вижагиҳои публитсистикаи бадеии замони муосир»унвон дорад. Муаллиф дар ин қисм зимни баррасии осори бадеии замони истиқлол дар оҳанги публитсистӣ тасвир ёфтани воқеияти иҷтимоии замонро таъкид менамояд. Масалан, дар осори назмию насрии аксари адибони замони имрӯза унсурҳои публитсистиро мушоҳида кардан мумкин аст, ки инро ҳаргиз ба камҳунарӣ ё завқу салиқаи пасти эҷодкор нисбат додан нашояд, зеро, аз як тараф, эҷодкор низ аз равандҳои ҷомеа дар канор буда наметавонад, аз тарафи дигар, масъулияти шаҳрвандиву мавқеи иҷтимоӣ ӯро водор менамояд, ки нисбат ба ҳодисаҳои замони худ бетараф набошад. Муаллиф ҳамчун намуна асарҳои «Нақби Истиқлол»-и Бахтиёр Муртазоев, «Сангрезаҳои Сангтӯда»-и Ҳанифаи Муҳаммадохир, «Достони Роғун» ва «Мардистон»-и Шералӣ Мӯсоро ба ҳам муқоиса намуда, дар натиҷаи омӯзишу таҳлил ва муқоисаи асарҳои публитсистии нависандагону эҷодкорон ба чунин натиҷа мерасад, ки шароити имрӯза тақозо мекунад, ки бисёр адибон публитсистика рӯ оранд, зеро публитсистика рӯҳияи давру замонро ифода намуда, дар инъикоси масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа афзалияти бештар дорад. Хусусияти мавсимӣ касб намудани баъзе очеркҳо ва дар арафаи солгарду ҷашнҳои мавлуди шахсони алоҳида ба табъ расидани онҳо, ба ҷойи тасвири лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти воқеӣ аз усули нақл истифода бурдан аз камҳавсалагии муаллифон дониста мешавад, ки барои ворид гардидан ба ҷаҳони ботинии қаҳрамон имкон фароҳам намеорад. Рисолати тарбиявии публитсистика махсус таъкид карда шуда, дар ин самт аз эътибори аҳли қалам дур мондани публитсистикаи ҳаҷвӣ ва ба таври зарурӣ истифода накардан аз имконоти таъсирбахши жанрҳои публитсистикаи ҳаҷвӣ бо таассуф ёдрас мегардад.

Дар натиҷаи омӯзишу баррасӣ муаллиф ба чунин хулоса мерасад, ки публитсистикаи имрӯза то ҳанӯз тамоми воқеаҳои муҳими ҳаётро дар бар нагирифтааст ва дар инъикоси тамоми рӯйдодҳои ҳаёти ҷомеа низ аз имкониятҳои публитсистика ба таври пурра истифода бурда намешавад. Эҳёву гиромидошти фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, мубориза ба муқобили бегонапарастиву ифротгароӣ, тарғиби анъанаву суннатҳои мардумӣ, зарурати муҳоҷирати меҳнатӣ ва нигоҳ доштани асолату ҳуввияти миллӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳиме дониста мешаванд, ки бояд дар асарҳои публитсистии мавриди инъикосу баррасӣ қарор дода шаванд.

Албатта, дар доираи як асар ё як мақола тамоми масъалаҳои вобаста публитситикаи муосирро матраҳ кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки мақолаи «Баъзе масъалаҳои назарӣ ва амалии шинохти публитсистикаи муосир»-и профессор М. Муродов барои таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи публитсистикаи муосир заминаи воқеӣ фароҳам оварда, барои анҷом додани тадқиқотҳои густурда дар ин самт роҳ мекушояд.

 

Меҳроб Ҷумъаев

докторанти кафедраи 

услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ