ocherk

     Асадулло Саъдуллоев дар баробари журналист буданаш инчунин адабиётшиноси маъруф низ аст. ӯ дар эҷоди асарҳои публитсистию бадеӣ мақоми хос дошт. Асарҳои офаридаи профессор А. Саъдуллоев мавзӯъҳои гуногуни ҳаётро фаро мегирад. Аз ҷумла сиёсат, фарҳанг, иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва ғайраҳо.

 

 

       Қаҳрамонҳои офаридаи ӯ низ аз майдонҳои набарди зиндагӣ интихоб шудаанд. Қаҳрамонҳои асарҳои офаридаи профессор А. Саъдуллоев бо кору амал ва хислатҳои некашон ба атрофиён намунаанд. Онҳо дар ободии деҳаву кишварашон, дар ташкили хоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани ҳосили меҳнат,обёркунӣ, пайваста талош меварзанд. Дар бунёди каналу ГЭС- ҳо аз ҷумла ГЭС-и азими Норак, Роғун ва Бойғозӣ меҳнат намуда, саҳмашонро гузоштаанд.

       Профессор А. Саъдуллоев ба воситаи бадеият ва дар асоси образҳо, саҳнаҳои воқеӣ масъалаҳоеро мавриди таҳлил мегирифт, ки баёнгари авзоъи рӯз буд. Ин муваффақияти муаллиф аз он дарак медиҳад, ки дар таҳлилу баррасии вазъи рӯз мавқеи муаллиф назаррас аст.

       Дар адабиётшиносиву публитсистика ин мавқеъро бештар бо унвони «ман»-и муаллиф мешиносанд ва дар саҳнаҳову баёнҳои бадеӣ ҳамчун як ҷанбаи баҳогузорӣ нисбати авзоъи иҷтимоӣ медонанд.

       Ба қалами профессор А. Саъдуллоев очерку эссе ва мақолаҳои зиёди публитсистиву илмӣ рост меояд. Профессор А. Саъдуллоев аз ҳама зиёд дар жанри очерку эссе эҷод менамуд. Ин ду жанрро профессор А. Саъдуллоев бо тамоми ҳусну қубҳашон омӯхта буданд. Ҳатто, профессор А. Саъдуллоевро очеркист низ гӯем хато намекунем. Дар баробари навиштани очерк, инчунин ба очеркҳои дигар адибон низ нақд менавиштанду баҳо медоданд. Аз ҷумла ба очеркҳои А. Самад, К. Мирзоев, С. Турсун, М. Наҷмиддинов, Ф. Муҳаммадиев ва ғайраҳо.

       Адабиётшинос М. Солеҳов дар хусуси устод А. Саъдуллоев чунин андеша дорад: «Профессор А. Саъдуллоев дар эҷоди осори бадеъ низ саҳм дорад, хусусан дар эҷоди осори ёддоштӣ, саргузашти сафарӣ, хотироти хеле қавипанҷа буда, дар ҷузъиёти ифода нодиркориҳо дорад. Ба ин осори таълифнамудаи устод А. Саъдуллоев метавон чанд номгӯи онро зикр намуд: «Дарё равон аст», «Бозсозӣ оини худсозӣ», «Бомдоди шубоб», «Дил ба ёдгор» ва ғайра»[1,76].

          Дар очерки «Дарё равон аст» муаллиф ба масъалаи ҳамвор кардани порчаҳои замини соҳили дарё рӯ меорад, ки ин ҳам бошад ба фасли сармо рост омадааст: «Зарра- заре барф меомад, зарачаҳои барф печу тобхӯрон давр мезад, рӯи дарё афтода тӯъмаи он мешуд» [c.52] .

       Муаллифи очерк хати сужаи очеркро бо боридани барф ва шамоли шадид чунон ба риштаи тасвир кашидааст, ки дар назари хонанда ин манзара пурра намоён мешавад. Ҷойи дигар мегӯяд : «Аллакай сабзаҳоро барф пӯшонда буд. Абдуназар лаб - лаби дарё роҳ гирифт. Дарё ноором буд. Лаппишхӯрон соҳилро мелесид, аз навдаҳои буттаҳо дошта мекашид, онҳоро бо худ бурданӣ буд. Зӯраш намерасид, буттаҳо як худро ба оғӯши об мезаданду ларзон - ларзон рост мешуданд» [2,52] .

       Муаллиф А.Саъдуллоев лаҳзаҳои ноороми дарёро яъне саҳнаи ба об ғуттавар шудани навдаҳои буттаро нозукона ва бо обуранги бадеӣ тасвир намудааст, ки ин тавсифу тасвири дарё хонандаро ба дарки олами равонии қаҳрамони асар даъват менамояд. Ин аз маҳорати баланди лаҳзаофарии муаллифи очерк дарак медиҳад. Бояд гуфт,ки маллиф А. Саъдуллоев дар партави ҳар як очерки навиштааш ба оҳанги иҷтимоӣ ҳамон давру замон рӯ меорад: «Замини ҳозираатро ба кӣ медиҳӣ. Ё ин табелчиатро ҳам мисли ман бригадир кардании?»[2,57]. Яъне аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳирси бухлу бахилӣ ва мансабталошӣ дар ҳама давру замон пойдор буд. Қаҳрамони марказии очерки «Дарё равон аст» Абуназар тракторчӣ шуда, кор мекард: «Абдуназар оҳиста - оҳиста тракторро ба соҳил наздик овард, бели азамати онро фаровард. «Мегирем» - ин калима ҳанӯз дар гӯшаш садо медод»[2,53]. Ҳамчунин образҳои дигари очерк Боймаҳмад, Абдулҳаким, Муроди табелчӣ, Сангаҳмад Бекназаров, Ислом ва ғайраҳо. Дар кишту кори пахта ва ҳамвор кардани заминҳои обшуста ба Абдуназар, ки дар баробари тракторчӣ буданаш, инчунин вазифаи коргузориро низ бар душ дошт, кӯмак мерасониданд. Дар ҳашари умумӣ, баҳри ҳамвор кардани заминҳои назди соҳил, ки пур аз лою сангрезаҳо шуда, сади мавҷи дарёро баста буд, даъват мекунад. Бо оғози чунин саҳнаҳо муаллиф диққати хонандаро ба чанд ҷабҳа ҷалб менамояд. Дар навбати аввал Абдуназарро ҳамчун як инсони хоксору самимӣ ва дар кору фаъолияти колхоз пешқадам муаррифӣ мекунад. Баъдан муаллиф бо хислату рафтори қаҳрамонаш хуб огаҳ аст: «Абдуназар аз ҷазирае ба ҷазирае гузашта, чун коргузор ба механизаторон панд медод. Ба назди аъзоёни бригадаи Абдулҳаким Абдукаримов рафта, барои ёриашон миннатдорӣ изҳор менамуд»[2, 60].

       Муҳаққиқ А. Саъдуллоев дар осори эҷодкардаи худ, ҳамеша масъулону вазифадоронро ба хоксориву якдигарфаҳмӣ даъват менамояд.

       Муаллиф ҳеҷ гоҳ кибру ғурур ва худписандиро дар симои қаҳрамононаш намеписандад. Муҳаққиқ А. Саъдуллоев дар ҳар як асари хурду бузурги офаридааш ба банду баст ва бадияти он аҳамияти вижа медиҳад. Махсусан дар очерки «Дарё равон аст» хуб диққат диҳем маълум мегардад, ки муаллиф бо суханҳои содаву фаҳмои бадеӣ муҳиту фазои солҳои бунёдкориву обёркунии колхози Горкийро ба қалам додааст. Муаллиф то лаҳзаи охири очерки «Дарё равон аст» масъалаи обёркунӣ ва кишти пахтаи махинахро, ки бо обмонии кӯтоҳ ба роҳ монда мешавад ба баҳс мекашад: «Абдуназар инчунин аз таҷриба медонист, ки пахтаи маҳиннахро ҳам бо мошин чидан мумкин, барои ин шпинделҳоро то ба 17- 18 сантиметр расонда, ҳангоми парвариш обмонии кӯтоҳро ба роҳ монда, ҳосили навдаҳои поёниро барвақтар дастӣ чиндан лозим»[2,59].

       Қаҳрамони марказии очерк Абдуназар хислатҳо ва сифатҳои хуби омӯзандагӣ дорад. Аммо дар нисбати Боймаҳмад, Абдулҳаким, Мурод, Ислом муаллиф ин хислатҳоро баҳодиҳӣ карда наметавонад. Муаллиф ба ҷиҳатҳои дигари характери қаҳрамонаш диққат дода, аз ҷумла аз ӯҳдаи ҳамаи кор ба хубӣ баромаданашро боиси ифтихор медонад: «Гарав мебандем,- Абдуназар дастони шахшӯли дӯсташро фишурд. Аз хусуси пахтаи сафед ҳам чунин мегуфтанд. Имрӯз ҳама онро бо мошин чинданӣ. Бо маҳиннах ҳам ҳамин хел мешавад. Ана мебинӣ»[2,61].  Яъне дар қавлу амал устувор будани Абдуназар бригадаро боз ҳам ба кор дилгарм менамояд. Муаллиф ба он муваффақ аст, ки дар қиёси авзоъи замон ва мушкилоти он бетафовут нест.

       Бахусус дар ин очерк низ муаллиф ба услуби хоси худ такя намуда, оғозу анҷоми ин очеркро бо саҳнаи оддиву ҷолиб тасвир менамояд: «Дарё шав-шавкунон бо роҳи худ равон буд. Соҳил мелесид, мисли андешаи ду саркор, ки ба мавҷҳо менигаристанду дар сар фикрҳои аҷибе доштанд, ӯ низ роҳи дурру дарозеро тай карданӣ буд. Садои хандаю шӯхиҳои механизаторон хомӯширо халалдор менамуд. Овози «шулуп-шулуп» ба дарё афтидани сангрезаҳоро дигар касе намешунид»[2,61].

       Бо чунин тасвири зебои лаҳзаҳо устод А. Саъдуллоев ба очерки «Дарё равон аст» ҳусни анҷом мебахшад. Маврид ба зикр аст, ки васфи об дар якчанд очерку мақолаҳои А. Саъдуллоев таҷассум ёфтааст, аз ҷумла дар очерки «Дарё равон аст», «Бозори андешаҳо», «Расми мактаб», «Кузьма ва фарзандони ӯ» ва ғайраҳо.

       Аз таҳлили очерки мазкур ба хулосае омадем, ки воқеан ҳам ҳар як асару очерки эҷоднамудаи муҳаққиқ А. Саъдуллоев дар партави мавзӯъҳои доғи рӯз навишта шудаанд. Вижагии дигари эҷодиёти А. Саъдуллоев дар он аст, ки мавзӯъҳои матраҳнамудаи ӯ хусусияти кӯҳнашавӣ қариб ки надоранд. Ҳамавақт ба дарди ҷомеа дархӯранд.

 

Адабиёт:

 

  1. 1.Гавҳаршинос (Очерки ҳаёт ва фаъолияти доктори илми филология, профессор Асадулло Саъдуллоев). - Душанбе: Адиб, 2001. - 137 с.
  2. 2.Саъдуллоев А. Дарё равон аст. - Душанбе: Ирфон, 1985. - 144 с.
  3. 3.Саъдуллоев А, Шоев Э. Бозсозӣ – оини худсозӣ. - Душанбе, 1990.-
  4. 4.Саъдуллоев А. Агар сухан коргар шавад. - Душанбе: Адиб, 1992.-144 с.
  5. 5.Садуллоев А. Горизонты публицистики. – Душанбе, 2009. – 306 с.
  6. 6.Саъдуллоев А. Хосияти адабиёт. – Душанбе, 2000. – 256 с.
  7. 7.Саъдуллоев А. Рангҳои зиндагӣ. – Душанбе, 2007. – 344 с.

Сироҷова Н. Р.- ассистенти кафедраи

телевизион ва радиошунавонии

факултети журналистикаи ДМТ