ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ РЎЗНОМАҲОИ ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

Қаландаров С.Д.

argaz

Имрӯз таваҷҷуҳи олами араб ба Тоҷикистон зиёд шуда истодааст. Муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои араб, махсусан бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) дар контексти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад. Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо ин кишвар бо назардошти баъзе вижагиҳои низоми ин давлат ва манфиатҳои миллию давлатии худ анҷом медиҳад. ШАС аввалин кишвари арабие мебошад, ки 11 – уми январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва 22 – юми феврали соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд [3,18].

 

 

Ҳамчунин ШАС аз байни кишварҳои араб (22–то) аввалин шуда, моҳи январи соли 2010 сафорати худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард. Қаблан моҳи сентябри соли 2008 сафорати Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар ба фаъолият шурўъ карда буд [4,77]. Айни ҳол ба ҳайси Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШАС Заробиддин Қосимӣ ва Сафири фавқулода ва мухтори  ШАС дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Албодӣ фаъолият доранд.

          Қобили зикр аст, ки аз давраи соҳибистиқлолӣ Президенти Тоҷикистон 4 маротиба, аз ҷумла 3 маротиба бо сафари расмӣ (30 июн - 2 июли соли 1997; 8-10 декабри соли 2001; 2-5 январи 2016) ва як маротиба ҷиҳати иштирок дар нишасти ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (5-8 декабри 2005) аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дидан кардааст. Дар рафти ин сафарҳо мулоқоту музокирот бо Шоҳи Арабистони Саудӣ ва дигар шахсони воломақоми он кишвар доир гардиданд. Заминаи қарордодиву аҳдномавии муносибатҳои байни ду кишварро 11 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад [2,1]. Мақом ва манзалати ШАС дар байни кишварҳои араб ва пешрафти ҷомеаи олами мусулмон муассир аст. Бино ва истифода аз имконоти фаровони иқтисодӣ ва сармоягузориҳои ин кишвар ба рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон сабаб хоҳад шуд.

Дар инъикоси дурнамои муносибату ҳамкориҳо ва баррасии ҳаводису рўйдодҳои ин ду кишвар нақши сомонаҳои интернетии матбуоти даврӣ хеле муассир аст. Имрўз фазои иттилоотии арабӣ торафт доманаи васеъ пайдо намуда, дар баъзе ҳолатҳо дар рақобатҳои иттилоотӣ бо расонаҳои ѓарбӣ дар як сатҳ қарор гирифта истодааст.Бо забони арабӣ муаррифӣ гаштани Тоҷикистон дар олами араб аз паҳлўи мусбат иборат буда, нуфузи байналмилалии кишварамон ба шумор меравад, аммо аз чӣ тавр расонидани ахбор аз матбуоти даврӣ вобаста аст.  

Аз ин рў, тасмим гирифтем нақши сомонаҳои интернетии матбуоти даврии ШАС, аз ҷумла, маводи рўзномаҳои “Арриёз” (الرياض), “Алватан” (الوطن), “Уммулқуро (أم القرى ), “Алҷазира” (الجزيرة), “Алявма” (اليوم), “Алиқтисодия” (الاقتصادية), “Албилод” (البلاد), “Ашшарқулавсат” (الشرق الأوسط) ва “Акоз” (عكاظ)-ро роҷеъ ба ҳаводиси ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон мавриди таҳқиқу пажўҳиш қарор диҳем. Аз омўзиши маводи рўзномаҳо бармеояд, ки ин нашрияҳо ба ҳаёти мардуми мо таваҷҷуҳ доранд ва вобаста ба муносибату ҳамкориҳои дуҷониба, сафарҳои расмии Сарвари давлат ба кишварҳои араб, мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии дуҷониба ва рўйдоду ҳаводиси Тоҷикистон ахбор ба табъ расонидаанд. Матолиби нашршуда дар муаррифии Тоҷикистон ба олами араб нақши муҳим мебозад.

Қобили тазаккур аст, ки асоси низоми ВАО–и саудиро сохти давлатдории монархиявии он ташкил медиҳад. ВАО самти сиёсати шоҳаншоҳиро тарѓиб намуда, аз тарафи давлат (шоҳ) ва қарорҳои шоҳ назорат карда мешавад. ВАО бо розигии шоҳ таъсис дода шуда, моли ў ба ҳисоб меравад ва манфиату мавқеи онро ҳимоя мекунад [6,78]. Соҳибони матбуот ва дигар ВАО–и ѓайри давлатӣ низ шахсони наздики шоҳанд. Яке аз нишондиҳандаи муҳими хусусияти низоми ВАО-и саудӣ тамоюли динии (исломӣ) тамоми фаъолияти ВАО, яъне эҳтиром ва риояи ҳатмии қонунҳои шариати исломӣ мебошад. Мувофиқи қонуни асосии ШАС ВАО-ро лозим аст, ки ваҳдати миллиро дастгирӣ кунад [1,16].

Тибқи маълумоти пажўҳишгарони ВАО дар замони муосир вазъи озодии сухан дар ВАО-и ШАС мураккаб боқӣ мемонад. Ҳокимият рўзноманигороне, ки нисбати роҳбарони Шоҳигарӣ ва сулолаи ҳукмрон маводи танқидӣ менависанд, боздошт мекунад. Асарҳои нависандагон мавриди сензураи (назорат) сахт қарор дошта, дар баъзе ҳолатҳо мушкилии берун рафтани рўзноманигорони оппозитсионӣ аз қаламрави кишвар ба назар мерасад. Солҳои охир барои ибрози андеша дар шабакаҳои интернетӣ низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Махсусан барои танқиди намояндагони оилаи шоҳ ва табақаи рўҳониён ҷазои сахти ҷиноятӣ муайян шудааст. Даъват барои гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ ҳамчун маънои даъват ба дигаргун кардани низоми феълӣ дар ШАС дорад, ки метавонад асоси ҳабс гардад. Бештари шаҳрвандони Саудӣ ахборро аз ВАО-е, ки таҳти назорати ҳокимияти давлатӣ қарор дорад, мегиранд.  

Пеш аз он ки ба баррасии мақсади асосӣ гузарем, муаррифии мухтасари рўзномаҳои мавриди таҳқиқро ин ҷо зарур медонем.

«Уммулқуро» (أم القرى) аввалин нашрияи хафтаномаи расмии ШАС ба шумор рафта, онро асосгузори давлати Арабистони Саудӣ- шоҳ Абдулазиз оли Сауд ҳангоми ба шаҳри Макка омаданаш, соли 1924 (12 جمادى الأولى عام 1343هـ ) таъсис додааст. Шумораи якумаш низ худи ҳамон сол дар шаҳри Макка чоп шудааст. Аз соли 1945 инҷониб ҳамчун рўзномаи расмии Арабистони Саудӣ фаъолият дошта, асосан бо изҳорот, эъломия, маросими (паёмҳо) шоҳӣ, қарорҳои Шўрои вазирон ва баъзе ахбори маҳаллию байналмилалӣ маҳдуд мешавад [5,14].Дар рўзномаи мазкур роҷеъ ба Тоҷикистон асосан ахбори расмии сафарҳои ҳайати ҳукуматӣ, муносибатҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба нашр шуда, он вобаста баҳаводиси Тоҷикистон таваҷҷуҳ накардааст [2,2].

“Арриёз” (الرياض) – аввалин рўзномаи ҳаррўза бо забони арабӣ дар пойтахти ШАС аст. Шумораи якуми он 1-уми майи соли 1960 (/1/1385هـ1) бо шумораи маҳдуди саҳифа, баъдан бо 80-100 саҳифаи ҳаррўза (32 саҳифааш ранга) ва 140000 нусха дар дохил ва хориҷи мамлакат паҳн карда мешавад. Ҳаҷми фурўши солонаи рўзномаи “Арриёз” ба 80 млн. $ (мувофиқи буҷаи 20017) мерасад. Аудиторияи хонандагонаш зиёда аз 3 млн. нафар аст.

Сомонаи электронии “Арриёз” (alriyadh.com), ки аз соли 1998 инҷониб фаъолият дорад, яке аз намоёнтарин ва бузургтарин мавқеи иттилоотӣ дар шабакаи интернетӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳисоби миёна ҳар рўз 1,5 млн. нафар аз сомонаи электронӣ дидан мекунанд. Ҳамчунин рўзномаи “Арриёз” байни ташкилот ва муассисаҳои хайриявӣ барои ташаббусҳои инсондўстиаш эҳтироми хосро соҳиб аст. “Арриёз” аз аввалин рўзномаҳоест, ки ба масъалаи занон таваҷҷуҳ карда, соли 1980 шуъбаи занонаи матбуоти маҳаллиро кушод ва аввалин мудири таҳрир аз ҷинси занро (الدكتورة خيرية السقاف) дар муассисаи иттилоотӣ таъйин кард. Илова бар ин барои дохилшавии занон ба узвияти муассисаҳои давлатӣ кўмак мекунад.

Давоми солҳои 2017-2019 дар 163 мавод номи Тоҷикистон ёдоварӣ (дарҷ) гардидааст, ки ба соли 2017–43; 2018–89 ва 2019–31 матлаб рост меояд[2,3].

“Алҷазира” (الجزيرة) рўзномаи ҳаррўзаи саудӣ буда, аз ҷониби муассисаи иттилоотӣва нашри “Алҷазира” ба табъ мерасад. Қароргоҳаш шаҳри Арриёз мебошад. Шумораи аввалинаш ҳамчун маҷаллаи моҳнома моҳи апрели соли 1960 чоп шуд. Сипас шуруъ аз 30.06.1964 ҳамчун рўзномаи ҳафтаина ва аз 20.09.1972 чун рўзномаи ҳаррўза бо теъдоди 90 000 нусха ба табъ мерасад. Асосгузоронаш шайх Абдуллоҳ ибн Муҳаммад ибн Хамис ва Абдулазиз ибн Абдуллоҳ Аррабиъӣ мебошанд.Мувофиқи маълумоти Агентии байналмилалии «Ипсос» (إبسوسipsos) оид ба пажўҳиши бозор (қароргоҳаш дар Париж) «Алҷазира» серхонандатарин ва паҳнгаштарин рўзнома дар минтақаҳои Алқасим, Ҳоил, шаҳри Арриёз ва дуюмин дар саросари манотиқи Шоҳигарӣ ба ҳисоб меравад [2,4]. Ҳамчунин «Алҷазира» аввалин рўзномаи саудӣ дар шабакаи интернет мебошад, ки сомонааш аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад.

Давоми солҳои 2017-2019 дар бораи Тоҷикистон 65 мавод дарҷ кардааст, аз ҷумла дар соли 2017–25; 2018–26 ва 2019 – 14 [2,5].

“Алватан” (الوطن) - шумораи якуми рўзномаи ҳаррўзаи “Алватан” дар муассисаи табъу нашри “Асир” (عسير), ки Шоҳ Абдуллоҳ ибн Абдулазиз 8-уми майи соли 1998 дар шаҳри Абаҳо (ابها) санги асос гузошт, аз моҳи июли соли 2000 инҷониб ба табъ мерасад. Қароргоҳи асосии рўзномаи “Алватан” дар шаҳри Абаҳо буда, ҳамчунин дар шаҳрҳои Ҷидда, Арриёз ва Аддамом низ чоп мешавад. Соҳибаш шоҳзода Холид Файсал ибн Абдулазиз оли Сауд мебошад.

Давоми солҳои 2017-2019 дар 70 мавод номи Тоҷикистон ба назар расид, аз ҷумла соли 2017–22; 2018–30 ва соли 2019-18 мавод [2,6].

“Алявма” (اليوم ) рўзномаи ҳаррўзаи ШАС буда, шумораи аввалинаш 21.02.1965 (20 شوال 1384 هـ) дар аҳди шоҳ Файсал дар минтақаи Аддамом ба табъ расидааст. Нашрия дар аввал ҳамчун ҳафтанома ва аз 4.06.1971 ҳамчун рўзномаи ҳаррўза бо чил саҳифа чоп мешавад.Дар давоми се соли охир (2017-2019) дар 107 мавод номи Тоҷикистонро зикр кардааст. Аз ҷумла соли 2017 – 24; 2018 – 56 ва 2019 – 27 мавод[2,7].

“Алиқтисодия” (الاقتصادية) яке аз машҳуртарин ва муҳимтарин рўзномаҳои ҳаррўзаи иқтисодӣ на танҳо дар ШАС, балки дар Шарқи Миёна маҳсуб мешавад. Рўзнома 19-уми декабри соли 1992 таъсис ёфта, асосан ба хабарҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва таҳлилӣ бештар таваҷҷуҳ дорад. Айни ҳол «Алиқтисодия» ягона рўзномаи ҳаррўза дар мамлакат ба шумор меравад, ки ба ахбори молӣ ва тиҷоратӣ махсус нигаронида шудааст. Сомонаи интернетии рўзномааз соли 2008 инҷониб фаъолият дорад. Қобили тазаккур аст, ки мавод доир ба Тоҷикистон нисбат ба дигар рўзномаҳои саудӣ дар рўзномаи мазкур камшумор аст, давоми се соли охир (2017-2019) ҳамагӣ 6 матолиб, аз ҷумла 2 матлаб ба соли 2017, 3 матлаб ба соли 2018 ва як матлаб дар соли 2019рост меояд[2,8].

“Албилод” (البلاد) рўзномаи ҳаррўзаи саудӣ, ки дар аввал бо номи “Савти Ҳиҷоз” буд, шумораи аввалинаш 4.04.1932 (1350/11/27 هـ ) аз чоп баромад. Асосгузораш Шайх Муҳаммад Солеҳ Насиб мебошад. Сипас аз 4.03.1946 (1365/4/1 هـ ) таѓйири ном карда “Албилоду Ассауди” ва аз 26.01.1959 (1378/7/16 هـ) бо номи “Албилод” фаъолият дорад.

Дар давоми солҳои мавриди таҳқиқ (2017-1019) дар 95 мавод номи Тоҷикистонро зикр кардааст. Аз ҷумла соли 2017–33; 2018–40; ва соли 2019 – 22 мавод[2,9].

“Ашшарқулавсат” (الشرق الأوسط) рўзномаи арабии байналмилалӣ, ки намояндагии расмиаш дар Лондон қарор дорад, яке аз нашрияҳои машҳуртарини ҷаҳони араб маҳсуб мешавад. Ин рўзнома бо теъдоди зиёд дар шаҳрҳои Арриёз, Ҷидда, Қоҳира, Марокко, Хартум, Ромуллоҳ, Бейрут, Дубай, Франкфурт, Мадрид, Париж, Вашингтон, Тел-Абиб ва Лондон ба табъ мерасад. Нашрия соли 1977 таъсис ёфта, моликаш Туркӣ ибн Салмон оли Сауд (تركي بن سلمان آل سعود) мебошад. Нашрия дар қиёс бо дигар рўзномаҳои арабӣ роҷеъ ба масъалаи муборизаи арабу яҳуд (Исроил) мавқеи миёнаро (муътадил) пайравӣ мекунад.

Давоми се соли охир (2017-2019) номи Тоҷикистонро дар 134 мавод зикр кардааст. Аз ҷумла соли 2019–37; 2018–39 ва 2017–58[2,10].

“Алмадина” (المدينة)якеазаввалинрӯзномаҳоиАрабистони Саудӣмаҳсубёфта, соли 1937(1356 ҳиҷрӣ) устодон АлӣҲофиз ваУсмонҲофизтаъсисдодаанд. Дар шаҳрҳои Мадина ва Ҷидда ба табъ мерасад.

Давоми се соли охир (2017-2019) номи Тоҷикистонро дар 80 мавод зикр кардааст. Аз ҷумла соли 2019–19; 2018–36 ва 2017–25[2,11].

“Акоз” (عكاظ) яке аз рўзномаҳои машҳур ва қадимаи ШАС ба шумор рафта, шумораи аввалини он 17-уми октябри соли 1964 (11 جمادي الثانية 1384هـ) бо ташаббуси Аҳмад Абдулѓафор Аттор ба табъ расидааст. Рўзномаи мазкур бо 29 узв (саҳмгузор) ва сармояи 280000 риёл таъсис ёфтааст.   Номи рўзнома аз калонтарин ва машҳуртарин бозори таърихӣ-адабии давраи ҷоҳилия, ки бо номи «Акоз» машҳур буд, гирифта шуда, дар шаҳри Ҷидда чоп мешавад[2,12].

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҳамаи матолиби нашрияҳои мавриди омўзиш ахбори ҷараёни сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон ба ШАС, ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду ҷониб ва мулоқоту музокироти онҳоро тавассути сомонаҳои интернетии нашрияҳои худ ба таври сареъ ба мардум расонидаанд. Аз маводи он мушоҳида мешавад, ки рўзномаҳои “Арриёз” (163), “Ашшарқулавсат” (134), “Алявма” (107), “Албилод” (95) ва “Алватан” (70) дар ин самт фаъолтаранд. Бештари матолиби нашрияҳои мазкур мазмуну муҳтавои якхела дошта, асосан масъалаҳои баррасии робита ва гуфтушунидҳои байнидавлатӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангию варзишӣ ва кўмакҳои башардўстонаи ШАС ба Тоҷикистонро дарбар мегиранд. Қобили зикр аст, ки ахбори сафару мулоқоти расмии дуҷониба дар ҳамаи нашрияҳо мушоҳида мешавад. Чунончи, соли 2017 дар бораи сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вохўрии ў бо Раиси Маҷлиси шўрои ШАС-доктор Абдуллоҳ ибн Муҳаммад оли Шайх (22.01.2017) ва Шоҳи ШАС-Салмон ибн Абдулазиз оли Сауд (23.01.2017) хабарҳои расмӣ ба табъ расонидаанд. Дар ахбор роҷеъбамуносибатҳоидуҷониба, азҷумла, ҳамкориибайнипарлумонӣтабодулиназарсуратгирифа, ҷонибҳо, бо ишора ба зарурати тақвиятиҳамкориибештар, изҳорибоварӣкардаанд[2,13].

Ҳамчунин роҷеъ ба сафари расмии Прокурори генералии ШАС шайх Сауд ибн Абдулло Алмуъҷаб ба Тоҷикистон (24.10.2017) ва вохўрию мулоқотҳои ў бо Прокурори генералии Тоҷикистон, Вазири ВКД ва ҳайати Суди Конститутсионӣ хабарҳо нашр шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки якзумрамасоилимавридитаваҷҷуҳиду ҷониб, аз ҷумлатақвиятиҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва бамувофиқарасонданисанадҳои ҳуқуқии ҳамкорӣдаринсамтбаррасӣ шуд ва таваҷҷуҳизиёдбатадбирҳоимуштаракдарсамтимуборизаботерроризмуэкстремизмзоҳиргардид[2,14].Боиси зикр аст, ки нашрияҳо ҳамаи ахбори расмиро дар такя ба Оҷонсии миллии иттилоотии ШАС (واس) нашр мекунанд.

Дар нашрияҳои саудӣ хабарҳо роҷеъ ба ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки рўзҳои 1-2-юми апрели соли 2018 дар шаҳри Арриёз барпо гашт, нашр кардаанд. Дар ахбор гуфта мешавад, ки зимни баррасии масоили ҳамкорӣдарсоҳаҳои гуногун ҷонибҳотаъкиддоштанд, киимконотифарохимавҷудабоядмавридиистифодақарордодашавад. Азҷумлапешниҳодгардид, киФондимуштаракисармоягузориимустақимваШўроисоҳибкориидукишвар таъсис дода шавад. Тарафҳоро аз ҷониби Тоҷикистон Раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣваидораиамволидавлатӣФарухМаҳмуд Ҳамрализодава аз ҷониби ШАС Муовинивазирисавдовасармояи Саудӣ Моҷидибн Абдулло ал-Бовардӣ роҳбарӣ мекард. Ҳардуҷонибомодагиихудробароитаҳкимвагустаришиҳамкориисудбахштаъкид доштаанд[2,15].

Нашрияи “Арриёз” рўзи 23.06.2018 доир ба дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби ШАС дар соҳаи об хабареро бо номи “Шоҳигарӣ дар конференсияи рушди устувор дар Тоҷикистон иштирок мекунад” нашр кардааст. Дар хабар иттилоъ дода мешавад, ки аз ҷониби ШАС дар конференсияи байналмилалии сатҳи баланди “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки рўзҳои 20-22-юми июн дар шаҳри Душанбе барпо гашт, муовини вазири муҳит, об ва зироати саудӣ-Мансур ибн Ҳилол Алмашитӣ иштирок ва суханронӣ кардааст. Нашрия менависад: “Конференсияро Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури зиёда аз 1000 иштирокчӣ аз сад давлат, байнашон роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо, вазирон, масъулони воломақом, намояндагони СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молии байналмилалӣ, ташкилотҳои ѓайриҳукуматӣ, ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ, олимон ва мутахассисони ин соҳа, ифтитоҳ кард”. Конференсия таҳти сарпарастии СММ роҳу усул ва саъюталошҳоро барои рушд ва вусъатбахшииравандидастрасӣбаобиошомиданӣ, густаришидонишумалакадарсоҳаимудириятифарогиризахираҳоиоб, тақвияти ҳамкорӣва ҳамёрӣдарсоҳаиоб, ташаккули дидгоҳузаминаҳоинавбароибаррасиимушкилоти ҷаҳонӣваминтақавиимарбутбазахираҳоиобро мавриди баррасӣ қарор дод[2,16].

Вобаста ба масъалаи кўмакҳои башардўстонаи Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи шоҳ Салмон ба Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетии матбуоти ШАС мавод хеле зиёд ба назар мерасад. Аз ҷумла дар нашрияи “Арриёз” рўзи 06.10.2018. доир ба кўмакҳои хайриявии ШАС тавассути Маркази мазкур ба зарардидагони заминларза ва офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон бо сарлавҳаи “Аррабиъ (номи шахс-Қ.С.) дар нишасти матбуотие, ки дар Тоҷикистон баргузор гашт, гуфт” матолибе чоп шудааст. Дар он аз сафари кории Дабири кулли Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи шоҳ Салмон-Абдулло ибн Абдулазиз Аррабиъ ба Тоҷикистон ва доир намудани нишасти матбуотӣ гузориш додааст. Нашрия дар такя ба суханони дабири кулл менависад, ки Маркази мазкур бо дастури шоҳ Салмон ибн Абдулазиз оли Сауд рўзи 15.05.2015 ҷиҳати дастгирӣ ва кўмак кардани барномаҳои гуногуни башардўстона таъсис ёфтааст. Аз ҷумла, роҷеъ ба Тоҷикистон менависад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақсимоти кўмакҳои башардўстона баъди Яман давлати (ҷой) дуюм ба ҳисоб меравад. Қаблан тақсимоти 230 тонн кўмак аз қабили маводи ѓизоӣ, ангишт ва асбобҳои гармидиҳие, ки таъминашро Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод, ба охир расид. Фонд дар Тоҷикистон кўмакҳои башардўстонаро барои зарардидагони заминларзаю обхезиҳо ва сохтмони бинои махсуси сеошёнаро (ҳаҷми умумии лоиҳа 997.460$) барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддавамудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки имрўз кушодашавиашро ҷашн гирифтем, ба охир расонд. Ҳамчунин бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамкорӣ ва бисёр лоиҳаҳои муҳимми дигар низ дорем. Аз ҷумла, лоиҳаҳои гузоштани монеаҳои бетонӣ дар соҳили дарёи Панҷ ва Чубеки ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Хатлон (ҳаҷми умумии лоиҳа 6.353.816$), масоили об, беҳдошти замин ва оёрӣ; муҳити зист ва тарѓиботи саломатӣ; мустаҳкамкунии тавоноии соҳил ва сохтмони монеъаҳои боздоранда аз хатарҳои фалокат; беҳтар кардани маҳорат ва қобилияти ҷавонон; дастгирии хизматрасониҳои парасторӣ ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дастгирии иқтисодии минтақаи Роштқалъа аз зумраи ҳамкориҳои мо мебошад”. Ҳамзамон илова мекунад, ки 50 тонн хурмо ҳамчун ҳадяи ҳукумати ШАС ба Тоҷикистон аз ҷониби Марказ тақдим карда шуд. Хабари мазкур бо сарлавҳаҳои гуногун, мазмунан якхела қариб дар ҳамаи нашрияҳои саудӣ низ ба назар мерасад[2,17].

Рўзномаи “Алявма” солҳои 2018-2019 ду хабар бо унвони “50 тонн хурмо ҳадя аз Шоҳигарӣ ба Тоҷикистон” ва “Маркази шоҳ Салмон 50 тонн хурмои ҳадяи Шоҳигариро ба Тоҷикистон месупорад” хабар нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад: “ин ҳадя аз барномаҳое, ки ҳукумати шоҳ Салмон ибн Абдулазиз оли Сауд ва Валиюлаҳд барои кишварҳои дўст ва бародар тақдим мекунанд, сарчашма мегирад” ва ҳамчун ҳадяи Ҳукумати Шоҳигарӣ арзёбӣ шудааст. Ҳарду хабар аз рўйи тарзи навишт (услуб), ҷумлабандӣ ва ҳатто ҳаҷм якхел буда, фақат сарлавҳа ва замони вуқуи онҳо фарқ мекунад [2,18].

Аз маводи нашрияҳо маълум мешавад, ки ШАС тавассути матбуоти даврӣ кўмакҳои башардўстона ва хайриявии худро тарѓибу ташвиқ мекунад.

Омўзиши маводи сомонаҳои интернетии нашрияҳои ШАС ба он далолат мекунад, ки дар баробари инъикоси муносибату ҳамкориҳо, инчунин аз воқеаву ҳодисаҳои рўзмараи Тоҷикистон, ки сабаби дар сархати расона ва сомонаҳои хабарии ҷаҳон, аз ҷумла саудӣ қарор гирифтани кишварамон гашт, ахбор нашр кардаанд.

Рўйдоду воқеаҳои Тоҷикистон, ки сабаби мавриди таваҷҷуҳи сомонаҳои интернетии матбуоти ШАС қароргирифта инҳоянд:

1. Ҳуҷум ба дидбонгоҳи наздисарҳадии “Ишқобод”-и байни Тоҷикистону Узбекистон.Роҷеъ ба ин воқеа аввал сомонаи нашрияи “Алявма” (6.11.2019) дар такя ба Агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон бо номи “17 кушта дар ҳуҷуме ба қисми ҳарбии сарҳадӣ дар Тоҷикистон” мавод нашр кардааст, ки дар он аз кушта шудани 15 ҳамлагар, як нафар сарбоз ва як нафар корманди мақомоти дохилӣ зикр шудааст. Нашрия менависад, ки ҳодиса соати 3.23 ба вақти маҳаллӣ назди сарҳад бо Ўзбекистон ба вуқуъ омада, шахсияти ҳамлагарон маълум нест [2,19].

Баъдан рўзи 7.11.2019 нашрияи “Ашшарқулавсат” дар такя ба Оҷонсии иттилоотии “Франс-Пресс” хабареро бо сарлавҳаи “Куштори 15 нафар аз “ДОИШ” дар ҳуҷуме дар Тоҷикистон” чоп кардааст. Дар хабар дар такя ба суханони мақомоти тоҷик аз ҷумла зикр мешавад: “Дирўз 15 н. ҳуҷумкунанда аз “ДОИШ”, ки аз Афѓонистон омаданд, кушта шуданд. Гурўҳи террористии мусаллаҳ рўзи 3.11.2019 аз торикии шаб истифода бурда, аз Ҷумҳурии Афѓонистони ҳамсоя ба таври ѓайриқонунӣ ба дохили Тоҷикистон даромаданд. Ҳамаи ҳуҷумкунандагон аъзои “ДИИШ”-анд. Онҳо аз 3-юм то 6-уми ноябр барои анҷоми ҳуҷум тақрибан 200 км.-ро тай карданд. Дар ин даргирӣ ҳамчунин як сарбоз ва як корманди вазорати дохилӣ кушта шуд”[2,20].

Худи ҳамон рўз нашрияи “Арриёз” низ ҳамин хабарро бо номи дигар “Қувваҳои Тоҷикистон 15 толибро ба қатл расониданд” чоп намуда, ҳамлагаронро “толибон” муаррифӣ кардааст. Аммо муҳтавои хабар аз нашрияи “Ашшарқулавсат” фарқе надорад [2,21].

Хулоса, сомонаҳои арабӣ, аз ҷумла саудӣ ин ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи “доишиҳо” муаррифӣ кардаанд. Зеро мақомоти Тоҷикистон сароѓоз ҳамларо ба гурўҳи “ДИИШ”-и мустақар дар Афѓонистон пайваст, вале баъдан маълум шуд, ки ҳуҷумкунандагон асосан тоҷирони бозори “Корвон” ва зодагони шаҳри Истаравшан будаанд. Ҳамлаи худро наздики 15 рўз дар пойтахт тарҳрезӣ карда, сипас ба ДИИШ байъат кардаанд. “ДИИШ” низ расман масъулияти ин ҳамларо ба дўш гирифт.

2. Ошўби (исён) зиндониёни Муассисаи ислоҳии низомаш сахти ноҳияи Ваҳдат.Вобаста ба ин ҳодиса рўзҳои 20 ва 21-уми май Тоҷикистон дар сархати матбуоти араб қарор гирифтааст. Ахбор таҳти сарлавҳаҳои “Даҳҳо кушташуда дар ошўби зиндониёни “ДИИШ” дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон” (20.05.2019), “32 ҳалокшуда дар ошўби зиндониёни “Давоъиш” дар Тоҷикистон” (21.05.2019), “Кушта шудани 29 доишӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон” (20.05.2019), “32 кушта дар ошўби зиндониёни Тоҷикистон” (20.05.2019), “Тоҷикистон “ДИИШ”-ро гунаҳгор медонад” (21.05.2019) ба нашр расида шудаанд [2,22].

Нашрияҳои саудӣ ахбори мазкурро дар такя ба суханони мақомоти Тоҷикистон нашр карда, менависанд, ки дар ин ошўб 29 нафар зиндонӣ, аз ҷумла 24-тоаш аъзои ДИИШ ва 3 нафар посбон кушта шуданд. Мувофиқи суханони мақомоти тоҷик дар пайи ин ошўб Беҳрўзи Гулмурод – писари Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН ва вазири ҷанги ДИИШ меистод. Номбурда моҳи июли соли 2017 бо ҳукми суд бинобар кўшиши ҳамроҳ шудан ба ДИИШ-и Сурия ба муҳлати 17 сол зиндонӣ шуда буд. Ҳамчунин ошўбгарон 5 нафар зиндониёнро низ куштаанд. Дар ахбори нашршуда номи зиндониёни кушташуда аз ҷониби ошўбгарон оварда нашудааст, аммо нашрияҳо қайд мекунанд, ки байни кушташудагон аъзои фаъоли ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ низ ҳастанд[2,23].

Дар хабари нашрияи “Алявма” дар такя ба шабакаи “Русиялявма”     (روسيا اليوم) аз суханони Мансурҷон Умаров шумораи зиндониёни кушташударо аз ҷониби ошўбгарон 8 нафар навиштааст[2,24].

Мувофиқи маълумоти расмии мақомоти Тоҷикистон 19.05.2019 баъди намози таровеҳи рамазон, дар зиндони низомаш сахти шаҳри Ваҳдат маҳбусон бо корду оҳанпора ба нозирон ҳуҷум карданд. Дар натиҷа 29 нафар кушта шуда, 35 нафари дигар боздошт гардид. Дар байни онҳое, ки аз ҷониби маҳбусон кушта шуданд, аъзои фаъоли ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ-Саид Қиёмиддини Ѓозӣ, Махсуми Саттор ва Саидмаҳдихон Сатторов (Шайх Тимур) низ будаанд.

3. Баргардониданикўдакони тоҷик аз Сурия ва Ироқ.Роҷеъ ба ин масъала нашрияи “Акоз” ду хабари кўтоҳ бо номҳои “Тоҷикистон барои баргардонидани 75 кўдак аз Ироқ саъю кўшиш мекунад” (12.02.2019) ва “Баргардонидани 84 кўдак аз Ироқ ба Тоҷикистон” (1.05.2019) чоп кардааст. Дар хабари якум дар такя ба суханони Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин менависад, ки Ҳукумати Тоҷикистон умед дорад, 75 кўдакеро, ки модарҳояшон дар ин кишвар барои робитаашон бо ДИИШ ба муҳлати тўлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, ба ватан баргардонад. Вазир илова мекунад, ки аз 92 кўдаки дар Ироқ буда, баргаштани 75 нафарашон аниқ (ҳал) шуд ва дар миёни онҳо 31 тифлихурдсоли то сесоланизҳастанд, кидаринкишвариарабӣтаваллудшудаанд. Мувофиқи қонунҳои Ироқ барои баровардани кўдакон аз кишвар розигии волидайн шарт аст[2,25].

Дар хабари дуюм дар такя ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳо рӯзи 30 апрелисолиравон 84 нафаркӯдакеро, ки модаронашон барои пайваст ба гурўҳҳои террористӣ зиндонӣ шудаанд, тавассутиҳавопаймоимахсусазБағдодбаДушанбебаргардонидашуданд[2,26].

Худи ҳамон рўз, яъне 1.05.2019 вобаста ба мавзўъ нашрияи “Алмадина” низ хабаре бо номи “Баргардонидани 84 кўдак аз Ироқ ба Тоҷикистон” нашр кардааст, ки дар он илова ба хабари нашрияи “Акоз” дар такя ба суханони мақомоти Тоҷикистон зикр шудааст, ки баъди соли 2011 зиёда аз ҳазор шаҳрвандони тоҷик барои шомил шудан ба гурўҳҳои террористӣ-экстремистии Ироқу Сурия кишварро тарк кардаанд[2,27].Оид ба баргардонидани кўдакон аз Ироқу Сурия дар матбуоти ватанӣ низ ахбор пахш шудааст[2,28].

Соли 2018 сабаби мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои хориҷӣ қарор гирифтани Тоҷикистон ошўб дар зиндони шаҳри Хуҷанд ва ҳамлаи ногаҳонӣ ба сайёҳони хориҷӣ шудааст. Нашрияҳо дар такя ба суханони мақомоти тоҷик ҳарду воқеаро кори аъзои “ДИИШ” муаррифӣ кардаанд.

Дар робита ба ҳодисаи ошўб дар зиндони Хуҷанд нашрияҳои “Алявма” ва “Арриёз” рўзҳои 8-ум ва 9-уми ноябр дар такя ба Оҷонсии “Рейтерс”ахбори кутоҳ бо сарлавҳаҳои “Куштори 13 зиндонӣ дар ҳодисаҳои ошўб дар Тоҷикистон” ва “13 кушта дар ошўбе дар зиндони Тоҷикистон” нашр кардаанд. Дар ҳарду хабар гуфта мешавад, ки қувваҳои амниятии Тоҷикистон дар ошўби зиндони низомаш сахти шаҳри Хуҷанд ҳадди ақал 13 нафар зиндониро куштанд. Мақомоти тоҷик мегўянд, ки саркардагони ошўб аъзои ДИИШ буданд [2,29].

Қобили зикр аст, ки роҷеъ ба ин ҳодиса дар нашрияҳои Амороти муттаҳидаи Араб шумораи кушташудагонро 26 нафар гуфтаанд[1,276].

Роҷеъ ба ҳодисаи ҳуҷум ба сайёҳони хориҷӣ сомонаи нашрияи “Ашшарқулавсат” моҳи август чор мавод бо унвонҳои “Ҳуҷуме, ки ба куштори 4 хориҷӣ анҷом ёфт”, “ДИИШ” масъулияти ҳуҷум ба сайёҳон дар Тоҷикистонро эълон мекунад”, “Тоҷикистон масъулияти «ДИИШ» дар ҳуҷуми террористиро инкор мекунад …. Ишора ба дахолати Эрон мекунад” ва “Гузориши Амрико: “ДИИШ” ба Тоҷикистон мутамарказ мешавад” нашр кардааст[2,30].

Соли 2017матбуоти саудӣ, асосан ба мавзўи муносибати Тоҷикистону Эрон мутаваҷҷеҳ шудааст. Муносибати Тоҷикистон бо Эрон баъд аз ҳузури ошкорои раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ – Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси моҳи декабри соли 2015 дар Теҳрон, тезутунд шуд. Телевизиони Тоҷикистон филми ҳуҷҷатие нишон дод, ки дар он Эрон дар маблаѓгузории кушторҳои овозадори солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор карда шуд. Аз ҷумла дар куштори Раиси собиқи Парламон-Сафаралӣ Кенҷаев, рўзноманигори машҳур – Отахон Латифӣ, олимон – Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ѓуломов, нависанда-Сайф Раҳим, муфтии собиқи Тоҷикистон – Фатҳуллохон ва наздики 20 афсари пойгоҳи низомии 201-уми Росия гунаҳгор медонад. Филм дар асоси эътирофи 3 нафар дастгиршуда, ки дар Эрон тамрин гирифта ба Ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ дохил ва кушторҳо анҷом додаанд, таҳия шудааст.

Дар асоси маводи мазкур ва сардии равобити Тоҷикистону Эрон, ВАО-и хориҷӣ, аз ҷумла нашрияҳои ШАС вобаста ба манфиатҳои худ дар ин мавзўъ ахбори зиёд ба нашр расонидаанд. Махсусан нашрияи “Ашшарқулавсат” бо сарлавҳаҳои ҳангомавии “Тоҷикистон Эронро дар маблаѓгузорӣ ва дастгирии куштори баъзе олимон ва сиёсатмадоронаш ҳангоми ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта гунаҳгор медонад” (9.08.2017), “Тоҷикистон Эронро дар дахолати ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳгор медонад” (10.08.2017), “Эрон рабташро дар кушторҳои сиёсии Тоҷикистон инкор мекунад” (11.08.2017), нашрияи “Арриёз”-“Тоҷикистон: “Эрон ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвартахрибгарон фиристод”(9.08.2017), нашрияи “Алҷазира”-“Тоҷикистон: Эрон дар ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум гурўҳҳои террористиро кўмак кард” (10.08.2017) чоп кардаанд. Аз матолиб бармеояд, ки нашрияҳои ШАС нисбати сиёсати ҳозираи Эрон некбин нестанд ва онро ҳамчун кишвари ҳимоятгари гурўҳҳои ифротӣ муаррифӣ кардаанд[2,31].

Хулоса, аз таҳқиқ ва омўзиши маводи сесолаи матбуоти даврии ШАС метавон натиҷагирӣ кард, ки ҳар сафару мулоқот ва ташрифи Президенти кишвар ва ҳайатҳои ҳукуматӣ ба ин ё он кишварҳои араб дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муаррифии он хидмати бузурге анҷом медиҳад ва самараи хуб ҳам медиҳад. Аз матолиби ахбори сомонаҳои интернетии нашрияҳои даврии ШАС бармеояд, ки дар ҳамаи нашрияҳои мавриди омўзиш қароргирифта (ба истиснои “Ашшарқулавсат”) ахбори расмӣ роҷеъ ба Тоҷикистон нашр шудааст. Мушоҳида мешавад, ки матбуоти саудӣ мардуми худро бо хабарҳои муҳимми ҷаҳони имрўза, аз ҷумла ҳаводиси Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои худ таъмин мекунанд.Рўзномаҳои “Албилод”, “Алватан”, “Умулқуро” ва “Алҷазира” вобаста ба Тоҷикистон бештар ба ахбори масоили муносибат ва мулоқотҳои байнидавлатӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва кўмакҳои башардўстонаи ШАС ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардаанд. Нашрияҳои “Ашшарқулавсат”, “Арриёз”, “Алявма” ва “Алмадина” бошад, дар такя ба расонаҳои хориҷӣ дар расонидани ахбори ҳаводису рўйдодҳои Тоҷикистон фаъолтаранд. Бештари матолиб дар жанри хабар навишта шуда, таҳлилҳо кам ба назар мерасад.

 

Адабиёт

  1. 1.Илмӣ
  2. 1.Аталлах Хумуд Ал Энези. Особенности становления и функционирования СМИ Королевства Саудовской Аравии. – Душанбе: Сино, 2013. – 167 стр.
  3. 2.Қаландаров С.Д. Баррасии ҳаводиси Тоҷикистон дар нашрияҳои Амороти Муттаҳидаи Араб. Паёми ДМТ, Бахши илмҳои филологӣ, 2019/№6. Душанбе. с. 275– 282.

3. Разоков Ш. Проблемы и перспективы развития сотрудничества республики Таджикистан с арабскими странами Персидского залива в годы независимости. Душанбе: Дакики, 2015. – 288 с.

4.Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият.Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ. Душанбе: Ирфон, 2011. – 320 с.

5. محمد عبد الرزاق القشعمي. صحيفة أم القرى : نبذة تاريخية موجزة،   الرياض : دارة الملك عبد العزيز، 1426هـ. = 2005م.98 صفحة.

6. محمد عبد الرزاق القشعمي. الصحافة السعودية – تاريخ، الرياض : مركز حمد الجاسر الثقافي، 1427هـ. = 2006م.

7. محمد عبدالرحمن الشامخ. نشأة الصحافة في المملكة العربية السعودية، دار العلوم، الرياض، الطبعة الأولى، 1402هـ/1982م. 406 ص.

8. "الإتجاهات الايديولوجية والملكية في الاعلام السعودي". مركز قضايا الخليج. مؤرشف من الأصل في 24 أغسطس 2017. اطلع عليه بتاريخ 25 أغسطس 2011.

2. Сарчашмаҳо

2.1.https://mfa.tj/tg/main/view/133/munosibathoi-tojikiston-bo-arabistoni-saudi)

2.2.www.uqn.sa

2.3.           http://www.alriyadh.com/page/info

2.4.           http://www.al-jazirah.comا«فوربس»: "الاقتصادية" الثانية سعوديا والثامنة عربيا.. الأقوى على الإنترنت، لاربعاء 30 نوفمبر 2011

2.5.           http://www.al-jazirah.com

2.6.           https://www.alwatan.com.sa

2.7.           www.alyaum.com

2.8.           www.aleqt.com

2.9.           https://www.albiladdaily.com/?s=طاجيكستان

2.10.        https://www.aawsat.com

2.11.        https://www.al-madina.com

2.12.        https://www.okaz.com.sa

2.13.        www.aleqt.comالملك يستقبل رئيس مجلس النواب لدى المجلس العالي في طاجيكستان،  الاحد 22 يناير 2017

www.aawsat.comخادم الحرمين يستقبل رئيس مجلس النواب الطاجيكستاني، الأحد - 22 يناير 2017 مـ

https:www.albiladdaily.comخادم الحرمين يستقبل رئيس (النواب) الطاجيكي،   23 يناير2017

https://www.alwatan.com.saخادم الحرمين يبحث التعاون مع رئيس البرلمان الطاجيكي، 00:26 الاثنين 23 يناير 2017

www.alyaum.comخادم الحرمين يستقبل رئيس مجلس النواب لدى المجلس العالي بجمهورية طاجيكستان، الاحد ٢٢ / ٠١ / ٢٠١٧

2.14.        https:www.albiladdaily.com   2017النائب العام يبحث التعاون القضائي مع طاجيكستان. 24 أكتوبر

www.aawsat.comالنائب العام السعودي يبحث مع نظيره الطاجيكستاني تعزيز علاقات جهازي البلدين، 18 أكتوبر 2017  

www.aawsat.comالنائب العام السعودي يختتم زيارته لطاجيكستان بلقاء وزير داخليته، الاثنين - 23 أكتوبر 2017 مـ

2.15.        http://www.alriyadh.comاتفاق سعودي طاجيكي لتوسيع نطاق التعاون التجاري، 2018-04-02 22:10:08

2.16.        http://www.alriyadh.comالمملكة تشارك في مؤتمر التنمية المستدامة بطاجيكستان، 2018-06-23 14:23:20

http://www.alriyadh.comنائب وزير البيئة يشارك في المؤتمر الدولي للتنمية المستدامة بطاجيكستان، 2018-06-22 http://www.alriyadh.com2018-10-06 د. الربيعة متحدثاً في المؤتمر الصحفي الذي عقد بطاجيكستان،

2.17.        https:www.albiladdaily.comالربيعة يدشن مركز التعليم الجمهوري للطوارئ بطاجيكستان، 5 أكتوبر 2018

www.alyaum.comالربيعة: طاجيكستان تحل ثانية في حجم المساعدات المقدمة لها بعد اليمن، السبت ٦ / ١٠ / ٢٠١٨

http://www.al-jazirah.com د. الربيعة يدشن مشروع المبنى الجديد للطوارئ والدفاع المدني في طاجيكستان، الجمعة 05 أكتوبر 2018

http://www.alriyadh.comمركز الملك سلمان ينجز 99 % من مشروع طوارئ طاجيكستان، - 20 فبراير 2018م

2.18.        www.alyaum.comطن تمور هدية من المملكة إلى طاجيكستان، ٠٢:٠٠ الجمعة ٢٤ / ٠٥ / ٢٠١٩50

www.alyaum.comمركز الملك سلمان يسلم 50 طنا تمور هدية المملكة إلى طاجيكستان، ١٦:٥٥ الثلاثاء ٢٤ / ٠٧ / ٢٠١٨

2.19.        www.alyaum.com 17 قتيلاً في هجوم على وحدة لحرس الحدود بطاجيكستان، المصدر - وكالة طاجيكستان للأنباء، الأربعاء ٦ / ١١ / ٢٠١٩

2.20.        www.aawsat.comمقتل 15 من «داعش» بهجوم في طاجيكستان، الخميس - 07 نوفمبر 2019 مـ

2.21.        http://www.alriyadh.comالخميس - 7 نوفمبر 2019       .القوات الطاجيكية تقتل 15 طالبانياً

2.22.        www.aawsat.comعشرات القتلى في تمرد لسجناء «داعش» بأحد سجون طاجيكستان، الاثنين - 20 مايو 2019 مـ      

www.aawsat.comقتيلاً بتمرد سجناء «دواعش» في طاجيكستان، الثلاثاء -21 مايو 2019 مـ 32

http://www.alriyadh.comطاجيكستان تتهم داعش، الثلاثاء - 21 مايو 2019م  

2.23.        www.al-madina.com قتيلا في تمرد لسجناء في طاجيكستان، الاثنين 20 / 05 / 2019أ ف ب – دوشانبي32

2.24.        www.alyaum.comمقتل 29 داعشي في سجون طاجيكستان، ١١:٢١ الاثنين ٢٠ / ٠٥ / ٢٠١٩

2.25.        www.okaz.com.saطاجيكستان تسعى لإستعادة 75 طفلاً من العراق، الثلاثاء 12 فبراير 2019 20:40

2.26.                  www.okaz.com.saاعادة 84 طفلاً من العراق إلى طاجيكستان، الأربعاء 1 مايو 2019 22:02

2.27.                  www.al-madina.comإعادة 84 طفلا من العراق إلى طاجيكستان، الأربعاء 01 / 05 / 2019

2.28.        https://mfa.tj/tg/main/view/4033/izhoroti-matbuoti-oid-ba-bargardonidani-shahrvandoni-noboligi-tojikiston-ba-vatan30.04.2019 19:01

2.29.        www.alyaum.comمقتل 13 سجيناً في أحداث شغب بطاجيكستان، ١٢:٢٨ الخميس ٨ / ١١ / ٢٠١٨

www.alriyadh.com13 قتيلا في تمرد بسجن طاجيكي، دوشنبه – رويتررز = الجمعة -9 نوفمبر 2018 م

2.30.        www.aawsat.comهجوم يسفر عن مقتل 4 أجانب في طاجيكستان، 31 يوليو 2018 مـ

www.aawsat.com«داعش» يعلن مسؤوليته عن هجوم على سياح في طاجيكستان، 01 أغسطس 2018 مـ

www.aawsat.comطاجيكستان تنفي مسؤولية «داعش» عن هجوم إرهابي... وتلمّح إلى تورط إيراني،05 أغسطس 2018 مـ

www.aawsat.comتقرير أميركي: «داعش» يركز على طاجيكستان، 08 أغسطس 2018 مـ

2.31. www.aawsat.comطاجيكستان تتهم إيران بتمويل ودعم اغتيالات بعض علمائها وسياسييها خلال الحرب الأهلية في تسعينات القرن الماضي، 09 أغسطس 2017 مـ

www.aawsat.comطاجيكستان تتهم إيران بالتدخل في الحرب الأهلية، الخميس - 10 أغسطس 2017 مـ  

www.aawsat.comإيران تنفي تورطها في اغتيالات سياسية بطاجيكستان، الجمعة - 11 أغسطس 2017 مـ

www.alriyadh.comطاجيكستان: إيران أرسلت قتلةومخربين خلال الحرب الأهلية في البلاد،9 اغسطس 2017

http://www.al-jazirah.comطاجيكستان: إيران دعمت جماعات إرهابية في الحرب الأهلية في التسعينيات، 10 اغسطس 2017