МАВҚЕИ ШИРКАТИ ТЕЛЕВИЗИОНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ “АЛ-ҶАЗИРА” ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Aljaz

 

С. Д. Қаландаров

мудири кафедраи забони хориҷӣ

 

Ҳамчун як зуҳуроти маълуму равшан, васоити ахбори омма ба сифати яке аз субъектҳои идеологӣ дар давоми як асри охир ба равандҳои идеологӣ таъсири амиқи худро гузошта истодааст, ки ин агар аз якҷониб дар паҳн гардонидани ахбори идеологӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар нуфузу эътибори як кишварро дар арсаи байналмилалӣ бозгӯ менамояд. Чунин падида далели мавҷуд будани робитаи амиқи сиёсат ва воситаҳои ахбори омма, ки алоқаи ногусастаниии он дар шароити ҷахонишавӣ боз ҳам қавитар мешавад. Ҳар як шакли васоити ахбори омма як вазифа дорад, ки он вазъ ё масъалаи ташвишовари ҷамъиятиро ба самъи аудитория ва дар ин замина ба сиёсатмадорону ашхоси масъул расонидан мебошад. Ин ҷиҳат боис мешавад, ки сарфи назар аз рақобати воситаҳои ахбори омма ва дар ин замина маҳдуд гардидани фаъолияти баъзе аз навъҳои он (рӯзнома, маҷалла, радио) таъиноти идеологии баъзе расонаҳо босуръат боло равад.

Дар шароити ҷаҳонишавии мураккаб сиёсати иттилоотӣ ҳамчун воситаи пиёдасозии аҳдофе мебошанд, ки давлатҳои абарқудрат аз он ҳар лаҳза истифода мекунанд. Аз ҷумла, расонаҳои пуриқтидору бонуфузи иттилоотии ҷаҳон дарк кардаанд, ки ахбори оҷил ва гузоришоти саривақтӣ нафақат кори муқаррарии шахсоне, ки ба тиҷорати иттилоотӣ машғуланд, балки ин, пеш аз ҳама, назорати муассису маблағгузороне мебошанд, ки аз ҳар як падидаи навини иттилоотӣ манфиат ва қавӣ гаштани мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ҷӯё мешаванд. Дар ин масъала минтақаи Осиё ва баъзе аз қисматҳои Аврупову Африқо ҳолати мураккабу тирае аз сар мегузаронанд. Манзур аз таъбири “мураккабу тира” ин пеш аз ҳама, дар майдони рақобат талош доштани васоити ахбори ин минтақаҳо мебошад. Аз ҷумла, он чи ки ба Шарқи Наздик тааллуқ дорад, бештари коршиносон ба он ақидаанд, ки шабакаҳои иттилоотии ин минтақа дар фаъолияти худ танҳо он матолиберо мавриди пахш ва интишор қарор медиҳанд, ки дар мутобиқат ба сензура сурат мегиранд. Таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки “... дар ҳамаи давлатҳои араб ВАО ҳамчун олати ташкилкунандаи афкори омма, ба ҳолати (вазъ) дохилии сиёсӣ ва идеологии кишварҳо таъсир мерасонад ва фазои риояи қонун ва ҳамдигарфаҳмиро ҷонибдорӣ мекунад” [1,163].

Ҷаҳони араб ва ислом муддати чанд даҳсолаи охир мавриди таваҷҷуҳи махсуси ВАО-и тамоми олам қарор дорад, ки он пеш аз ҳама, манфиатҳои геополитикии олами ғарбӣ мебошад. Солҳои навадуми асри гузашта таҳқиқоти пешниҳоднамудаи сиёсатшиноси амрикоӣ Н. Спайкмен дар бобати консепсияи геополитикии нав, ки аввалин намунаҳои татбиқи амалии онро дида истодаем, асоси гуфтаҳои болост [4,53].

Истилоҳ ва мафҳуми «Римленд» ҳақиқатҳои зиёдеро имрӯз равшан менамояд. Соҳибият пайдо кардан ба Авруосиё маънои онро дорад, ки ҷаҳонро бояд як қутби ҳоким ба таври мутамарказ идора намояд. Феълан таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони якқутбаро сохтан ба як амалу нақшаи аз имкон берун табдил ёфтааст ва ҳамин аст, ки олами араб мувоҷеҳи муноқишаҳои тезутунду мураккаб гардидааст.

Дар доираи авзои пешомадаи феълӣ расонаҳои арабӣ талош мекунанд, ки сарфи назар аз таъсири амиқи сиёсатҳои таҳмилӣ манфиатҳои милии худро ҳимоя намоянд. Роҳбарони давлатҳои араб ВАО-ро ҳамчун олати ташкилкунандаи афкори омма ва таъсир ба ҳолати идеологӣ дар кишварҳояшон ҷиҳати нигоҳ доштани таҳкурсии (бунёд) сиёсати ҳокимият, дастгирии фазои риояи қонун ва ҳамдигарфаҳмӣ хеле бо самар истифода кардан мехоҳанд. Дар корҳои иттилоотӣ –таблиғотии низоми ҳукмрони кишварҳои араб ду навъи пахши иттилоот истифода мешавад. Нахуст матбуоти расмиву нашриёти гуногуни ҳукуматӣ ва сониян воситаҳои ахбори оммаи хосияти амиқи рӯҳониятдошта, ки дар давоми чанд даҳсолаи охир инкишофи мутавозин доранд. Мункир наметавон гардид, ки доираҳои динӣ низ дорои дастгоҳи пурзӯри ташвиқотӣ буда, дар татбиқи сиёсатҳои ҳадафмандони нақши чашмрас доранд.

AlJazeera

Ҳамзамон маълум аст, ки то аввали солҳои 90-уми асри гузашта бе истисно ҳамаи шабакаҳои телевизионии кишварҳои араб давлатӣ буданд, Бинобар ин вазифаи онҳо хизмати талаботи иттилоотии давлат ва фароғатию андармонсозии тамошобинон ба ҳисоб мерафт. Дар барномаҳои онҳо ягон масоили муҳимми иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор намегирифт ва ҷузъиёти сиёсиро дар муҳтавои нашри худ ниҳоят маҳдуд нигоҳ медоштанд. Аксари шабакаҳои иттилоотӣ қариб дар хориҷи кишварашон мухбир надоштанд ва маъмулан ахбор ва тавзеҳи фаъолияти ҳукуматро аз рӯи қолаби ягонаву такрор шакл мебахшиданд.

Бо таъсири раванди сиёсатҳои геополитикӣ дар ВАО-и мамолики араб дар охирҳои асри XX ва аввалҳои асри XXI таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Боз ҳам мункир наметавон гардид, ки дар соҳаи иттилоот васоити ахбори оммаи ғарби англисизабон бартарият дошт, ки воқеан сиёсати иттилоотии ҷаҳонро самт мебахшид. Баъди инқилобҳои таҳмилӣ дар баъзе аз кишварҳои исломӣ дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон тамоюли пайдо шудани тарафи муқобили тавоно – ВАО-и араб возеҳ мушоҳида мешавад. Хусусан солҳои охир бо пайдо шудани шабакаҳои нави иттилоотии кишварҳои араб авзои иттилоотӣ дар давлатҳои мусулмонӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Ин равандро баъди ба фаъолият шуруъ кардани шабакаи иттилоотии арабии «Ал-Ҷазира» мушоҳида намудан мумкин аст, ки матбуоти Ғарб аз ахбори он ҳамчун сарчашмаи боэътимод истифода мебурдагӣ шуданд.  

Дар зери таъсири омилҳои рақобатпазирӣ воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои араб бо истифода аз сармоя ва таҷрибаву дастовардҳои технологии иттилоотии журналистикаи Ғарб ба зудӣ таҳаввул ёфт ва феълан дар ҳоли рушд қарор дорад. Падидаи инкишофи ВАО-и араб ҳангоми оғози ҷанги қувваҳои ҳарбии НАТО дар Афғонистон (2001), Ироқ (2003), ноором гаштани вазъи Шарқи Наздик (Сурия) ва кишварҳои арабии Африқои шимолӣ (Тунис, Миср, Алҷазоир, Либия, Судон) бештар мушоҳида мешавад.

Сарфи назар аз таъинот ва ҳадафҳои идеологӣ дар чанд даҳсолаи охир васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ такмилдиҳанда ва инкишофбахши корбасти истилоҳоту мафҳумҳои зиёд гардидааст. Аз ҷумла, ҳаводиси олами араб, ки дар расонаҳои хабарӣ ва дигар улуми иҷтимоӣ бо ифодаву номҳои гуногун «баҳори араб», «инқилобҳои арабӣ», «бедории олами араб», «бедории ҷаҳони ислом», «ғалаби демократияи араб ба диктатураи араб» ва ғайра корбурд мешаванд, аз муҳимтарин ҳаводиси сиёсии солҳои охири ҷаҳон буда, то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор дорад. Ин ибораву мафҳумҳо дар навбати худ олоти муҳимме дар ҷангҳои иттилоотӣ шинохта мешаванд. Бо истифода аз ин ифодаҳо ҷонибҳои гуногун мавқеи худро дар арсаҳо муайян кардан мехоҳанд. Ба таври мисол ҳаводиси ин минтақа бештар бо номи «баҳори араб» маъмул буда, бо ҳамин ном ҳам дар маводу матлабҳои илмӣ ва ҳам расонаӣ инъикос шудааст, ки зуҳуроти нав ба навро дар муҳити иттиллотӣ нишон медиҳанд. Таҳқиқу мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки муҳити иттилоотӣ низ дар чаҳорчӯбиинмавзӯънақшикалидиро соҳиб аст. Аз ҷониби дигар, фазои иттилоотӣ ва муҳити иттилоотӣ ду мафҳуми мутафовут низ ҳастанд, ки ҳар кадом уфуқҳои худро соҳибанд. Маълум аст, ки муҳити иттилоотӣ доираи нисбатан маҳдудтаре мебошад, ки дар зери таъсири фазои иттилоотӣ қарор гирифта пайваста дар ҳоли тағирёбӣ мебошад. Муҳити иттилоотӣ ин аллакай зинаи истеъмолу истифодаи иттилоот ба шумор рафта, онро нуқтаи ниҳоии пиёдасозии ҳадафҳо гуфтан мумкин аст. Назарияҳои мухталиф бозгӯи онанд, ки ҷамъи ахбор, паҳн кардани ахбор, шаклгирии ахбор, ки дар натиҷаи онҳо муносибатҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд, робитаи амиқтаре ба муҳити иттилоотӣ пайдо менамоянд.

Дар ҷаҳони муосир новобаста аз шакли давлатдорӣ ва режимҳои гуногун ВАО пуртаъсиртарин восита барои таҳкими қудрат, ислоҳ ва пешрафт эътироф шудааст. Ба воситаи ВАО сиёсати худро дар дилхоҳ минтақа тарғиб менамоянд. Рисолатҳои бузурге дар домани ҳадафҳои мусбату манфӣ амалӣ гардонида мешаванд, зеро тавассути ВАО таъсири иттилоъ ба ташаккули инсон ва тафаккури он самаранок сурат мегирад Ғасби афкор ва ҳукмронӣ дар афкорро натанҳо васоити ахбори омма дар як доираи маҳдуд, балки шароити иқтисодиву иҷтимоӣ дар якҷоягиву таъсири мутақобила ба амал меоранд. Дар ин самт таблиғу ташвиқи андаке низ кифоят мекунад, ки нақшаву тарҳҳо ба осонӣ амалӣ гарданд. Аз ҷониби идеологияҳо таблиғи мақсаднок ва ҳукмронӣ ба афкор дар ҷомеаи камфаъол хеле осон аст ва онро мақсаднок низ нигоҳ медоранд. Ҳамин аст, ки иқтидор дар майдони ахбору афкор ин ғолибияти абарқудратҳо ба шумор меравад. Дар ин маврид метавон аз “...инҳисори афкори омма”[8,67]. таъкид намуд, ки ҷанбаи аслии робитаи сиёсат вашаклҳои васоити ахбори омма ба шумор меравад.

Шабакаи иттилоотии арабии халиҷи Форс-“Ал-Ҷазира” дар инъикоси ҳаводиси олами араб нақши муассир бозидааст, ки инро матолиби омодакардаи шабакаи мазкур бозгӯ менамояд. Дар ин самт нақши “Ал-ҷазира” чашмрастар аст. Падидаи равшан аст, ки “Ал-Ҷазира” дар давоми фаъолияти кутоҳи худ тавонист, бо бузургтарин шабакаҳои телевизионии ҷаҳонӣ рақобат карда тавонад. Сарфи назар аз он ки шабакаро Амири Қатар - Шайх Ҳамад ибн Халифа Ас-Сонӣ сармоягузорӣ мекунад ва шарҳи (баён) воқеаҳои дохили Қатар дар он манъ аст, шабака тарафдории меъёри меҳварии дурустӣ ва боэътимодии ахборро намоиш медиҳад. Имрӯз «Ал-Ҷазира» мисоли равшани журналистикае ба шумор меравад, ки таъминкунандаи музокираҳои иҷтимоии тамоми минтақа аст ва дар баробари он дар давлати ба истилоҳ ғайридемократӣ фаъолият дорад. Фазои иттилоотӣ дар ин минтақа ҳассосият ва нозукиҳои зиёд дорад ва муҳаққиқон аз “мавриди лату куб ва зӯроварӣ қарор гирифтан”-и кормандони шабакаҳои телевизионии мамолики араб ва ҳатто “кушташавии Таҳрир Кадхим Ҷавод....” барин кормандон ишора кардаанд. Тирагиҳои фазои иттилоотии араб падидаи тоза нест ва дар замони салтанати ҳокимиятҳои диктаторӣ низ сензураҳои амиқе ба назар мерасид.

Феълан шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира» на фақат дар олами араб, балки дар бозори ҷаҳонии иттилоот ва муборизаҳои иттилоотӣ мавқеи густурдаро соҳиб мебошад. Ҷои инкор нест, ки баъзе расонаҳои иттилоотии машҳури ҷаҳон ҳангоми пахши хабарҳо ба «Ал-Ҷазира» такя намуда, ахбори худро дар мавқеи ин шабака шакл мебахшанд. Ҳамзамон набудани назорати идеологӣ, воқеият ва сатҳи баланди касбӣ ба он оварда расонид, ки шабакаи иттилоотии мазкур байни шабакаҳои телевизионии араб пешсафи мутлақ гардад. Ҳамчунин “бо шарофати “Ал-Ҷазира” арабҳо бори нахуст мутмаини имконоти вуҷуд доштани шабакаи иттилоотии арабие гаштанд, ки тавонанд ба он боварӣ ва эътиқод кунанд. [11].

Дар масири фаъолият шиори “Ал-Ҷазира”, ки дар ҳамаи барномаҳои иттилоотӣ ва ток-шоуҳояш пайравӣ мекунад, ин “Фикр (андеша) ва фикри дигар” (الرَأى و الرَأى الآخر ) аст, ки ҳаммаънои аксиомаи журналистикаи англо-амрикоии: “Ҳарду ҷониби воқеаро нишон диҳед” ба шумор меравад[12].

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳолати мураккаби мамолики минтақа шабакаи иттилоотии “Ал-Ҷазира” натанҳо дар Қатар, балки дар ақсои ҷаҳон тавонист, ки шакли наву таъсирбахши пахши иттилоъро ба роҳ гузорад. Ин тамоюлро дар навбати аввал дар фаъолияти журналистони алоҳидаи он мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз ҷои воқеаи даргир пахши мустақимро ба роҳ мегузоранд. Ҷуръату ҷасорат боис мешавад, ки нигоҳи интиқодӣ шиддат дошта бошад.

Шабакаи “Ал- Ҷазира” то имрӯз бо ҷанбаҳои хоси фарогири худ ва дар муборизаҳои иттилоотӣ фаъол буданаш таваҷҷуҳи кормандон ва муҳаққиқонро амиқан ҷалб кардааст.

Шабакаи иттилоотии моҳворавии “Ал-Ҷазира” бо фармони Амири Қатар - Ҳамад ибн Халифа ас – Сонӣ, ки дар аввал барои таъсис ва ташкили кардани он 150 млн.$ ҷудо кард, аз 1-уми ноябри соли 1996 инҷониб фаъолият дорад. Ба андешаи муҳаққиқон мақсади асосии манфиати Қатар аз таъсиси ин шабака нафақат дастгирии “музокираҳои ҷамъиятӣ (иҷтимоӣ)”, балки пеш аз ҳама ба даст овардани нуфуз дар минтақа ва рақобати таъмини иттилоот бо шабакаҳои иттилоотии бартаридоштаи пешсафи олами араб – Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад [3,131]. Маҳдуд гардидани фаъолияти шабакаҳои дигари иттилоотиро метавон яке аз заминаҳои таъсиси шабакаи “Ал- Ҷазира” гуфт. Аз ҷумла, дар натиҷаи барҳам хӯрдани шуъбаи арабии “Би-Би-Си” қариб 250 нафар мутахассисони махсус омодакардашуда (рӯзноманигорон, кормандони техникӣ, филмсозҳо)барои шуъбаи арабӣ бекор монданд. Шабакаи нави иттилоотии «Ал-Ҷазира» аз ин вазъият истифода бурда, онҳоро ба кор таклиф кард, ки 120 нафари онҳо ба таври фаврӣ ин пешниҳодро қабул карданд. Ҷанбаи интиқодӣ ва гуногунрангии афкор дар ин расона ба ин омил робитаи зич дорад, зеро аксари кормандони собиқи “ВВС” онҳое буданд, ки ҳамчун гумоштагони ғарбӣ ҳадафи дигар сохтани авзоъ ва фазои минтақаро ба дӯш доштанд. Маълум аст, ки Қатар дар ду даҳсолаи охир ҳамчун бузургтарин содиркунандаи гази табиӣ сармояҳои бузургро соҳиб буда, маҷмӯи маҳсулоти дохилии он ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар қиёс бо дигар кишвархои африқоӣ бартарӣ дорад. Як сабаби фаъолияти густрудаву таъсирбахш доштани шабакаи мазкур бархӯрдор будан аз таъминоти хуби молиявӣ мебошад. Ин таъминоти молиявӣ аз ҷониби муассиси мушаххас нест, балки қисмати бузурги онро фаъолияти тиҷоратии ин шабака ташкил медиҳад.Муҳаққиқон омили таъсис ёфтани шабакаро чунин тафсир кардаанд: “... аввалан зиёиёни ҷавони араб, ки солҳо боз дар Англия ва Амрико зиндагӣ, таҳсил ва кор мекарданд ва аз ҳавои озодӣ ва демократияи ин кишварҳо нафас мекашиданд ва бе шакку шубҳа чунин тарзи зиндагӣ ба афкору ҷаҳонбинии онҳо таъсир низ мерасонад. Вақте ки чунин зиёиён аз Ғарб ба Шарқ бармегарданд ба масоил рӯ ба рӯ мегарданд, ки пеш аз ҳама озодии сухан (фикр) аст. Баъдан моликони “Ал-Ҷазира” соҳибкоронанд. Онҳо фаҳмиданд, ки озодии сухан дар олами араб моли камчин (камёб) аст ва ҳамавақт дар моли камёб сарвати калон кор кардан мумкин аст [9,79]. Оғози фаъолияти шабака аз нигоҳи ҳаҷми вақт домангустурда набуд ва ҳамагӣ 6 соатро дар як шабонарӯзро фаро мегирифт. Аз моҳи феврали соли 1999 шабакаи ахбори байналмилалӣ бо забони арабӣ ба тариқи шабонарӯзӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ташкил ва фаъолияти шабака рӯзноманигорони таҷрибадори шуъбаи арабии басташудаи “Би-Би-Си”-ро ҷалб менамуданд. Ҳамин тариқ, “Ал-Ҷазира” дар олами араб аввалин шабакаи иттилоотии моҳворавии шабонарӯзӣ ба миён омадааст. Дар оғози солҳои 2000-ум аллакай шабакаи «Алҷазира» дар Австралия, ШМА, Америкаи Лотинӣ ва Шарқи Дур аудиторияи худро соҳиб гардид. Аллакай собит гардидааст, ки баъд аз фанои ИҶШС ҷанги сард самти дигар пайдо намуда, дар баъзе мавридҳо шиддати махсуси худро соҳиб гардидааст. Дар ин бархӯрдҳои иттилоотӣ акнун на ду блоки бо ҳам зид, балки чандин кишварҳову мамолик ширкат кардан мехостанд. Чунин мушоракат бештар аз рӯи қонунияти ҷаҳони бисёрқутбаву чандқутба сурат мегирифт ва то ҳол мегирад. Мувофиқи маълумоти пажӯҳишгарон “... “Ал-ҷазира”яке аз машҳуртарин ширкатҳои иттилоотии олами араб ба шумор меравад ва дар рақобати ҷангҳои иттилоотии ҷаҳон нақши муассир дорад[10,205].

Дар ин сабқату рақобатҳо сабаби асосии муваффақият ва шуҳрати “Ал-Ҷазира” дар байни ВАО–и олами араб (баъдтар ҷаҳонӣ) маблағгузории ҳангуфт ва истифодаи усулҳои нави замонавии онлайнии пахши иттилоот аст. Маҳз ҳамин усул ва шеваи фаъолият онро аз шабакаҳои дигари арабӣ бартарӣ додааст. Махсусан, баъд аз пахши мустақими ҳуҷумҳои ҳавоии қувваҳои мусаллаҳи НАТО ба Афғонистон (2001) ва изҳороти Усам бен Ладен тариқи ин шабака ҷаҳониён (махсусан олами араб) ба ахбори ин ширкат таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Кормандони “Ал-Ҷазира” ягона намояндаи ВАО-и ҷаҳон дар минтақаҳои таҳти назорати Толибон қарордошта фаъолият карда, ҳамзамон шабакаҳои иттилоотии Ғарбро бо мавод таъмин мекарданд. Айни ҳол оҷонсиҳои иттилоотии ҷаҳон ба ахбори “Ал-Ҷазира” ҳамчун сарчашмаи боэътимод муроҷиат мекунанд.

Фаъолият ва иқтидори ҳар як расонаро неруҳои эҷодиву зеҳнии он ташкил медиҳад. Аз ҷумла, шабакаи “Ал-Ҷазира” соҳиби кормандону мутахассисони варзида аст, ки дар бахши арабӣ ва англисии он 2,5 ҳазор кормандон ва журналистон аз 40 давлати дунё кор мекунанд. Ба ғайр аз қароргоҳҳои доимӣ дар Дуҳа, Лондон, Париж, Москва,Вашингтон ва Куала – Лумпур дар бисёр давлатҳои ҷаҳон бюроҳои худро дорад, аз ҷумла дар кишварҳои арабӣ 35 бюро фаъолият дошта, аудиторияи бештараз 50 млн. одамро дорост [7,93]. Мувофиқи қиёси муҳаққиқон алҳол ин шабака аз нигоҳи аудитория бо бузургтарин шабакаҳои телевизионии ИМА ва ИА дар рақобат аст.

Таҳаввулоти кишварҳои араб дар давоми ду даҳсолаи охир самти сиёсатҳои ҷаҳониро дигар намуд, ки дар ин раванд нақши васоити ахбор аввалиндараҷа мебошад. Воқеан, бо воситаи тарғиботи сартосарӣ, ки тавассути матбуоти даврӣ ва воситаҳои электронии ахбори омма сурат мегирад, ба ҷомеа афкори муайяне бор гардида, ҳамзамон ахлоқи ҷамъиятӣ, сохторҳои нигоҳдорандаи он вайрон карда мешаванд [6,6]. Аз таҳқиқ ва омӯзиши ҳодисаҳои “Баҳори араб” бармеояд, ки васоити ахбори омма дар дигар кардани сохти сиёсӣ, ноором кардани вазъият, ба мувофиқа овардани ду ҷониб, роҳгум занонидани мардуми оддӣ ва рӯйпӯш кардани ҳақиқат нақши бағоят бузург доранд. Аз ҷумла муҳаққиқон ва коршиносон нақши ВАО, аз ҷумла “Ал-Ҷазира”-ро дар инқилобхои “Баҳори араб” ва низоъҳои кишварҳои мусулмонӣ (Ироқ, Тунис, Миср, Сурия, Либия, Яман) калидӣ меҳисобанд [5,250]. Дар ҳаводиси рӯзҳои “Баҳори араб” шабакаи мазкур маъруфияти хосеро соҳиб гашт. Яке аз аввалин шабакаҳои иттилоотии ҷаҳон буд, ки ба тариқи пахши мустақим аз рӯйдод ва эътирозоти Тунис хабар дод. Инқилоб ҳанӯз дар ин кишвари африқоӣ ба анҷом нарасида, “Ал-Ҷазира” аллакай таваҷҷуҳи (нигоҳ) худро ба дигар кишвари минтақа, ки дар он ҷо эътирозоти оммавӣ сар зад, равона кард. Шабака гӯё пешгӯӣ мекард, ки дар оянда чӣ ҳодиса хоҳад рӯй дод. Бештари мутахассисони ВАО шабакаи “Ал-Ҷазира”-ро ҳамчун “катализатори” рӯйдодҳои “Баҳори араб” арзёбӣ кардаанд [2,161].

Умуман, шабакаи “Ал- Ҷазира” дар инъикоси масоили байналхалқӣ ва дохилӣ дидгоҳи хос дошта, дар фаъолияти худ унсурҳои муҳимми пахши иттилоотро роҳандозӣ кардааст. Ҷиҳати мутафовут он аст, ки ба монанди аксар шабакаҳои иттилоотии маҳаллӣ ва хориҷӣ ба маводи таҳияшуда аз саҳифаҳои расонаҳои дигар такя намекунад. Ҳарчанд ба таври мушаххас ба масоили дохилӣ маводи камтар бахшида шавад ҳам, аммо алоқамандии мавзӯоти дохиливу хориҷӣ дар партави манфиатҳои хос ҷараён меёбад. Шабакаи телевизионии “Ал- Ҷазира” ба масоили байналхалқӣ аз равзанаи сиёсати минтақавӣ бештар дахл намудан мехоҳад ва ҳузури сиёсатҳои таҳмилиро ошкоро баён мекунад. Сиёсати геополитикии абарқудратҳо гоҳо шадидан интиқод мегардад ва инъикоси ин мавзӯъ аз як нуқтаи меҳварӣ ва ё ба таври дигар гӯем, ба шакли якнавохт ҷараён надорад. Журналистон, коршиносон ва шореҳони касбӣ дар пешниҳоди андеша фактҳои навро интихоб кардан мехоҳанд, ки заминаи қавӣ ба манфиатҳои миллӣ доранд. Такрор, таҳия ва корбасти қолаб маҳдуд буда, фикрҳо низ дар мавзӯоти сиёсӣ пайваста дигар мешаванд. Шабакаи “Ал- Ҷазира” ба паҳлӯе назар андохтан мехоҳад, ки барои бинанда наву ҷолиб бошад ва моҳияти амиқи иҷтимоиро фаро гирад. Дараҷаи баланди фаврият гоҳо боис мешавад, ки таҳлилу ташреҳи масъалаҳои муҳим маҳдудтар гардад. Яъне, формати (шакл) ахбории ғарбӣ низ дар фаъолияти шабакаи “Ал- Ҷазира” камтаъсир нест.

 

Адабиёт:

1. Вара Т.Б. Роль и функции арабской журналистики в мировом информационном пространстве//Т.Б.Вара. Известия Южного Федерального Университета. Филологические науки.-2010.- 3. - стр. 161-166.

2. Виниченко В. М. Феномен «Аль-Джазиры» на ближневосточном и глобальном информационных рынках / В.М. Виниченко // Научные ведомости. Южный федеральный университет. Серия Гуманитарные науки. -2014. № 13 (184).-стр. 156-166.

3. Виниченко В.М. Парадокс "Аль-Джазиры"/ В.М. Виниченко // Журнал: Современные исследования государства и общества. Кубанский государственный университет (Краснодар).-2017.-№ 1-2.- С. 129-132.

4. Журналистикаибайналхалқӣ-X (маҷмӯаимақолаҳо).-Душанбе.- 2019.- 201саҳ.

5. Қаландаров С.Д. Инъикоси воқеаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи сомонахои «Ал - Ҷазира» ва «Би- Би-Си» / С.Д. Қаландаров // Паёми ДМТ 4/5 (209). Душанбе: Сино, 2016. саҳ. 248 – 252.

6. Муқим Ҷ. Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ / Ҷ. Муқим.-Душанбе: Деваштич, 2006. – 71 саҳ.

7. Орлова В. В. Глобальные телесети новостей на информационном рынке / В. В. Орлова. М.: Изд-во «РИП-холдинг», 2003. стр. 88 95.

8. Усмонов И.К. Назарияипублитсистика / И.К Усмонов..-Душанбе,-2009. 100 саҳ.

9. Чернов А.В., Савельева Е.А. Медиатексты «Аль-Джазиры» факторы консолидации или конфронтации? / А.В.Чернов, Е.А. Савельева // Вестник Череповецского государственного университета. -2015.- № 5.- стр. 76-80.

10. Шафель Али Шаиф Хусейн. Эволюция состава новостных арабоязычных спутниковых телеканалов в начале XXI века (cтатья первая) // Научные ведомости Белгородского государственного университета.: Научный журнал. — № 6 (177) / том 21 / 2014. — стр. 202 – 209.

11. Miles H. Al Jazeera. How Arab TV News Challenged the World. Grove Press, 2005. P. 33 34.

12. Schleifer A. Media Explosion in the Arab World: The Pan-Arab Satellite Broadcasters // Transna-tional Broadcasting Studies. №1. Fall 1998. // http://www.tbsjournal.com/Archives/Fall98