SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

vibor

Интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар гардидааст.

 

 

 

Интихобот худ чорабинии муҳими сиёсӣ дар ҳар як давлати соҳибистиқлол аст. Интихобот ифодагари ҳокимияти халқ ва саҳми мардум дар равандҳои сиёсии кишвар аст. Интихобот баёнгари озодии сухан, амал ва интихоби халқ буда, баргузор гардидани ин чорабинии дар ҳар як давлати демократӣ зарурист. Интихобот худ райъпурсии умумихалқӣ аст. Яъне райъи халқ. Вале мутаассифона баъзан вомехӯрем, ки дар баъзе кишварҳо мардум аз натиҷаи интихобот норозӣ мешаванд. Яъне, аз натиҷаи интихоби худ. Дар ин маврид набояд аз хотир баровард, ки дар интихобот нафаре, ки аз ҳама овози бештар гирифтааст интихоб мешавад. Ин ҳам аз худи мардум вобаста аст, ки бештари онҳо кадом номзадро муносибтар медонанд.

Хушбахтона дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо боре чунин ҳодисае рух надодааст, ки мардум аз натиҷаи интихобот норозӣ бошанд. Акнун, ки мо тоҷикон дар пеш интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интизор ҳастем бояд ҳушёру зирак бошем. Ба атрофамон бо чашми таҳлилӣ назар кунем. То ки ашхоси ғаразноку манфур, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон бисёр дида мешаванд тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ба худашон маълум майнаҳои моро заҳролуд насозанд. Зиракии сиёсӣ барои ҳар як шахс дар ҷои аввал меистад. Мо бояд кӯшиш кунем, то ин интихоботро мисли дигар интихоботҳои пештара ва аз онҳо ҳам хубтар гузаронем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як нафаре, ки ба синни қонунӣ расидааст, ҳуқуқи дар интихобот ширкат варзидан дорад. Ва ин барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Интихоби Президенти Тоҷикистон интихоби ояндаи дурахшони халқ аст. Ширкат накардан дар интихобот ин бетарафӣ нисбати ояндаи кишвар ва ояндаи худу фарзандонамон аст. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат омодагиҳо барои интихобот ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар тамоми ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ тамоми шароитҳо барои шаффоф ва демократӣ гузаштани интихобот мавҷуд мебошад. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи овоздиҳӣ ва ҳуҷраи модару кӯдак ташкил карда мешавад. Инчунин қуттиҳои сайёр низ фароҳам оварда мешаванд, то шахсоне, ки имконияти ба участкаи интихоботӣ омаданро надоранд тавонанд дар манзили зисташон ба номзади арзандаи хеш овоз диҳанд. Райъи додаи ин гуна шахсон тавассути қуттиҳои махсуси сайёр ба участкаи интихоботӣ оварда мешаванд.

Дар ин асно моро танҳо зарур аст, ки бо риояи баланди маданияти шаҳрвандӣ ва ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ба наздиктарин участкаи интихоботӣ ҳозир шуда, дар интихоби ояндаи кишвари хеш саҳм гузорем. То ин ки баъди интихобот гапу калочаҳои ҳарзагӯён пайдо нашаванд. Барои ин бояд ҳар як нафар бо масъулияти баланд дар райъпурсии умумихалқӣ ширкат варзад. Чунки бо иштироки шахсӣ ва дидани рафти интихобот метавон ба шаффоф гузаштани он боварии амиқ пайдо намуд. Ҳамон шахсоне ба ҳангомаҳо дода мешаванд, ки худ дар интихобот ширкат накардаанд. Чуноне ки мегӯян:" Шунидан кай бувад монанди дидан"

Пас, бояд шахсан бубинем, ширкат варзем, масъулият пазирем ва ба халқу миллат ва давлати хеш бовар дошта бошем. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки халқи тоҷик ин интихоботи Президентро низ бо сари баланд ва обрӯю эътибори доимии хеш гузаронида, номзади арзанда ва зебандаи унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо суру сарбаландӣ интихоб менамояд.

                                                                       Ҷовидон Раҳмоналиев

донишҷӯи соли сеюм

                                                                                                                                                                      

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.