SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Dushanbe

Ҳарчанд аз пойтахт будадани Душанбе ҳанӯз асре нагузашта бошад ҳам, он мероси миллатеро ба дӯш мекашад, ки ҳазорсолаҳо таърих дорад. Душанбе дар ин умри пойтахтии наздик ба садсолаи худ шоҳиди фарозу нишебиҳо, бузургтарин таҳаввулоту дастовардҳои миллат гаштааст.

 

 

Душанбе маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавқат, маскани тоҷикони бузург аст.Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор, марказу умеду армон аст.Даме, ки дар хиёбонҳои пойтахт гом мениҳем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор аст. Душанбе шаҳрест, ки саросар гулрезу гулбасару машҳуру дилоро буда, биноҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишгоҳҳои бузург, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ, варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ, илова бар ҳамаи ин маркази сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодӣ буданаш боз ҳам шукуҳу шаҳомати шаҳрро даҳчанд зебову овозадор мегардонад.

Инчуни ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе бо суръат ҷараён дорад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо соли 2017 дар шаҳри Душанбе 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои машқу тамрин сохта шуданд, ки ин ҳама ба оммавигардонии варзиш ва ташвиқӣ тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон мусоидат менамояд. Дар соли 2018 бошад дар пойдахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Айни замон бошад, теъдоди майдончаҳои варзишӣ ба 255 адад расидааст, ки наврасону ҷавонон ва сокинони пойтахт метавонанд аз онҳо истифода кунанд. Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди бунёду сохтмони майдончаҳои варзишӣ идома дорад.

Дастовардҳои шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ низ ба назар мерасад. Ба хотир меорем, ки соли 2016 шаҳри Душанбе дар миёни 6 шаҳри баргузидаи ҷаҳон, ба монанди Рим, Афина, Ашқобод, Боку ва Бишкек дар озмуни ҷаҳонӣ ба ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”-и Бунёди “Роҳи абрешим” сазовор дониста шуд. Ин мужда зимни баргузории Намоиши байналмилалии “Рассомон баҳри сулҳ” таҳти унвони “Дурдонаҳои Роҳи абрешим” дар шаҳри Душанбе баён гардид .Зимни супоридани Ҷоиза мушовири Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ченг Гуопинг чунин иброз дошт, “Шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту хизматрасонии осоиштаи қишрҳои ҷомеа, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо ҷоизаи мазкур сарфароз гардонида шуд”. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҷоизаи байналмилалии шаҳри Душнабе набуда, он соли 2004-ум бо Ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”- и Юнеско дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дар солҳои 2002 -2003 барои саҳми намоён дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамраъйӣ дар ҳаёти ҳамарӯза сарфароз гардида буд.

Душанбе рӯз то рӯз дар чанд самт ҳам ба паҳно, ҳам ба боло ва ҳам ба дохил густариш меёбаду таҷдид мешавад, ҳашамату ҷалол касб карда, босуръат ба як шаҳри модерну замонавӣ мубаддал мегардад, ки дар он саҳми бевоситаи шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба назар мерасад. Инро нафақат худамон мегӯем. Он дар назари хориҷиён низ пинҳон нест ва ҳамасола ба шаҳри Душанбе теъдоди зиёди сайёҳон ворид шуда аз зебогиҳои он ҳаловат мебаранд. Имрӯз шаҳри Душанбе пойтахти кишвар зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ рӯз то рӯз обод ва сарсабз мешавад. Он ба садсолагӣ, ки ба соли 2024 рост меояд, дар авҷи рушду камол ва созандагию навшавӣ мебошад.

 

Фаридун Сафарзода

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.