Дар ҳоли ҳозир яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва торафт пурпечутобу мураккаб гардидани авзои ҷаҳони муосир нақш ва мақоми рӯшанфикрон ва воизон дар побарҷо нигоҳ доштани сулҳу субот ва ободии ҷомеа хеле калон мебошад. Бинобар ин, рӯшанфикрон ва воизонро мебояд, ки баҳри пешгирии ҷомеа аз ғарқи таассуб ва ифрот шудан, донишҳои динӣ ва дунявии худро истифода намоянд. Мутаассифона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро зуҳуроти номатлуб ба мисли терроризм, экстремизм ва ташкили гурӯҳҳои ифротӣ фаро гирифта истодааст ва аз ҳама таассуфовартараш ҳам он аст, ки қисме аз ҷавонони ноогоҳ фирефтаи чунин гурӯҳҳо мегарданд.