Душанбе шаҳри зебост. Он қалби Тоҷикистони бузург мебошад. Ҳамагӣ огоҳем, ки Душанбе қабл аз Инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолие беш набуд. Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорхои калони хариду фурӯши мол машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва навоҳии дурдаст ин ҷо омада молу колояшонро мефурӯхтанду маводи рӯзғор харида бозпас мегаштанд.