SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

tarikh   Студияи таълимии телевизион ва радио аз таърихи 1-уми сентябри соли 2011 ташкил шудааст. Он ҳамчун лабараторияи таълимӣ кафедраи телевизион ва радио, умуман факултети журналистика хидмат мекунад. Студия бо шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, хабару гузоришот пайваста пахш мегарданд. Барномаи хабарии Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намунаи барҷастаи ин гуфтаҳост. Нахустин мудири он Зафар Эшматов тайи солҳои 2011-2015 барои ободии студияитаълимии телевизион ва радио заҳмат кашидааст. Аз соли 2014 инҷониб мудирии онро ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ Муслима Манонова ба уҳда дорад. Дар студияи мазкур ду нафар корманд Нурулло Мирзоев ба ҳайси наворбардор ва Сергей Тютин ҳамчун коргардони танзим фаъолият мекунанд. Қаблан Фаромуз Муъминҷонов (солҳои 2011-2016) барои омода намудани барномаву гузоришоти донишҷӯён танзимгар  низ фаъолият намудааст.

 

Студияи мазкур дорои утоқҳои алоҳида барои танзим, сабти овоз, утоқи коргардон, хулоса дорои тамоми шароити ҳозиразамон буда, бо техникаву технологияи навтарин таҷҳизонида шудааст. Студияи таълимии телевизион ва радио ҷиҳати омода намудани донишҷӯён ҳамчун мутахассиси соҳаи журналистика аҳамияти калон дорад.

Соли 2015 телевизиони студияи мазкур ба фаъолият пардохт, ки он минбари донишҷӯёни факултет ба ҳисоб меравад. Ин телевизион ҳамарӯза аз соати 830 то 16 дар 10-дақиқагии байни дарсҳо барнома пахш мекунад. Номгӯйи барномаву бахшҳо “Ибрози назар”, “Дар фазои кушод”, “Андарзи рӯз”, “Дар меҳмонӣ...”, “Баҳси имрӯз”, “Мушкилоти донишҷӯ” ва монанди ин мебошад.

Студияи мазкур якчанд филми мустанад, аз ҷумла “Фурӯғи хирад” (65 солагии ДМТ), “Шуълаи раҳнамо” (100 солагии Раҷабов) ва монанди инҳо таҳия намудааст.

                                          РАСМҲО:

                          dokhil

                           fazo

                                                        efir

                             DSC00196

                             navor

                             vakhtinavor   

                           Bakhtiyor 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм