SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

                                    parcham dilshod

                   Варзишгарон миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ягона шахсоне мебошанд, ки баъди сафарҳои Президенти мамлакат танҳо ба хотири онҳо Парчами давлат дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта мешавад. Баланд шудани парчами кишвар баландии қадру манзалати миллат дар арсаи ҷаҳон ва сарбаландии мардуми он мебошад. Бо мақсади ҳимояи шарафу номуси миллат варзишгарон арақи ҷабин мерезанд, то парчами кишвар миёни халқиятҳои ҷаҳон парафшон гардад.

               fazoi ittilootiФазои иттилоотӣ ин доираест, ки дар ин ё он дараҷа маҷмўи фактҳои ҷаҳони воқеиро фаро мегирад. Фазои иттилоотӣ барои ҳар як фард дар коркард кардани андешаҳо ва баровардани ҳукму қарору тасмимҳо мусоидат  иродаи одамон аст. Фазои иттилоотӣ руҳияи иҷтимоиро дар оғуши худ мепарварад. Фазои иттилоотӣ ин маҷмўи натиҷаҳои фаъолияти маънавии инсон аст. Фазои иттилоотӣ интихобро мушаххас менамояд. Ин интихоб метавонад, ки аз интихоби мол то интихоби президенти як нафар бошад.

                            asosi

          “Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополтикӣ дар Осиёи Миёна” мавзӯи конфронси илмию амалаии ҷумҳуриявӣ дар факултети журналистикаи ДМТ буд, ки дирӯз бо ташаббуси кафедраи байналхалқӣ баргузор шуд. Дар он масоили доғи журналистика, аз ҷумла, вазъ ва ҳолати расонаҳои тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддати ҷанги иттилоот ва роҳҳои таъмини амнияти иттилоотӣ баҳс шуд.

                              Parcham-00

Дирафши Ковиён ҳамчун аввалин парчами қадимии тоҷикон,   рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории халқҳои ориёинажод мебошад. Бо мурури замон калимаи дирафш дигар шуд ва имрӯз бо номи Парчам дар байни мардум пазируфта шудааст. 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли равон ба қабули он 24 сол пур мешавад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Саъдӣ Маҳдӣ (Исматов), декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба маънии вожаҳои Парчам ва дирафши Ковиён  ҳамсуҳбат шуд.

qutbiddinov       Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ақидаи муаллиф дар бораи худи ў мебошад. Ибораи «худнақднамоӣ»-ро чун як шакли тарҷумаву фаҳмиши истилоҳи автокритика ба он ваҷҳ қабул доштем, ки худи истилоҳи нақд дар танҳоӣ дар дараҷаи маълум тавсифро низ ифода менамояд. Муҳаққиқон А.Саъдуллоев ва П.Гудмуродзода дар ифодаи истилоҳи мунаққид калимаи «танқидчӣ»-ро (3,39) ҳамчун муродиф истифода бурдаанд. Яъне нақд бештар нуқтаи назари танқидии хос нисбат ба як асар мебошад. Аммо автокритика ба ҳеҷ ваҷҳ танқиди хоси муаллиф дар бораи худи ў нест. Зеро танқид масъулият аст ва танқиди холисона дар бораи ин ё он асар вокунишҳову натиҷаҳои мухталиф дорад.

azimov1Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин алоқамандӣ то кунун идома меёбад ва минбаъд низ хоҳад монд. Ҳамагон медонем, ки журналистика ба сиёсат тавъам аст. Ба андешаи инҷониб «Журналистика ҷузъи сиёсат аст ва дар ин маврид ҳар касе ба фаъолияти журналистӣ машғул аст, ба сиёсат сару кор мегирад.»  

        Матхолов ОПахши гуфторҳои таърихӣ дар баробари барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тафреҳӣ ҳамчун талаботи маънавии як қисми шунавандагон, барои комилтар кардани фазои маърифатӣ ва худшиносии миллии ҷомеа нақши созгор дорад. Омили муҳимми дигари мавҷудияти барномаҳои таърихии радио дар солҳои истиқлолият тасодуфӣ набуда, балки «амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем” (Сафарҳои хориҷӣ. Чор ҷилди тарҷумаи китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони арабӣ муаррифӣ шуд. 24.06.2013).

 

          бахси забон

     Дар Тоҷикистон нисбати ҷумҳуриҳои ҳамсоя интернет бисёр фаъол аст, ҳатто баҳсҳои фейсбукӣ, ки бо унвони ташкилкунандаи «Баҳори араб» дар ҷаҳони имрўза машҳур аст. Агар мабодо ин сомонаҳо масдуд шавад, роҳҳои гуногуни кушоданаш ҳаст. Барномаҳои шиканандае мисли Hotspot shild ҳар гуна масдудиятро бартараф мекунад. Дар Тоҷикистон Фейсбук падидаи нав аст. Он аз соли 2010 кам-кам ба ҳаёти мо ворид шуд. Кушодани гурўҳҳои гуногуни Фейсбукӣ низ аз ҳамин давра оғоз ёфт. Мавзўе, ки имрўз мо мехоҳем матраҳ кунем, баҳсҳои забонӣ дар гурўҳҳои ин шабакаи иҷтимоӣ аст.

   камолиддиновe

     «Масъалаҳои баҳсноки забони васоити ахбори омма». Чунин ном дошт конфронси ҷумҳуриявӣ,  ки дирўз бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика баргузор гардид. Конфронсро декани факултети журналистика Саъдӣ Исматов расман кушод. Дар  конфронс устодону аспирантон, унвоҷўёни факултет ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма маърўзаҳо карданд.

                         dilshod N   

Хобе дидам , ки Рустами паҳлавон шери миллат, фахру ғурури тоҷикон дар биёбони сӯзоне дар набарди шадидбуд. Аз задани шамшери ӯ бар рақиб аз заду хурди ҷисмҳои сахту қавии чун оҳан садои баланди нофорам мебаромад ва аз ҷисмҳои бузургу боқуввати ҷанговарон хун мисли обшорон ҷорӣ мешуд. Бо ду чашми чори пур аз умед интизори чизе будам ва чизеро аз Яздони ҳақ талаб мекардам. Ягона такягоҳи ман дар ин ҳолат Худованди меҳрубон буд. Бо дидани ҳар як захм дар тани ҷанговарам дилам пора-пора мешуд ва чун пиёлаи сабарам лабрез шуд чашм пушидам то лаҳзае ҳам бошад аз ин даҳшат дур бошам.

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм