SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
14/11   ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲАМГИРОИВУ ... - " Дар оғози моҳи ноябр сурат гирифтани сафари расмии Президенти Туркманистон ба ..."

          бахси забон

     Дар Тоҷикистон нисбати ҷумҳуриҳои ҳамсоя интернет бисёр фаъол аст, ҳатто баҳсҳои фейсбукӣ, ки бо унвони ташкилкунандаи «Баҳори араб» дар ҷаҳони имрўза машҳур аст. Агар мабодо ин сомонаҳо масдуд шавад, роҳҳои гуногуни кушоданаш ҳаст. Барномаҳои шиканандае мисли Hotspot shild ҳар гуна масдудиятро бартараф мекунад. Дар Тоҷикистон Фейсбук падидаи нав аст. Он аз соли 2010 кам-кам ба ҳаёти мо ворид шуд. Кушодани гурўҳҳои гуногуни Фейсбукӣ низ аз ҳамин давра оғоз ёфт. Мавзўе, ки имрўз мо мехоҳем матраҳ кунем, баҳсҳои забонӣ дар гурўҳҳои ин шабакаи иҷтимоӣ аст.


         Гурўҳҳое, ки дар онҳо баҳсҳо тезу тунданд: гурўҳи Забони порсӣ, Дуруст бинависем, Забонкадаи форсии тоҷикӣ, Турон, Шоҳбайт, Тарбияи имонӣ, Тоҷикона. Баъзе гурўҳҳо аз мақсаду мароми гурўҳҳои хеш берун рафта, ба мавзўъҳои дигар низ даст мезананд. Баъзан модераторони гурўҳ аз баҳсҳои дохилӣ бехабар мемонанд, ки дар ин гурўҳ ҷанҷолу хархаша ва носазогўиҳо то ба ҳадди охир расида. Ҳол он ки дар чунин маворид, роҳбари гурўҳро лозим аст, то назорат бубарад ва шахсони дуруштзабону ҳақоратчиро огоҳонида, баъди ислоҳ нашудан аз гурўҳ хориҷ кунад.
Мавзўъҳои забоние, ки дар ин гурўҳҳо матраҳ мегардад, аз чанд қисм иборатанд. Мисли:
1. Баҳси талаффузи тоҷикона ё талаффузи эрониву афғонӣ;
2. Баҳси имлои дуруст, ки алоқаманд мегардад ба талаффуз;
3. Маънии вожаҳо;
4. Лаҳҷаи тоҷикистонӣ (варорудӣ) ва ғ.;
5. Тарҷумаи вожаҳо аз русӣ (бештар) ва англисӣ ба тоҷикӣ;
6. Аз таърихи вожаҳо;
7. Истилоҳ - баҳси доғ;
8. Баҳси «сиёҳ»-и «тоҷикӣ ё порсӣ».
     Дар тамоми ин 8 қисм баҳс бармегардад сари имло, хатти кирилӣ ва алифбои ниёгон. Чуноне ба мушоҳида расид, аксари мубоҳисон шахсони фарҳангӣ, кормандони соҳаҳои гуногун, муҳоҷирони аз ватан дур, донишҷўён ва мактабиён низ ҳастанд. Дар ин миён шахсони тасодуфӣ (бештаринашон аз шабакаи иҷтимоии Ҳамсинфон - Одноклассники) низ бо лаҳни тезу тунд ва оммиёнаву дағал вориди баҳс мешаванд. Бояд гуфт, ки ин навҷавонони тоза воридшуда аз тарзи рафтору гуфтори олимони Фейсбукӣ лаззат бурда, мекўшанд, ки дар ин гурўҳ дағалгуфторӣ накунанд ва тарзи гуфтори худро малеҳтар кунанд. Яъне, назорати доимии модератори гурўҳ ва муносибати нарму гўшнавози олимон метавонад дар тарбияи иштирокчиёни гурўҳи фейсбукӣ нақши бориз гузорад. Дар гурўҳҳои марбути забон ва адабиёту таърихи кишвар баъзан дағалгуфторӣ бо рақибони мавзўӣ мушоҳида шавад, баъзан мебинем, ки як нафар донишманд бо тарафи муқобил бо лаҳни гўшнавоз, бо суханони дўстам, гиромӣ, Шумо, Саломат бошед, Худо ҳифзатон кунад, ва м.и. муроҷиат карда, барои тарафи муқобил намунаи хушгуфторӣ мегардад. Чунин суҳбатҳо ҳамеша гуворо ва созандаанд. Будани мутахассиси марбути соҳа дар баҳс доим ҳис мешавад. Бисёр баҳсҳо бо овардани факту рақамҳои илмӣ ва бурҳони дақиқ аз тарафи шахси донишманд хатм мешавад. Баъзе ҷавонон дар ин баҳсҳо иштирок намуда, бисёр чизҳои мусбатро барои худ мегиранд, вале ҳастанд ҷавононе, ки тобеи ақидаҳои бегона шуда, аз вожаву калимаҳои худ ру метобанд ва ин оғози кор аст, баъди ин сар карда, то номи забону қавму миллат рафта, арзишҳои фарҳангии замони соҳибистиқлолиро ба инобат намегиранд ва дар залолату гумроҳӣ меафтанд. Мутаассифона, шахсони шинохта, машҳур, олимони маъруф кам вориди ин баҳсҳо мешаванд. Халқ мегўяд: Сад задани сўзангар, як задани оҳангар. Сухани даҳ нафар ғайри мутахассис куҷову сухани як олими соҳа куҷо?!
     Баҳси шатранҷ ё шоҳмот қариб як моҳ идома кард. Хислати яктарафа кашидани мавзўъ, ки танҳо шакли таърихӣ – шатранҷ (ашта ринга-и ҳиндӣ) дуруст аст, баҳсро ба дарозо кашид. Ин мубоҳисон онро ба инобат намегиранд, ки вожаи тоҷикии шоҳмот, ки аз шоҳ ва моту мабҳути тоҷикӣ (на мот-и арабӣ) пайдо шудааст, имрўз ҳамчун бозии ҷаҳонӣ дар дунё ном бурда мешавад. Ин боиси ифтихори баъзеҳо шуда наметавонистааст, зеро ки таърихро муқаддам медонанд. Ин пуризми таърихчиён аст, ки воқеиятро ба назар нагирифта, мехоҳанд фақат сухани худро ҳақ ҳисобанд. Ҳол он ки забон моли ҷамъият аст ва он ҳамроҳи ҷамъият пеш меравад. Вожаҳои таърихӣ ин моли гузашта аст. Агар он зинда шаваду мардум аз сари нав онро қабул кунанд, хуб аст. Мисли вожаҳои кох, дирам, сомонӣ, фурўзонак, ки бо шарофати истиқлолият ва қарорҳои ҳукумат дар зеҳни мардум шинонда шуд. Замоне Рўдакӣ озарахш мегуфт, имрўз вожаи арабии барқ дар истифода аст, агар озарахш зинда шаваду ҷои худро гирад, нуран алонур мешавад. Вале чӣ кунем, ки забон моли ҷомеа аст.
       Дар охир мехостам аз баҳси фейсбук аз гурўҳи “Дуруст бинависем” сухани яке аз иштирокчиёни баҳсро биёрам, ки фикр мекунам, ибратомўз ҳам ҳаст.
Фозил Косимов
Посух ба як панирони
Аличон Баротзода! Дусти гироми, аз навиштахоятон пайдост, ки Шумо аз таърихи пайдоишу кучиши халкхо бехабаред. Ва мисли шахси якрав дар зери таъсири дигарон мондаед.
Аввалан, Шумо, ки чавонед, одоби шаркиро нигох дошта, хангоми мурочиат ба дигар хамсухбатон "ШУМО" гуфтанро риоя кунед. Худи хамин мурочиати Шумо сатхи нокифояи донишатонро нишон медихад. Чун хар шахс дониши хуб (аз хар фан) дошта бошад, нишони он дар муносибаташ аён мешавад.
Дуввум, калимаи "ТОЧИК"-ро коммуниистон ё шуравихо ихтироъ накардаанд. Ин калима зиёда аз хазор сол боз арзи хасти дорад. Агар халке ном дорад, забони гуфтугуии он низ бо хамон номи халк ном бурда мешавад. На баръакс. Аввал халк ва баъд забон. Дар паёмади навиштахои ман Шумо албатта боз хамон сарсахтихои худро давом дода мепурсед, ки кадом хазор сол калимаи "ТОЧИК" вучуд дошт. Мегуям: Агар ба чашматон во хурда бошад, Чалолиддини Руми мегуяд:
Агар турк асту точик аст, бад-ў ин банда наздик аст,
Чу чон бо тан, валекин тан набошад хеч мар чонро.
Турке хама турки кунад, точик точики кунад,
Ман соъате турки шавам, як лахза точики шавам!
 Дар ин чо "ТОЧИК" ё "ТОЧИКИ" чиро нишон медихад? Мавлоно бо навиштани ин калимахо чи гуфтан мехохад? "ТОЧИКИ" шудан яъне чи? Рох рафтан, хандидан, либос пушидан....? Чист ин "ТОЧИКИ"-и шоир? Ба чи ишора мекунад? Агар халк аст, пас забоне, ки ин халк гап мезанад, ЗАБОНИ ТОЧИК аст, ки хангоми сифат шудан ТОЧИКИ мешавад.
Аз ин гуна мисолхо ман зиёда аз сад байти шоирони гузашта (то Револютсияи Октябр)-ро мисол оварда метавонам.
Агар дар Рум (Туркия) ишора ба ТОЧИК дорад, дар Шероз Саъди, дар Хиндустон Амир Хусрав низ ба он ишора кардаанд.
Саввум, дар холате касеро танкид кардан мумкин аст, ки аз он зиёдтар донои дошта боши ё акаллан баробари у. Устод Иброхим Усмонов хазорхо донишчуро тарбия кардаанд ва чандин касонро сарвари карда ба унвон расондаанд. Аз хаёхуи ин гурухи ба ном дустдори ЗАБОНИ ПОРСИ И.Усмонов шахси камхирад, олими тасодуфи, бесавод чилва мекунанд. Инсоф бояд кард. Кадоме аз Шумо баробар ба чахоряки ин устод барои чамъият хизмат кардаед?
Дигар ин ки хат хеч гох халкро бой ё камбагал карда наметавонад. Харф танхо нишони овоз дар руи когаз хаст. Дар ин холат мо хеч гох хати арабиасосро барои точикон кабул карда наметавонем. Зеро чандин харфхое дар он хастанд, ки овози онхо дар забони мардуми ТОЧИК (дар Осиёи Миёна) нест. Хамчунин, дар забони мардуми худуди Эрон овозхое вучуд доранд, ки дар забони мардуми ТОЧИКИ Осиёи Миёна нест. Ба мисли "ао" ва "ув" (و). Харфи "و" дар гуиши мардуми худуди Эрон талаффузи якчояи нопурраи харфхои "У" ва "В" аст. Калимаи Фирдавси дар гуиши мардуми худуди Эрон ФИРДАОУВСИ баён мешавад. Ва гайра. Истифодаи пешоянду пасоянд (пешванду пасванд) хам дигаргун аст (Аз шумо ташаккур мекунам). ...
Хамин тавр навиштанро соатхо давом додан мумкин аст.
Агар шахсе ба саволи Шумо посух надод, маънои онро надорад, ки у аз Шумо маглуб шуд ва дигар сухане надорад, ки гуяд. Баръакс, у дигар намехохад худашро бо Шумо баробар созад. Чунки Шумо якрав ва сарсахт хастед, дусти азиз.
Ман хам, агар Шумо дар чавоб чизе нависед, хомуширо авло медонам. Зеро ба фикри худ бо далелхо мутмаинам.
Боки, дар амони Худо монед!!!
     Ин гуна баҳсҳо зиёданд ва агар шахсони соҳибтахассус вориди чунин баҳсҳо мегардиданд, шахсони тасодуфӣ ва ноогаҳ ҷавоби сазовор мегирифтанд. Инчунин, гуфтори олимона метавонад маълумоти бардурўғи баъзе аз мубоҳисонро, ки бо мақсадҳои гуногун хабарро таҳриф намуда, пешкаши дастурхони Фейсбукӣ месозанд, фош ва ошкор созад. Дар баҳсҳо факту рақами илмӣ даҳони дурғпардозонро мебандад ва хонандаро аз таъсири дезинформатсия нигоҳ медорад. Дар навбати худ даҳҳо нафаре, ки ин баҳсҳоро мехонанд, барои худ бардошти хуб мекунанд.
     Хулоса, дар асри иттилоот, ки ҳар нафар ҷавон дар даст телефон дорад ва бо интернет пайваст аст, баҳсҳои алоҳида, ҳатто ночиз метавонанд табақаи осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ҷавононро ба тарафи худ моил созанд. Мардони аз 45-50 болоро низ лозим аст, ки фориғ нанишинанд, зеро техника бо суръат тараққӣ мекунад ва ба пеш меравад. Ҳар рўзи аз дастрафта метавонад чанд нафарро аз даст бидиҳад. Шайхи Шероз дуруст мефармояд:
Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомўш биншинӣ, гуноҳ аст.
                                                                                                                                                                  

                                                    Саъдӣ Маҳдӣ,

                                                                                                                                                                            устоди ДМТ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм