Parcham-00

Дирафши Ковиён ҳамчун аввалин парчами қадимии тоҷикон,   рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории халқҳои ориёинажод мебошад. Бо мурури замон калимаи дирафш дигар шуд ва имрӯз бо номи Парчам дар байни мардум пазируфта шудааст. 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли равон ба қабули он 24 сол пур мешавад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Саъдӣ Маҳдӣ (Исматов), декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба маънии вожаҳои Парчам ва дирафши Ковиён  ҳамсуҳбат шуд.

 

АМИТ «Ховар»: Оид ба сарнавишти дирафши Ковиёнӣ чӣ андеша  доред?  Маънои вожаи «дирафш» чист?

 

С. Маҳдӣ: Чун зулми Заҳҳок аз ҳад гузашт, Кова – косиби оҳангаре аз миёни меҳнаткашон бархост ва пешдомани чармини хешро бар сари найза кард ва мардумро ба қиёми зидди зулм даъват кард.

 

Дирафш, дурафш ё дарафш ва феъли дирафшидан ба маънои дурахшидан, барқ задан ва алвонҷ хӯрдан ҳамреша буда, бо вожаҳои дур(р)фишону дур(р)афшон таносуби шаклӣ дорад. Чуноне аз сарчашмаҳо бармеояд, дурафши ковиёнӣ ғарқи дурру гуҳар буд, пеши назар алвонҷ хўрдан бо ҳама зебу ороиш ва дурру гуҳараш ҳарду маъно ҷилвагар мешавад. Маҷозан «дирафшӣ кардан» маънии худро ангуштнамову машҳур кардан аст. Мутаассифона, ин гуна маҷозҳои сермаъно, ки дар илми имрӯз воҳиди фразеологӣ ном доранд, аз истифодаи ом берун афтодаанд.

 

АМИТ «Ховар»: Муродифоти парчам кадомҳоянд ва ҳар кадом муродиф дар алоҳидагӣ чӣ маъноро ифода мекунад?

 

С. Маҳдӣ: Байрақ, (ъ) алам, роят, ливо ва дирафш- ин панҷ вожа муродифоти парчам мебошанд. Ғолибан ба ҳар вожа назар афканем, дар онҳо маънои дурахшидану машҳур шудан дар назар дошта шудааст.

 

Калимаи (ъ)алам арабӣ буда, маънои донистан, маъруфу машҳур шуданро дорад.

 

Вожаи роят ё раъят аз руъятун–дидани арабӣ реша дорад. Чун дар лашкаргоҳ аз ҳар ҷонибе нангарӣ, аз ҳама ашёи баланд ва назаррасу бачашмдиданӣ ҳамин рояти қалби лашкар аст.

 

Вожаи арабии ливоъун ба маънии тофтану печонидан рафта–рафта чун ашёи ҳарбӣ-давлатӣ маънии парчаму дирафшро гирифтааст.

 

Шакли ялав – байрақ низ аз ҳамин ливо реша дорад.

 

Чуноне ки мебинем, аз ин шаш вожа чортоаш арабӣ буда,танҳо парчам ва дирафш аслии тоҷикианд. Дар ин силсилаи муродифот то замони истиқлолият вожаи арабии байрақ аз ҷиҳати серистифода будан чун сарсилсила маҳсуб мешуд. Баъди ба даст овардани истиқлолият ва қабул намудани Парчаму Нишон вожаи зебои аслии тоҷикии Парчам серистифода шуд ва ҷои калимаи арабии байрақро соҳиб гашт.

 

АМИТ «Ховар»: Дар хусуси рангҳои Дирафши ковиёнӣ назарҳо зиёданд. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?

 

С. Маҳдӣ:  Баъзе муҳаққиқон мисраъҳои поёнро далел оварда мегўянд, ки рангҳои дирафши Ковиёнӣ сурху зарду бунафш будаанд. Аммо аслан ин тавр нест, балки дар «Шоҳнома» гуфта мешавад, ки аз дирафш пулакчаҳои гуногунранги сурху зарду бунафш фурӯ овехта шуда буданд:

 

Фурӯ ҳишта з-ӯ сурху зарду бунафш,

 

Ҳамехондаш  «Коваёнӣ дурафш».

 

Ин ороишотест, ки баъдтар ба дирафш илова кардаанд. Аслан дирафши ковиёнӣ ҳамон чарми гов аст, ки ҳангоми оҳангарӣ Кова онро дар пеши бар мебаст. Рангаш маълум нест, вале он бояд  маъмулан сафеди ба зардӣ моил бошад.

 

АМИТ «Ховар»: Шумо китобе доред, ки «Тоҷ андар Шоҳнома» ном гузоштаед. Вожаи тоҷ худ чиро таҷассум мекунад? 

 

С. Маҳдӣ: Тоҷ ҳамчун ашё чанд вазифа дошт. Чун пӯшиши сари подшоҳ, ки аз кулоҳҳои дигар дарбориён фарқ мекард. Дуюм, тоҷи бузургу сангине, ки аз болои тахт бо занҷирҳои тилло меовехтанд. Ин тоҷи расмии давлатӣ ва рамзи подшоҳони Эронзамин буд. Дар Парчам ва Нишони Тоҷикистони соҳибистиқлол омадани тоҷ — ин нишони тоҷдории тоҷикон мебошад.

 

АМИТ «Ховар»:  Барои суҳбати самимӣ арзи сипос менамоем. Ба  мардуми Тоҷикистон  чӣ таманно доред?

 

С. Маҳдӣ: Орзу менамоям, ки Парчами миллии мо ҳамеша парафшон бошад, фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ба монанди Дилшод Назаров ва даҳҳо варзишгарони дигар онро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ кунанд.

 

 

 

Мусоҳиб Шукӯҳи Далер,  хабарнигори АМИТ «Ховар»

Пайванд