asosi

          “Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополтикӣ дар Осиёи Миёна” мавзӯи конфронси илмию амалаии ҷумҳуриявӣ дар факултети журналистикаи ДМТ буд, ки дирӯз бо ташаббуси кафедраи байналхалқӣ баргузор шуд. Дар он масоили доғи журналистика, аз ҷумла, вазъ ва ҳолати расонаҳои тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддати ҷанги иттилоот ва роҳҳои таъмини амнияти иттилоотӣ баҳс шуд.

 Конфронсро Саъдӣ Исматов, декани ифтитоҳ намуда, маърӯзачиён дар масоили журналистикаи тоҷик дар замони авҷи бархурҳои геополитикӣ ва ҷаҳонишавӣ баромад намуданд. Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ин конфронс иброз дошт, ки расонаҳои тоҷик бо афзоиши рӯзафзуни талаботи ҷомеа дорои мушкилоти муайян мебошанд. Кишварҳои Осиёни Миёна дар замони пасошӯравӣ беш аз ҳама ба фишорҳои геополитикӣ ва таҳоҷуми иттилоотӣ дучор гардиданд. Зинатулло Исмоилзода норасоии коршинсонро дар расонаҳои Тоҷикистон яке аз иллатҳо медонад. Ӯ пешниҳод намуд, ки зарур аст, то Маркази татқиқоти стратегӣ ва дигар ниҳодҳои марбута шабакаи коршиносиро ба вуҷуд оранд, ки дар ҳама масъалаҳои доғи рӯз баромад кунанд.

                 asosi1

Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ”, ки расонаҳо дар партави бозиҳои геополитикиро меомӯзад, изҳор дошт, ки ҷаҳони сармоя расонаҳоро чун василаи муассире истифода мекунанд. Журналистикаи кишварҳо новобаста аз ҳадафи аслӣ, ки расонидани иттилоот аст, якранг ва яксон буда наметавонанд, зеро ҳар кишвар дорои дорои таърих, сиёсат, фарҳанг ва арзишҳои миллии худ мебошад ва журналистон низ зери таъсири онҳо камол меёбанд. Аз дигар тараф кормандони ВАО беназардошти сатҳи ҷаҳонбинӣ ва сиёсати редаксионашон маҷбуранд, ки ҳамчун шаҳрванд аз арзишҳои кишвари худ дифоъ кунанд. Бо ин Бахтиёр Ҳамдамов ба ҳолати имрӯзаи бархурҳои иттилоотӣ миёни Ғарб ва Русия ишора кард.

               namoshobin

Ҷаҳонишавии иттилоъ низ аз масъалаҳои мавриди баҳси конфронс буд. Дар ин мавзуъ Моҳира Сангмаҳмадов, муовини сармуҳҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” маърӯз дошт. Зикр гардид, ки дар ҳоло иттилоъ як ҷузъи муҳими ҷаҳонишавӣ буда, расонаҳо ба сифати пешбарандаи тамоюлҳои ҷашонишавӣ баромад мекунанд. Технологияҳои иттилоотию коминкатисионӣ ё ТИК омили аслии ҷаҳоншавро дар бар мегирад, ки ҷаҳонишавӣ ва ТИК дар аксар мавриди ҳаммаъно буда метавонанд. Меҳвари ҷаҳонишавии иттилоотро интернет ифода мекунад ва дастрасӣ ба ахбороти иттилоотию таҳлилиро дар шаклҳои гуногун дар тамоми манотиқи олам муҳайё месозад. Табиист, ки дар ин ҳолат муборизаҳои иттилоотӣ низ авҷ гирифта, шуурри ҷомеаҳоро метавонад ба сифати манфӣ шакл диҳад. Ҷомеаи Тоҷикистон ҳам истисно нест. Бо назардошти ин Моҳира Сангмаҳмадов ишора мекунад, ки лозим дар ин шароит расонаҳои Тоҷикистонро ба ҳукуматию ғайриҳукуматӣ ҷудо накарда, онҳоро ҷузъи муҳими ифокунандаи ҳадафҳои миллӣ шиносем ва фаъолияти бо самари онҳоро таъмин бояд кард.

Дар бахшҳои дигари конфронс мавзуъҳои дигари вобаста ба журналистикаи ватанӣ дар шароити муборизаҳои геполотикӣ баррасӣ шуданд. Дар назар аст, ки маърӯзаҳои қироатшуда дар шакли маҷмӯа чоп шавад.

Фирдавси Низом