SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
14/11   ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲАМГИРОИВУ ... - " Дар оғози моҳи ноябр сурат гирифтани сафари расмии Президенти Туркманистон ба ..."

                                    parcham dilshod

                   Варзишгарон миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ягона шахсоне мебошанд, ки баъди сафарҳои Президенти мамлакат танҳо ба хотири онҳо Парчами давлат дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта мешавад. Баланд шудани парчами кишвар баландии қадру манзалати миллат дар арсаи ҷаҳон ва сарбаландии мардуми он мебошад. Бо мақсади ҳимояи шарафу номуси миллат варзишгарон арақи ҷабин мерезанд, то парчами кишвар миёни халқиятҳои ҷаҳон парафшон гардад.

 Дилшод Назаров: “Шиорам дар зиндагӣ ҳамин аст, ки он дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша парафшон бимонад”.

Мавзуна Чориева: “Лаҳзаи фаромушнашавада дар ҳаёти варзишиям ҳамон буд, ки ман онро дар олимпиада баровардам ва аз ҳайяҷону шодӣ гоҳе бар алвонҷхӯрии он менигаристаму гоҳе ангуштонамро дар шакли иттифоқӣ мефишурдам”.

Расул Боқиев: “Ба хотири болора¬вии он ҷаҳду талош мекунем”.

Комроншоҳи Устопириён: “Олимпиада танҳо ба хотири иштирок наме¬равам. Кушиш мекунам, ки бо баланд шудани он сари мардуми тоҷикро баланд намоям”.

Акмалиддин Каримов: “Орзуи ягонаам ҳамин аст, ки дар чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон онро аз дигарон баланд бардорам”.

Набимуҳаммад Хоркашов: “Вақте он ба хотири ту баланд бардошта мешавад, он эҳсосро гуфтан мушкил аст, тано эҳсос кардан даркор”.

Хушқадам Хусравов: “Вақте он боло бардошта мешуд беихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ мегашт”.

Фирӯз Ёқубов: “Вақте он боло бардошта мешаваду ҳамагон аз ҷой бармехезанд, он лаҳзаро аз ҳама зиёд худи варзишгар ва мухлисоне, ки дар он ҷо иштирок доранд бештар дарк мекунанд”.

Баҳодур Қодиров: “Соли 2010 дар якумин олимпиадаи наврасон сония нарасид, ки онро дар зинаи аввал боло бардорам”.

Муин Ғафуров: “Ба хотири болоравии он ҳамеша талош мекунам. Он ҳамзамон муаррифгари ман ва миллати ман аст ва ман ҳангоми муҳориба бо шортие баромад мекунам, ки бо он нақшу нигор дода шудааст”.

             Барои аксар аҷиб менамояд, ки он чӣ бошад, ки варзишгарон барояш ин қадар заҳмат мекашанду орзуҳо мекунанд. Он матои росткунҷаест, ки дар рӯяш се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии он 1:2 аст, ки онро Парчам ном мебаранд. Ҳамзамон ин матои росткунҷаро яке аз рамзҳои давлатӣ ҳам меноманд. Дар пушти ин мато обру, ҳисси миллӣ, ғурури миллӣ, шаъну шараф, ифтихор, нуфус ва эътибори зиёда аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон меистад. Бо дидани ин мато ифтихор ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Агар ба таърихи парчамдории Тоҷикон назар афканем, дар таърихи миллат парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчамдории миллати тоҷик аз замони Сосониён, баъд аз он ки Коваи оҳангар пешдомани чармиашро байрақ карда, ба муқобили душманон ҷанг эълон кард, расм шуд. Аз қадим парчам рамзи сарҷамъӣ ва дифои шаъну шарафи ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Дар замони ҳозир ин истилоҳ миёни варзишгарон моҳияти худро гум накардааст. Танҳо дар ҳолати пирӯзии варзишгарон ин рамзи муқаддас боло бардошта мешавад.

             Варзишгарони тоҷик парчамеро, ки ифодагари сирф нишонаҳои миллӣ аст, 24 ноябри соли 1994 соҳиб гардиданд. Аз соли 1994 инҷониб варзишгарони тоҷикро бо парчами худ дар арсаи ҷаҳон мешиносанд. Аз ин пеш ҳангоми дар ҳоли пирӯзии варзишгарони тоҷик парчаме боло мерафт, ки аз матои сурх иборат буд ва дар рӯи тарафи чапи он бо ҳарфҳои зарҳалӣ «CSS Tocikiston» ( Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон) навишта шуда буд. Баъдан бо қарори Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон ба парчам, дар кунҷи тарафи чап расми досу болға ва номи ҷумҳурӣ бо тоҷикӣ ва русӣ «CSS Tocikiston, Таджикская ССР» тасвири навро илова карданд. Соли 1938 калимаи «Cumhurija» ба калимаи «Respublika» иваз карда шуд ва дар парчам низ тағйирот ворид шуд. Ин тағйиротҳо ба варзишгарон имкони бо ҳамон нишона муаррифӣ гаштанро аз байн мебурд. Пирӯзии варзишгарони кишвар пирӯзии мардуми Иттиҳоди шӯравӣ буд, вале масъалаҳои миллию ғуруру ифтихори варзишгарони тоҷик на ба таври зарурӣ ҳимоя мешуд. Баъди соҳибистиқлолӣ, аниқтараш охирҳои соли 1994 варзишгарони кишвар ба нишони махсуси худ ё ба қавли дигар, бо бренди нав баҳри муаррифии кишвари навтаъсисашон сӯи муваффақият қадам ниҳоданд. Дар парчами варзишгарони тоҷик ҷои досту болғаро тоҷ гирифт, ки нишона аз тоҷдории ин миллати баруманд мебошад.

             Имрӯз, бешубҳа, парчам бе варзишгар ва варзишгар бе парчам маъное надоранд. Зеро ин ду дар навбати худ муаррифгари якдигаранд. Вақте дар олимпиадаи Барселона-1992 фарзанди тоҷик Андрей Абдувалиев аз намуди гурзандозӣ медали тиллоро ба гардан овехт, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ мерафт ва дар ин маракаи муҳими варзишӣ варзишгарони тоҷик бе парчам иштирок намуданд. Ин сабаби он гаштааст, ки то ҳол касе медали тиллои ин варзишгарро бо пурагӣ моли Ватани худ ҳисобида наметавонад. Ҳарчанд, ки А.Абдувалиев тоҷик буду аз номи Тоҷикистон баромад мекард. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ парчамро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа иқдом намуд. Ин эҳтироми Сарвари тозаинтихоб¬шуда ба Парчами миллиамон буд, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат варзишгарони тоҷик дар муддати кӯтоҳ ба шароиту нооромиҳои кишвар нигоҳ накарда, баҳри муаррифии парчами наву миллати бузург камари ҳиммат бастанд. Худи ҳамон сол варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё баромад намуданд. Дар ин мусобиқа ҷудокори тоҷик Хайруло Назриев соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки онро метавон аввалин медали Бозиҳои осиёии мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд, ки дар ин мусобиқа Парчами кишвар дар зинаи сеюм парафшон гардид. Баъдан варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, роҳхати чемпионатҳои ҷаҳонро ба даст меоварданд. Дар чемпионати ҷаҳон аз намудҳои варзиши ғайри олимпӣ ба монанди гӯштини самбо, таэквандо, гӯштини кураш ва дигар намудҳо Парчами кишвар дар зинаҳои ифтихорӣ парафшон гардид. Аз намуди самбо Набимуҳаммад Хоркашов, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва дигарон парчами кишварро дар чемпионати ҷаҳон парафшон намуданд. Аз намуди Таэквандо ИТФ бошад Далер Тураев, Сабина Тураева, Фотима, Зуҳро Холоваҳо, Баҳром Гадоев ва даҳҳо таэквандочиён ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфта, Парчами кишварро дар мақомҳои аввал боло бардоштаанд.

             Олимпиада ки қуллаи баланди варзиш маҳсуб меёбад, парафшонии Парчами кишвар дар он масъулияти бузурге шуд бар души варзишгарони тоҷик. Зеро бо беҳ гардидани шароитҳои фароҳамомада ва рушди варзиш дар кишвар варзишгарони тоҷик рақобатро бо варзишгарони садрнишини ҷаҳон оғоз намуда, баҳри парафшонии Парчам дар олимпиада талош мекарданд. Вале ин кори осон набуд ва ба зудӣ ин орзуи варзишгарони тоҷик амалӣ намегардид. Ҳарчанд дар олимпиадаҳои Атлант-1996, Сидней-2000, Афина-2004 варзишгарони тоҷик талош намуда роҳхат ба даст меоварданд, вале ба онҳо муяссар намегардид, ки Парчами мамлакатро дар олимпиада парафшон намоянд. Баъди парафрохтани Парчам дар чемпионатҳои ҷаҳон аз намуди варзишҳои олимпӣ варзишгарон Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммад Абдураҳмонов, Хуршед Маҷидов, Фирӯз Ёқубов, Баҳодур Қодиров, Искандари Рустам, Фарҳод Анақуллов ва даҳои дигар ба хотири парафрохтани Парчами кишвар дар олимпиада ҳадаф гузоштанду тамрин мекарданд. Соли 2007 Парчами кишвар дар чепионати ҷаҳон дар Бразилия аз намуди ҷудо дар зинаи сеюм парафшон гардид. Ин аввалин натиҷа аз намуди ҷудо буд, ки Расул Боқиев соҳиб гардид ва даҳҳо намудҳои дигари варзиш, ки шомили бозиҳои олимпӣ буданд, натиҷаи ҷаҳонию осиёӣ ба даст оварданд. Вале ҳадафи варзишгарон парафшонии Парчами кишвар дар аввали зинаҳои олимпиада буд. Ин имкон ба ҷудокори тоҷик Расул Боқиев даст дод ва бори нахуст Парчами Тоҷикистон дар олимпиадаи Пекин-2008 дар зинаи сеюм парафшон гардид. Баъди ду рӯз ба варзишгари дигари тоҷик Юсуф Абдусаломов имкон даст дод, ки аз намуди гӯштини тарзи озод соҳиби медали нуқра гардад ва Парчами кишвар дар олимпиада (Пекин-2008) дар зинаи дуюм парафшон намояд. Олимпиадаи Пекин-2008 дар таърихи варзиши кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт гардид, зеро Парчами Тоҷикистонро дар олимпиада шинохтанд. Баъди Пекин-2008 миёни варзишгарони кишвар як ҳадаф қарор гирифт - Парчами кишварро дар олимпиада дар зинаи якум парафшон намудану медали тиллои олимпиро ба гардан овехтан. Дар олимпиадаи Лондон-2012 ин орзуи варзишгарони тоҷик амалӣ нагардид ва онҳо бо як медали биринҷии Мавзуна Чориева (аз намуди бокс) ба Ватан баргаштанд. Давоми чор чол то олимпиада садҳо маротиба Парчами кишвар ба хотири варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳон парафшон гардид, ки ин аз рушди варзиш дар кишвар дарак медиҳад. Мо сари дастоварди наврасони кишвар намеистем, зеро ба хотири ин наврасон, ки ҳама зодаи истиқлоланд, Парчами давлат давоми сол ду маротиба нисбати калонсолон зиёд парафшон мешавад. Танҳо дар 9 моҳи соли 2016 Парчами Тоҷикистон ба хотири варзишгаронаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 201 маротиба баланд бардошта шудааст, ки аз ин шумора 55 маротиба дар зинаи аввал, 71 маротиба дар зинаи дуюм, 75 маротиба дар зинаи сеюм мебошад.

             Ҳадафи варзишгарони тоҷик баъди касби медали биринҷию нуқра нишони тиллои бозиҳои олимпӣ ва парафшонии Парчам дар мақоми аввал буд. Ин шарафи бузург ба гурзандоз Дилшод Назаров дар Рио-2016 даст дод. Ӯ гурзро ба масофаи 78,68 ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Бозиҳои XXI тобистонаи олимпӣ гардид. Баъди ҳаво додани гурз якумин кореро, ки Дилшод Назаров анҷом дод, наъракашон ҷониби ҷуздонаш давид ва ин амали ӯ ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Мардуми сайёра интизорӣ мекашиданд, ки чемпион бо чӣ хурсандии худро ифода мекунад. Дилшод аз ҷуздон Парчамро бароварда болои сар намуд ва назди мухлисон наъразанон Парчами кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дилшод бо ин амалаш бори дигар исбот намуд, ки варзишгар бе Парчам ва парчам беварзишгар ҳеҷанд.

Шодихони Назар

Варзишгарон миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ягона шахсоне мебошанд, ки баъди сафарҳои Президенти мамлакат танҳо ба хотири онҳо Парчами давлат дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта мешавад. Баланд шудани парчами кишвар баландии қадру манзалати миллат дар арсаи ҷаҳон ва сарбаландии мардуми он мебошад. Бо мақсади ҳимояи шарафу номуси миллат варзишгарон арақи ҷабин мерезанд, то парчами кишвар миёни халқиятҳои ҷаҳон парафшон гардад. - See more at: http://javonon.tj/news/sport/parchamu-varzishgar-muarrifgari-yakdigarand/#sthash.ozYb3VeT.dpuf

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм