Бахшида ба Рӯзи матбуот мизи мудаввар дар мавзӯи "Матбуоти даврӣ: мушкилот ва дурнамо" санаи 10-03-2021 бо иштироки устодону донишҷӯёни факултети журналистика ҷамъомад баргузор гардид.
Бахшида ба Рӯзи матбуот мизи мудаввар дар мавзӯи "Матбуоти даврӣ: мушкилот ва дурнамо" санаи 10-03-2021 бо иштироки устодону донишҷӯёни факултети журналистика ҷамъомад баргузор гардид.
МАҶЛИСИ КУРАТОРОН ДАР ФАКУЛТЕТ
Рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети журналистикаи ДМТ бо иштироки садорат ва кураторони курсҳои якуми факултет маҷлиси падару модарон гузаронида шуд.
Дар маҷлис масъалаҳои иштирок дар дарсҳо, риояи сару либоси муқарраршуда ва масъалоҳои муҳими дигар таҳлилу баррасӣ гардиданд. Декани факултет, дотсент Исматов С.М. қайд карданд, ки факултети журналистика яке аз факултетҳое мебошад, ки дар он интизому одоб дар сатҳи баланд қарор дорад. Инчунин дар бораи назоратчӣ будани волидайн таъкид карда, қайд карданд, ки онҳо низ дар баробари омӯзгорон вазифадор карда шудаанд, ки аз болои фарзандонашон назорат баранд.
Баъди итмоми маҷлис волидайн бо ҳамроҳии кураторони фарзандонашон аз чигунагии ҷамъбасти нимсолаи якум шинос шуданд ва ба тарзи дарсгузарии омӯзгорони факултет баҳои баланд доданд.
Муҳаммад Маъруфзода
донишҷӯи соли аввал
Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21
Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров
Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 – юм.