SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
28/04   ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА - " ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА (ё чанд назари иҷмолӣ ба китоби академик М. С. Имомзода ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."

MT1

Ба муносибати бузургдошти 110-умин солгарди устод Мирзо Турсунзода бо ташаббуси профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, Мушаррафа Ҷӯраева донишҷӯёни соли сеюми ихтисоси журналистика дар чорабинӣ бахшида ба ҷашни шоири сулҳпарвар иштирок карданд.

 

          Чорабинӣ дар хона-музей шоир баргузор гардид. Ба замми донишҷӯёни факултети журналистика аз дигар макотиби олӣ низ донишҷӯён иштирок доштанд.

- Дар ҳар мисраи шеъри устод Турсунзода эҳтиром, меҳрубонӣ ва инсондӯстӣ ифода ёфтааст. Имрӯз хуб шуд, ки мо ин ҷо омадем. Рӯҳи устодро шод кардем - ба қироати шеъру тарона даъват карданд муаллима Ҷӯраева.

Дар осорхона 5 ҳазор китоб маҳфуз аст. Инчунин дар ин ҷо мактубҳо, ифтихорномаҳо низ нигаҳдорӣ мешаванд. Шумораи чунин мактубҳо аз 500 зиёд аст. Аксари муаллифи ин мактубҳо аз хориҷаанд.

MTR

- Устод Турсунзода дар ин хона 20 сол зиндагӣ кардаанд. Асарҳои беҳтаринашонро дар ин ҷо офаридаанд. Масъулиятшинос буданд. Лекин ҳама вақт изҳори нигаронӣ доштанд, ки оё наслҳои баъдина ҳам давомдиҳандаи иқдому ташаббусҳои мо мешуда бошанд? - бо эҳсос нақл мекард роҳбалад.

               Дар қади девору даруни ҷевону болои мизҳо расму овезаҳои хушранг, маҷмӯаҳои аввалин, тӯҳфаҳо аз мамолики дуру наздик, либоси халқҳои гуногун, нимпайкараи устодро аз наздик дидан мумкин аст.

               Маҳфил бо қироати шеъру тарона аз ашъори шоир ба анҷом расид.

Файзуллохон Обидов,

донишҷӯйи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет ба почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93-500 - 35 - 37

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.