ТАЪСИРИ ТЕЛЕВИЗИОН БА АФКОРИ УМУМ

Taastel

          Чунин унвон дорад китоби тозанашри муаллимаи кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика Сафарзода Моҳира Амиралӣ, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашр шудааст.

          Китоб монографияи илмии муҳаққиқ буда, дар асоси таҳқиқи телевизион ва таъсири он ба афкори умум, ба масъалаҳои махсусияти таъсиррасонии телевизион, телевизион ва масъалаҳои инҳисоркунии афкори омма, таъсири матн ва нутқи журналист равшанӣ андохта шудааст.

          Ҳамчунин инъикоси масоили иҷтимоӣ ва қабули онҳо аз ҷониби бинанда, таъсири телевизион дар инкишофи маънавӣ ва шаклгирии афкори насли наврас таҳқиқ гардидааст.

          Китоб барои муҳаққиқон, кормандони телевизион, донишҷӯён, мутахассисони соҳа ва нафароне, ки ба журналистика таваҷҷӯҳ доранд, равона гардидааст.

Ҳукмиддин Сафаров