SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
14/11   ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲАМГИРОИВУ ... - " Дар оғози моҳи ноябр сурат гирифтани сафари расмии Президенти Туркманистон ба ..."

     книга

Айни замон, барои мо ҷавонон дарҳои ҳамаи китобхонаҳо барои дастрас ва хондани китоб, боз аст. Ҳукумати Ҷумҳури бароямон ҳамаи шароитҳоро барои илм омӯхтан фароҳам овардааст. Дар ин роҳ хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсин аст. Ин шахси бузург баҳри босавод кардани насли наврас кӯшишҳои зиёде карда истодааст. Ӯ дар ҳамаи суханрониҳояш дар хусуси ҷавонон ва сутуни илму маърифат китоб суханони боарзише мегўяд. «Китоб ҳамчун шиносномаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад» мегӯяд падар ва пешвои мо тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Дар хусуси китоб Мавлоно Ҷомӣ. гуфтааст:

             Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

             Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

         Дар ҳақиқат, китоб дӯсти беҳтарин, сарчашмаи илму дониш ва маърифат аст. Китоб дар ҳама ҳолат дастёри инсон аст. Китоб маърифатдиҳанда ва инъикосгари таъриху фарҳанги ҳар як миллати мутамаддин аст. Маҳз китоб аст, ки мо тоҷикон аз таъриху фарҳанги ниёгонамон огоҳем ва бо он мефахрем. Мутолиаи китоб фарҳанги моро баланд ва ақлҳоро комил мегардонад. Бо он ҳама дунёи худ, моро бо ҷаҳониён маърифат намуда, ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳсипор мекунад. Шахсе ки китоб мехонад, дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ аст. Ҳар нафаре ки китоб мехонад, дар ҷомеа мақоми худашро меёбад ва ба орзӯҳояш мерасад. Китоб дар торики чароғ аст. Он торики ақл ва он чароғ дониши аз китоб андӯхта аст. Аз инҷост,ки китоб ақлҳоро комил, шахсро зирак ва хотираро қавӣ мегардонад.

          Ба пайдоиши китоб, хат, санъати тасвирӣ ва алифбо замина гузоштааст. Дар давраҳои қадим, одамон дар болои сангҳо, пӯстлохҳои дарахтон менавиштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон ҳамеша барои илм омӯхтан талош мекунад. Дар он давра китобҳои муқаддаси динӣ дар пусти ҳайвонот навишта мешуданд. Яке аз китоби бузургтарин ва муқаддастарини ойини гузаштагони мо тоҷикон, зардуштиён "Авесто" мебошад, ки дар рӯи пӯсти гов навишта шудааст. Ин нишони он аст, ки мо тоҷикон аз қадим миллати бофарҳангу китобдору китобхонем. Бо гузашти замон, аниқтараш баъди ихтирои қоғаз, одамон дар рӯи он китобат карданро идома доданд

         То ихтироъ шудани мошинаи чопӣ, китобҳоро бо даст менавиштанд. Дар он давра хаттотони машҳуре ба монанди Аҳмад ибни Умари Самарқандӣ, Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон китобҳои шоиронро дар рӯи қоғазҳо менавиштанд ва дар ивазаш музди мехостагиашонро мегирифтанд. Баъди оне, ки мошинаи чопӣ ихтироъ шуд, кори инсон як дараҷа дар ин самт осон шуд. Пас аз ин оҳиста-оҳиста бо гузашти замон техникаҳои замонавие барои чоп кардан аз тарафи олимон ихтироъ шуданд. Айни замон дар Тоҷикистон нашрияҳои бузурге ба монанди «Шарқи озод», «Ирфон», «Адиб» ва ғайра фаъолият доранд, ки осори шоирони классик ва муосирро бо сифати баланд нархи дастрас чоп мекунанд.

         Дар баробари китобҳои чопӣ китобҳои электронӣ низ ба вуҷуд омадаанд, ки ҷавонони мо аз он бештар истифода мебаранд. Китобҳои электронӣ низ баробари китобҳои чопӣ ба мо илм меомӯзанд. Мавриди қайд аст, ки барои хондани китобҳои электронӣ моро зарур меояд, ки якчанд амалро иҷро намоем. Сараввал моро зарур аст, ки ба компютер ё телефону планшета барномаҳои алоҳидаро барои хондани китоб аз шабакаи интернет дастрас намоем. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки китобҳои электронӣ дар худ ҳама гуна барномаро барои кушоданашон иҷозат намедиҳанд. Онҳо бо версияҳои гуногун, ба монанди pdf, djuv, doc., tXt., FB2 омода мешаванд. Ҳар як версия барномаи худро талаб мекунад.

         Олимон исбот карданд, ки мутолиаи китобҳои электронӣ ба чашм зарар дорад. Дастрас кардани китобҳои электронӣ осон ва мувоффиқтар аст. Дилхоҳ шахс метавонад, ки телефонашро бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст намуда, китоби мехостагиашро дастрас намояд. Ҳарчанд, ки ҳама гуна китобҳо дар шакли электронӣ нестанд, аммо бо ёрии барномаҳои махсус китобҳои чопиро акс гирифта, ба шакли электронӣ бармегардонанд. Ин ҳам заҳмат ва ҳам маблағро талаб мекунад. Онҳоро дилхоҳ одам дар дилхоҳ вақт харида мутолиа мекунад. Як хубии китобҳои электрони дар он аст, ки умри зиёд мебинанд, аммо китобҳои электрони бо якчанд сабаби техники нест мешаванд ва умри онқадар дароз намебинанд. Аммо китобҳои чоппӣ ин қадар заҳматро талаб намекунанд.

            Аз ҳама хуб барои хонанда китоб дар шакли чоппӣ аст. Зеро барои хондани он ба ягон мушкилӣ дучор нахоҳем шуд, зеро онҳоро мо бе миннат хондан мегирем. Китобҳои чоппӣ аз мо на техника ва на барнома талаб намекунад. Бо харидани китоб маблағ беҳуда сарф намешавад, зеро хоҳарону додарони мо низ онҳоро хонда аз илм бархурдор мешаванд. Як чизро бояд қайд кард, ман зидди истифода бурдани китобҳои электронӣ нестам,аммо ҳар як чиз меъёри истифодабарии худро дорад. Он кайфият ва шавқе, ки китобҳои чоппӣ ба мо медиҳад китоби электронӣ дода наметавонад. Дар баробари ин бо имло ва тарзи навиштани дурусти калимаю ҷумлаҳо шинос мешавем.

                                                                                   Шоев Далерҷон , донишҷуи курси 2-юми

ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм