SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

21761958 1841453189216396 4861623364499548233 n

 

      Имрӯз  бо баргузории як ҳамоиш, ки ба хотири гиромидошти профессор Асадулло Саъдуллоев созмон дода шуда буд, устодону шогирдони марҳум аз нақши ӯ дар созмондиҳӣ ва мудирияти фаъол дар Факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ёд карданд.

    Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар оғози ифтитоҳи ин ҳамоиш аз нақши профессор Асадулло Саъдуллоев дар тарбияи кадрҳои журналистӣ ва ҳамчунин аз хизматҳои марҳум дар заминаи шакл додани факултети журналистика махсус ёдовар шуд.

  Сипас устод Қироншоҳ Шарифзода аз даврони ҳамкорӣ фаъолияти марҳум профессор Асадулло Саъдуллоев дар факултети журналистика ёдовар шуда, қайд намуданд, ки марҳум ғайр аз фаъолиятҳои муассир дар тарбияи шогирдон дар факултети журналистика, ҳамчунин ба таълифи асарҳои мондагор дар риштаи журналистика даст заданд, ки он таълифот имрӯз ҳамчун дастури таълимӣ дар факултет истифода мешавад.

   Шогирди содиқи профессор Асадулло Саъудуллев Гулов Сангин зимни ёдовар шудан аз хизматҳои марҳум барои таъсис ва эҳёи факултаи журналистика махсус ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар замони ҳамчун декани факултет фаъолият намудани марҳум факултети журналистика ба дастовардҳои муҳим ноил гашт ва фазои муносиби кор барои устодон ва таҳсил барои донишҷӯён фароҳам шуд. Таъкид гашт, ки профессор Асадулло Саъдуллоев макатаби хоси эҷодии худро дошт ва дар тарбияи шогирдон нақши бориз гузошт.

    Яке аз шогирдони марҳум Бахтиёр Қутбиддинов, ки таҳти раҳбарии эшон рисолаи илмӣ дифоъ кардааст, низ аз саҳми марҳум дар илми журналистика махсус ёдовар гардид.

     Мудири кафедраи матбуоти факултаи журналистика Наргис Усмонова ва Илҳомҷон Ҳомидов дар бораи фаъолият, эҷодиёт ва ҳамории марҳум изҳори андеша намуданд. Илҳомҷон Ҳамидов, ки таҳти раҳбарии профессор Асадулло Саъдуллоев рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст, аз кумакҳо ва раҳнамоиҳои марҳум махсус зикр кард.

     Аспирант Нигина Сироҷова, ки муҳаққиқи осори Асадулло Саъдуллоев мебошад, доир ба тарҷумаи ҳол ва фаъолиятҳои илмиву амалии марҳум маъруза кард.

Ёдовар мешавем, ки марҳум профессор Асадулло Саъдуллоев 4 феврали соли 2016 бар асари бемории тулонӣ дори фониро видоъ гуфт ва дар рустояш ба хок супорида шуд. 

Шервони Умриддин

 21762174 1841452975883084 1155938773530726470 n21686293 1841452749216440 3776971075855991499 n21616517 1841452835883098 4957569914022445120 n21687696 1841453085883073 2715598861886908006 n21766356 1841453255883056 5723653420857298476 n

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм