SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

Раҳмонова-Ҷ

Зан мавҷудест, ки офарандаву тарбиятгар ва дар баробари ин ғамхору мушфиқ. Ҳамин аст, ки ҳама шоирони бузурги Шарқу Ғарб дар ситоиши зан шеър гуфтаанд. Ба андешаи аксар бе симову ситоиши зан назму наср ангуштаре буд бе нигин ва ягона чизе, ки гуё ин ангуштарро ҷило бахшид, зан буд. 



Дар тахайюли бисёре аз мардум ҳанӯз ҳам андешаи онест, ки зан бояд танҳо дохили хона ва дар тарбияи фарзанд бошад, яъне “Занонро бувад бас ҳамин як ҳунар...”. Шояд замоне ин андеша ҷойгоҳе дошт, аммо бар хилофи ин ҷомеаи навин тақозо менамояд, ки зан низ бояд дар баробари мард натанҳо дар тарбияи фарзанд нақш дошта бошад, балки фаротар аз ин дар тарбияи ҷомеа нақшгузор гардад. Ҳатто Турсунзода низ пас аз санҷишу мулоҳизаҳои зиёде ба чунин хулоса омада, ки: 

“Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.”

Имрӯз хушбахтона дар тамоми соҳаҳо баробари мардон занон низ сарбаландона пайи фаъолият буда, дар рушди соҳаи хеш саҳмгузоранд. Яке аз чунин нафарон Ҷамила Раҳмонова мебошад.

Ҷамила Раҳмонова аз зумраи ҳамон ашхосест, ки худро пурра ба таълиму тарибияи насли ҷавон бахшидаасту дар ҳалқаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон офтоберо мемонад басо пурҷилову дурахшон. Ӯ баҳри тарбияи насли ҷавон заҳматҳои зиёде кашида, яке аз асосгузорони факултети журналистикаи ДМТ маҳсуб меёбад. Муаллима дар баробари фаъолияти илмиву ҷамъиятиаш дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси журналистика, бахусус журналистикаи телевизион нақши бориз дорад.

Ҷамила Раҳмонова айни ҳол муовини ректор оид ба тарбияи ДМТ аст. Муаллимаро барои хизматҳояш дар соҳаи маориф соли 2008 бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2010 бо унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонидаанд.

Зимнан, дар мусоҳибае атрофи айёми ҷавонии муаллимаи азиз суҳбат оростем.

- Муаллимаи азиз! Чун пеш аз ҳама Шумо рӯзноманигор ҳастед, мехостем аз он пурсем, ки шавқи ин пеша аз куҷо дар қалбатон пайдо шуд?

- Аз овони хурдсолиам, ҳамеша орзу доштам, ки журналист шавам. Ҳамин буд, ки ҳанӯз аз давраҳои мактабхонӣ ба журналистика сару кор доштам. Дар рӯзномаи ноҳиявии “Нури Норак” пайваста нигоштаҳоям интишор мегардид ва аз овони донишҷӯӣ сар карда, ҳамкориро дар радио ва рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” оғоз кардаам.

- Ҷавониро чӣ гуна дарёфтед?

- Ман ҷавониро дар ҳалқаи олимону профессороне, чун Воҳид Асрорӣ, Асадулло Саъдуллоев, Иброҳим Усмонов, Худойназар Асозода ва чандин равшанфикрони дигар дарёфтаам. Ва аслан ҷавонии хубе доштам, чун ҷавониам дар ҳалқаи адабиёт ва аҳли адаб буд. Ҳеҷ гумон намекунам аз адабиёт ва аҳли адаб дида барои инкишофи ҳамаҷонибаи як ҷавон ҳалқае беҳтар бошад. Ҳар нигоҳи он шахсиятҳо бароям омӯзанда буд. 

- Дар он солҳо нисбат ба озодӣ ва таҳсили духтарон нигоҳи ҷомеа ва оилаҳо дигартар буд. Барои як духтари деҳотие, мисли Шумо таҳсилу кор дар фазои дур аз деҳот мушкил эҷод намекард?

- Он замон агарчӣ аз озодии занон бисёр мегуфтанд ва ҳамин озодии зан заминаи он гуфтаҳост, аммо баробарии гендерӣ миёни ҷомеа роиҷ набуд. Барои аксари бонувон мушкил буд, ки ҳатто мактабро пурра таҳсил кунанд ва пас аз он майли донишгоҳу донишкадаҳои олиро намоянд. Хеле таассуфовар аст, ки мо дар он давр бисёр истеъдодҳоро аз даст медодем. Вале барои ман ин қолабҳо то андозае ноошно буданд. Падари ман омӯзгори мактаб ва шахси равшанфикру равшанзамир буданд. Барои таҳсили мо тамоми шароитро фароҳам меоварданд. Ба духтару писар фарқият ва ҳудуду марзҳо ҷорӣ намекарданд. Ҳамин буд, ки то имрӯз ба чунин ҷойҳое расидем.

- То ҷое огаҳӣ дорем Шумо дар бахши шабона таҳсил кардаед, оё метавонед гуед, ки бидуни мушкиле таҳсилро пушти сар намудед?

- Албатта наметавонам гуям, ки бидуни мушкилот Донишгоҳро хатм кардаам. Мушкилот зиёд буданд. Метавонад мисоли одӣ он бошад, ки қариб тамоми вақт аз Донишгоҳ пиёда ба манзил мерафтем. Чун дарсҳо соати 10-и шаб ба итмом мерасиду дигар илоҷ набуд, аммо ҳамон шавқу ҳаваси таҳсил буд, ки шабона дарс мехондаму рӯзона пурра пайи кор будам.

- Вазъи онрӯзаи Донишгоҳу донишҷуён ва ҷавониҳои худро дар қиёс бо имрӯз чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Агар даврони ҷавониҳои моро бо имрӯз қиёс кунем, тағйироти куллие ба чашм мерасад. Имрӯз вазъи таълим то баландтарин дараҷа боло рафтааст. Сифати таълим агарчанде, каме ҳалталаб аст, аммо шароите, ки имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон муҳайё намудааст, бо ягон давра қиёс кардан номумкин аст. Агар як худи факултети журналистикаи ДМТ-ро назар кунем, факултет дорои студияи радиову телевизиони муҷаҳҳаз ба технологияи навтарин аст, ки назирашро дар даврони мо дар ҳеҷ ҷое мушоҳида кардан номумкин буд. Имрӯз ҳама чиз вобаста ба худи ҷавон аст, агар хоҳад дар кӯтоҳтарин муҳлат ба муваффақиятҳои чашмрас метавонад ноил шавад. 

- Нигоҳи Шумо ҳамчун як омӯзгор ва шахсе, ки фаъолияти ҳамарӯзаатон пурра ба ҳаёти ҷавонон нигаронида шудааст, ба ҷомеаи имрӯз, ки то андозае интернет ҷои китобро гирифтааст чӣ гуна аст?

- Ман давраи иттилоотиро хуб қабул дорам ва ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки аз техникаву технологияи навин дур набошанд, аммо як чизи дигар боиси нигаронӣ аст, ки ҷавони имрӯз аз китоб каме фосила гирифтааст. Ман мутмаинам, ки ҳеҷ гоҳ интернет бо тамоми қудраташ наметавонад ҷои китоб ва китобхонаро гирад. Зеро худи интернет низ маҳсули донишҳои аз китоб бардошта шудааст. Пас ҷавононро месазад, ки ин чизро хуб дарк кунанд ва агар аз пайи худсозианд дар пайи мутолиаи китоб бошанд.

- Ба андешаи Шумо нақши ҷавонон дар ояндасозӣ чӣ гуна аст?

- Аслан дар дилхоҳ ҷомеа вақте навгоние ба чашм мехӯрад, чун ба умқи он нигоҳ мекунӣ, кори ҷавонон аст. Яъне фақат ҷавонон қудрати онро доранд, ки дар сохтмони имрӯзу ояндаи миллат нақши муассир гузоранд. Бешак потенсиали асосии ҳар миллат насли ҷавонаш маҳсуб мегардад. Боиси шукргузорӣ аст, ки насли ҷавони миллати мо бо фарҳангу маърифат тарбият меёбанд ва умед аст, ояндаи дурахшонеро хоҳанд дошт.

 

Хуршед Ховарӣ,

"Ҷавонони Тоҷикистон"

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм