SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

i-1593

ё худ меҳрномаи шогирдона ба ифтихори зодрузи  профессор Баҳриддин Камолиддинов

         Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтихори миллат асту устодоне ифтихори Донишгоҳ. Дар ин гурўҳи устодон, албатта, устоди соҳибмактаб, профессор Баҳриддин Камолиддинов ҳастанд. Чаро? Вақте сухан дар бораи омўзгор, муаллим, мураббӣ ба маънои ҳақиқиаш меравад, шогирдони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номи муаллим Баҳриддин Камолиддиновро ба забон меоранд. Ин шинохти шогирдон натиҷаи бардошти яклаҳзаию якрўза нест. Ва боз. Фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон хонадоне нест, ки барномаҳои телевизиониро бо ширкати устод надида бошад. Барои инҷониб низ шарафи шогирдиву ҳамкорӣ бо ин устоди донишманд, инсони шарифу хайрхоҳ насиб гардидааст. Вақте барои фаъолият аз матбуот ба Донишгоҳ даъват шудам, устод ҳамчун ноиби ректор оид ба таълим фармони ба кор қабул шудани маро имзо гузошта буданд. Ва шурўъ аз соли 1994 дар факултети журналистика ба ману насли ман шарафи ҳамкорӣ бо эшон насиб гардид. Муаллим ҳамон сол мудири кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносӣ (ҳоло кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ)-и факултети журналистика интихоб шуданд. Ба фаъолияти ин кафедра устод аз ибтидо таҳкурсии дуруст гузоштанд. Дар аввал ба ҷуз худи устоду худораҳматии Усмонҷон Обидов, касе унвону дараҷаи илмӣ надошт. Ҳамон замон медидаму мешунидам, ки устод чандин нафарони унвондорро барои кор дар кафедраи навташкил хоҳиш мекарданду онҳо розӣ намешуданд. Аммо устод корро бо ҷалби ҷавонони ояндадор тарзе ба роҳ монданд, ки 90 фоиз устодони имрўзаи ин кафедра соҳибунвон мебошанд. Ва ҳамагӣ зери роҳнамоии устод рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд. Бесабаб нест, ки то ҳанўз устодони насли миёнаву калонсоли Донишгоҳ ин кафедраро бо номи «Кафедраи муаллим Камолиддинов» зикр мекунанд. Ман агар гўям, ки таърихи кафедра, заҳмати устодони кафедраро дар тайёр кардани кадрҳои соҳибтахассуси тарҷумонӣ ва журналистика хеле хуб медонам, муҳобот нест. Зеро солномаи факултети журналистика, таърих ва ташаккули факултетро ба пуррагӣ дар рўзномаву хотираҳоям сабт кардаам. Ва вақте дўстам Ҷовид Муқим мебинад, ки баъзе касон ҳақиқатро таҳриф месозанд, маро сарзаниш мекунад, ки чаро шингиле аз хотираҳои сабтшудаамро чоп намекунам. Ёдам меояд, дар рўзҳои наврўзии соли 1996 Муаллим Баҳриддин Камолиддинов ба ман, ки навакак муовини декан оид ба таълим таъйин шуда будам, санҷишу назорати журналҳои гурўҳҳои академӣ, ҷараёни иҷрои нақшаи таълимро фаҳмонданд. Мани камтаҷриба, ки намедонистам корро аз чӣ оғоз кунам, аз маслиҳати Устод як ҷаҳон баҳра бардоштам ва бо гузашти солҳо ҳанўз ҳам вақте журналро пур мекунам, маслиҳату насиҳати Устод ёдам меояд. Ҳангоми масъулияти муовини деканӣ ва декании факултетро ба дўш доштанам, насиҳату маслиҳатҳои Устод маро ҳамсафар буданд.

         Чун сухан сари хотираҳо рафт, пештар рафта мегўям, ки кушода шудани ихтисоси Корманди адабӣ дар факултети журналистика ба пешниҳод ва талошҳои Устод Камолиддинов марбут аст. Ибтидои соли 2008 масъулини Вазорати маориф бо роҳбарии муовини аввали вазир Фарҳод Раҳимов фаъолияти Донишгоҳ оид ба сифати тайёр кардани кадрҳо аз рўйи баъзе ихтисосҳоро мавриди санҷиш қарор доданд. Аз ҷумла, ихтисоси журналист-тарҷумон, ки дар факултети журналистика буд, мавриди тафтишу таҳлил қарор гирифт. Ростӣ, бароям ҳамчун сарвари факултет бисёр дардовар буд, ки муовини аввали вазир камбудиҳои ҷиддие дар омодасозии кадрҳо аз рўйи ин ихтисос ва рўйбардор шудани корҳои дипломиро нишон дод. Бо далелҳои мантиқии қавӣ ва нишон додани камбудиҳои ҷиддӣ Вазорати маориф дар соли 2008 қабулро аз рўйи ихтисоси журналист-тарҷумон қатъ намуд. Ва Муаллим Баҳриддин Камолиддинов буданд, ки дар мувофиқа бо ректори вақти Донишгоҳ академик Саидмуҳаммад Одинаев масъалаи омодасозии журналистони забондонро 22 июли соли 2008, дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори Рўзи забон дар назди Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд. Ҷаноби Олӣ ба Муаллим барои баёни андешаҳо дар таблиғи забони модарӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳангу маърифат, ки аз тариқи гуфтору барномаҳои радиову телевизион пайваста садо медиҳанд, сипосгузорӣ карда, ба Вазорати маориф ва раёсати Донишгоҳ супориш доданд, ки пешниҳоди муаллимро омўхта, дар давоми 2 рўз қабулро аз рўйи ихтисоси дахлдор ба роҳ монед. Ин пешниҳоди устод боис шуд, ки ихтисоси Корманди адабӣ дар факултети журналистика (бо талошу далеловарии профессор Иброҳим Усмонов) ва ихтисоси Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ дар факултети филологияи тоҷик кушода шавад.

         Ин фақат як талоши созандаи Устод дар роҳи маорифи миллии кишвар ва соҳибмаърифат гаштани ҷавонони тоҷик аст. Агар дар бораи фаъолияти созандаву мондагори омўзгорӣ, осори илмиву таълимии Устод чандин саҳифа нависем, кам аст. Мехоҳам роҷеъ ба дигар паҳлуҳои зиндагиномаи Устод ҳамчун як мушоҳидакор бинависам. Зиндагиномаи Устод намунаи ибрат аст. Ҳам рўзгори хонаводагиашон ва ҳам фаъолияти илмиву таълимиашон шоистаи ситоишу пайравист. Рўзгори хонаводагии Устод саропо меҳру муҳаббат, фазилату баракат аст. Устод шукргузор ҳастанд, ба қадри додаи Худованд мерасанд. Фарзандону наберагонро дар рўҳияи донишу маърифат ва муҳаббату садоқат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ тарбия кардаву ба воя расондаанд. Ҳамин тарбия буд, ки Устод имрўз самари ширини онро чашидан доранд.

          Бо муаллим Камолиддинов дар маҳфиле нишастан, сўҳбат кардан, бисёр хушу гуворост. Аз нақлҳои намакини Устод ҳамсўҳбат баҳра мебардорад, хотираҳои Муаллим ибратомўзанд. Ва ҳар сўҳбату вохўрӣ бо Устод ҳаловату таровати тоза дорад. Бароям мояи ифтихору шодмонист, ки кам ҳам бошад, бо Устод Камолиддинов ҳамсўҳбат будаам ва ҳастам. Ман донистам, ки ҳар сўҳбаташон як дарс аст, дарси шинохти зиндагӣ ва ба қадри ҳамдигар расидан. Ман надидам ва нашунидам, ки Муаллим аз касе шиква карда бошанд ва ё лаб ба ғайбати дигаре боз карда бошанд. Устод Баҳриддинов Камолиддинов намакшинос ҳастанд, ба қадри некии кардаи дигарон мерасанд, аммо некии кардаи худро фаромўш мекунанд. Бо муҳаббат аз рўзгори кўдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии худ нақл мекунанд, бо самимият аз устодони мактабиву омўзишгоҳӣ ва донишгоҳии худ хотираҳои ҷолибе мегўянд. Гуворову роҳатбахш аст сўҳбати Устод дар маҳфилҳои шодӣ ва истироҳатии пайвандону ҳамкорон. Аз забони Устод шунидани нақли рўзгори бузургони илму адаб назди кас шаҳомату бузургӣ ва талошҳояшонро дар роҳи саодати миллат меафзояд. Ман бо нақлҳои Муаллим Камолиддинов Аллома Ғафурову Устод Турсунзода, академикҳо Раҷабовҳо, Мирзоеву Осимӣ, Мухторову Диноршоев ва бисёр дигаронро бори дигар ва бо назари дигар шинохтам, ба талошҳояшон барои имрўзу фардои миллат аҳсан хондам.

       Муаллим Баҳриддинов Камолиддинов мураббиву роҳнамои муҳаққиқони зиёде ҳастанд. Дар роҳи илм Устод собитқадам, росткору рострав ва адолатпеша ҳастанд. Талоши андаки шогирдро қадр мекунанду роҳнамоӣ мекунанд, аз зикри заҳмати ҳампешаҳои худ ифтихор мекунанд. Дарси Устод зам-замаи муҳаббатро мемонад, ки шогирдон сартопо ба он дода мешаванд. Ҳавасам меояд ба шогирдоне, ки аз дарси Устод баҳра мебардоранд. Зеро дарси Устод танҳо дарси омўзиши забон нест, балки дарси муҳаббат ба Забону Миллат ва Фарҳанг аст. Имрўз мебинем, ки баъзе устодони насли нав бо андак баҳона дарсшиканӣ мекунанд, ҳавсалаи шиносоӣ бо усулҳои нави таълимро надоранд, бо шогирдон роҳнамоӣ карда наметавонанд. Боз ҳам ба Устод Камолиддинов қоил мешавем, ки ҳар лаҳзаи дарсро босамар истифода мебаранд.

        Устод Баҳриддинов Камолиддинов - забоншиноси шинохтаи тоҷик бо вуҷуди он ки 7 сол муовини декани факултети филологияи тоҷик, 2 сол зиёдтар мудири кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷик, қариб 3 сол муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим ва беш аз 17 сол мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ буданд, ҳеч гоҳ маъмур набуданд. Зеро дар муносибат бо зердастону корафтодагон аз усулҳои маъмуриву расмӣ кор нагирифтаанд, иззатталабӣ накардаанд, балки самимияту дасти мадад дароз кардан усули корашон буду ҳаст. Бахусус дар муносибат бо шогирдони навсафари роҳи илму таҳқиқ хайрхоҳии Устод бештар аст. Ҳамин аст, ки Устодро дар доираҳои илмиву таҳқиқӣ чун муҳаққиқи соҳибсухану соҳибмактаб, дар доираҳои таълимӣ чун муаллиму муаллифи китобҳои дарсӣ, дар байни шогирдону ҳамкорон чун устоди донишманду меҳрубон, фозилу мушовир, роҳнамову роҳкушо, дар ҳалқаи пайвандон чун падари оқилу бобои азизу мушфиқ мешиносанд.

        Имрўзҳо Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Шўрои диссертатсионии ДМТ (оид ба илмҳои филологӣ), доктори илмҳои филологӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов зодрўз доранд. Барояшон саломатӣ, осоиши рўзгор ва фатҳи қуллаҳои нави илмро таманно дорам.

Сангини Гулзод

 

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм