SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

omuzgor1

Санаи 22 декабр дар маҷлисгоҳи факултети журналистика маҳфили кафедари журналистикаи байналхалқӣ-«Паҳно» дар мавзӯи «Жанрҳои ҳаҷвӣ дар матбуот» доир шуд.

 

 

Суханони Декани факултети журналистика дотсент Исматов С.М. ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, сипас мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Қутбиддинов Б. идома доданд. Меҳмони маҳфил корманди газетаи омӯзгор Ҳотами Ҳомид аз таҷрибаи чанд даҳсолаи худ ба донишҷӯён нақл кард. Масъули маҳфил, донишҷӯи соли сеюм Нодиров Эмомалӣ дар бораи намудҳои ҳаҷв, таърихи он маърӯза карда, аз эҷодиёти Ҳотами Ҳомид сухан ронда, бо аёниятҳо ҷиҳатҳои шавқангези маҳфилро бедор кард. Зимнан донишҷӯи ин факултет Ҳасанҷон Юнусов доир ба хусусиятҳои ҳаҷв маърӯза кард.

omuzz

Меҳмони маҳфил Ҳотами Ҳомид зарифона аз осори классикону муосир намунаҳо оварда, табъи ҳамаро болида намуд. Инчунин, ба гуфти номбурда ҳаҷв дар замони ҳозира миёни мардуми мо ба чашм кам мерасаду аммо ҳаҷвнигорони хуб ҳам кам нестанд. Муоширати озоди тарафайн, ҳазлу шӯхиҳои намакин ба маҳфил ранги дигар бахшиданд. Дар хотима чун ҳарвақта саволу ҷавоб сурат гирифт.

Кароматулло Қурбонов

донишҷӯи соли сеюм    

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.