SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

P90104-122643-Par

Санаи 4–уми январ дар факултети журналистикаи ДМТ бо иштироки донишҷӯёни факулта маҳфили навбатии профессори кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Ҷовид Муқим - “Анис” баргузор гардид, ки дар он маърӯзаҳои донишҷӯён ва маводи эҷодкардаи магистри курси якум Неъмати Раҳмат (Неъмат Салимзода) таҳлилу баррасӣ гардид.

 

 

 

Дар оғози маҳфил профессор Ҷовид Муқим суханронӣ карда, оид ба далелсанҷӣ ва дурӯғгӯӣ дар журналистика якчанд нуктаҳои муҳимро қайд намуд ва ҳамзамон як қатор дурӯғҳои ҳангомасози ВАО – и хориҷиро бо факту далелҳо исбот кард.

         Дар қисми дуюми маҳфил донишҷӯён маърӯзаҳои омоданмудаи худро ба самъи иштирокдорон расониданд. Аз ҷумла Мирсаид Сатториён донишҷӯи курси 2-юм дар мавзӯи “The Canberra Times” – оинаи Австралия”, Ҳусния Наврӯзова магистри соли 1-ум таҳти унвони ““RT America” - телевизиони байналхалқии ИМА”, Парвина Самандарзода донишҷӯи курси 1-ум дар бораи “Инъикоси масоили иқтисодии Русия дар “Независимая газета” маърӯзаҳо карданд.

         Сипас, Дилмурод Юсуфов донишҷӯи курси 4–ум оид ба нигоштаҳои Неъмати Раҳмат (Неъмат Салимзода) ибрози назар намуд. Дилмурод зикр кард, ки Неъмати Раҳмат чун дар нашрияи ҳизбии “Мароми пойтахт” фаъолият дорад, маълум аст, ки бештар аз кору пайкори аҳли ҳизб менависад, яъне маҳдудияте дар нигоштаҳои ӯ дида мешавад, вале дар маҷмӯъ ӯ хуб менависад ва эҷодаш сол аз сол дар ҳоли рушд аст. Ҳамчунин, Мирсаид Сатториён низ оид ба навиштаҳои Неъмати Раҳмат андешаҳои худро зикр намуда қайд кард, ки Неъмати Раҳмат хуб менависад, вале дар ду гузорише, ки аз ҷараёни нишасти солонаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ман хонда баромадам аслан умумигӯӣ дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат мавҷуд аст, ҳол он ки нишастҳои мазкур ҷамъбасти буда, мавод бояд хусусияти ҳисоботиро ба худ мегирифт ва факту далелҳо дар он бештар зикр мегардид. Хуб мешуд агар фактҳо бо воситаи инфографика тасдиқ мегардиданд.

P90104-120407- mir

Неъмати Раҳмат иброз дошт, ки маҳфили “Анис” мактаби бузургест барои ӯ ва мекӯшад ҳарчи бештар аз он баҳра бардорад.

Дар охир профессор Ҷовид Муқим низ андешаҳояшро атрофи эҷодиёти Неъмати Раҳмат қайд кард ва чунин гуфт: “Дар навиштаҳои Неъмати Раҳмат тафовут нисбат ба солҳои пеш дида мешавад ва акнун ӯро метавон журналист гуфт”.

Устод Ҷовид Муқим ба маърӯзачиён барору комёбӣ ва таҳсили хубро дар соли нав таманно намуда, ба маҳфил ҳусни анҷом бахшид.

 

Мирсаид Сатториён

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.