Hushdil

Барои муҳаққиқони журналистикаю публисистика, донишҷӯёни факултету шуъбаҳои журналистика ва инчунин кормандони ВАО китоби навтаълифи Раҳимҷонов Хушдилҷон Умарқулович бо номи “МЕЪЁРҲОИ ЭТИКАИ КАСБӢ ДАР ЖУРНАЛИСТИКАИ ТОҶИК” пешниҳод мешавад.

Дар монография нақши санадҳои марбут ба этикаи касбии журналист дар риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ, ки аҳамияти илмии онҳоро собит менамояд, баҳсҳо доир ба татбиқи меъёрҳои ахлоқӣ ва натиҷагирӣ аз онҳо, ки то куҷо ниёз доштани воситаҳои ахбори оммаи муосир ба чунин санадҳои худтанзимкунандаро баёнгар аст, нақши санади Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон дар риояи меъёрҳои этикаи касбӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифта шудааст. Ҳамчунин муқоисаи ин санади дохилӣ бо гунаҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида анҷом ёфта, нақши журналистикаи тољик дар самти эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ таҳқиқ гардидааст.

 

Кароматулло Қурбонов

 

донишҷӯи соли сеюм