SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

 msukhh

Ҳамасола 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмиллалии забон дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар факултети журналистика низ маҳфили навбатии кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ – “Меҳри сухан” ба ин муносибат доир гардид.

 

 

Нахуст масъули чорабинӣ - Моҳира Мирзоева дотсенти кафедраи мазкур суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Дар идома мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ Мушаррафа Ҷӯраева суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки забон дар ҷомеа ҷиҳати рушду такомули миллату давлат саҳми созгор дорад. Забоншиноси варзида, профессор Баҳриддин Камолиддинов ҳозиринро ба муносибати рӯзи байналмиллалии забон шодбош гуфтанд ва таъкид доштанд, ки гиромӣ доштани забон қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии мост.

 mehsukh

         Ҳамин тариқ, дар ҷараёни маҳфил маърӯзаи донишчуён дар мавзӯъҳои мухталифи забоншиносӣ ба саъми ҳозирин расонида шуд. Саволу чавоб ва ибрози андешаҳои чолибе, ки миёни донишҷӯёну устодон ба миён омад, доир ба нозукиҳои забони тоҷикӣ равшанӣ андохт.

 

         Дар нишасти мазкур ҳамчунин шеърҳо дар васфи забони тоҷикӣ аз ҷониби донишҷӯён қироат карда шуд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки миллати тоҷик маҳз ба василаи забони тоҷикӣ тавонист соҳиби давлати мустақил гардад. Забони тоҷикӣ дар муқобили ҳама гуна ноадолатиҳо ва бедодгариҳои ба сараш омада тавонист побарҷо бимонад ва рушд намояд.

 

         Маҳфили “Меҳри сухан” дар сатҳи баланд доир гашта, барои баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, пос доштани забони давлатӣ ва малакаи забондонии ҷавонон дарси хубе гардид.

 

Маҳкамзода Маҳкам

 

донишҷӯи соли аввал

 

 

 

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.