SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Imomov thumbImomov

Дар факултети журналистикаи ДМТ конфренсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Вазъ ва дурнамои матбуоти даврии тоҷик дар шароити инкишофи технологияи муосир” доир гардид, ки дар он ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Имомзода М.С., намояндагони ВАО, олимону муҳаққиқони донишгоҳу донишкадаҳои гуногуни кишвар, журналистони варзида ва донишҷӯёну ихлосмандони соҳаи журналистика иштирок доштанд.

 

Нахуст мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ Сангин Гулов суханронӣ карда, аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар даврони Шӯравӣ имкони таҷлили рӯзи матбуот вуҷуд надошт ва маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз мо метавонем аз санаҳои таърихии миллатмон ёд кунем ва ҷашнҳои умумимиллиро дар сатҳи баланд таҷлил намоем.

“Имрӯз парчамбардорони мактаби журналистӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, зеро дар тарбияи кадрҳои журналистӣ саҳми назаррас дорад. Дастпарварони факултети журналистикаи ДМТ дар ВАО фаъолияти назаррас дошта, аксар вазифаҳои роҳбарикунандаро адо менамоянд”,- таъкид дошт Гулов С.

 Imomov1

Ректори донишгоҳ, муҳтарам Имомзода М. С. ҳозиринро ба рӯзи матбуот таҳният гуфта, зикр намуданд, ки ҷашни матбуот ҳам дар радифи идҳои миллӣ меистад. “Дар гузашта рӯзи матбуотро санаи 7 – уми май ҷашн мегирифтанд, ки ба таърихи таъсиси газетаи “Правда” ва рӯзи таъсиси радио дар Иттиҳоди Шӯравӣ рост меомад. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоди устоди ДМТ Пайванди Гулмуродзода ва дигар ашхоси худогоҳ таҷлили рӯзи матбуот ба санаи пайдоишши он 11 март мувофиқ гардонида шуд, ки боиси ифтихори мост”.

Дар ҷараёни конференсия Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудулло Давлатов низ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мафҳуми озодӣ мафҳуми калидӣ буда, саҳми матбуот барои ба вуҷуд овардани ҳаракати фикрӣ назаррас мебошад. Матбуот барои пешрафти самтҳои мухталифи ҷомеа замина фароҳам меоварад.

Imomov2

Дар идома маърӯзаҳои устодони дигари факултети журналистика хонда шуд, ки масоили мубрами матбути давриро фаро гирифта буданд. Аз ҷумла Шарифзода Қироншоҳ аз сафари худ ба шаҳри Тошкент ёдовар шуда афзуд, ки дар китобхони миллии Ӯзбекистон 2 “подшивка” – и “Бухорои Шариф” вуҷуд дорад, ки якеи онро барои корбурд иҷозат додаанд ва мо онро бо дахолат ва кӯмаки бевоситаи ректори ДМТ барои таҳқиқоти минбаъда ва ҳифозат нусхабардорӣ кардем. “Аммо 2 нашри рӯзномаи мазкур дар баста ёфт нашуд, ба ҷойи ин ду шумора такроран нашрҳои дигарро гузоштаанд. Аз омӯзиши шумораи охирини 153-юм маълум мегардад, ки басташавии газета ғайричашмдошт будааст, чунки дар саҳифаи он паснависе бо мазмуни узромез аз саривақт дастрас нашудани шумораи пешин навишта шуда, идораи рӯзнома ваъда додааст, ки он шумораро ройгон ба обуначиён тақдим хоҳад кард”. Шарифзода Қироншоҳ аз он таассуф хӯрд, ки “дар Ӯзбекситон ба асари дуҷилдаи “Таърихи журналистикаи миллӣ” шинос шуд, лекин дар он роҷеъ ба “Бухорои Шариф” ягон маълумот дарҷ нагардидааст. Акнун ба муҳаққиқон замина ҳаст, то аз рӯйи нусхаҳои ба хонишу таҳқиқ мувофиқ корҳои таҳқиқотӣ баранд”.

Профессор Мурод Муродӣ дар маърӯзаи худ аз мушкилоти таваҷҷуҳи ҷавонон ба матбуот ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки ҷавонон айни ҳол ба матбуот кам майл доранд. Аксаран имрӯз иттилоъро аз шабакаҳои гуногуни интернетӣ дастрас ва қабул менамоянд, ки ба қишри ҷавон таъсири манфӣ низ расонида метавонад.

Бояд зикр намуд, ки ҷамъомади мазкур аз ду бахш иборат буда, дар қисмати дувуми он журналистони касбӣ бо донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ суҳбати самимӣ доир намуданд. Аз ҷумла, Хуршеди Атовулло ҷиҳати тарбияи кадрҳои журналистӣ пешниҳодҳои ҷолиб ироа дошта, зикр намуд, ки кадрҳои ҷавон нахуст маблағро мадди аввал мегузоранд. “Аввал ном баъд нон” - гуфтаанд.

Imomov4

Ҳамин тариқ, ҷамъомади мазкур бо саволуҷавоб ва баҳсу баррасии журналистон бо устодону донишҷӯёни факултети журналистика ҷолибу хотирмон поён ёфт.

 

Файзулло Обидов, Маҳкамзода Маҳкам

донишҷӯёни соли аввал

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.