SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

VKD1

       Санаи 23 – юми апрели соли равон дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ҳифзи ҳуққуқ бо донишҷӯён баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ - сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор Абдуқаҳҳор ва сардори Раёсати тафтишот генерал – майори милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон ширкат доштанд. Ҷаласаро ректори донишгоҳ академик Маҳмадюсуф Имомзода ифтитоҳ намуда, доир ба вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сухан гуфт. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки “имрӯз кишварҳои абарқудрат аз набардҳои яроқдор ба муҳорибаҳои иттилоотӣ гузаштаанд. Ва ин навъи мубориза яке аз хавфноктарин набард миёни дигар ҷангҳост. Тавассути боркунии ақида ва мағзшӯии ҷавонон гурӯҳҳои тундрав, ба истилоҳ “бомбаи зинда” омода месозанд, ки минбаъд онҳоро дар амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ истифода мебаранд. Ҳар як фарди тоҷик бояд ғами фардои миллатро хӯрад, зеро бегона дар фикри амнияти мо нест”. Дар рафти суханронӣ Имомзода аз авзои дохилии кишварҳои исломии Сурия, Ироқ, Фаластин ва Афғонистон мисолҳои мушаххас оварда, донишҷӯёнро бори дигар таъкид кард, ки эҳтиёткор бошанд то тӯъмаи нерӯҳои мухолиф нагарданд.  

         Сипас, сухан ба сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ генерал – майори милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон дода шуд. Раҳимзода аз боби афзоиши сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ миёни донишҷӯён сухан ронда, таъкид намуд, ки ҳар як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бояд ифтихор намояд, ки муҳассили ин боргоҳи хирад аст. Донишгоҳи миллӣ миёни дигар макотиби олии кишвар дар мавқеи аввал қарор дошта, мутахассисони ин даргоҳ имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ содиқона фаъолият доранд. Дар идома мавсуф аз сар задани рафторҳои ношоистаи баъзе аз ҷавонон дар робита ба гароншавии нархи интернет ёдоварӣ карда, изҳор дошт, ки “Ҳукумати кишвар барои беҳбудии зиндагии мардум ҳама шароитҳоро ба қадри тавон имрӯзҳо муҳайё карда истодааст.

VKD2

Дар ин росто ҳар як қарору тасмиме, ки гирифта мешавад, паҳлӯҳои гуногуни он омӯхта шуда, манфиатҳои умумимиллӣ ба инобат гирифта мешвад. Бинобар ин қарори мазкур яке аз иқдомҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати пешгирӣ намудани афзоиши хатарҳои фаромиллӣ ва ба китобхонӣ рӯ овардани ҷавонон аст. Интернет дар баробари паҳлӯҳои хуб дорои як қатор ҷанбаҳои манфӣ мебошад, ки метавонад ҷавоноро гумроҳ намуда, ба роҳҳои нодуруст ҳидоят намояд. Аз ин хотир танзими интернет яке аз иқдомҳои наҷиб аст ва мо набояд онро нодуруст фаҳмем”.

         Дар охири ҷамъомад низ ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, қайд кард, ки баргузории чунин нишастҳо ба донишҷӯён аз ҳама ҷониб судманд аст ва мо омодаем, ки бо Вазорати корҳои дохилӣ робитаи дуҷонибаро дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни донишҷӯён роҳандозӣ намоем.

Мирсаиди Сатториён

донишҷӯи соли дуюм    

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.