Санаи 10 – уми майи соли равон дар факултети журналистикаи ДМТ бо иштироки донишҷӯёни факулта маҳфили навбатии профессор Ҷовид Муқим - “Анис” баргузор гардид, ки дар он маводи эҷодкардаи донишҷӯйи курси сеюми ихтисоси журналист - тарҷумон Бахтовар Сафаров таҳлилу баррасӣ карда шуд.

 

Дар оғози маҳфил профессор Ҷовид Муқим суханронӣ карда, доир ба фаъолияти ВАО дар Тоҷикистон якчанд нуқтаҳои муҳимро қайд намуд.

 

Дар қисми дуюми маҳфил, ки ба таҳлилу баррасии маводи журналисти ҷавон Бахтовар Сафаров бахшида шуда буд, донишҷӯёни кафедраи журналистикаи байналхалқӣ суханронӣ ва ибрози назар карданд. Нахуст, магистри курси 2 – юм Комрон Сафаров вобаста ба муҳтавои якчанд мақолаи Бахтовар фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошт ва қайд намуд, ки “мақолаҳои Бахтовар хонданӣ буда, диққати хонандаро ҷалб карда метавонанд ва ҳамзамон, маводи ӯ баёнгари мушкилиҳои имрӯзи ҷомеа аст, вале дар баробари комёбиҳо дар навишатҳои ӯ як қатор мушкилиҳо ҳам ба назар мерасанд, чун мувофиқат накардани сарлавҳа ба моҳият, маълум набудани жанр ва монанди инҳо. Умед мебандем, ки аз ӯ як рӯзноманигори хуб хоҳад руст”.

 

Инчунин, магистирони кафедра Гулшан Қосимзода, Меҳрангез Қодирова ва донишҷӯён Парвина Самандарзода, Мирсаид Сатториён, докторант Манижа Баҳромзода атрофи матолиби Бахтовар Сафаров фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.     

    

 

Сипас сухан ба Бахтовар дода шуд ва ӯ фикри мунаққидони эҷодашро қабул карда, изҳори сипос намуд ва ҳамзамон таъкид кард, ки журналист маҳз бо ислоҳи хатоҳояш журналист мешавад.

 

Дар охир профессор Ҷовид Муқим низ андешаҳояшро атрофи эҷодиёти Бахтовар иброз дошт. Мавсуф қайд кард, ки баъзе аз камбудиҳои зикршуда аз Бахтовар набуда, баръакс аз идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аст, ки Бахтовар он ҷо чун коромӯз фаъолият дорад. Хусусан, сарлавҳаи якчанд маводи Бахтовар ба моҳияти матн мувофиқ нест, ки ин албатта айби муҳаррир мебошад.

 

Устод Ҷовид Муқим ба маърӯзачиён барору комёбӣ ва таҳсили хубро орзу намуда, ба маҳфил ҳусни анҷом бахшид.

 

                                                   Мирсаид САТТОРИЁН

 

донишҷӯи соли дуюм