SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

Rafabd

Ин навбат вохӯрии донишҷӯёни факултети журналистика дар маҳфили “Хабарнигорони ҷавон” бо нахустин наттоқи телевизиони Тоҷикистон Рафоати Абдусалом сурат гирифт. Дар оғози маҳфил декани факултети журналистика Саъдӣ Исматов перомуни фаъолияти пурсамари Рафоати Абдусалом иттилоъ дода, нишасти донишҷӯёнро бо эшон муҷиби хушнудӣ донист.

 

 

Аъзоёни маҳфил Саидзода Амина ва Эмомова Одинамоҳ аз фаъолияти 40 солаи меҳмон ёдоварӣ намуда, баён доштанд, ки донистани зиндагиномаи яке аз нахустин журналистони телевизион Рафоати Абдусалом ба донишҷӯён дарси ибрат аст.

Дар идома Рафоати Абдусалом аз шурӯи пахши барномаҳои телевизион дар Тоҷикистон бо чи эҳсосу ҳаяҷон ифтитоҳ бахшидани кори онро ёдрас намуд. Шароити он даврон ва бартарияти воситаҳои техникии имрӯзро ба ҳам қиёс намуда гуфт, ки ҳама имконот ҳаст, аммо кам андар кам ин навгониҳо истифода мешаванд.

Сипас донишҷӯён аз Рафоати Абдусалом сабаби кам будани аудиторияи телевизиони ватаниро пурсон шуданд. Ба назари собиқадори ин соҳа, вуҷуд надоштани барномаҳои хотирмон ва суст будани муҳтавои аксари барномаҳои телевизион боис мешавад, ки аудитория ба шабакаҳои хориҷӣ рӯ оварад. “Талаффузи нодурусти калимаҳо, хато гузоштани зада, бо як оҳанг хондани ҳама гуна ахбор аз камбудиҳои ислоҳталаби наттоқон аст”- зикр намуд меҳмони маҳфил.

Дар охир ба донишҷӯён таъкид шуд, ки дар фаъолияти минбаъдаашон шаклҳои нави пешниҳодро ҷӯё шаванд, чунки феълан дар телевизион шакли нави таҳияи барномаҳо кам дида мешавад ва камбудии асосӣ низ дар ҳамин аст. Муаллиф ҳамчунин ба ганҷинаи факултет китоби “Телевизион ва таъсири психологии он ба инсон” - ро ҳамчун тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

                                      Файзуллохон Обидов

донишҷӯи соли аввал

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.