SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

baqulla

Аъзоёни маҳфили “Паҳно” – и факултети журналистика перомуни инъикоси масоили байналхалқӣ дар газетаи “Ба қуллаҳои дониш” бо муовини сармуҳаррири ин рӯзнома Талабшо Икромов вохӯрӣ намуданд.

 

 

Нахуст мудири кафедраи байналхалқӣ Қутбиддинов А. ҷиҳати вижагиҳои эҷоди журналистӣ ҳарф зада, нуктаи нависандаи маъруф Расул Ғамзатов, ки “Ватандорӣ аз деҳи худ сар мешавад” навишта буд, мисол овард. Мавсуф исрор намуд, ки донишҷӯён аввалан бо газетаи “Ба қуллаҳои дониш” робитаи зич пайдо намоянд, чунки аксари қаламкашони номӣ маҳз дар мактаби ҳамин газета обутоб ёфтаанд.   

Дар идома донишҷӯён аз таърих ва ташаккули газетаи донишгоҳ иттилоъ дода, ёдовар шуданд, ки бунёдгузори ҷаридаи “Ба қуллаҳои дониш” Абдулатиф Бухоризода маҳсуб меёбад, бо гузашти чанд марҳила ҳаҷмаш аз 2 то ба 16 саҳифа расида, дорои сомона дар шабакаи интернет низ мебошад.

Талабшо Икромов муовини сармуҳаррир ба донишҷӯён гуфт, ки рӯзнома бо вуҷуди ба қалами устодон ниёз доштан, боз дар навбати худ ба диду назари донишҷӯён ҳам эътибор медиҳад. Тибқи нишондоди ӯ, соли 2018 қариб 60 мақола дар мавзӯи мухталиф ба идораи газета ворид шудаанд, ки ба ваҷҳи забонзада буданашон рӯйи чопро надидаанд. “Маводе, ки ба иқлими иттилоотии газета мувофиқ аст, бояд бештар ҷиҳатҳои таълимиву тарбиявиро доро бошад” – таъкид дошт номбурда.

Ба суоли донишҷӯён, ки чаро саҳифаи “Пайки қалам” аксар навиштаҳои онҳоро чоп намекунад, аз ҷониби масъули рӯзнома посух дода шуд, ки дар бештари мавод бедории завқ эҳсос намешавад ва матолиби хонданӣ низ кам андар кам аст. “Дар аксари мавод фикрронии шахсӣ, хулосаи мантиқӣ, пешниҳоди мушаххас дар ҳалли масоили матрҳашаванда ба чашм намерасад ва ин норасоиҳо ба сифати мавод таъсир мерасонад” – гуфт намояндаи газета.

Мақсад аз ин нишаст густариши робитаи донишҷӯён бо рӯзнома дониста шуд.

Парвина Самандарзода

донишҷӯи соли аввал

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.