SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

HGC1

21-уми майи соли 2019 дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

 

Дар чорабинии мазкур Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ли Етсин - президенти ширкати «Хуаксин-семент», намояндагони Вазорати маориф ва илм, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм қайд кард, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи бисёр хуб қарор дорад, ки он дар асоси Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар созишномаҳо ба роҳ монда шудааст.

- Дар асоси санадҳои мазкур ҳамасола аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо карда мешавад, ки дар асоси он айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин 3594 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, – иброз намуд Нуриддин Саид.

HGC

Ҷаноби Ли Етсин - президенти ширкати «Хуаксин-семент» аз ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуд ва иброз намуд, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» 1 миллион сомонӣ маблағ ба муддати 5 сол ҷудо шудааст, ки ҳар сол 200 ҳазор сомонӣ ба 100 нафар донишҷӯ, яъне ба ҳар як донишҷӯ 2 000 сомонӣ ҳамчун стипендия тӯҳфа карда мешавад.

- Аллакай маротибаи сеюм аст, ки стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни тоҷик супорида мешавад, – гуфт ҷаноби Ли Етсин.

Сипас, дар маросими тантанавӣ ба 100 нафар донишҷӯ аз 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ стипендияи мазкур тақдим гардид.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Аҳмадшои МАСЪУД

магистри соли аввал

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.