SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

DilafroozK

Ровии шинохта, устоди факултети журналистикаи ДМТ Ализода Абдурашид барои маҳфили навбатии “Ровӣ” мавзӯи таваққуф дар нутқро бо иштироки васеи донишҷӯён матраҳ намуд. Ба сифати меҳмон наттоқи телевизиони “Сафина” Дилафрӯз Комилзода, ки хатмкардаи факултети журналитика аст, даъват шуда буд. Дар оғоз декани факултет дотсент Саъдӣ Исматов аз ровиёни маъруф Абдуқодир Маниёзов, Маъруф Исоматов, Абдурашид Ализода ёдовар шуда, тарзи гӯиш ва нутқи ҷаззоби онҳоро шостаи пайравӣ донист. “Ба наздикӣ дар радио Ализода Абдурашид “Ёддоштҳо”-и устод Айниро хонданд, ки намунаи беҳтарин хониши бадеист. Овоз дар дасти худи шумост ва онро худатон идора мекунед. Овози хуб мардумро рӯҳбаланд ва хастагиро рафъ месозад ” – ба донишҷӯён арз дошт мавсуф.

DelafroozKo

Абдурашид Ализода низ доир ба таваққуф иттилоъ дода гуфт, ки нутқи бетавфаққуф маъно надорад ва барои идроку фаҳмиши мухотаб ҳам монеа пеш меорад. Вай ба ин назар аст, ки имрӯз аксар нотиқон байни тиреву нимтире фарқ гузошта наметавонанд, ки ин ҳам дар талаффуз костагиро ба миён меорад. Таваққуф дар навбати худ, - зикр дошт Абдурашид Ализода,- ба хелҳои таъкидӣ, гармматикӣ, психологӣ тасниф мешаванд, ки онҳо аз ровӣ талаффузи хос талаб мекунанд. Дилпфрӯз Комилзода низ аз даъвати масъулини маҳфил изҳори хушнудӣ намуд гуфт, ки дар оғози фаъолияташ Абдурашид Хӯҷамқулов пас ҳар пахши мустақим хатоияшро ислоҳ мекарданд. Наттоқ дар ҷойи ҳодиса нест, - мегӯяд Дилафрӯз Комилзода,- аммо вазифаи вай ба тамошо ҷалб карда тавонистани тамошобин аст. Донишҷӯён назари ӯро перомуни нотиқони телевизионҳои ватанӣ, ки гӯё қолабиву сунъӣ ва пойбанди ҷаҳорчӯбаанд, фаҳмиданӣ шуданд. “Наттоқ актёр аст, масалан дар барномаҳои иттилоотӣ хушхабарро бо ваҷоҳати ба он мувофиқ ва дар ҳолатҳои баръакс бо эҳсосоти талабшаванда хондан шарт аст. Вале боз дар барномаҳои фарҳангӣ имкони зиёдтар ҳаст, ки наттоқ барои ҷолибияти барнома аз эҳсосот ва дигар воситаҳо корбурд намояд, ин, албатта, ба истеъдод ва доираи тавонмандии наттоқ вобаста аст” - посух дод Дилафрӯз Комилзода.

Дар охир қироати пораҳои назмиву насрии донишҷӯён аз ҷониби ровиён таҳлилу баррасӣ шуда, тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Файзуллохон Обидов

донишҷӯи соли аввал

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.