DilafroozK

Ровии шинохта, устоди факултети журналистикаи ДМТ Ализода Абдурашид барои маҳфили навбатии “Ровӣ” мавзӯи таваққуф дар нутқро бо иштироки васеи донишҷӯён матраҳ намуд. Ба сифати меҳмон наттоқи телевизиони “Сафина” Дилафрӯз Комилзода, ки хатмкардаи факултети журналитика аст, даъват шуда буд.

Дар оғоз декани факултет дотсент Саъдӣ Исматов аз ровиёни маъруф Абдуқодир Маниёзов, Маъруф Исоматов, Абдурашид Ализода ёдовар шуда, тарзи гӯиш ва нутқи ҷаззоби онҳоро шостаи пайравӣ донист. “Ба наздикӣ дар радио Ализода Абдурашид “Ёддоштҳо”-и устод Айниро хонданд, ки намунаи беҳтарин хониши бадеист. Овоз дар дасти худи шумост ва онро худатон идора мекунед. Овози хуб мардумро рӯҳбаланд ва хастагиро рафъ месозад ” – ба донишҷӯён арз дошт мавсуф.

DelafroozKo

Абдурашид Ализода низ доир ба таваққуф иттилоъ дода гуфт, ки нутқи бетавфаққуф маъно надорад ва барои идроку фаҳмиши мухотаб ҳам монеа пеш меорад. Вай ба ин назар аст, ки имрӯз аксар нотиқон байни тиреву нимтире фарқ гузошта наметавонанд, ки ин ҳам дар талаффуз костагиро ба миён меорад. Таваққуф дар навбати худ, - зикр дошт Абдурашид Ализода,- ба хелҳои таъкидӣ, гармматикӣ, психологӣ тасниф мешаванд, ки онҳо аз ровӣ талаффузи хос талаб мекунанд. Дилпфрӯз Комилзода низ аз даъвати масъулини маҳфил изҳори хушнудӣ намуд гуфт, ки дар оғози фаъолияташ Абдурашид Хӯҷамқулов пас ҳар пахши мустақим хатоияшро ислоҳ мекарданд. Наттоқ дар ҷойи ҳодиса нест, - мегӯяд Дилафрӯз Комилзода,- аммо вазифаи вай ба тамошо ҷалб карда тавонистани тамошобин аст. Донишҷӯён назари ӯро перомуни нотиқони телевизионҳои ватанӣ, ки гӯё қолабиву сунъӣ ва пойбанди ҷаҳорчӯбаанд, фаҳмиданӣ шуданд. “Наттоқ актёр аст, масалан дар барномаҳои иттилоотӣ хушхабарро бо ваҷоҳати ба он мувофиқ ва дар ҳолатҳои баръакс бо эҳсосоти талабшаванда хондан шарт аст. Вале боз дар барномаҳои фарҳангӣ имкони зиёдтар ҳаст, ки наттоқ барои ҷолибияти барнома аз эҳсосот ва дигар воситаҳо корбурд намояд, ин, албатта, ба истеъдод ва доираи тавонмандии наттоқ вобаста аст” - посух дод Дилафрӯз Комилзода.

Дар охир қироати пораҳои назмиву насрии донишҷӯён аз ҷониби ровиён таҳлилу баррасӣ шуда, тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Файзуллохон Обидов

донишҷӯи соли аввал